Ru  | Tj
Аввалин тавлидкунандаи иттилоот (инфопродюссер) дар кишвар ва коршиноси пешбурди тиҷорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Аввалин тавлидкунандаи иттилоот (инфопродюссер) дар кишвар ва коршиноси пешбурди тиҷорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Аввалин тавлидкунандаи иттилоот (инфопродюссер) дар кишвар ва коршиноси пешбурди тиҷорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Нашр шуд

     Нафиса Қосимова дар синни 19 солагиии худ аллакай дар байни тоҷирон эътимоди комилро ба даст оварда, яке аз шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Вай тавлидкунандаи иттилоот дар кишвар ва коршиноси пешбурди тиҷорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки курсҳои омӯзишии фосилавии худро дораду, бо блогерҳои барҷастаи кишвар ҳамкорӣ мекунад.

   

     Нафиса фаъолияти худро дар ин соҳа аз синни 17 солагӣ, ҳангоми таҳсилаш дар курси аввали Донишгоҳ оғоз кардааст.

      «Азбаски ман аз хонаи волидонам ба пойтахт кӯчидам, дар маблағи пулӣ барои эҳтиёҷоти аввалиндараҷа, манзили кироя, хурду хӯрок, пардохти ҳақи таҳсил дар Донишгоҳ ниёз доштам». Маро волидонам таъмин мекарданд, вале тамоми кӯмакҳои молии онҳо нокифоя буд ва ман ба монанди донишҷӯёни дигар пинҳонӣ аз падару модарам ба дарёфти кор берун аз таҳсил оғоз намудам, зеро намехостам, ки бори гарон барои онҳо бошам. Боре ман дар интсаграм рекламаи курсҳои «тавлиди иттилоот»-ро дарёфт кардам, ки ба ибораи дигар, барои гирифтани таълим, азхуд ва эҷод кардан, инчунин бастабандии дониши мутахассисону блогерони дигар дар раванди таълими фосилавӣ ва кӯмак расонидан барои фурӯши онҳо ташкил шуда буданд, пайдо кардам» – мегӯяд Нафиса.


      Нафиса ба ин курс таваҷҷуҳ зоҳир намуд, вале аз он дар ҳарос буд, ки дар Тоҷикистон барои амалӣ кардани донишу малакаи худ лоиҳаеро пайдо кардан наметавонад ва тамоми таълимоти гирифтаи ӯ бесамар боқӣ хоҳад монд. Аммо ӯро як устодаш илҳом бахшид: «Толеъатон баландӣ кард, зеро дар кишваратон ягон рақибе дар ин соҳа надоред ва метавонед якумин дар ин ҷода бошед».

      Пас аз хатми курси тавлидкунандагони иттилоот Нафиса бе ягон мушкилӣ мизоҷи аввалини худро дар симои яке аз блогерони шинохтаи тоҷик Зарнигор Нарзиқулова пайдо кард. Бо истифода аз маслиҳатҳои устодонаш ӯ ба З. Нарзиқулова хизматрасонии худро пешниҳод намуд ва дар ин замина бо дастгирии муррабиаш курси фосилавиеро эҷод ва бастабандӣ кард. Новобаста аз он, ки ин намуди хизматрасонӣ дар Тоҷикистон маъруф набуд, ба Нафиса муяссар гашт, ки мизоҷони худро пайдо кунад.

      Дар ин давра қаҳрамони мо саҳифаи Зарнигорро дар Инстаграм пайгирӣ мекарду, роликҳоро меомӯхт, аккаунтро ба танзим медаровард ва баъзан ба навистани постҳо низ машғул мешуд.

   

       «Аллакай дар ин давра ман аз тавлиди иттилоот дур шудам ва ба навистану ороиш додани қиссаҳои кӯтоҳ (сторисмейкинг) шуруъ намудам. Барои ба даст овардани дониши бештар дар ин соҳа пайваста омӯзиш мегирифтам ва роҳнамоиҳои зиёдеро низ харидорӣ мекардам. Таҷрибаамро дар назди беҳтаринҳои соҳаи худ, аз ҷумла, @dominic__ana – курс барои эҷод намудани қиссаҳои кӯтоҳ (сторизмейкинг), @juli.blog – марафон, вобаста ба эҷоди қиссаҳои кӯтоҳ, @chebotareva_elinaa – яке аз макотиби бузургтарин ва муваффақтарини Россия дар соҳаи пешбурди соҳибкорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ғанӣ мегардонидам».

      Нафиса бо як ҳисси шодӣ қайд мекунад, ки моҳи декабри соли 2020 ба ӯ зебосанам, блогнавис ва инфлюенсер Зарнигор Ҳусайнова - @zarka_ муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки блоги шахсиашро бурда, контентҳоро низ эҷод кунад.

      Нафиса аз ин пешнињод бисёр хушҳол шуд ва билфосила барои ҳамкорӣ бо Зарнигор мувофиқат кард. Кори Нафиса ба блогнавис ва ҳаводоронаш ниҳоят писанд омад ва ӯ ин хизматрасонии худро ба шиносон ва дӯстонаш низ тавсия дод.  

     «Пас аз ин ман теъдоди зиёди мизоҷон, аз ҳисоби блогнависон ва соҳибкоронро пайдо кардам, ки бо онҳо зиёда аз 5 - 6 моҳ ҳамкорӣ намудам. Ин муҳлат барои бастабандии блогу роҳнамоии шахс, инчунин дуруст бурдани аккаунт кофӣ мебошад», - мегӯяд Нафиса.

     Мизоҷон ба назди Нафиса одатан бо тавсия шиносонашон меоянд.

     «Ба хотири он, ки дар назди мутахассисони беҳтарин омӯзиш гирифтам, ман маълумоти бештареро дар бораи фурӯш ва болоравии нарх барои хизматрасониам тавассути сторис шинос мешудам. Ман бе ягон мушкилӣ нархро боло мебурдам ва мардум ҳам зид набуд, зеро натиҷаи онро хуб эҳсос мекарданд. Ҳамин тариқ бо ҳар як мизоҷ ман нархи хизматрасониамро ҳадди ақал аз 25 то 30 фисад боло мебурдам» – иброз медорад Нафиса.

   

      Новобаста аз ҳаҷми калони кор ва таълим, Нафиса фаъолона блоги худро дар Инстаграм мебурд ва аз ингуна фаъолияташ лаззат низ мебурд.Ба қавли ӯ ҳодисаҳои ҷолиб аз ҳаёти ӯ дар дили мардум нақш мебастанд ва имрӯз ҳам таъсиргузор мебошанд.

       Нафиса иброз дошт, ки ба ӯ муйяссар гардид, то дар атрофи худ ашхоси хайрандешро гирд орад ва чунин муносибаташ натиҷаи худро додааст.

      «Имрӯзҳо фарогири ман дар сториз маъмулан 7,5 ҳазор ва дар ҳолати мавҷудияти ягон ҳаводиси муҳим то 8 – 9 ҳазор тамошобинро гирд меорад. Айни замон маро аз рӯи блогам пайдо менамоянду, мешиносанд, инчунин аз хизматрасонии ман баҳраманд низ мешаванд».

      Ҳамарӯза сторизҳои Нафисаро то 9 ҳазор нафар тамошо мекунанд ва ба туфайли ин ӯ курсҳои худро низ ба фурӯш мегузорад.


     «Таҷриба дар тавлиди иттилоот ба ман имконияти хуби омӯзонидани шахсони дигарро додааст. Яку ним сол қабл ман тавонистам, ки дониши худро дар як маҳсули иттилоотӣ бастабандӣ кунам ва ин корро ҳам ба сомон расондам. Тавссути блоги худ ман курси пешбурди саҳифаҳои инстраграмиро ба фурӯш баровардам, ки 4 адади он дастраси мизоҷонам гардиданд. Айни замон ман 5 курсро аллакай омода кардам, ки аз лиҳози мундариҷа, шогирд ва натиҷаҳо яке аз дигаре беҳтар мебошанд. Тамоми ин комёбӣ бар туфайли блоги ман ва ҳаводоронам мебошад».

       ДАРОМАД ДАР ИСНТАГРАМ

      Дар ибтидо фикр намекардам, ки бо ин роҳ даромади зиёдеро ба даст меорам, аммо ҷиду ҷаҳди бисёр ба натиҷаи дилхоҳ оварда расонданд. Ҳамин тариқ дар 6 моҳи аввали фаъолиятам дар муддати 1 моҳ соҳиби 4 – 5 ҳазор сомонӣ гаштам ва имрӯзҳо бошад ин рақам метавонад зиёда аз 20 ҳазорро ташкил менамояд, ки ҳақи танҳо хизматрасонии мутахассиси SMM, бе назардошти курсҳои ташкилменамуда мебошад.


       КАМЕ ДАР БОРАИ SMM

- Кадом вазифаро дар бозори шумо мутахассис SMM иҷро менамояд?

- Вазифаи асосии менеҷери SMM — ин боло бурдани фурӯши тиҷорат ва хизматрасонии мутахассис бо роҳи ташкили дурусти блог мебошад. Агар дар афзоиши фурӯш кӯмак расонӣ, ту обрӯву эътибори зиёдеро дар назди мизоҷон ба даст меорӣ, инчунин дар амалӣ намудани чунин фаъолият хонданибоб ва дуруст пешниҳод намудани маълумот, равшании фикр, ҳамкорӣ бо ҳаводорон ва мунтазамӣ нақши муҳим мебозанд.

- Аз ҳама муҳим дар блогнависӣ чӣ мебошад?

- Аз ҳама чизи муҳиме, ки эътибори худро бҳеҷ гоҳ аз даст намедиҳад – ин самимият мебошад.


     Дар ояндаи наздик Нафиса тасмим гирифтааст, ки курси нави фурӯш дар Инстаграмро, ки зиёда аз якуним сол боз барои омода намудани он кор карда истодааст, ба роҳ монад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед