Ru  | Tj
Далер Шариф: “Китоби хондаамон ба дард намехӯрад, агар...”
Далер Шариф: “Китоби хондаамон ба дард намехӯрад, агар...”
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

Далер Шариф: “Китоби хондаамон ба дард намехӯрад, агар...”

Нашр шуд

Аз корбарони фаъоли фазои Facebook-и тоҷикӣ шояд нафаре набошад, ки дар бораи барномаи фарҳангии “Китобхон” надонад. Ин барнома ҳафтае як бор, рӯзҳои сешанбе, дар шабакаи Youtube нашр мешавад, ки бештари мухлисони барнома аз ҳисоби адабиётдӯстон ташкил ёфтаанд. Муаллиф ва гардонандаи барномаи мазкур рӯзноманигори мустақил Далер Шариф мебошад, ки то соли 2012 бо пешбарии ток-шоуи “Муошират” ва барномаи “Қатрае аз баҳр” дар телевизиони “Сафина” маъруф буд.

Ҳафтае қабл нашри 50-уми барномаи “Китобхон” пешниҳоди бинандагон гардид, ки тавонист барои мо баҳонаи суҳбат бошад. Далер дар мавриди барномаи “Китобхон”, мушкилоти пушти экран ва нақшаҳои ояндаи худ дар ин мусоҳиба қисса намуд.

 

ҲАДАФ ТАНҲО ТАБЛИҒИ КИТОБ НАБУДУ НЕСТ...

- Чӣ тавр ғояи пешниҳоди барномаи “Китобхон” дар фикратон тавлид шуд?

- Аз таҷрибаҳои қаблии дар расонаҳо доштаам хулоса кардам, ки дар зарфи сӣ соли фаъолияти рӯзномаву радиову телевизионҳо ҳанӯз мардум матни ахбору гузоришҳоро пурра сарфаҳм намераванд. Сипас ба қароре омадам, ки шояд аслитарин омили он дар кам хондан ё умуман бо мутолиа сарукор нагирифтанашон бошад. Аз ҷониби дигар нафароне дорем, ки тақрибан ҳазор адад китоб хондаанд, вале андешаи мустақили худро надоранд. Аз ин хотир фикр кардам, агар лоиҳаеро оғоз кунам, ки ҳаддиақал як зарра таконе дар ин самт бидиҳад ва бо ин васила андешаҳо бедор шавад, тир ба нишон мерасад. Яъне ҳадафи ман аз аввал то ба ҳол танҳо таблиғи китоб набуду нест, балки афзори хулосабарориро бедор намудан мебошад.


- Ҳафтае қабл нашри 50-уми барнома падид омад. Оё инро нашри вижа гуфтан мумкин аст?

- Намегӯям, ки ман қаҳрамонӣ ё ягон кори бузург кардам. Вале бояд таъкид намоям, ки кори худро аз сифр, бидуни гранту сарпараст ва будҷаи шахсӣ шурӯъ карда, сарфи назар аз имконоти маҳдуд нашри 50-уми барномаро ба навор гирифтам. Агарчи танҳо аз рӯйи қоида барномаҳои “Китобхон”-ро рақамгузорӣ мекунам, нашри 50-уми барномаро вақти муаррифии меҳмони навбатӣ фаҳмидам. Зеро на ба зиёдтар кардани адади нашрҳои барнома, балки мекӯшам, ки барномаи диданӣ омода кунам, то меҳнатам барбод наравад. Гуфтан метавон, ки нашри 50-ум барои муаллиф вижа буд, зеро бо имконоти маҳдуди худ дар фазои холӣ то ба ин шумора сабт намудани як барномаи мустақили касбӣ кори осон нест.

- Студияе, ки дар он барномаи “Китобхон” сабт мешавад, ба расонаи Your.tj тааллуқ дорад. Бо ин сомона чӣ қарордод доред?

- Барои сабти барнома студия ё толори мувофиқ меҷустам. Ба чандин ширкату ташкилот ва радиои маъруф муроҷиат кардам. Чун мақсади ман ба манфиаташон набуд, ҳеч яке аз онҳо ба кумакам нашитофт. Албатта, пуле надоштам, ки ҳаққи иҷораро пардохт намоям. Дар аввал ҳатто дастгоҳи наворбардорӣ надоштам. Зеро “Китобхон” лоиҳаи ягон созмону ташкилот нест ва ман назди ниҳоде аз кори худ гузориш намедиҳам ё касеро фармон намебарам.

Вақте ба мудири вебгоҳи Your.tj бону Зебо Тоҷибоева муроҷиат кардам, дарҳол розӣ шуд, ки аз студияи вебгоҳ истифода кунам. Бар ивази он аз ман чизе нахост, на қарордод ва на тағлиғ. Дар ҳоле, ки ман гуфтам ҳамагӣ панҷ нашр барнома сабт мекунам, агар сарпараст наёфтам, дигар музоҳими шумо намешавам. Вале Тоҷибоева гуфт, ки вақте ин барнома танҳо ба манофеъи миллату давлат аст, бояд дастгирӣ кунам ва бидуни хиҷолат аз студия истифода намоед.


- Пас, чаро нишонвора (логотип)-и подкасти “Три медведя” дар навор баръало дида мешавад?

- Гуфтан бамаврид аст, ки “Китобхон” барномаи таблиғотӣ нест. Танҳо дар заминаи дарёфти андешаи солим ин барномаро таҳия мекунам.

Бонуи Зебо гуфт, ки агар имкони иваз намудани нишонвораро дошта бошед, метавонед ҳангоми сабт бадал намоед. Албатта, ман шароити фармоишу барчаспи логотипи худро надоштам. Аслан нишонвораи “Три медведя” хусусияти таблиғотӣ надорад, танҳо номи подкасти расона асту халос. Ҳатто изҳори сипосе, ки дар саҳифаҳои иҷтимоии “Китобхон” ҷиҳати дастгирӣ ба вебгоҳи Your.tj менависам, танҳо аз рӯйи хоҳиши худам ҳаст. Ҳар як сонияи навор табиӣ аст ва чизе монанди таблиғ дар пушти он нест.

 

“АГАР ГОНОРАР ДИҲЕД, ДАР БАРНОМААТОН ШИРКАТ МЕВАРЗАМ”

- Дар боло ишора намудед, бидуни грант, лоиҳа, мадади созмону сарпарастон барномаи “Китобхон”-ро таҳия мекунед. Ин тавр бошад, барои корҳои фаннӣ (техникӣ)-и барнома аз қабили навору тадвин кӣ ё кадом гурӯҳ ба шумо кӯмак мерасонад?

- Дар сабти бештари барномаҳо ҳамроҳам дӯстонам Абдулазизи Восеъ, Абӯбакри Шариф ва Ёқуб Ҳалим буданду ҳастанд. Рӯзҳои фориғ аз кор буданашон омада, барои наворбардорию корҳои фаннӣ (техникӣ) кумак менамоянд. Дар баъзе рӯзҳои сабти барнома пушти дастгоҳҳои наворбардорӣ касе нест. Албатта, кори мушкил аст, баъзан кадрҳо нодуруст гирифта мешавад, садо хуб намеояд, вақти бисёр сарф мешавад... Вале барои амалӣ намудани мақсади худ меҳнат мекунам.


- Дар байни нашрҳои “Китобхон” барномае, ки аз ҷиҳати шумора таваҷҷуҳи бештари бинандагонро дар шабакаи You tube ҷалб намуд, нашри 26-уми барнома дар меҳмонии ҳунарпешаи саршиноси кишвар Қурбони Собир аст. Воқеан, боиси ҳайрат аст, дар замоне, ки бештари корбарони интернет майли тамошои чунин барномаи ахлоқию илмиро надоранд, ин барнома ба таври рекордӣ беш аз 23 ҳазор маротиба тамошо карда шавад. Ба фикри муаллифи барнома, сабаби ба ин шумора расидани тамошобинони ин нашр дар чист?

- Ҳангоме ки ба таҳияи барнома шурӯъ кардам, ҳадафи ман барои 100 нафар мухотаб (аудитория) буд, яъне гумон надоштам, ки ҳатто 1000 нафар тамошо кунад. Худ ба худ мегуфтам, агар дастикам 100 нафар мардуми огоҳе, ки китобхониро дӯст медоранд тамошо кунанд, ба мақсади худ мерасам. Хушбахтона, барномаи “Китобхон” аз рӯзи аввали нашр зиёда аз 1 500 маротиба тамошо карда шуд.

Нафароне, ки воқеан суҳбати таъсиргузор ва нутқи бурро доранд, метавонанд таваҷҷуҳи ҳар нафарро ҷалб намоянд. Профессору адабиётшиносоне ҳастанд, ки нутқи таъсиргузор надоранд. Шояд аз ҳисоби кам сухан кардану бештар бо навиштан сарукор гирифтанашон бошад, дақиқ намедонам.


Ба ин ҳад расидани тамошобинони нашри 26-уми барнома чанд омил дорад: Қурбони Собир ҳунарпешаи маъруфу сухандон аст ва суҳбатҳои ҷолиб дорад. Дар барнома шеъри Мавлоноро хеле ҳирфаӣ ва бо эҳсоси баланд қироат кард, ки аз ин тарзи қироат бисёриҳо ба ваҷд омаданд. Сабаби дигараш шахсиятҳои шинохтаро алгоритмҳои худкори Youtube ба таври худкор муаррифӣ мекунад, яъне омилҳои фаннӣ (техникӣ) ҳам мавҷуд аст. Вале бояд иқрор шавем, ки дар барномаи “Китобхон” воқеан суҳбати олӣ анҷом доданд. Бинандагон низ зери навор бо ҳамин мазмун шарҳҳои зиёд навиштаанд.

- Чанд рӯз қабл дар мусоҳибаи худ ба яке аз расонаҳо гуфтед, ки бархе аз донишмандону олимон нахуст пешниҳоди иштирок дар барномаро мепазиранд, вале қабл аз 1-2 рӯзи сабт аз фикри худ мегарданд. Сабаби аслии ин нофаҳмиҳо дар чист?

- Мунтазир будам, ки расонаҳои дигар аз ин барнома дар гузоришҳояшон иқтибос мекунанд ва бо ин роҳ таваҷҷуҳи олимону донишмандони зиёд ба барнома нигаронида мешавад. Мутаассифона, ин хушбинии ман хом баромад. Ба фикрам, бархе даъватшудагоне, ки ҷавоби рад медиҳанд, ақида доранд: “оё бо унвони профессории худ сазоворам, ки дар барномаи “ютубӣ” иштирок кунам?” Ҳатто нафароне ҳам буданд, ки гуфтанд: “агар гонорар диҳед, дар барномаатон ширкат меварзам”. Барномаи “Китобхон” барои мардум аст ва барои хидмати халқ пурсидани пулро кирдори ношоиста меҳисобам.


 - Оё ҳолатҳое буданд, ки мусоҳибатон баъд аз сабти суҳбат дархост намуда бошад, ки барнома рӯйи нашр наояд?

- Ду-се барномае дорам, ки то ҳол дар бойгонии роёнаам маҳфуз аст, аммо ба касе ошкор намекунам то мусоҳибон иҷозаи нашр надиҳанд. Ман аз нахустин нашри барнома принсип доштам, ки дар сарлавҳаҳо ҳангома набошад, чунки мардуми мо бештар пушти сенсатсияву овоза мераванд ва нахостам аз содагии одамон истифода намоям. Дар сарлавҳа одатан гуфтаҳои иштирокдори барномаро мегузорам. Агар сарлавҳа ба табъи мусоҳиб мувофиқ наояд, ба ҷумлаи дигар иваз мекунам. Дар мавриди шарҳҳои зери навор низ аз ин қоида истифода намуда, вобаста ба хоҳиши мусоҳиб шарҳҳоро ҳазф мекунам. Маврид ба зикр аст, ки то ба имрӯз нафаре аз бинандагон на ман ва на меҳмони барномаро таҳқир накардааст.

 

“БА МО ҚАҲРАМОНЕ ЛОЗИМ АСТ, КИ АНДЕШАИ ТОЗА ДОШТА БОШАД”

- Магар ҳастанд нафароне, ки барои иштирок дар барномаи “Китобхон” худашон дархост кунанд?

- Бале, аммо бештари онҳо ба категорияи мо дуруст намеоянд. Бархе иддао мекунанд, ки фарзанди ман ё фалон одам 500-600 китоб хондааст, аммо чаро ба барнома даъват намекунед. Охир ба мо қаҳрамоне лозим аст, ки андешаи тоза дошта бошад. Бигзор мутолиаи ӯ ҳамагӣ 20 адад китобро ташкил диҳад, муҳимаш ҳарфи худро гуфтан аст. Китоби хондаамон ба дард намехӯрад, агар онро ба андеша табдил надиҳем.


- Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, яке аз корбарони фаъоли Facebook хитобан ба саҳифаи “Китобхон” навиштааст, ки “нагузоред, то мусоҳиб андеша ва ҳадафҳои пинҳонии худро тавассути барномаи шумо роҳандозӣ кунад”. Дар ин бора гуфтание доред?

- Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳро ғоибона мешиносам. Ин нафар рӯзҳои нахустини нашри барнома яке аз мубаллиғон буд, ҳоло намедонам. Акнун бигзарем сари савол. Бештари нафароне, ки дар барнома иштирок доштанд, корманди давлату номзадони илм ҳастанд, ҳадди ақал шахсиятҳои маълум дар ҷомеа мебошанд. Ҳамаи меҳмонони мо аз Тоҷикистон мебошанд, андешаи миллӣ доранду тоҷиканд. Агар гуфтаҳои Рустамшоҳ воқеият дошта бошад, пас бояд дақиқ бигӯяд, ки маҳз дар нашри чандум, кадом меҳмони барнома, аз дақиқаи чанд то дақиқаи чандум кӯшиш кард, ки ҳадафи пинҳониашро роҳандозӣ намояд. Набояд гапи сарсарӣ гуфт, журналистика ба факту далел такя мекунад.

Аслан “Китобхон” барномае нест, ки нафаре аз пушти он мақсади ғаразноки худро ифшо кунад. Хушбахтона, мо аудиторияе дорем, ки баъд аз ҳар як барнома бо мо тамос мегиранду фикри худро мегӯянд. Ман бинандагони худро бовар медиҳам, ки ҳеҷ кас тариқи барномаи мо ҳадафи пинҳонии худро гуфта наметавонад, зери ин барномаи ахлоқию фарҳангӣ аст.


- Китобҳое, ки меҳмонони барнома тӯҳфа мекунанд, дар ҷевони кӣ ҷо мегиранд?

- Дар ин бора ҳоло тасмими ҷиддӣ нагирифтам. Беш аз 300 теъдод китоб ба унвонии барнома тақдим шудааст. Шояд ҳамчун ҳадя ҳифз кунам, шояд тариқи эълон бифурӯшам. Ин китобҳо минбаъд моликияти шахсии ман аст. Яъне ҳар коре кунам, танҳо ба худам бастагӣ дорад.

 

“УМРИ БАРНОМА АЗ МАН ВОБАСТА НЕСТ”

- Далерро кадом нашри барномаи “Китобхон” хуш намеояд?

- Ман аз ҳеч як суҳбатҳое, ки анҷом додам, қонеъ нестам. Омилҳои ин метавонад боз ҳам камбудӣ дар имконоти техникӣ бошад. Лаҳзае мешавад, ки бо дили нопур аз техникаҳои наворбардор, андешаҳои худро дуруст гуфта наметавонам ё имкон намеёбам, ки барои суҳбат беҳтар омода шавам. Зеро барои чунин барнома мебояд якчанд нафар дар ҳамбастагӣ мавзӯъу саволҳоро тибқи машварат баррасӣ намоянд, то барнома бо рӯйи сурх пешниҳод шавад.

- Тибқи нақша барномаи “Китобхон” чанд нашр бояд сабт карда шавад?

- Эҳсос мекунам, ки ҷомеа ба чунин барномаҳо ниёз дорад. Вале аз лиҳози маҳдуд будани имконоти моддию техникӣ гуфта наметавонам, ки ҳамагӣ чанд шумора нашр мешавад. Масалан, мумкин аст ҳафтаи оянда иттилоъ бидиҳам, ки бинандагони азиз, мо дигар имконияти сабт кардан надорем. Яъне умри барнома аз ман вобаста нест.


- Танҳо бо “Китобхон” маҳдуд будан мехоҳед? Яъне таҳияи барномаҳои дигарро дар нақша надоред?

- Не, албатта. Айни замон дар сари лоиҳаи дигар кор карда истодаам. Таҳияи ин шояд аз “Китобхон” осонтар бошад. Тибқи нақша даҳ нафар шахсиятҳои барҷаста, мансабдорони радаи аввал ба ин лоиҳа ҷалб мешаванд, ки аллакай бо онҳо гуфтугӯ шурӯъ шудааст. Ин барномаи мустанад аст ва унвон дорад “Бо ривояти китобхон”. Талош мекунам, ки ин барнома зудтар рӯйи нашр биёяд. Бинандагон метавонанд аз моҳи январ тамошо кунанд.

- Тавре худи шумо дар ҷараёни барнома мегӯед: “сари он баҳс мекунем, ки чӣ китоб бихонем ва барои чӣ бихонем?”. Аз нигоҳи муаллифи “Китобхон”, мо чӣ китоб бояд бихонем ва барои чӣ бихонем?

- Ман дар заминаи мутолиаи китоб интихоби васеъ дорам. Чӣ китоб хондан ба шавқу завқи инсонҳо бастагӣ дорад. Муҳимтарин китоб ҳамон аст, ки дар андешаҳо дигаргуниро падид меораду ахлоқи моро ба ҷиҳати мусбат тағйир медиҳад. Китобҳои рӯйи мизиам Қуръони Карим, “Маснавии Маънавӣ” ва “Девони Ҳофиз” аст.

- Одатан соатҳои чанд бо мутолиа машғул мешавед?

- Бемории бехобӣ дорам. Ҳамеша ду соат хоб мекунам. Бештар шаб мехонам ва ду соат пеш аз субҳ мехобам. Боз вақте бедор шудам, то баромадани офтоб ба мутолиа машғул мешавам.

- Бештари китобхонон одат доранд, ки ҳангоми мутолиа чой ё қаҳва бинӯшанд ё чизе истеъмол кунанд. Шумо чӣ одат доред?

- Ман одатҳои ғайриодӣ дорам. Дар таги миз ё кунҷи миз руст шуда, китоб мехонам ё болои миз нишаста, бо мутолиа машғул мешавам. Вале чизе истеъмол намекунам. Пеш аз мутолиа қаҳва ё чой менӯшам, аммо на ҳамеша.

  - Ба назари Шумо ин одати бад аст ё хуб?

   - Ҳар василае, ки одамонро ба китобхонӣ мебарад, қабул дорам. Муҳим бихонанд.

- Дар анҷом мегуфтед, ки оё барномаи “Китобхон” тавонист мухотабонеро, ки аз китоб фосила гирифта буданд, дубора ба мутолиа рӯ орад ё китобхонони ҷадид падид оянд?

- Дар мавриди ҷалби бештари бинандагони “Китобхон” ба мутолиа далелҳои зиёд дорам. Бархе нафароне, ки тоза ба китобхонӣ шурӯъ менамоянд, тамос гирифта мепурсанд, ки бояд аз кадом китоб сар кунанд. Дар ин байн кам нестанд онҳое, ки баъди 3-4 соли китобро рӯйи даст нагирифтан маҳз баъди муаррифии фалон асар дубора китобхон шуданд. Агар бо ин васила бигзор даҳ нафарро ба самти китобхонӣ оварда бошам, пас вақтам беҳуда нагузаштааст.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед