Ru  | Tj
Ҳамеша роҳе ҳаст: Ҷойгузини YouTube, Instagram ва Facebook
Ҳамеша роҳе ҳаст: Ҷойгузини YouTube, Instagram ва Facebook
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Ҳамеша роҳе ҳаст: Ҷойгузини YouTube, Instagram ва Facebook

Нашр шуд

Аз аввали моҳи март корбарони фазои маҷозӣ дар Русия барои ворид шудан ба шабакаҳои иҷтимоии YouTube, Instagram ва Facebook мушкил доранд. Чанд соли охир дар Русия чандин нафар аз ҳисоби ин се шабакаи иҷтимоӣ пул кор мекарданд, реклама мефурӯхтанд ва тӯҳфа мегирифтанд. Аммо дар ин рӯзҳо аз ин ҳама ба якборагӣ маҳрум шуданд. Ҳамин аст, ки ҳоло қисме аз истифодабарандагони сегменти русии интернет барои суръати суст, фоида ба даст наовардан ва дӯстону обуначиҳояшонро аз даст додан, интернетро “мотамхона” кардаанд.

Чун кор то ин ҷо расид, яъне ҳоло дар Русия қисме мегӯянд, ки YouTube, Instagram ва Facebook фаъол намешавад ва қисми дигар ба воситаи VPN корашонро давом дода истодаанд, мо тасмим гирифтем, ки ба хонандагонамон дар баробари фаъол будани YouTube, Instagram ва Facebook боз дар бораи шабакаҳое бигӯем, ки то андозае ҷойгузини ин шабакаҳо шуда метавонанд.

Вконтакте - ҷойгузини Facebook


Агарчӣ истифодабарандагони Facebook бамаротиб зиёданд, вале Вконтакте ҳам бо имкониятҳои хеле зиёд ҳоло мавриди истифодабарии шумораи зиёди мардум қарор дорад.

Мо медонем, ки дар аввал Вконтакте танҳо барои муошират ва тамошои аксу навор истифода мешуд, вале он ҳоло имконоти на кам аз Facebook-ро дорад. Дар ҳоли ҳозир ин платформа қобилияти худро хеле афзоиш додааст. Масалан, ташкили зангҳои видеоии гурӯҳӣ, “сториз” мондан ва ҳатто системаи пардохти худро дорад.

Ёдовар мешавем, ки аввалин ташаббускори Вконтакте Павел Дуров мебошад. Ӯ соли 2006 ин шабакаи иҷтимоиро сохт ва метавон гуфт, ки Вконтакте дар тӯли 16 соли мавҷудияти худ як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти рақамии ҷавонон гардид. Холо шумори истифодабарандагони ин шабакаи иҷтимоӣ ба 48 миллион нафар расидааст.

Yappy - ҷойгузини Instagram


Истифодабарандагони Instagram дар бораи Reels хуб медонанд. Reels замимаи нави Instagram буда, бо вуҷуди ба наздикӣ пайдо шуданаш, корбарони зиёде наворҳои худро пахш мекунанд. Шабакаи Yappy ба мисли Reels-и Instagram мебошад. Yappy як платформаест, ки дар захираи видеоии UGC асос ёфтааст, ки онро зиёда аз 1500 шахсиятҳои машҳур ва блогерҳо дар тӯли ҳафт моҳ пеш аз оғози он санҷидаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар фонди Yappy зиёда аз 450 ҳазор видео мавҷуд аст, ки дар 24 рубрика ба корбарон пешниҳод шудаанд. Барои мисол, тарзи зиндагӣ, сурудҳо, рақсҳо ва ғайра.

Ва барои он ки корбарони Yappy дар истифодабарӣ ва ба қавле “зиндагӣ кардан” дар ин шабака роҳгум назананд, таъсисдиҳандагон китобхонаеро бо рубрикаҳои муайян сохтаанд, ки роҳнамо мебошад. Масалан, “Маҷмӯаи таълимии Yappy” дорои 25 видео - дарсҳо мебошад, ки ҳар кадоми онҳо ба таври муфассал роҳҳои истифодабариро меомӯзонанд.

Dispo - ҷойгузини Instagram


Чун ҳоло акс гирифтану дар фазои маҷозӣ нашр кардан як ҷузъи муҳимми зиндагии аксари корбарони дар умум интернет шудааст, яке аз сабабҳои асосии маъруфияти Instagram ҳам ҳамин имконияти ҷой кардани аксҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин баробар, шабакаи иҷтимоии Dispo барои эҷоди аксҳо дар шакли ретро муаррифӣ мешавад.

Dispo дар истифода ба Instagram хеле монанд аст, вале боз каме фарқ ҳам дорад. Масалан, аксе, ки истифодабаранда интишор кардан мехоҳад, баъд аз як рӯз нашр мешавад. Корбарон наметавонанд, ки аз аксҳои маҳфузбудаи худ истифода кунанд, танҳо барои нашр кардани сурат корбар бояд ҳамон замон онро бардорад ва бидуни таҳрир гузорад.

Шиори шабакаи Dispo “Айни замон зиндагӣ кунед” буда, фаъолияташ ҳаёти реалиро ҷонибдор ва муқобили сохтакириҳову фанду фиреб аст.

Weibo – ҷойгузини Twitter


Ин шабакаи иҷтимоӣ соли 2009 дар Чин пайдо шуд ва ба Twitter-и маҳаллӣ табдил ёфт. Принсипи кори Weibo тақрибан ба Twitter монанд аст. Истифодабарандагон метавонанд паёмҳои кӯтоҳ, аксҳо ва наворҳояшонро интишор кунанд.

Дар Weibo саҳифаҳои дурӯғин ё худ “фейк” вуҷуд надорад, чунки дар вақти аз қайд гузаштан дар ин шабакаи иҷтимоӣ аз корбарон талаб карда мешавад, ки шахсияти худро тасдиқ кунанд ва бо пайдо шудани шӯбҳае ё хато будани калима ё рақаме аз қайд гузаштан имкон надорад.

Инчунин, дар Weibo ташкили пахши мустақим ҳам роҳандозӣ шудааст.

Ello - ҷойгузини Instagram


Дар замоне ки тамоми корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз рекламаи зиёдатӣ шикоят мекунанд, шабакаи Ello худро ҳамчун як шабакаи иҷтимоии бидуни реклама муаррифӣ мекунад.

Ello ба Instagram ва Twitter шабоҳат дорад. Дар ин ҷо корбарон имкон доранд, ки аксу видео нашр карда, баҳсҳо ташкил кунанд.

Ҳамчунин, масъулини ин шабакаи иҷтимоӣ ҳифзи маълумоти шахсиро бартарии асосии платформа медонанд.

Caffeine - ҷойгузини Twitch


Платформаи Caffeine асосан барои бизингарон ва варзишгарон пешнибӣ шудааст. Ин шабака якуякбора соли 2020 дар вақти авҷи пандемияи коронавирус миёни мардум маъруфият пайдо кард. Ин шабакаи иҷтимоӣ ба корбарон имкон медиҳад, ки бо обуначиҳои худ дар пахши мустақим муошират кунанд ва бозиҳои видеоиро аз компютер ё экрани телевизион пахш намоянд.

Дар бобати имконияти дуюми Caffeine, ки бозиҳои видеоиро аз компютер ё экрани телевизион пахш кардан аст, гуфта метавонем, ки миёни корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ин навъи наворҳо бисёр маъруф буда, ҳаводорони бешумори худро дорад.

Tsu - ҷойгузини Instagram


Tsu як шабакаи иҷтимоии чинӣ аст, ки интерфейси хеле монанд ба Instagram дорад. Дар ин шабака корбарон имкони нашри аксу навор ва гузоштани шарҳ доранд, ки имкониятҳои Instagram-ро мемонад.

Ягона фарқияти ин шабака аз Instagram дар он аст, ки ба корбарони фаъол аз ҳисоби реклама пул медиҳад.

Rutube - ҷойгузини YouTube


Корбарони фаъоли фазои маҷозӣ огаҳанд, ки шабакаи Rutube муддати тӯлонӣ аст, ки вуҷуд дорад. Rutube ба қавле намунаи русии YouTube аст, ки корбарон метавонанд наворҳои худро нашр кунанд, наворҳои дигаронро бубинанд ва ба саҳифаҳои писанди худ обуна шаванд.

TamTam - ҷойгузини WhatsApp


TamTam паёмрасони хеле ҷавони русӣ аст. Ин ба монанди машҳуртарин паёмрасон дар Русия – WhatsApp ба корбарон имкон медиҳад, ки бо дӯстон муошират дошта бошанд, ба якдигар “стикер” фиристанд ва паёмҳои аудиоӣ ва видеоӣ нашр кунанд.

Badoo - ҷойгузини Tinder


Badoo шабакаи иҷтимое мебошад, ки корбарон ба воситаи он имкони пайдо кардани шиносҳои навро доранд.

Як чизи муҳимми шабакаи мазкур дар он аст, ки истифодабаранда имкон дорад, мавзӯҳои писанди худро бо хешрегҳо нишон диҳад ва дигар нафарони бо худаш ҳамфикрро пайдо кунад.



Чӣ гуна метавон дар хона нишаставу зебоиҳои оламро дид: 10 онлайн-намоишгоҳи аҷибу ғайриоддӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед