Ru  | Tj
Падидаи Даря: Маҳбубияти дубораи силсилафилми тасвирӣ дар “Tik-Tok”
Падидаи Даря: Маҳбубияти дубораи силсилафилми тасвирӣ дар  “Tik-Tok”
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Падидаи Даря: Маҳбубияти дубораи силсилафилми тасвирӣ дар “Tik-Tok”

Нашр шуд

Филмҳои тасвирӣ дар тамоми гӯшаи олам ба ташаккули насли наврас таъсири ҷиддӣ мерасонад. Кӯдакон маҳз зери таъсири филмҳои тасвирӣ қарор гирифта, ҳамеша мехоҳанд дар рафтору гуфтор ба қаҳрамонҳои онҳо тақлид кунанд. Дар гузашта мо филмҳои тасвирии Шӯравиро тамошо мекардем, ки дар онҳо як мазмун: муборизаи қувваи некӣ бар бадӣ инъикос мешуд ва ҳамеша некӣ бар бадӣ пирӯз мегардид. Маҳз ҳамин филмҳои тасвирӣ дар мо ҳисси санъатдӯстӣ, шинохти қадру манзалати инсон ва эҳтиром ба муҳити атрофро бедор намуда, дар рушди ҷаҳонбинии мо нақши судманд гузоштанд.

Имрӯзҳо филмҳои тасвирие, ки дар шинохти зебогии зоҳирии инсон кӯмак кунад, хеле кам эҷод мешавад. Ҳамчунин, дар замони муосир фаҳмиши худи зебоӣ тадриҷан тағйир ёфтааст. 

Яке аз чунин филмҳои тасвирӣ ин «Даря» мебошад, ки он солҳои 1997-2000-ум тариқи шабакаи телевизионии “MTV” намоиш дода мешуд. Дар филм саргузашти «Бивис и Баттхед» қисса карда мешавад, ки Даря дар он нақши дуюмдараҷаро мебозад. Аммо чаро имрӯз маҳз ҳамин нақши хурдакаки Даря ин қадр миёни ҷавонон машҳуру маъруф гардид?

Ин силсилафилм дар бораи рӯзгори духтараке бо номи Даря қисса мекунад. Ӯ як духтараки дилгиркунанда, бадбин ва хастакунанда мебошад, ки дар як шаҳраки оддӣ зиндагӣ менамояд. Даря бо ягона дӯсти мактабияш Ҷейн Лейн фикру андешаи ҳамсолони худро дар бораи муди онҳо тағйир медиҳад, онҳоро танқид мекунад ва бо ин роҳ як мушкили иҷтимоиро ҳал намуда, ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо менамояд. 

Тавре ба мо маълум аст, бозгашти муд, яъне пас аз чанд сол боз муд шудани либосҳои 20-30 соли қабл маҳз аз солҳои 90-ум шурӯъ мешавад. Ин силсилафилми тасвирӣ маҳз дар бораи одамони солҳои навадум қисса мекунад. Аниқтараш дар бораи мухолифати андешаҳо, мубоҳисаҳову мутакаббирӣ ва далерию шуҷоии он замон. 

«Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол»

Ин филми тасвирӣ ба воситаи қаҳармонҳои худ қолабҳои шахшудаи фарҳанги попро хеле зебо тасвир мекунад. Он бо ҳазлҳои  кинояомези Даря ва дӯстони ӯ мушкилоти ҷомеаро ба тамасхӯр  мекашад. Ҷавонони муосир қаҳрамони асосиро хеле оқил меҳисобанд ва аз ин рӯ, бисёрии онҳо кӯшиш мекунанд, то ба ӯ монанд бошанд.

"Барои ба ман осеб расонидан, ба шумо чизи муҳимтаре аз сухан лозим аст", - омадааст дар яке аз суханрониҳои Даря. 

«Шумо ба зебогии зоҳирӣ баҳо медиҳед, ки ин нодуруст аст. Шумо духтари зебо ва соҳибҷамолеро мебинед ва гумон мекунед, ки ӯ ҷавони хушбахт аст. Аммо хато мекунед, ин ҷавон ҷуброни ин зебогиро бсёр мушкил пардохт мекунад», - мегӯяд Даря. 

Ин духтар бо фикрҳои боақлонаи худ ҳамаро ба ҳайрат меорад. Ӯ дар оилаи миёнаҳол ба воя мерасад. Аммо хоҳараш Квин дар ҳаққи ӯ суханҳои ноҷо мегӯяд. Ӯ дар ҷавоб посухҳои оқилона медиҳад. 

Имрӯз Даря дар шабакаи маъруфи «Tik-Tok» мухлисони зиёдеро дар атрофи худ ҷамъ овардааст. Таҳти иқтибосҳои ӯ наворҳои зиёде пахш мешаванд, ки ҳамаи онҳо хусусияти тавсиявӣ доранд. "Ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки Даря қаҳрамони дӯстдоштаи ман аст ва ман хислатҳои ӯро бештар дӯст медорам"- менависанд корбарони «Tik-Tok».

Муди солҳои навадум

Вақтҳои охир тарзи либоспӯшии солҳои 1999-2000 дубора ба муд даромадааст. Болопӯши васеъ бо курта, кардиган бо ҷинс, болопӯшҳои кушод, футболкаҳо бо расмҳои ҳархела ва пояфзоли ноҳамвор - ҳамаи инҳо муди солҳои навадуманд, ки имрӯз ин либосҳоро дар ҷевони либосҳои ҷавонони ҳозира дидан мумкин аст.

Қаҳрамони филми тасвирии «Даря» симои беназири худро дорад, ки дар ин синну сол аксаран наврасон худро мешиносанд.
«Ороиши мӯйи аксарияти қаҳрамонҳои ин филми тасвирӣ хеле зебо аст. Дреда мӯйҳои хеле кӯтоҳ дорад, ки ин навъи ороиш ҳоло хеле маъмул аст, ба фикри ман ин филм ҷиҳатҳои тарбиявию ахлоқӣ низ дорад. Ин хеле хуб аст! Аз ин рӯ, на танҳо шунидани суханҳои Даря гуворост, балки тамошои он низ хушоянд аст», - мегӯяд Аниса хонандаи синфи 9.  

«Ба ман Ҷейн ва Трент писанд аст. Онҳо бародару хоҳаранд. Дар рафтори онҳо муносибати самимона ва хеле хуби оилавӣ дида мешавад. Инро дида ман ҳам орзу мекунам, ки зудтар соҳиби додар шавам. Трент писарест, ки ба ҳама духтарон писанд меояд. Ӯ дар гурӯҳи на он қадар машҳур бозӣ мекунад. Онҳо консертҳо баргузор мекунанд, ки ин бисёр зебо ба чашм мерасад» - мегӯянд андешаҳои худро дӯстдорони филми тасвирии Даря. 


Топ 10 саҳифаи омӯзишӣ дар “Instagram”-и тоҷикӣ: Аз техникаву забономӯзӣ то тиҷорату ҳуқуқшиносӣ



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед