Ru  | Tj
Тренди нав? Дуэтсароии овозхонҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон
Тренди нав? Дуэтсароии овозхонҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон
Акс: Halva.tj

Тренди нав? Дуэтсароии овозхонҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон

Нашр шуд

Мегӯянд мусиқӣ сарҳад надорад. Бале, воқеан ҳам, сози хубу навои хуш сарҳадҳоро убур мекунаду ба дилҳо шӯру шарар мебахшад. Ҳар сози мусиқӣ новобаста ба он ки ба кадом миллату халқият тааллуқ дорад, баробари навохтан инсонҳоро ба ваҷд меорад. Оҳангу мусиқиҳои ҷаззоби тоҷикиву ӯзбекӣ низ солҳост, ки натанҳо мухлисони савту навои ҳар ду миллат, балки хориҷиёнро низ ба худ ҷалб сохтааст. Ин ҷо якчанд ҳамхонӣ (дуэт) ва сурудҳои яккахони сарояндагони машҳури тоҷику ӯзбекро ҷамъ овардем, ки нишонаи дӯстии халқҳоро таҷассум мекунад.

"Суруди дӯстӣ" - чунин ном дорад дуэти ду шоҳсутуни санъати тоҷику ӯзбек Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев. Ин ду ҳунарманди маъруф аз замони шӯравӣ байни халқҳои ду кишвар маҳбубият дошта, сурудаҳои эшон то ҳол вирди забони мардум аст. Дуэти мазкур бори нахуст санаи 9-уми марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори "Шоми дӯстӣ"-и кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сароида шуд. Матни суруд тоҷикиву ӯзбекӣ буда, дӯстии ду халқро баён мекунад. Ҷӯрабек Муродов пас аз ин дуэт дар Ӯзбекистон чанд маротибаи дигар сафари ҳунарӣ анҷом додааст.


Дуэти дигар, ки аз ҷониби овозхони машҳури тоҷик Шабнами Сурайё ва примадонаи ӯзбек Юлдуз Усмонова сароида шудааст, "Тарола Даллӣ" ном дорад. Таронаи мазкурро қаблан Юлдуз Усмонова бо забони ӯзбекӣ сароида буд. Пас аз дуэт Шабнами Сурайё низ матни тоҷикии онро сурудааст. Мӯҳтавои он аз ишқу муҳаббат иборат буда, нолаи ошиқро дар бар мегирад. Ин тарона аз ҷониби мухлисон хуб пазироӣ шуда, то ҳол маҳбубияти худро гум накардааст. Пас аз ин тарона Юлдуз Усмонова дар Тоҷикистон борҳо консерт гузошт. Ҳамзамон, ду суруди тоҷикии дигар аз ҷониби Юлдуз Усмонова ва сарояндаи тоҷиктабор Малик бо номи "Ёр биё" ва "Тоҷикӣ медонед?" сароида шуд. Ин сарояндаи машҳур пеш аз ин низ таронаҳои зиёд бо забони тоҷикӣ сароидааст.


"Ишқӣ" - ин дуэт аз ҷониби ҳофизони нотакрор Далер Қутузов ва Фирӯза Ҷумъаниёзова иҷро гардидааст. Навори суруди мазкур ҳанӯз соли 2014 дар шабакаи Ютуб гузошта шудааст. Дуэти дигари онҳо "Лайло" ном дошта, ҳаводорони зиёд дорад. Бояд тазаккур дод, ки ҳарду суруд ҳам бо забони тоҷикӣ сароида шудааст. Фирӯза Ҷумъаниёзова сурудҳои тоҷикии дигар низ дорад. Ӯ дар Тоҷикистон борҳо консерт гузоштааст.

Дуэти сарояндаи тоҷик Анварҷон Аҳмедов ва ҳофизи мумтоз Илҳом Фармонов "Дилбарҷон" ном дошта, соли 2012 дар шабакаи Ютуб нашр гардидааст. Матни суруд тоҷикӣ мебошад. Анварҷон Аҳмедов ва Илҳом Фармонов дар Тоҷикистону Ӯзбекистон мухлисони зиёд доранд. Аксарияти мухлисон овози ҳар ду сарояндаро ба ҳам монанд медонанд.

Аз ҳамсароӣ ҳофизони машҳури эстрадаи тоҷику ӯзбек Зулайхо Маҳмадшоева ва Озода Нурсаидова низ дар канор намондаанд. Дуэти онҳо "Лейла" ном дошта, соли 2021 бо забони тоҷикӣ пешкаши мухлисон гардидааст. Ин сурудро қаблан Зулайхо сароида буд. Намоҳанг (клип)-и таронаи мазкур дар шаҳри Тошканд ба навор гирифта шудааст. Озода Нурсаидова пеш аз ин чанд суруди тоҷикӣ низ сурудааст, ки машҳуртарини онҳо "Сокини ишқ" ва "Рақси тоҷикӣ" мебошад. Ин овозхон дар Тоҷикистон борҳо консерт гузоштааст.


"Афсона" - чунин ном дорад дуэти сарояндаи хушовози Тоҷикистон Нигина Амонқулова ва ҳофизи номдори Ӯзбекистон Далер Хонзода. Ин тарона соли 2016 дар шабакаи Ютуб нашр гардидааст. Суруд бо забони тоҷикиву русӣ сароида шудааст. Далер бо забони тоҷикӣ якчанд суруди дигар сароидааст, ки машҳуртарини онҳо "Ишқи зарир", "Ҷон бо ту" ва "Ай бефафо" мебошад. Дар ин росто Нигина Амонқулова низ суруди ӯзбекӣ бо номи "Севмасанг айт" сароидааст, ки аз ҷониби мухлисони тоҷику ӯзбек хуш пазируфта шудааст. Вижагии суруд дар он аст, ки сароянда суруди мазкурро бо забони тоҷикӣ ("Дӯст надорӣ") низ сароидааст.


Деэти ҳунарманди маъруфи тоҷик равоншод Дамирбек Олимов ва сарояндаи хушсадо Мижгона Иброҳимова "Дӯстӣ" ном дошта, дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе ба ифтихори "Шоми дустӣ"-и кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сароида шудааст. Матни суруд тоҷикиву ӯзбекӣ буда, дӯстии ду кишвари ҳамҷаворро таҷассум мекунад.

"Эй дӯст" - дуэти овозхонони шинохтаи Тоҷикистону Ӯзбекистон Эркин Одинаев ва Озодбек Назарбеков мебошад. Ин дуэт бадоҳатан дар консерте аз ҷониби Эркин Одинаев бо забони тоҷикӣ сароида шуда, сипас Озодбек Назарбеков бо забони ӯзбекӣ онро идома медиҳад. Қабл аз ин Озодбек Назарбеков бо Далер Кутузов "Райҳон" ном дуэтро ҳамхонӣ кардаанд. Ин суруд моли Озодбек буда, бо забони ӯзбекӣ сароида шуда буд. Озодбек Назарбеков чанд суруди тоҷикӣ низ сароидааст, аз ҷумла "Меҳри ӯ", "Ватандорӣ" (бозхонӣ) ва ғайра. Ин ҳофизи нотакрор дар Тоҷикистон низ мухлисони зиёд дошта, борҳо консерт гузоштааст. Бояд зикр намуд, ки Озодбек бо Ҷонибек Муродов низ ҳамхонӣ кардааст.


Дар ин радиф танҳо Ҷонибек Муродов бо якчанд сарояндаи машҳури Ӯзбекистон ҳамроҳ суруд хондааст. Яке аз онҳо "Дӯстон" ном дорад, ки дар ҳар тӯю маърака ва чорабиниву шабнишиниҳо садо медиҳад. Суруди мазкур бо ҳофизи ӯзбекистонӣ Сардор Раҳимхонов соли 2018 суруда шудааст. Дуэти дигари Ҷонибек Муродов бо овозхони ӯзбек Юлдуз Турдиева иҷро гардидааст. Дуэти аввал "Азизи дилам" ном дошта, соли 2021 ва дуэти дувум "Хеле" унвон дорад, ки соли 2022 пешкаши мухлисон гардидааст. Боз як дуэти Ҷонибек бо сарояндаи дигари Ӯзбекистон Улуғбек Раҳматуллоев сароида шудааст, ки "Боре бедорам" ном дорад. Ҳар се дуэти Ҷонибек бо сарояндагони Ӯзбекистони бо забони тоҷикӣ манзури мухлисон гардидааст. Аз ҳар се сарояндаи Ӯзбекистон бештар Улуғбек Раҳматуллоев дар Тоҷикистон консерт гузоштааст.


Дуэт сароидани ҳунармандони маъруф арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни ҳамдигар буда, нишонаи эҳтироми мухлисони тоҷику ӯзбек мебошад. Ҳунармандони тоҷику ӯзбек ғайр аз хондани дуэт сурудҳои зиёди тоҷикиву ӯзбекӣ низ сароидаанд. Имрӯз муносибати дӯстонаи ду кишвари ҳамҷавор Тоҷикистону Ӯзбекистон намунаи олии дӯстӣ буда, дар ҳама самт пешравиҳо ба назар мерасад. Таманно мекунем, ки сарояндагони саршиноси кишварҳои ба ҳам дӯст сурудҳои дигар сароида, мухлисони тоҷику ӯзбекро шод менамоянд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед