Руслан Яхшибоев - як аккоси Тоҷикистонӣ
Нашр шуд
Руслан Яхшибоев як аккоси Тоҷикистонӣ мебошад, ки зебоиҳои табиатро дида онҳоро дар расмҳои худ тасвир мекунад. Руслани боистеъдод метавонад ҳам зебоии беназири моделҳои худро ва ҳам манзараҳои аҷиби табиати ватани худро акс кунад. Аккос мегӯяд, орзу дорад сатҳи аксбардориро дар кишвараш баланд бардорад.
Тобистони имсол Руслан аз кӯҳҳои Помир дидани карда, аксҳои зебои зиёдеро ба даст овард, ки онҳоро дар сафҳаи Instagram-и худ нашр кард.
Ин ҳикояест, ки ӯ дар бораи яке аз моделҳои худ гуфт:
“Фарқе надорад, ки ин навишта ба ин ҷо мувофиқат мекунад ё на, аммо ин як қисми ман аст.
Ин духтар дар баландии 2600 метр дар деҳае, ки бобокалонаш бунёд кардаст, дар сол 2 моҳ инҷо зиндагӣ мекунад. Не, албатта онҳо дар ин ҷо доимӣ зиндагӣ намекунанд, зеро дар зимистон имкони зинда мондан вуҷуд надорад аз сабаби мавҷуд будани гургҳо, хирсҳову хунукӣ. Онҳо инҷоро дар тобистон ҳамчун ҷарогоҳ истифода мебаранд.
Дар ин деҳа танҳо занон ва танҳо як чӯпон зиндагӣ мекунанд, зеро ҳама мардон дар шаҳри Душанбе кор мекунанд. Медонед, ман бо ҳама дар деҳа вохӯрдам.
Ин хеле аҷиб аст: ман, як шахси ба онҳо тамоман ношинос, бо камера, соати 5-и саҳар ба деҳаи онҳо ташриф овардам, ва онҳо маро ҳамчун писари худ қабул карданд, ба ман чурготи тару тоза, чойи гиёҳӣ пухт ва бо як бурида нони гарм зиёфат карданд. Онҳо чизи доштаашонро барои ман руӣ дастархон оварданд. Ин ба ман як эҳсоси аҷибе расонд ва нишон дод, ки ҳамаи мо инсон ҳастем, ва ҳамаи мо дар як замин зиндагӣ мекунем. ⠀
Бе ниҳоят шодам, ки ман дар ҷое таваллуд шудаам, ки кӯҳҳо ҳастанд "

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед