Ru  | Tj
«Army Blog»: Артиши Тоҷикистон аз он чӣ тасаввур мешавад, хеле пурқувваттар аст
«Army Blog»: Артиши Тоҷикистон аз он чӣ тасаввур мешавад, хеле пурқувваттар аст
Акс: Интернет

«Army Blog»: Артиши Тоҷикистон аз он чӣ тасаввур мешавад, хеле пурқувваттар аст

Нашр шуд

Муҷрии ютубканали «Army Blog» мегӯяд, ки Артиши Тоҷикистон аз он чӣ гумон меравад, хеле қудратмандтар аст. Дар ин замина се омили аслии қудрати низомии артиши Тоҷикистонро номбар шудааст.

Муҷрии ютубканали «Army Blog» дар охирин барномаи хеш иқтидори низомии Тоҷикистонро баррасӣ карда, мегӯяд, ки дар айни замон ин кишвар дорои нерӯҳои мусаллаҳи муҷаҳҳаз бо силоҳу муҳимоти ҷангии муосир ва сарбозони таҷрибадор аст.

Омили якуми қудрати Артиши Тоҷикистон гунд (бригада)-и 7-уми ҳавобурдӣ-зарбазани нерӯҳои вокуниши сареъ ном бурда шудааст. Гуфта мешавад, ки ин воҳиди низомӣ асоси нерӯҳои махсуси Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва соли 1997 таъсис ёфтааст. Сарбозони ин воҳиди низомӣ дар амалиётҳои гуногуни ҷангӣ иштирок карда, қариб нисфи сарбозони гунди 7-ум дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ таҷрибаи ҷангӣ гирифтанд.

Инчунин сарбозони ин воҳиди низомӣ мудом дар тамринҳои низомӣ иштирок мекунанд. Ҳавобурдон (десантчиён) инчунин миқдори кофии мошинҳои зиреҳпӯш ва чархболҳои ҷангадаи Мӣ-24 ва Мӣ-8, инчунин тӯпхона низ дар ихтиёр доранд.

Дар идома таъкид мешавад, ки омили дуюми қудрати нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумакҳои зиёди низомӣ аз сӯйи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Чин ва Амрико аст.

Ба унвони мисол гуфта мешавад, ки моҳи майи соли 2022 ИМА ба Тоҷикистон мошинҳои боркаши низомӣ дод ва ҳамчунин ваъда дод, ки барои эҳтиёҷоти низомӣ ҳудуди 60 милюн доллар ҷудо мекунад. Қазоқистон низ ба ин кишвар кумаки низомии ройгон мерасонад. Зикр мешавад, ки кумакҳои низомии кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон асосан бо ҳадафи тақвияти ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон ва мубориза бо терроризм дода мешаванд.

Омили сеюми қудрати Артиши Тоҷикистон вуҷуди пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон дониста мешавад. Гуфта мешавад, ки сарбозони пойгоҳи низомии Русия ба Тоҷикистон барои ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон, ки беш аз 1300 км тӯл дорад, кумак мерасонанд. Гуфта мешавад, ки ҳоло марз бо Афғонистонро ҳудуди 16 ҳазор марзбони тоҷик муроқибат мекунанд ва пойгоҳи 201-уми Русия низ дар ин кор ба Тоҷикистон ёрӣ мерасонад.

Дар фарҷом таъкид мешавад, ки пойгоҳи 201-уми низомии Русия мустақар дар Тоҷикистон ҳудуди 300 танки Т-72, мошинҳои гуногуни зиреҳпӯши ҷангӣ, тӯпхона ва системаҳои зиддимушакии С-300 дар ихтиёр дорад. Дар баробари ин ба нерӯҳои ҳавоии пойгоҳи 201-и Русия чархболҳои ҷангии Мӣ-8, Мӣ-24 ва ҳавопаймоҳои ҳамлавари Су-25 шомил ҳастанд.

Дар баробари ин мутахассисони ин пойгоҳ ҳар сол барои Артиши Тоҷикистон то 1000 нафар мутахассисони соҳаҳои гуногуни низомӣ омода мекунанд.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед