Ru  | Tj
Наққошӣ дар шиша бо усули муосир дар TikTok: равандҳои ҷадид дар эҷодиёти рассомони муосир
Наққошӣ дар шиша бо усули муосир дар TikTok: равандҳои ҷадид дар    эҷодиёти рассомони муосир
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Наққошӣ дар шиша бо усули муосир дар TikTok: равандҳои ҷадид дар эҷодиёти рассомони муосир

Нашр шуд

Албом, китоби тарроҳӣ, сепояҳои рассомӣ? Инҳо ба кӣ лозиманд?! Истифодабарандагони TikTok кайҳост, ки тасаввуроти оддӣ дар бораи ашёҳои ҳаррӯзаро аз байн бурдаанд. Ҳоло дар ҳама соҳаҳо равандҳои нав пайдо шудаанд, аз ҷумла дар санъати наққошӣ низ. Яке аз чунин навоварӣ ин наққошӣ дар шиша бо акрил мебошад.


Наққошӣ дар шиша як навъи санъати машҳур буда, таърихи хеле қадима дорад. Ин навъи санъат ҳанӯз аз давраи эҳё маъмул буд. Наққошӣ дар шишаро олимон дар ибодатгоҳи Готика дар шакли расмҳои мураккаби гуногунранг пайдо намудаанд.

Ҳоло рассомон тавсиа медиҳанд, ки дар санъати наққошӣ аз акрил истифода баранд. Акрил таркиби ғафс дорад, аз ин сабаб онро дар ҳама шакли рассомӣ, аз ҷумла наққошӣ дар шиша низ метавон истифода бурд.


Акрил маводест, ки аз он об намегузарад ва боқувват аст. Ҳамчунин, кор бо он хеле осон буда, бо зуддӣ шуста мешавад ва зарараш низ кам мебошад. Ин навъи рангро ҳам рассомони навкор ва ҳам рассомони соҳибтаҷриба дӯст медоранд. Имрӯз истифода аз акрил ҳангоми наққошӣ дар шиша миёни рассомон муд шудааст.



Коронавирус “Додои Умедҷон”-ро тавлид кард. Саидакбар чӣ гуна дар наворҳояш муносибати ду наслро нишон медиҳад?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед