Ru  | Tj
Wolf cut ё ороиши мӯйи «гургона»: навъи маъмули ороиши мӯй-2021
Wolf cut ё ороиши мӯйи «гургона»: навъи маъмули ороиши мӯй-2021
Аксҳо: Интернет

Wolf cut ё ороиши мӯйи «гургона»: навъи маъмули ороиши мӯй-2021

Нашр шуд

Тобистони дароз дар ТикТок наворҳое пахш мешуд, ки тарзи ороиши мӯйи хокистарӣ ё ба истилоҳи дигар ранги «гург»-ро нишон медод, ки дар он ситораҳои шинохтаи ҷаҳон ба чунин тарз мӯйҳои худро ранг намуда, ороиш медоданд. Дар ин матлаб ба шумо кай ва дар куҷо пайдо шудани чунин тарзи ороишро хоҳем гуфт.

Агар ба таърихи пайдоиши ин навъи ороиши мӯй назар андозем, мебинем, ки чунин навъи ороиш ҳанӯз дар солҳои 80-уми қарни гузашта маъмул будааст.


Ҳоло ин навъи ороиши мӯй миёни ҷавонони кишварҳои гуногун ба монанди Ҷопон, Чин ва Куриёи Ҷанубӣ ба муд даромадааст.

Wolf cut – хеле осон ва гуногуншакл аст. Ин навъи ороиш ба ҳама намуди мӯй: ғафс, борик, мӯйҳои рост ва ё ҷингила мувофиқ мебошад.


Чунин тарзи ороиш дар назари аввал воқеан аҷиб менамояд, аммо бо чунин тарз ҷавондухтарон ғайриоддӣ, чашмрас ва замонавӣ ба назар мерасанд.



Бояд гуфт, ки барои чунин тарзи ороиш ҳоҷат нест, ки ба кошонаи ҳусн равед, танҳо аз ин маслиҳатҳо истифода баред, тамоюли муди 2021 омода мешавад.

Wolf cut метавонад дарозии ҳархела дошта бошад. Ҳоло дарозии мӯй то китф ва бо қабатҳои калтаю дароз маъмул аст.


Заноне, ки мӯйи ҷингила доранд, онҳо низ метавонанд аз ин навъи ороиши мӯй истифода баранд. Он ба назар хеле зебо ва ғайриоддӣ менамояд.



Дар мӯйҳои дароз ин навъи ороиш хеле ҷилвагар ва ғайриоддӣ ба назар мерасад. Як қисми мӯйҳоро ба росту дароз ва қисми дигарашро кӯтоҳтар ба таври кушода мегузоред, ки ин хеле зебо намудор мегурдад.

Агар шумо қисме аз мӯйҳоятонро бо рангҳои дурахшон ороиш диҳед, он диққати бештарро ба худ ҷалб мекунад.




«Олимпиадаи бофандагӣ». Варзишгари бритониёӣ дар саҳифаи Instagram-и худ дар бораи шуғли дӯстдоштааш қисса кард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед