Ru  | Tj
“YouTube”: 5 шабакаи машҳур ва серистифода
“YouTube”: 5 шабакаи машҳур ва серистифода
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

“YouTube”: 5 шабакаи машҳур ва серистифода

Нашр шуд

Шабакаи иҷтимоии “YouTube” маводро дар шакли навор пешниҳод мекунад. Ин шабака солҳои зиёд аст, ки фаъолият дорад ва миёни истифодабарандагони интернет маъруфияти хосса касб кардааст. Дар ин шабака ҳар кас метавонад навори дилхоҳашро дар ҳар самт, аз суруду мусиқӣ сар карда то роликҳои ҳаҷвӣ, филмҳои мустанад, наворҳо дар бораи тарзи омода намудани хӯрокҳо ва ғайраро тамошо кунад.
Имрӯз мо ба шумо дар бораи 5 шабакаи машҳуру серистифодаи “YouTube” маълумот хоҳем дод, ки метавонед вақти пурқиммати худро зиёд сарф накарда, бо истифода аз он ба зудӣ барои худ «ҷаҳони дигар» кушоед.
«Озодӣ. Эҷодиёт. Ҳаёт.» - ҳадафи худро шабакаи “YouTube”-и сомонаи русии “Adme.ru”, ки маълумоти ҷолиб ва шавқоварро дар шакли видео доир ба илму техника, зиндагӣ, варзиш ва ғайра пешниҳод мекунад, ҳамин гуна ташреҳ менамояд.
Ҳамчунин, шабакаи мазкур ба муштариён ва аъзоёни худ саволҳои аҷибу ғайриоддиро пешниҳод мекунад, то зеҳни онҳоро тақвият дода, малакаву маҳораташонро боло барад. Дар ҳолати пайдо накардани посух ба савол ин сомона дар шакли тест ҷавобҳои дурустро пешниҳод менамояд.
Дар ин шабака рубрикаи «Чӣ мешавад агар?» мавҷуд аст, ки он хонандаро ба андеша водор мекунад.

2. Мағзатро бишкан
«Мағзатро бишкан» - шабакаи таълимию маърифатӣ ва фароғатӣ буда, он дар доираи барномаи таълимии мактаби миёна омода шудааст. Дар ин шабака саволҳои аҷиб, викторинаҳо, тестҳои гуногун, махсусан барои донистан ва аз худ кардани забони русӣ пешниҳод шудааст.
Агар шумо бихоҳед, мустаҳкамии хотираи худро аз фанҳои кимиё ё физика санҷед, ё донистан мехоҳед, ки фонди луғавии шумо чӣ қадар бой аст, пас ба ин шабака бипайвандед!

3) Ҳаёт
Шабакаи миллионҳо «ЖИЗА» ба таҳияи барномаҳои таълимию фароғатӣ машғул аст. Яке аз чизҳои маъруфи ин шабака ин рубрикаи «10 саволи аблаҳона» мебошад, ки дар он бо намояндагони касбу кори гуногун мусоҳибаҳо ҷой дода мешавад. Ҳамчунин, дар ин бахш маълумотҳои ҷолиб ва диққатҷалбкунандаро доир ба касбҳои гуногун ҷой мекунанд. Боз дар ин шабака рубрикаҳои «Стереотипҳо» ва «5 дақиқа» хеле диққатҷалбкунанда аст. Агар шумо то ба ҳол ихтисосатонро интихоб накардаед ва мехоҳед дар бораи касбҳои гуногун маълумот гиред, пас ба ин шабака ҳамроҳ шавед!
Шабакаи дигари иттилоотӣ ва фароғатии “YouTube” "Омезиши далелҳо" мебошад. Ин шабака ба шумо далелҳои гуногуни ҷолибро пешкаш мекунад. Самти асосии фаъолияти ин шабака ба инъикоси мавзӯҳои филмофарӣ нигаронида шудааст. Дар ин шабака наворҳои кӯтоҳ аз рафти банаворгирии филмҳои машҳури замони Шӯравӣ ба монанди "Бандии Қафқоз", "Дасти алмосин", "Москва ба ашк бовар намекунад", филмҳои тасвирии "Ҳоло ист!", "Се нафар аз Простоквашино" ва филмҳои дигар пешниҳод мегарданд.
Дар офаридани нақши гург дар филми тасвирии «Ҳоло ист!» мушкилиҳои пешомада, кӣ мошини вақтро барои филми мазҳакавии "Иван Василевич касбашро иваз мекунад" ихтироъ кардааст, чаро симои баъзе қаҳрамонҳо дар филми "Се нафар аз Простоквашино" тағйир ёфт ва ғайра дар шабакаи мазкур маълумот дода шудааст.
Шабакаи «Нимкураи рости майнаи сар» дар “YouTube” ба инъикоси мавзӯҳои равоншиносӣ, фалсафа, адабиёт, санъату фарҳанг ва синамо машғул аст.
Дар ин шабака саволҳои баҳсбарангези фалсафӣ мавриди мубоҳиса қарор гирифта, инчунин воқеаҳои таърихӣ таҳлил карда мешавад. Ҳамзамон дар ин шабака консепсияи филмҳои тасвирии машҳур ва қаҳрамонҳои асосии онҳо ба монанди Винни Пух, Спанч Боб, Смешарики ва дигарон бозбинӣ ва муҳокима мешаванд.

Ҳалқаҳои сохташуда аз гили полимерӣ - раванди муди тобистон




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед