Ru  | Tj
Ҷавоҳироти ороишӣ: Чӣ гуна шабакаҳои иҷтимоӣ умри ҷавоҳироти дастсозро дароз мекунанд?
Ҷавоҳироти ороишӣ: Чӣ гуна шабакаҳои иҷтимоӣ умри ҷавоҳироти дастсозро дароз мекунанд?
Аксҳо аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Ҷавоҳироти ороишӣ: Чӣ гуна шабакаҳои иҷтимоӣ умри ҷавоҳироти дастсозро дароз мекунанд?

Нашр шуд

Ҷавоҳирот ё ороишот ҳамеша ба ҳусни ҷавондухтарон ва занон зебогии дигаре зам мекунанд. Маҳз ҳамин ороишоти ба назар хурд метавонад хислату рафтор ва завқу салиқаи соҳиби онро бозгӯ кунад. Дар соли 2021, тарроҳони мӯди ҷаҳонӣ маслиҳат медиҳанд, ки аз "қоидаи Коко Шанел" даст кашида ва ба заргарии ҷолибтар ва дурахшон ё заргарии услуби готикӣ таваҷҷӯҳ намоянд.

Имрӯз мо дар мавриди ҷавоҳироти дастсоз дар Тоҷикистон ва чӣ гуна дастрас намудани он, маълумот хоҳем дод.

Мӯҳрабофӣ

Ҷавоҳироти мӯҳрадор ба яке аз трендҳои аслии соли 2021 табдил шудааст.

Ороишот бо мӯҳраҳо мӯди солҳои 80-90-уми асри гузашта мебошад. Аммо тавре ба мову шумо маълум аст, мӯд дар ҳар давру замон ҳамеша дар гардиш аст ва аз ин рӯ, ин намуди ороишот боз дубора ба замони мо баргаштааст.


Диля ҳоло 16 сол дорад. Ӯ чунин ороишотро бо дастонаш хеле зебо ва моҳирона омода мекунад. Ин ҷавони боистеъдод аз хурдӣ ба ҳунари бофандагии хоҳари калонаш нигоҳ мекард ва диққат медод, ки ӯ ин ороишотро чӣ гуна омода мекунад. Муддати зиёд фикр карда, ба хулосае омад, ки ӯ низ маҳорати худро бисанҷад.


«Ман аз офаридаҳое, ки дар Pinterest медидам, бисёр мутаассир мегаштам. Аммо ин бароям кофӣ набуд. Хулоса, оҳиста ба омӯзиши нозукиҳои ин соҳа шурӯъ намудам. Пайваста дарсҳои видеоии мутахассисони соҳибкасбро тамошо мекардам» - мегӯяд ин ҷавондухтар.


Ба андешаи Диля имрӯз ин навъи маҳсулот дар бозор харидори зиёд дорад ва аз ин рӯ, бисёриҳо ба ин кор машғул мешаванд.

«Баробари ба кор шурӯъ намудан, ба сифати маҳсулот диққати бештар медодам. Дар ороишот на танҳо мӯҳраҳо, балки марворид ва сангҳои гуногунро истифода менамоям. Аз ин рӯ, муштариёни ин маҳсулот ба зуддӣ хеле зиёд шуданд, ки ин ҳолат шавқи маро ба ин кор боз ҳам зиёдтар кард», -мегӯяд Диля.


Диля барои “TikTok” ва “Instagram” наворҳои эҷодӣ сабт мекунад, ки ба ӯ дар фурӯши ҷавоҳироти дастранҷаш кӯмак мекунанд.


Мутаассифона, хакерон чандин маротиба акаунтҳои Диляро шикастанд. Аммо, ба ҳар ҳол агар шумо хоҳиши бевосита сӯҳбат кардан бо ӯро дошта бошед, метавонед дар суроғаи @elvenshp ба ӯ нависед. Ӯ бешӯбҳа ба шумо дар бораи ин ҳунари нотакрор бисёр чизҳои ҷолибро мегӯяд ва бароятон дар интихоби маҳсулоти дуруст кӯмак менамояд.


Занҷирҳои готикӣ

Дар баҳори соли 2020, раванди гарданбандҳои готикӣ дубора ба мӯд даромад. Хусусан ҷавонон ба бар кардани онҳоро дар тамоми фаслҳои сол дӯст медоранд.


Ин намуди занҷирҳоро метавонед ба таври анъанавӣ дар гардан, дастҳо, пойафзол ё ҳамчун камарбанд низ истифода баред.


Сокини дигари пойтахт - Суман (@swrrrshp) чанд сол боз занҷирҳои дастӣ мефурӯшад.


"Ман барои худ чанд чиз сохтам, ки намуди зоҳирии онҳо бароям хеле писанд гашт. Ҳамчунин, тасмим гирифтам, ин аксҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузорам. Бо гузоштани аксҳо дарҳол ба зери он шарҳҳо навиштанд ва муштариёни зиёд ин маҳсулотро дархост карданд. Ҳамин гуна, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ фармоиш мегирифтам ва барои муштариён ин навъи ороишотро месохтам»-мегӯяд Суман.


Ӯ мегӯяд ин шуғл барояш хеле писанд аст. Суман итминон дорад, ки гарданбанд рамзи васлу якҷоягист ва умуман занҷираҳо ба симои зоҳирии ҳар як бону метавонад ҳусни дигар зам кунад.

Духтарони зебои Осиёи Марказӣ: ТОП 8


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед