Ru  | Tj
“Дукон”, “Хусури ман”, ”Дом” ва ”Экран”. Синамогарони тоҷик дар YOUTUBE чӣ паём додан мехоҳанд?
“Дукон”, “Хусури ман”, ”Дом” ва ”Экран”. Синамогарони тоҷик дар YOUTUBE чӣ паём додан мехоҳанд?
Акс: Коллажи Halva.tj

“Дукон”, “Хусури ман”, ”Дом” ва ”Экран”. Синамогарони тоҷик дар YOUTUBE чӣ паём додан мехоҳанд?

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон пас аз қатъи тарҷумаи филмҳои туркӣ таваҷҷуҳ ба филмҳои ватанӣ зиёд гашт. Синамосозони тоҷик ҳоло ҳамарӯза филмҳои нав месозанд, ки онҳо ба ҷашнвораҳои синамоии байнулмилалӣ  низ роҳ меёбанд. Ин филмҳо аз тариқи расонаҳои иҷтимоъӣ низ ба дӯстдорони синамо пешниҳод мегардад.

Муаллифи Halva.tj ин навбат бахши тоҷикии Ютубро мурур кард, то муҳтавои пуртамошобинтарин филмҳои тоҷикиро дар соли 2023 бифаҳмад.

"ДУКОН" ҶАҲИШЕ ДАР САМТИ ФИЛМҲОИ БОСИФАТИ ЮТУБӢ КАРД

Нахустин қисми силсилафилми "Дукон" 30-юми октябри соли 2023 ба расонаҳои иҷтимоъӣ роҳ ёфта, ҳаводори зиёд пайдо кард. Ин қисмати силсилафилмро то имрӯз дар саҳифаи ютубии "Пул" 1 милён маротиба тамошо кардаанд.

Ин филм, ки созандагонаш онро баландбуҷа мегӯянд, дар жанри ҳаҷвиву драмаӣ сохта шудааст ва баъзе қаҳрамонҳои марказии он чеҳраҳои нав ва баъзеи дигар ҳунармандони ҳирфаӣ ба шумор мераванд.

Филм аз он оғоз меёбад, ки зиндагии орому осудаи оила пас аз ҷанҷоли падар ва ҳамсояи соҳиби мағозаи рӯбарӯи хонаашон ба куллӣ тайғир мекунад. Падари хонавода мехоҳад, дукони худро боз кунад. Ба ҳамин тартиб зиддиятҳои сенарияии филм оғоз мешавад.

Нақшҳои марказиро дар филм Насриддин Нуриддинов, Мунира Дадаева, Шуҳрат Раҳматуллоев, Ҷумъахон Сироҷов, Марям Раҳмонова ва Ясмина Алидодова бозидаанд.


“Силсилафилми “Дукон” на танҳо як танҳо сенарияи шавқовар ва нақшофаринии бениҳоят хуби ҳунармандон мебошад, ҳамчунин мусиқие, ки дар он истифода шудааст, махсус барои силсилафилми "Дукон" аз ҷониби Иқбол Завқибеков сохта шудааст", - таъкид кардаанд созандагони филм.

Нақши қаҳрамони марказии силсилафилм – Ширинро ҳунарманди ҷавон Марям Раҳмонова иҷро кардааст. Тамоми ҳикояи филм аз номи ӯ нақл карда мешавад. Ӯ тоза мактабро тамом карда, хоҳиши ба донишгоҳ дохил шуданро дорад. Бинобар сабабе, ки вай нав ба синни балоғат мерасад, муносибати гуногуни одамон ба баъзе чизҳо, аз ҷумла пулро мушоҳида мекунад. Силсилафилм аз 8 қисм иборат буда, дар маҷмуъ онро дар Ютуб 4,5 милён маротиба дидаанд. Аз назарҳои корбарон фаҳмидан мумкин аст, ки созандагони он силсилафилмро мувофиқ ба завқу салиқаи мардум офаридаанд. Тафовути ин филм аз дигар корҳои синамоии Ютуб дар он аст, ки ҳеч ширкате дар филм таблиғ намегардад. Ҷобаҷогузории намоҳо ба таври ҳирфаӣ иҷро шуда, филм аз рӯйи як хати сужа оғоз ва поён меёбад.

"ХУСУРИ МАН" ФИЛМИ ҲАҶВӢ Ё ТАБЛИҒОТИСТ?      

Яке аз пуртамошобинтарин филмҳои фазои имрӯзаи ютуби тоҷикӣ силсилафилми "Хусури ман" аст, ки аз сӯйи ширкати продюсерии "Замонаӣ – медиа" ба дӯстдорони синамо пешниҳод шудааст. То имрӯз 9 қисмати ин силсилафилм дар Ютуб нашр шудааст ва созандагони он ҳаводоронро мутмаин кардаанд, ки моҳе бо камтарин имкон 2 қисмати он сабту пешниҳоди ҳаводорон мегардад. Силсилафилм дар жанри ҳаҷв таҳия гашта, муаллиф ва коргардони он Набиҷон Пирматов мебошад, ки як даҳсола пеш бо филми "Арӯси замонавӣ" вориди олами синамо гашта буд.

Шумораи тамошобинони 8 қисмати он дар Ютуб марзи 14, милён тамошоро убур кардаанд.


Набиҷон Пирматов дар нақши Эмин ва Гулноза Хоҷаева дар образи Зайнаб дар нақшҳои марказии филм нақшофаринӣ кардаанд. Ҳамчунин ҳунармандони дигар, аз қабили Нуриддин Насриддинов, Қурбони Собир, Сироҷиддин Ғафурӣ, Амина Ҳафизова ва Сулаймон Сафаров низ дар ҷолибсозии филм саҳм доранд. Дур аз муҳтавои филм ҷараёнҳое, ки бештари мухлисон онро ғайриқобили қабул донистаанд, таблиғи аз меъёр зиёди бонки хурди қарзӣ дар филм аст. Филм аз он оғоз мешавад, ки оилаи сарватманде дар шаҳр мехоҳанд барои писари ягонаашон аз русто сунҳор кунанд. Падари духтар, ки бо хасисӣ ном баровардааст, мехоҳад арзиши маҳри фарзандашро боло барад. Писари шаҳрӣ ба ин оиладорӣ розӣ нест. Моҷаро ва лаҳзаҳои ҳаяҷонангези ҳаҷвӣ аз ҳамин ҷо оғоз мешавад.

Роҷеъ ба истифодаи аз ҳад зиёди таблиғ дар филм муаллиф ва коргардони филм Набиҷон Пирматов дар як суҳбаташ мегӯяд, "филмҳои ман филмҳои тиҷорӣ буда, барои бозори дохилӣ сохта шудаанд. Замонаш ояд барои берун ҳам филм месозем". Ҷолибияти ин филм дар нақшофаринии ҳирфаии ҳаҷвнигори тоҷик Нуриддин Насриддинов дар нақши Ҳайталӣ мебошад. Чанд қисмат будани филм номуайян буда, муаллифи он зикр мекунад, ки идома ва ҷамъбасти силсилафим ба тавонмандӣ ва иродаи ҳунармандонамон бастагӣ дорад.

"ДОМ" ЧӢ ГУФТАН МЕХОҲАД?     


Дар охири моҳи сентябри соли 2023 гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" аз муаррифии филми нав хабар дод.

Силсилафилм дар бораи чӣ гуна ба Душанбе омадани духтари ҷавону содаи музофотӣ Малика нақл мекунад. Ӯ дар талоши дарёфти пул барои табобати падари бемораш ба дасти қаллобон афтода, бо баҳои ҷон бо онҳо мубориза мебарад.

Силсилафилм аз 6 қисм иборат буда, дар саҳифаи ютубии “Азия+” то имрӯз онро бештар аз 2 милён бор тамошо кардаанд. Аз назарҳои корбарони расонаҳои иҷтимоӣ дарёфтан мумкин аст, ки онҳо аз кори созандагони силсилафилм қаноатманд ҳастанд. Филм низ дар жанри фоҷеа сохта шуда, лаҳзаҳои ҳаяҷонангези он боис ба ҷолиб гаштани филм шудаанд. Аз хатти сужаи силсилафилм метавон фаҳмид, ки созандагони он мехоҳанд ба тамошобин шеваи мубориза бо иттилоъи бардурӯғро фаҳмонанд.

“ЭКРАН” ХАТАРИ ОЛАМИ МАҶОЗИРО БА МАРДУМ МЕФАҲМОНАД

Ширкати ҷадиди филмсозии “Довфилм”, ки бо роҳбарии коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддини Музаффар амал мекунад, 14-уми феврали имсол филми кӯтоҳи нави худро дар коргардонии Зариф Зарипов муаррифӣ кард. То имрӯз онро дар Ютюб ҳудуди 200 ҳазор маротиба тамошо кардаанд. Пас аз намоиши он шарҳу тавзеҳоти гуногун дар бораи филм навишта шуд. Дафтари матбуотии “Довфилм” аз қавли Акбар Ҳусейнзода, яке аз коршиносони масоили иҷтимоъӣ навиштааст, ки филми “Экран” ҳар узви ҷомеаро аз пайомадҳои нохуши вобастагӣ ба интернет огоҳ мекунад.


- Чунки насли нав дар муҳити рушди фанновариҳои диҷитолӣ ва пайвастан бо шабакаи интернет ба камол мерасанд, - таъкид мекунад коршиноси масоили иҷтимоъӣ Акбар Ҳусейнзода.

Тими ҳунарпешагони ҳирфаӣ мисли Фирӯза Раҳмонова, Озода Аҳадова, Некқадам Шоҳназаров, Қурбон Шоалимов ва ҳунарпешаи хурдсол Амири Зариф бо иҷрои хуби нақшҳо филмро ҷолиб кардаанд. Филми мазкур аз рӯйи жанри фоҷеа сохта шудааст ва ба бинанда вобаста набудан ба олами маҷозиро фаҳмондан мехоҳад.

Дар баробари филмҳое, ки ин ҷо ташреҳ додем, ютуби тоҷикӣ дар соли 2023 филмҳои дигарро низ дар худ ҷой дод. Онҳо бинандаи зиёд низ пайдо карданд, аммо дар умум муҳтавои ин филмҳо дорои мазмуни пасту филмномаи сабук буда, ҷалби ҳунармандони ғайриҳирфаӣ ва нақшофарини ғайритабиъӣ вижагии ин филмҳост. Аксари онҳо аз жанри мазҳака истифода кардаанд. Таблиғ дар филмҳо то ба ҳадди ифрот расидааст. Аз сифати кори онҳо фаҳмидан мумкин аст, ки ҳадафашон рушди ҳунари филмсозӣ набуда, фақат хостори ба даст овардани манфиати молӣ ҳастанд.

Бо ин вуҷуд ҳадафи созандагони чор филме, ки мо шарҳ додем, рушди саноати филмсозӣ буда, бо сохти филмҳои хуб мехоҳанд филми тоҷикро ҷузъи зиндагии мардум гардонанд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед