Ru  | Tj
Ҷолибияти филмҳои тасвирӣ. «5 шоҳзода барои ҷалби гардишгарон»
Ҷолибияти филмҳои тасвирӣ. «5 шоҳзода барои ҷалби гардишгарон»
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Ҷолибияти филмҳои тасвирӣ. «5 шоҳзода барои ҷалби гардишгарон»

Нашр шуд

Филми тасвирии “Disney” кайҳост, ки миёни хурду бузарг шӯҳрати зиёдро касб намудааст. Филми тасвирии мазкур ифодагари ҳаёту рӯзгори як шоҳдухтар буда, дар симои он урфу одат, расму оин, фарҳангу тамаддун ва таърихи миллатҳои гуногун нишон дода мешавад. 

Солҳои охир таҳиягарони филми тасвирии “Disney” кӯшиш мекунанд, ки қаҳрамонҳои онҳо маликаҳои кишварҳои гуногун ва фарҳангҳои ҷудогона бошанд. Масалан, Тиана аз филми тасвирии «Малика ва қурбоққа» нахустин маликаи афро-амрикоии “Disney”  буд ва Моана - маликаи полинезӣ бошад дар кинотеатрҳои ҷаҳон аз ҷиҳати шумори бинандагон рекорд гузошт. 

Чанде қабл дар сомонаи гардишгари фаронсавӣ «Club Med» барои ҷалби бештари гардишгарон ба кишварҳое, ки маҳбубияти камтар доранд, наворе бо нишон додани ҳунарҳои маликаҳои ин кишварҳо дар шакли филми тасвирии “Disney” пахш шуд. Дар ин навор ҳар як малика кишвари худро бо расму оин, фарҳанг, ёдгориҳои таърихӣ, либосҳои миллӣ ва таърихаш муаррифӣ мекунад. Бояд гуфт, ки ширкатҳои гардишгарии Осиёи Марказӣ низ барои ҷалби бештари сайёҳон бояд аз ин усулҳо истифода намоянд.

Мо тасмим гирифтем, ки бо ҳар як “малика” аз наздик шинос шавем:

Камилла,  маликаи ҷазираҳои Сейшел  

Малика Камилла ҷазираҳои Сейшелро намояндагӣ мекунад. Ӯ либоси гуногунранг ба бар мекунанд ва сардори оила ба ҳисоб меравад, зеро дар ин ҷазираҳо низоми модаршоҳӣ ҳукмронӣ мекунад. Чун дигар занҳои ҷазира малика Камилла “казак” (нимтана, кофта) ва “пенвар” (подоман) ба бар намудааст.

Энхҷаргал, маликаи Муғулистон

Муғулистон сарзамини кӯҳҳои бузурги сарсабз ва манзараҳои дилфиреб аст. Муғулистон зимистони сард ва дурудароз дорад ва аз ин рӯ, малика Энхҷаргал бояд либосҳои гарм пӯшад. Дар тобистон шоҳдухтар Энхҷаргал дар сар кӯлоҳи милии “дээл” бо шерозаи  гулдӯзӣ бо номи “лоовуз”  мепӯшад.

Фотима, маликаи Ҷибутӣ

Ҷибутӣ дар Африқо ҷойгир буда, ватани малика Фотима мебошад. Мисли дигар ҷибутиҳо шоҳдухтар - Фотима низ шеъру суруд, афсонаҳои халқӣ ва донистани таърихро дӯст медорад. Малика Фотима ҷавоҳироти тиллоро  ба бар намуда, дастон ва ангуштонашро бо ҳино оро додааст. Ӯ дар тан дирак — либоси сабуки ҳарирӣ дорад, то дар иқлими гарми Ҷибутӣ салқиниро нигоҳ дорад. 

Инга, маликаи Латвия

Латвия бо кӯҳҳои сарбаафлоки сарсабз, ёдгориҳои таърихӣ  ва ҷангалзорҳои санавбарзор маъруф аст. Дар ин ҷо малика Инга зиндагӣ мекунад. Ӯ  дӯстдори фолклор ва мухлиси ашадии варзиш аст. Дар  иду ҷашнҳо либоси  миллӣ мепӯшад, аммо дар ҳаёти ҳаррӯза бештар ба бар намудани либосҳои замонавиро дӯст медорад. 

Марӣ, маликаи Ҷумҳурии Доминикан

Малика Марӣ дар Ҷумҳурии Доминикан зиндагӣ мекунад. Сарзамине, ки  ҷангалзорҳои зиёд ва соҳилҳои зебо дорад. Фарҳангу маданияти Ҷумҳурии Доминикан аз рақсу суруд ва адабиёту санъат  иборат аст. 

Дар либоси малика Марӣ рангҳои парчами Доминикан - сурх, сафед ва кабуд дида мешавад.


“Қалам мӯъҷизаофар аст”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед