Ru  | Tj
“Zabon”. Аввалин платформаи омӯзиши интернетии забони тоҷикӣ
“Zabon”. Аввалин платформаи омӯзиши интернетии забони тоҷикӣ
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

“Zabon”. Аввалин платформаи омӯзиши интернетии забони тоҷикӣ

Нашр шуд

Бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ.

Замони муосир чун замони ҷаҳонишавист ва рушди босуръати илму техника аст, ҳифзи забону фарҳанг ва суннатҳои аҷдодӣ кори осон нест. Вале дар баробари ин, маҳз ба воситаи навгониҳои техникӣ метавон ин ҷанбаҳоро на танҳо ҳифз, балки ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Лоиҳаи “Zabon” бо ҳамин мақсад ба фаъолият оғоз кардааст. Мо бо яке аз масъулони ин лоиҳа Манижа Бобоқулова аз замони ташкили лоиҳаи “Zabon” то нақшаҳои ояндаи дастандаркорони он суҳбат кардем.


Дар арафаи иди аҷдодиамон – Наврӯз нахустин маротиба лоиҳаи омӯзиши забони тоҷикӣ тариқи интернет – “Zabon” ташкил ёфт, ки ба он Аниса Собирӣ – кинематографи номӣ, муаллифи чандин филмҳои машҳур ба мисли “Искупление" (“Кафорат”), "Плачь танбура" (“Нолаи танбӯр”), "Ритмы утраченного времени" (“Аз алла то вобалам”) ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ – Масъуд Халифазода асос гузоштанд. Лоиҳа дар пойгоҳи Маркази фарҳанги тоҷикон, ки он ҳам аз тарафи сафорат моҳи феврали соли 2020 таъсис дода шудааст, фаъолият мекунад. Ба гуфти менеҷери ин лоиҳа – Манижа Бобоқулова айни замон гурӯҳи онҳо барои сохтани сомонаи “Zabon” кор карда истодааст, ки он ба платформаҳои “Udemy”, “Skyeng”, “Linguaelo” монанд мешавад. Яъне дар ин сомона ҳам омӯхтани забони тоҷикӣ бо истифода аз крассвордҳо, сурудҳои тоҷикӣ бо титрҳо, аудиокитобҳо, видеодарсҳои гуногун вобаста ба мақсади омӯзиши забон имконпазир мешавад. Дарсҳоро низ ба гурӯҳҳои омӯзандагони фарҳангу санъат, таърих ва дигарҳо ҷудо мекунанд.


“Ҳоло лоиҳаи мо асосан дар шабакаи “YouTube”, “Facebook” ва “Instagram” фаъол аст. Айни ҳол мо дар доираи лоиҳаи “Zabon” як курсро пешниҳод кардем, ки он 52 дарсро дар бар гирифта, танҳо донишҳои асосии забони тоҷикӣ, ба мисли ҳарфҳо ва овозҳои онҳо ва тарзу ҷойи истифодашавии ҳарфҳо пешниҳод мешавад. Зери ҳар як видеодарсҳои мо субтитрҳо ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам англисӣ пешниҳод шудаанд. Зеро мо на танҳо барои хориҷиён, балки ба он ҳамзабононе ҳам, ки мехоҳанд забони модариашонро хубтар омӯзанд, кӯмак мерасонем. Лоиҳаи мо, инчунин барои он сайёҳоне, ки мехоҳанд дар баробари тамошои Тоҷикистон забони тоҷикиро ҳам ёд гиранд, имкон фароҳам меорад”, мегӯяд Манижа.


Дар ин курс забони тоҷикӣ пурра омӯзонда мешавад. Бо мақсади омӯзонидани вижагиҳои овозии забони тоҷикӣ, роҳҳои тавлид, пайдоиши тобишҳои фонемагӣ, дучори ҳодисаҳои гуногуни забонӣ шудани онҳо дар аввал бахши фонетика таълим дода мешавад. Баъд аз хатми бахши фонетика забономӯз бояд дар бораи манзараи пурраи овозҳои забони тоҷикӣ тасаввуроти комилу равшан дошта бошад. Ҳамин тавр, пас аз хатми фонетика лексикология, морфология ва синтаксис низ таълим дода мешаванд. Манижа мегӯяд, як курси омӯзиш ҳамагӣ то се моҳро дар бар мегирад, аммо барои хуб азхуд кардани забон танҳо дарсҳо кифоя нестанд.

“Агар шахс дар ин се моҳ пурра аз дарсҳо истифода кунад ва илова бар ин, китобҳои тоҷикӣ хонад, филмҳои тоҷикӣ тамошо кунад ва сурудҳои тоҷикӣ гӯш кунад, омӯзиш осон мешавад. Бо ҳамин мақсад, мо дар платформа сурудҳо, аудиокитобҳо, подкастҳо ва филмҳои кӯтоҳро ворид карданӣ ҳастем. Мо китобҳоеро интихоб мекунем, ки барои ҳар як нафар хондани он шавқовар бошад”, илова кард Манижа.

Ғайр аз ин барои инкишофи нутқи шифоҳӣ гурӯҳ нақша дорад, асарҳои нависандагони машҳури тоҷикро дар шакли электронӣ (PDF) ҳам омода карда, тариқи сомона ба ҳамагон дастрас кунад.

Ногуфта намонад, ки дар сомонаи “zabon” дар баробари забони тоҷикии имрӯза омӯзиши забонҳои қадимаи тоҷикӣ, ба мисли яғнобӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ ба роҳ монда шудааст. Манижа мегӯяд, барои боз ҳам босифаттар кардани кори лоиҳа ва ҷалби бештари омӯзандагон корҳои таблиғотиро зиёд кардан лозим аст. Айни ҳол дарсҳои забони тоҷикиро дар саҳифаҳои лоиҳаи “Zabon” шумораи на он қадар зиёд пайгирӣ менамоянд, вале ба гуфти Манижа ба аксари онҳо ин иқдом писанд аст ва ҳатто баъзеҳо дархосту пешниҳод ҳам мекунанд.

“Дар шабакаҳои интернетӣ иқдоми моро ҳамватанон бисёр хуб пазируфтанд. Ин нахустин лоиҳа барои рушд ва инкишофи забони тоҷикӣ аст. Хориҷиён ҳам ба дарсҳои мо оҳиста – оҳиста ҷалб шуда истодаанд. Вале фикр мекунам, ҳоло мардум ба таври кофӣ аз лоиҳаи “Zabon” огаҳ нестанд, барои он ки мо ҳоло корро нав оғоз кардаем. Мо дар “Instagram” ҳамагӣ қариб 1400, дар “YouTube” – 127 ва дар “Facebook” – 210 обуначӣ дорем ва ҳар дарси моро тақрибан ҳамин шумораи муайян тамошо мекунанд. Ба мо лозим аст, ки ҳарчи бештар тарғиб кунем. Мо ба кӯмаки рӯзноманигорон ва онҳое, ки метавонанд ба мо аудиторияи бештарро ҷалб намоянд, ниёз дорем”.

Ҷиҳати дигари ҷолибияти ин лоиҳа дар он аст, онҳое, ки дар Тоҷикистон ба муддатҳои гуногун кор мекунанд, онҳое, ки таъриху фарҳанг ва маданияти тоҷиконро омӯхтан мехоҳанд ва онҳое, ки ба тамошои Тоҷикистон омадан мехоҳанд, метавонанд истифода баранд. Дар баробари ин, тоҷиконе, ки бо забони адабии тоҷикӣ хуб ҳарф зада наметавонанд, имкон доранд, ки аз ин ҷо онро омӯзанд. 

“Мо махсус барои онҳо бо пешниҳоди яке аз обунучиёнамон мақсад гузоштем, ки субтитрҳои видеодарсҳоро бо забони русӣ ҳам ба роҳ монем. Дарсҳои мо бо истифодаи зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ, тарғиби урфу одат ва фарҳангу маданияти тоҷикон, тарғиби бузургони миллати тоҷик ва даъвати хориҷиён ба тамошои зебоиҳои Тоҷикистон рангорангу ҷолиб аст”, мегӯяд Манижа.


Ташкилкунандагони лоиҳа аз таҷрибаҳои дигар сомонаҳои забономӯзӣ ва дархосту пешниҳоди обуначиён низ васеъ истифода мебаранд, то барномаи дарсҳояшонро мукаммалтар созанд. Масалан, онҳо таҷриба карданд, ки одамон ба мусиқиҳое, ки бо субтитр пахш мешавад, бештар таваҷҷуҳ мекунанд. Бо назардошти ин ҷиҳат, гурӯҳ ба наздикӣ дар канали худ қисмати нав бо номи “Караоке” кушодааст. Ба гуфти Манижа дар “YouTube” мусиқиҳои тоҷикӣ ниҳоят кам ва бо сифати паст ба таври “Караоке” пешниҳод шудаанд. Ин тарзи пешниҳоди онҳо ҳам ба забономӯзон кӯмак мекунад ва ҳам метавонад мусиқии тоҷикиро муаррифӣ намояд.

Манижа аз таассуроти худ дар бораи суҳбат бо донандагони забони тоҷикӣ аз хориҷи кишвар бо хушнудӣ ҳарф зад, вале аз он ки баъзе ҳамватанони мо дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, наметавонанд бо забони модарияшон дуруст ҳарф зананд, изҳори нороҳатӣ намуд.

Суҳбати мо атрофи рафти омодасозии видеодарсҳо, нақшаи кории ояндаи лоиҳаи “Zabon” ва сомонаи он, ки рӯзҳои наздик ба пуррагӣ таҳия мешавад, идома ёфт. Ба гуфти Манижа дарсҳо аз рӯи як нақшаи мураттаб, ки аз ҷониби гурӯҳ таҳия шуда, аз санҷиши гурӯҳи коршиносони мустақили Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузаштааст, таҳия мешаванд.

“Айни ҳол аз болои лоиҳа ва сомона мутахассисони хуб ба мисли режиссёр Файзулло Файз, гурӯҳи эҷодӣ иборат аз Дилошӯб Орифзода, Фарҳод Ғаффорпур ва дигарон кор карда истодаанд. Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Пешрафт” бошад, барои дастгирии “Забони тоҷикӣ - Онлайн” саҳм мегузорад.”

Вале вақте ки сомонаи “Zabon” ба фаъолият оғоз мекунад, интихоби муаллим ва дарсҳо тағйир меёбад. “Дар оянда ҳар нафаре, ки донандаи хуби забони тоҷикӣ аст ва метавонад дарси худро вобаста ба ягон самту соҳа пешниҳод кунад, мо тариқи санҷиш қабул мекунем. Вале талаботҳои мо ин аст, ки муаллим бояд дар дарсҳои видеоӣ озоду фаҳмо суҳбат карда тавонад ва аз ҳама муҳим бо барномаҳои мо кор карда тавонад. Масалан, агар Шумо донандаи хуби забони тоҷикӣ дар соҳаи тиб бошед, бояд ба мо дархост ва якчанд намунаи дарсҳоятонро равон кунед ва агар қабул шудед, бо барномаи курси мо шинос шуда, ҳаққи хизмати худро муайян мекунед. Ҳамин тавр, муаллимон ҳам дар мо имкони даромад ба даст оварданро пайдо мекунанд. Ҳадафи мо бошад, танҳо ба роҳ мондани алоқа байни муаллиму забономӯз ва имкони омӯзиши забони тоҷикиро фароҳам овардан аст”, таъкид кард Манижа.

Ҷолибияти дигари дарсҳои видеоӣ рақобати муаллимон хоҳад буд. Ба гуфти Манижа онҳо метавонанд бо ҳар роҳ дарсҳои худро ҷолиб созанд. Масалан, муаллим метавонад дар дарсҳояш либоси миллӣ пӯшад ё аз мақолу зарбулмасалҳои тоҷикӣ истифода барад ва ё агар дарсаш дар самти сайёҳӣ бошад, метавонад маконҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ кунад. Вале муҳим ин ки диққати омӯзанда асосан ба омӯхтани забони тоҷикӣ ҷалб шавад. Аз ин сабаб, ҳоло видеодарсҳо дар пасманзар (фон) – и якранг сабт мешаванд.

“Пасманзар (фон) – ро барои он якранг мондем, ки вақте ҳамин гуна курсҳои забонҳои хориҷиро дида баромадем, қариб ҳамаашон чунин буданд. Яъне ин ба хотири диққати омӯзандаро танҳо ба дарс ҷалб кардан аст”.

Дар пойгоҳи Маркази фарҳангии тоҷикон сомонаи дигаре (tajikculture.org ) низ фаъол аст ва дар он ҷо маводҳо бо забони тоҷикӣ ва англисӣ нашр мешаванд. Манижа мегӯяд, “Мавзӯъҳо асосан фарҳангӣ буда, муаллифон метавонанд дар бораи мусиқӣ, нақшу нигораҳо, сайёҳӣ, забон ва ҳар он чизе, ки Тоҷикистонро васф мекунад, нависанд. Мо баъдан маводҳои бо забони тоҷикӣ чоп шударо низ тарҷума мекунем. Ин имкон медиҳад, ки хориҷиён ҳарчи бештар дар бораи кишвари мо маълумот пайдо кунанд”.

Чунин имкониятҳо роҳҳои нави ҳифзу муаррифии забони зебои тоҷикӣ ва фарҳунгу маданияти оламшумули миллати тоҷик ҳастанд. Ҳар тоҷик бояд баҳри рушд ва такмили кори онҳо ҳисса гузорад.

“TikTok -хӯрока”: 4 дастурамале, ки ба омода кардан меарзад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед