Ru  | Tj
Ситораҳои Инстаграми Тоҷикистон
Ситораҳои Инстаграми Тоҷикистон
Акс: Instagram @Safinajon__8

Ситораҳои Инстаграми Тоҷикистон

Нашр шуд

Ҷавонони асри 21 дар ин давру замон вақти зиёди худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузаронида ҳамаи мақсаду ташаббусҳояшонро дар онҷо амали мегардонанд. Ҷавондухтарони Тоҷикистон низ хеле фаъоланд дар шабакаи Инстаграм.

Бо маъруфтарин инстаграмм-духтарони тоҷик дар инҷо шинос шавед.

@umedaparsaeva, 721 ҳазор обуначи



Умеда Парсаева Модел, бодибилдер, бизнесвумени тоҷик яке аз чеҳраҳои шинохта ва маъруф дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Умеда дар мағозаи худ, ки бо номи “Charme” маъруф аст либосҳои замонавии брендҳои машҳурро пешкаш менамояд.


@safinajon__8, 542 ҳазор обуначи



Сафина Ғоибова - модел ва актриса дар шаш озмунҳои зебоӣ ва ҷоизаҳоро дар чунин номинатсияҳои душвор дорад, ба монанди Face of Central Asia-2017, Face of Asia Top-10, Miss Planet Grace-2017, Miss Cosmoworld - Miss Photogenic-2017 и Female Luxury Model in Central Asia.

@sabrinai_nazri_official, 631 ҳазор обуначӣ

Ровӣ, блогер, актриса. Сабринаи Назрӣ фаъолияти худро ҳамчун ровӣ аз телевизиони Сафина оғоз намуда зуд шуҳратро ба даст овард. Дар баробари ин ҳамчун актриса дар филмҳо ва роликҳо нақшҳои гуногунро мебозад. Яке аз чунин филмҳо ин силсилафилми "Ишқ, пул, Душанбе" мебошад, ки дар шабакаи YouTube пахш мегардад ва ҳар серияи он зиёда 200 ҳазор тамошобин дорад.

@senioritasaeva, 5,7 млн обуначӣ



Мадина Басаева —модел ва блогер. Дар оилаи оддӣ таваллуд шуда, ҳангоми хурдсолӣ бо падару модараш ба Федератсияи Россия куч бастааст. Мадина бо тахаллуси Senioritasaeva ё Dina Saeva дар шабакаҳои иҷтимоии instagramm (бо 5,7 млн обуначӣ) ва tiktok (зиёда аз 6 млн обуначӣ) тавассути видеоҳои кутоҳ хело машҳур мебошад.
Имрӯзҳо бошад бо ширкатҳои бонуфузи Dolce & Gabbana Доменико Дольче ва Стефано Габбана ва инчунин сафири хонаи муди Dolce & Gabbana гаштааст.

@ruzievaa.1, 20 ҳазор обуначӣ


Бахора Рӯзиева - духтарест, ки то ҳол дар Инстаграм чандсад ҳазор пайрав надорад, аммо тамоми имкони ба даст овардани онҳо вуҷуд дорад. Бахора дар Маскав зиндагӣ мекунад ва вайнҳои хандаоварро навор мекунад, ки дар онҳо афсонаҳо дар бораи тоҷиконро рад мекунад.

Кадом блогерҳои тоҷикро дӯст медоред? Шумо киҳоро ба ин рӯйхат илова мекардед?

Бо лоиҳаи "FaDi" Instagram бо олами санъат тамос гиред


Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед