Ru  | Tj
Инглисии сурурбахш. Омӯзгори тоҷик чӣ гуна бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ забони инглисиро меомӯзонад
Инглисии сурурбахш. Омӯзгори тоҷик чӣ гуна бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ забони инглисиро меомӯзонад
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Инглисии сурурбахш. Омӯзгори тоҷик чӣ гуна бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ забони инглисиро меомӯзонад

Нашр шуд

Омӯзгор на танҳо дар тадрис, балки дар зиндагӣ низ бояд намуна бошад. Чунин омӯзгор дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Сотим Улуғзода фаъолият дорад ва он ҳам номзади илми филология, дотсенти кафедраи филологияи инглисӣ Мижгона Султонзода мебошад.

Қаҳрамони мо тақрибан 10 сол аст, ки забони инглисиро тадрис мекунаду дар доираи таҳқиқоти илмӣ беш аз 29 мақола ва як рисолаи илмиро рӯйи чоп овардааст. Яке аз вижагиҳои рӯйкарди ӯ ба омӯзиши забон истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Вай дар Инстаграм вебнамой (видеоблог)-и шахсии худро бо номи Funny English with Sultonzoda пеш мебарад, ки тарҷумааш “Инглисии сурурбахш бо Султонзода” аст. Онҷо Мижгона наворҳои кӯтоҳи танзӣ бо қоидаҳои гуногун, инчунин равишҳои барои дар хотир нигоҳ доштани талаффуз ё калимаҳои забони инглисиро сабт мекунад. Дар мавриди идеяи Мижгона Султонзода метавонед дар матлаби мо бихонед.

Дар мавриди қаҳрамони матлаб

- Каме дар бораи худатон нақл мекардед, дар куҷо таҳсил кардаед?

- Соли 2014 Донишгоҳи давлатии забонҳои Сотим Улуғзодаи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Сотим Улуғзода)-ро бо ихтисоси забони англисӣ хатм карда, соли 2019 рисолаи номзадиямро дар мавзӯъи «Таҳлили сохторӣ ва семантикии лексикаи олами наботот бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» дифоъ кардам. Аз соли 2014 ба ин сӯ дар донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор фаъолият карда истодаам.


- Оё ба ҷуз аз инглисӣ забони дигари хориҷиро низ медонед?

- Бо таваҷҷуҳ ба он ки ба донишҷӯёни аршад инглисӣ ва шеваи ин забонро тадрис мекунам, фурсате барои омӯзиши забонҳои дигари хориҷӣ боқӣ намемонад, ҳарчанд ба забони гермонӣ дилбастагӣ дорам.

- Фаъолияти вебнамоиро чӣ гуна оғоз кардед?

- Вебнамоӣ бо забони инглисиро моҳи ноябри соли 2022 оғоз кардам. Аз ибтидо лоиҳаи ман барои донишҷӯёнам тарҳрезӣ шуда буд, зеро сайъ кардам, то ба онҳо маводи ҷадидро пешниҳод кунам. Илова бар ин таваҷҷуҳи онҳоро дар қолаби сабуке ҷалб кунам. Баъдан мутавваҷеҳ шудам, ки чунин матолиб на танҳо барои донишҷӯёни ман, балки барои дигар корбарони Instagram низ ҷолиб аст.

- Аз дилпазиртарин лаҳзаҳои вебнамоӣ ба мо нақл мекардед.

- Лаҳзаҳои хушояндтарин дар вебнамоӣ вокуниши донишҷӯён ва афроде мебошад, ки ба забонҳои хориҷӣ дилбастагӣ доранд.  Дар чунин ҳолат хуб дарк мекунед, ки кори писандидаатонро беҳуда анҷом намедиҳед ва заҳмати шумо нодида боқӣ намемонад.

- Дар вебнамой (видеоблог)-и шумо ҳолатҳои манфӣ ё ашхоси бадбин пайдо мешавад?

- Албатта, бе шарҳҳои манфӣ наметавон кореро анҷом дод, вале чунин ҳолат кам ба назар мерасад.

Дар мавриди таълим

- Ба назари шумо, забономӯзӣ тариқи онлайн беҳтар аст ё дар ҳузури омӯзгор?

- Чӣ гуна ва бо кадом равиш забонро бояд омӯхт ба худи шахс бастагӣ дорад. Бисёре аз одамон омӯхтани забонро тариқи онлайн мақбул медонанд ва дар ин замина дар фазои беканори Интернет мутахассисонро пайдо мекунанд. Дигарон як омӯзгори алоҳидаро хоҳонанд, то таҷрибаи зиндаи забонӣ дошта бошанд. Касоне низ ҳастанд, ки барои дарки сатҳу дониши худ мехоҳанд забонҳои хориҷиро дар курсҳои гурӯҳӣ омӯзанд, зеро дар рақобат бо донишомӯзони дигар метавон сатҳи забондонии худро муайян кард ва бар пояи он қобилиятро рушд дод. Ман бар ин назарам, ки барои тақвият додани қобилияти худ тамоми воситаҳо муҳиманд.


- Ба назари шумо, дар чӣ миқдор вақт метавон забони инглисиро азхуд намуд?

- Ҳамааш вобаста ба он аст, ки шахс то чӣ куҷо ба омӯхтан ва муколама ба забони инглисӣ таваҷҷуҳ дорад. Бисёре аз донишҷӯён баъди азхуд кардани асосҳои забони англисӣ, пас аз чанд моҳ ба баёни фикрашон шурӯъ мекунанд. Ва дар муддати шаш моҳ метавон комилан ба забони инглисӣ суҳбат кард. Омӯзиши жарфи забон азхуд кардани қоидаҳои аз ҷониби умум қабулшуда, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, омӯзиши воҳидҳои фразеологӣ ва замонҳои иловагии забони инглисӣ мебошад. Бо итминон метавон гуфт, ки дар давоми якуним сол донишҷӯ бо заҳмати пурсамар қобил аст фикрашро озод баён карда, ҳамсуҳбатони инглисизабонро низ фаҳмад.

- Ба шахсе, ки гумон мекунад ҳеч гоҳ забонро омӯхта наметавонад, чӣ гуфтанӣ доред?

- Пеш аз ҳама, дар ҳар як кор қоидаи асосӣ – сабру тоқатро бояд нигоҳ дошт. Ҳар рӯз як калима, яъне имло, садо, дар кадом ҳолат ва ё замон истифода кардани он ва мутародифи онҳоро азхуд карда, метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Ҳеч чиз ғайриимкон нест ва ҳеч гоҳ умедро аз даст додан набояд. Бо барномарезӣ ва омода кардани ҷадвали омӯзиш ҳар рӯз калимаи навро азхуд ва қаблиро такрор карда, метавонед ба пешравии бузург ноил гардед. Чунон ки урфият мегӯянд, «Дер ояду шер ояд».

- Аксари волидон омӯзгоронро даъват карда, фарзандони худро ба гурӯҳҳои омӯзишӣ мебаранд, зеро фикр мекунанд, ки забони инглисии дар мактаби миёна тадрисмешуда суде надорад. Ба назари шумо чаро чунин иттифоқ меуфтад?

- Мушкилоти асосӣ на дар низоми таълим ё норасоии соатҳои дарсӣ дар мактаб, балки дар он аст, ки волидайн наметавонанд ба таври иловагӣ бо кӯдак дар хона бидуни кумаки мутахассис дарс биомӯзанд. Яъне агар волидайн худашон дар як сатҳ забонро омӯхта бошанд, пас мустақилона метавонанд дониши фарзандонашонро дар шароити хона сайқал диҳанд. Вале мутаасифона агар худи падару модар дар сатҳи забондонӣ дониши кофӣ надошта бошанд, пас онҳо кӯшиш мекунанд, то барои фарзандонашон иловатан омӯзгор кироя кунанд.

- Чанд нафарро омӯзиш додаед. Оё шогирдони шумо ягон дастоварде доранд, ки бо онҳо ифтихор доред?

- Ҳисоб кардан душвор аст, ки ман аз соли 2014 ба ин сӯ чӣ миқдор шогирд омода кардам, вале боитминон гуфта метавонам, ки бисёре аз хатмкардагони ман ҳоло ҳамкасбони худам мебошанд ва ба манфиати  кишварамон заҳмат мекашанд. Ман фахр мекунам, ки бисёре аз донишҷӯён бо истифода аз малакаҳои забони инглисӣ худро ҳамчун шахсият сохтанд. Онҳо тарчумон шуда, ба ҷавонон ва мактаббачагон дарс медиҳанд.


Мижгона Султонзода ҳамарӯза дар вебнамой (видеоблог)-и худ наворҳои тарбиявӣ ё ҳаҷвӣ доир ба забони инглисӣ нашр мекунад. Тақрибан ҳар як навомӯз ё фарди каме забондон дар саҳифаи ӯ маълумоти заруриро пайдо мекунад. Ҳоло вай дар вебнамойи худ ҳудуди 10 ҳазор пайнавард дорад. Бо вуҷуди ин намехоҳад, ки бо ин иктифо кунад ва ҳар рӯз дар вебнамойаш шаклҳои гуногуни пешниҳоди маълумотро меозмояд. Вай инчунин як канали телеграмро роҳандозӣ кардааст, ки дар он асосан аксҳо ва видеоҳои муаллифони дигарро низ мубодила мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

Тоҷикон дар Русия

“Мехоҳам тамоми камарбандҳоро бибарам ва дар қуллаи парвоз бошам”. Пайроҳаи муваффақияти размикори тоҷик Ҳафиз Соқибеков

ТАҲЛИЛ

Коршиносон кишварҳои дӯст ва ғайридӯсти Русия дар фазои пасошуравиро номбар карданд

Тоҷикон дар Русия

Сарояндаи тоҷик Беҳрӯз Маҷидов дар мавриди тарҳи русии “Голос” ва намоҳанги аввалинаш

Ҷолиб

Улуғбек Урунов дар бораи фанноварии молӣ дар Тоҷикистон, хидматрасонии МегаФон ва кор бо муштариён

Другие новости