Ru  | Tj
“Ай”, “уф”, “пуф”, “фу”, “кайфалонум кадӣ”... Сарояндаҳои тоҷик чиҳо мегӯянд?
“Ай”, “уф”, “пуф”, “фу”, “кайфалонум кадӣ”... Сарояндаҳои тоҷик чиҳо мегӯянд?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

“Ай”, “уф”, “пуф”, “фу”, “кайфалонум кадӣ”... Сарояндаҳои тоҷик чиҳо мегӯянд?

Нашр шуд

Шояд тақозои замон аст ё тақозои бозор ва ё шояд ҳам муқтазои табиаташон ки баъзан дар матни таронаҳои бархе сарояндаҳо калимоту ибороти булаҷабу ғалатӣ пайдо мешаванду аз забонҳояшон садо медиҳанд...

“УФ-УФ”-И ФАРАҲНОЗРО КӢ НАВИШТ?

Фараҳноз Шарафова бо таронаи ахири худ хабарсоз шуд. Суруде бо номи “Уф, уф”, ки ба иқрори худи Фараҳноз шунавандаҳои аввалинаш ширкаткунандагони консерте дар Австралия буданд. Агар семисраъҳои ин таронаро ба назар нагирем, он пур аз “ай, ай, ай”-у “уф, уф, уф” буд.  Дар мавриди ин таронаи Фараҳноз каме ботафсил навишта будем. Аммо ҳоло ба ду нукта таваҷҷуҳ мекунему бас. Аввалан дар эълони таронаи мазкур дар саҳифаи ютубии созмондиҳандаи консерт “Уф-уф”-ро ба русӣ “Тьфу, тьфу” ва Фараҳнозро “Фарханаз” тарҷума кардаанд. Аз ин тарҷума бӯйи “гуглгардон” омад ва барои мутақоид шудан мо ҳам онро таҷриба кардем. Тарҷумони Google “уф”-ро аз тоҷикӣ “тьфу” тарҷума кард. Аммо Фараҳнозро Фарахноз гуфт, на “Фарханаз”. Мисле ки масъули таҳияи акс қисмати аввалро ба google.translate бовар кардаасту қисмати дувумро ба худаш. Ба ҳар сурат на мантиқи аввал дуруст аст ва на мантиқи дувум. Аҷиб аст, ширкате ки сарояндаҳоро аз Тоҷикистону Узбекистон ба Австралия мебарад, зӯраш барои киро кардани як тарҷумон нарасидааст.


Ва нуктаи дувум ин ки суруди армуғонии Фараҳноз моли худаш ҳам нест. Асли он як таронаи озарӣ бо собиқаи ҳадди ақал шашсолаи нашру пахш дар Ютуб аст. Агар каме дағалтар карда бигӯем, “ай”-у “уф”-и Фараҳноз аз худаш нест. Ин сарояндабону мустақилона ҳатто “ай”-у “уф” ҳам карда наметавонад...


МИХАИЛРО КӢ “КАЙФАЛОН” КАРД?

Михаил Ломоносов ки бо сурудҳои тӯёна ва овози “қуртуқӣ”-аш машҳур аст, ахиран шояд барои касби шуҳрати бештар як таронаи баҳсбарангез сароид. Дар суруди “Ошут шава” аз ҷумла мехонад:       

“Осуда будум ту алахонум кадӣ,

Роҳат будуму ту кайфалонум кадӣ”.

Ба решаву мантиқ ва дурусту нодурустии ин калима амиқ фурӯ намеравем. Ёдоварии ин ки миёни мардум он дар ҳолатҳои вобаста ба шаҳват фаҳмида мешавад, кофӣ аст.         

Худованд раҳми ҳамаи моро хӯрдаасту нависандаи ин матн фаротар нарафта, аз ҳолати худризоияш нанавиштааст. Дар он сурат Михаил онро мехонду мо мешунидем...  

Михаилро дуэти “Очата бугу”, ки ҳамроҳ бо Бобои Файз иҷро кард, маъруф кард. Яке аз сурудҳои пурбинандааш дар Ютуб “пуф, пуф накун” аст.

“ФУ”-И ФИРӮЗА КУҲНА ШУД?

Фирӯза Ҳафизова шояд ягона сарояндаи тоҷик бошад, ки “хислату хӯйи мардӣ” нишон медиҳад. Ишораи мо ба бозхонии таронаҳое нест, ки аслан “мардона” ҳастанд. Шумораи занҳое ки сурудҳои мардона сурудаанд, кам нест ва мешавад, ки тақрибан аз таронаҳои ҳар бонуе чунин матнҳо пайдо кард. Ишораи мо сари суҳбатҳову даъвоҳои Фирӯза аст, ки дар таронаҳояш ҳам дида мешаванд, барои намуна кофист, ки ба таронаи “Шери нар”-аш ишора кунем. Аммо мурод аз гирифтани номи ӯ инҷо суруди “Фу”-яш ҳаст. Суруде ки дар вақташ баҳсбарангезу ҷанҷолбарангезу чанд “гез”-у “хез”-и дигар шуда буд ва дар ниҳоят Фирӯзаи “шери нар”-ро маҷбур кард, то онро аз сафҳаҳояш пок кунад. Тавре маълум шуд, Фирӯза идея ва оҳанги ин сурудашро аз таронаи ҳиндӣ гирифтааст. Ончӣ ки нисбат ба “Уф-уф”-и Фараҳноз навиштам, каме дигар карда такрор кунем, мешавад: сарояндаҳои мо ҳатто “фу”-ро ҳам аз дигарон мегиранд.

АЗ “ДИГӢ ДИГӢ”-ВУ “ГИГӢ, ГИГӢ” ТО “НАНИНАНӢ”-И ҚАДАМ

Дар миёни сарояндаҳо вожагони ғанитарини булаҷабро Қадами Қурбон дорад. Аз кулвораш “любой чӣ” ёфтан мумкин аст: хоҳӣ “дигӣ, дигӣ”, нахоҳӣ “гӣ, гӣ, гӣ, гӣ”.  Аммо кори охираш, ба қавли ҳамзабононамон, “ҳарф надорад”; таронаи “Духтабабоз”, ки иттифоқан дар бинои “Сирки давлатӣ” иҷро кардааст. Ҷойи мувофиқтаре барои иҷрои ин суруд пайдо намешавад.

Ин ки кадом як “духта ба нози очаш” хӯроке бо номи “дангича” андохтасту Қадам онро беқошуқу бекулча хӯрдааст, матраҳ нест, мо аз нақороти ин тарона то гулу сери сер шудем:  

“Ана бо нанӣ на нӣ но на нӣ на нӣ,

Нин на нӣ но на нӣ на нӣ

Ана бо гилдо гилдо гилдо ди

На нӣ на нӣ но на нӣ на нӣ”

(айнан навиштани ончӣ ки Қадам мехонад имкон надорад, инҷо талош кардем наздик ба ончиро, ки зам-зама мекунад, нависем)

Инҷо як нуктаи муҳим бояд таъкид шавад, истифодаи “навозиши забонӣ” ё “мусиқии лафзӣ” мисли ҳамон “ла-ла-ла”-ву “на-на-на” садсолаҳост, ки дар сурудҳо истифода мешаванд ва ҳеч ҷойи эроде ҳам нест, ҳарфи мо сари ифрот дар истифодаи онҳо аст, вақте сарояндаҳо ҳеч марзе намешиносанду ба “таҷовузи маънавӣ” даст мезананд.

Мисли Наимҷони Саидалӣ, ки чанд сол қабл “чабргадӣ лабргадӣ, либргада, лабргада, лабргада, лубргада, либргада лу”-гӯён дар баҳри шоубизнеси тоҷик ба шино даромад. 

Мисли Равшан Аннаев ном сарояндае, ки гӯйӣ дар шогирдии Қадам нишастааст. Номи як сурудаш “Дигӣ-дигӣ” аст. Як бахши матни он чунин аст: 

“Вотсап медрой дигӣ дигӣ,

Тик-ток медрой дигӣ дигӣ,

Вақте ки занг мезанум, 

Ту тилфонда тез бигӣ.

Дигӣ-дигӣ рақсои т,

Рақсои банози т,

Дигӣ-дигӣ чашмои т

Чашмони хумори т”.

Ин ҳамон Равшане ҳаст ки бо африқоидухтаре “мурумтаву хурумта” мехонад.  Бо ин суръат ояндаи наздик дигар ба матну шеър зарурат намемонад. Ҳар гапи ҳавоие, ки аз даҳани бедарвозаашон берун шуд, бо мусиқӣ дуруст мекунӣ, мешавад як суруде ки даҳҳо милён тамошобин пайдо мекунад. Мусиқӣ ҳам ҷустан шарт нест, оҳанги ҳар суруд ки писандат омад, роҳат, бидуни ҳеч ишорае ба соҳиби аслии он аз худ мекунӣ ва барои ин кор аз шарм суп-сурх ҳам намешавӣ ва “кори хирс тамом”.

Масалан:

Ингла ингла фингла ҷинг,

Папипо пура финга пинк,

Ва барои ҷаззобтар шудан каме аз “уф”-у “вой” ва “аҳ”-у “уҳ” илова мекунед ва супертарона омода мешавад. Бо дилу пур ва сари баланд ба ҳар гӯшаи дунё ки хоҳед, ба армуғон бурдан мегиред...

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед