Ru  | Tj
Духтарони зебои Осиёи Марказӣ: ТОП 8
Духтарони зебои Осиёи Марказӣ: ТОП 8
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Духтарони зебои Осиёи Марказӣ: ТОП 8

Нашр шуд

Соҳаи муд ва тиҷорати он  дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз ба қадри кофӣ,  тавре ки, масалан, дар кишварҳои аврупоӣ мебинем, рушд наёфтааст. Яке аз сабабҳо – ин тафаккури шарқӣ ва мазаммат дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Аммо, дар ин миён нафароне низ пайдо мешаванд, ки омодаанд нотарсона зидди қолабҳо баромад кунанд. Имрӯз сухан дар бораи моделҳои муваффақтарини минтақаи мо меравад.

Сафина Ғоибова (Тоҷикистон)


Номи Сафина солҳост, ки дар гӯши аксарияти тоҷикон садо медиҳад. Дар ҷумҳурӣ бе иштироки ӯ ягон ҳафтаи муд барпо намегардад. Сафина дар озмунҳои гуногуни зебоӣ ширкат варзида, соҳиби як қатор унвонҳо, аз қабили «Face of Central Asia-2017», «Face of Asia Top-10», «Miss Planet Grace -2017», «Miss Cosmoworld», «Miss Photogenic-2017», «Female Luxury Model in Central Asia» гардидааст ва инчунин дар озмуни байналмилалии «Miss Intercontinental – 2019» баромад намудааст.


 Сабрина Зуҳурова (Тоҷикистон)


Сабрина дар бисёре аз намоишҳои муд ширкат варзидааст ва ӯро ҳатто дар наворҳои таблиғотӣ ва намоҳангҳои мусиқӣ наворбардорӣ кардаанд. Соли 2019 ин бону, аз сабаби он, ки дар озмуни «Miss Tourism World» бо бикини (либоси оббозӣ) ба саҳна баромадан нахост, дар саросари ҷаҳон номдор гардид.


Гарчанде, Сабрина аз унвони асосӣ маҳрум шуд, вале ба принсипҳои худ содиқ монд. Духтарак дар номгӯи «Мисс Sunshine» мақоми ноиби-мисс ва эҳтироми садҳо мухлисонро ба даст овард. Ин бону ҳамчунин дар озмуни «Бонуи Тоҷикистон-2019» («Зебосанам») ширкат варзидааст.

Бибисара Шарифова (Қазоқистон)


Бибисара фаъолияти моделии худро дар зодгоҳаш – Алма-Ато дар синни 15-солагӣ оғоз кардааст. Соли 2014, духтарак дар ҳафтаи муди Ню - Йорк як ҳангомае барпо кард. Баъдан ӯ дар намоишҳои муд дар Милан, Париж ва Токио бомуваффақият баромад намуд.


Бибисара ба рӯихати супермоделҳои сатҳи ҷаҳонӣ бо номи “Бибӣ” ворид карда шудааст. Ҳамчунин, ӯ таблиғгари бисёре аз брендҳои байналмилалӣ низ буд ва аксҳояш дар маҷаллаҳои “Vogue”, “Elle”, “Harper's Bazaar” нашр гардидаанд.

Айя Шалкар (Қазоқистон)


Дар Алма-Ато Айя бо оҷонсии «ЕАТ models» ҳамкорӣ мекард ва ҳанӯз аз овони навҷавониаш  дар намоишҳо, наворбардориҳо ва лоиҳаҳои гуногун ширкат меварзид. Пас аз пайдо шудани чеҳраи ин духтарак дар муқоваи маҷаллаи муди фаронсавии “ZUT”, дар бораи ӯ сару садоҳои зиёд пайдо шуда, ӯро дар зодгоҳаш шӯҳратёр кард.


Соли 2018, Айя дар раддабандии ҷаҳонии «100 чеҳраи зеботарин» номзад гардид. Худи ҳамон сол, вай дар клипи рэпери машҳури қазоқ Ҷаҳ Халиб дар суруди «Медина» нақш офарид.

Айни ҳол Айя дар Вена фаъолият мебарад ва бренди либосии худро бо номи “Ash Wear” вусъат медиҳад.

Салидат Хамилова (Қирғизистон)


Ин духтарак фаъолияти моделии худро дар Бишкек, ҳанӯз аз замони донишҷӯ буданаш оғоз кардааст. Соли 2019 дар ҳафтаи муди Ню-Йорк ширкат варзид, ки дар он ҷо коллексияҳои тарроҳони маъруф: Ким Шуй ва Эшли Райнорро муаррифӣ кард. Соли 2020 Салидат дар навори рекламавии Mazda иштирок кард. Аксҳои ин духтар дар саҳифаи расмии ширкат нашр шудаанд.


Айни замон, Салидат дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ мекунад  ва дар объективҳои суратгирони  Лос Анҷелес  ва Ню - Йорк зуд-зуд пайдо  мешавад.

Бегимай Карибекова (Қирғизистон)


Ин бону аслан аз шаҳри Норин аст. Фаъолияти ӯ пас аз иштирок  дар озмунҳои «Miss Intercontinental - 2016» ва «Top Model of the World» оғоз ёфт. Соли 2017, пас аз гирифтани унвони "Бонуи Қирғизистон", Бегимай ба озмуни "Бонуи ҷаҳон" роҳхат гирифт, вале сафорати Чин дар Бишкек ба ӯ раводид надод.


Соли 2018 вай аввалин нафаре аз Қирғизистон буд, ки дар озмуни байналмилалии «Мисс Вселенная (Бонуи олам)» дар Таиланд ширкат вкард. Соли 2020 бошад, модел дар рекламаи  бренди PUMA  наворгирӣ шуд.

Нигина Фахриддинова (Ӯзбекистон)


Нигина дар шаҳри Навоӣ таваллуд ёфтааст. Ӯ дар бисёре аз мусоҳибаҳо иброз доштааст, ки ҳам хуни узбекӣ ва ҳам тоҷикӣ дорад. Вай ҳеҷ гоҳ интизор набудааст, ки ба саҳнаи муд мебарояд, ҳамааш тасодуфӣ рух додааст. Соли 2017 вай дар кастинги яке аз агентиҳои муди Ӯзбекистон иштирок кардааст.


Пас аз ин, Нигина ба олами муд ворид гардида, Ӯзбекистонро дар озмуни байналмилалии «Топ модель СНГ-2018» муаррифӣ кардааст, ки дар ин озмун ба финал баромада ва дар байни ҳамаи иштирокчиён ягона бонуе гардидааст, ки якбора дар ду номинатсия-«Fashion Модел-2018» ва  «Top model friendship»  номнавис шудааст.

Нигина дар озмуни «Miss Intercontinental-2019» аввалин намояндаи Ӯзбекистон буд.

Тамила Хоҷаева (Ӯзбекистон)


Ин духтарак аз Ӯзбакистон ба Чехия муҳоҷир шуда, ба ҳайси ровӣ фаъолият  мебурд ва ҳамзамон дар театри ҳаваскорони русии «Моҳ ва ларза»-и шаҳри Прага нақш меофарид. Вай дар фотосессияҳои ҳаваскоронаи дӯстонаш иштирок мекард ва ин аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешуданд. Ба шарофати ин аксҳо суратгирони касбӣ ба Тамила таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Пас аз ин ба ӯ барои аксбардорӣ дар реклама ва иштирок дар намоишҳои тарроҳони чех пешниҳодҳо меомаданд.


Соли 2018, духтарак иштирокчии озмуни байналмилалии «Miss Global International-2018» гардид ва дар он сазовори  ҷойи II, яъне ноиби - мисс шуд. Ҳамчунин, ӯ барои қобилиятҳои сарояндагии худ соҳиби ҷоизаи «Miss Talent» гардидааст. Дар давраҳои мобайнӣ, бону дар номгӯйи «Miss Darling of the Press» ҷойи сеюм ва дар намоиши коллексияи филиппинӣ дар номгӯйи «Best in Filipiniana» ҷойи дуввумро соҳиб гардид.
 
Ҳоло Тамила чеҳраи мактаби ART Models School мебошад ва инчунин дарси роҳравӣ ва аксбардориро таълим медиҳад.

Чаро писарон духтаронро болои сар мекунанд? Панҷ далел аз ҳаёти ҳаррӯзаи ҷавонони тоҷик



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед