Ru  | Tj
«Забони русӣ барои ҳама». Вебнамойи омӯзишии «Shkola_Le»-ро кӣ пеш мебарад?
«Забони русӣ барои ҳама». Вебнамойи омӯзишии «Shkola_Le»-ро кӣ пеш мебарад?
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

«Забони русӣ барои ҳама». Вебнамойи омӯзишии «Shkola_Le»-ро кӣ пеш мебарад?

Нашр шуд

Лутфулло Элмуродов аз зумраи ҷавононест, ки омӯзиши қатъии забонҳои хориҷиро дарк кардааст. Аслан вай дар риштаи бостоншиносӣ таҳсил мекунад. Зимнан, ҳаёти донишҷӯияш бо сафарҳо, ҷустуҷӯҳо, омӯзиш ва навиштани корҳои тадқиқотӣ мегузарад. Сарфи назар аз ин ӯ барои пеш бурдани вебнамой (видеоблог)-е, ки барои омӯзиши забони русӣ мусоидат мекунад, вақту имконоташро сарф мекунад. Вебнамойи Лутфулло дар Инстаграм «Shkola__Le» ном дошта, муҳтавои он мухотабонро бо тест, луғат, матн ва қоидаҳои ҳатмии сарфу наҳви забони русӣ, ки дар шакли наворҳои хурд омода мешавад, шинос мекунад. Он моҳи майи соли равон фаъол шуда, аллакай беш аз 80 ҳазор нафар пайнавард (обуначӣ) дорад.

Муаллифи Halva.tj аз Лутфулло Элмуродов дар хусуси овони наврасӣ, донишҷӯйӣ ва малакаҳои пеш бурдани вебнамойе, ки фарогири мухотабони зиёд аст, пурсон шуд.

 

«ИХТИСОСИ БОСТОНШИНОСИРО ИНТИХОБ КАРДАМ»


Луттфулло Элмуродов соли 1998 дар деҳаи Зиракии ноҳияи Қубодиён ба дунё омадааст. Соли 2016 мактаби №8-и деҳаро хатм карда, тариқи Маркази миллии тестӣ донишҷӯ мешавад. Мегӯянд, сарнавишт роҳест аз номаълум ба номаълум. Қаҳрамони моро низ тақдир ба роҳе бурд, ки барояш ғайриинтизор буд.  

- Таъриф нашавад, яке аз аълохонҳои синф будам. Аммо аз муллимон доимо танбеҳ мегирифтам, чун хеле сергап будам. Ҳатто, баъзан маро бо сабабии сергапӣ аз дарсҳо хориҷ мекарданд. Фанҳои таърих ва забонҳои русию англисиро хеле дӯст медоштам. Хушбахтона, соли 2016 донишҷӯ шудам. Интизор надоштам, ки тариқи Маркази миллии тестӣ ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷекат ба ихтисоси таърих ва ҳуқуқ дохил мешавам. Таҳаммули дурӣ аз хона дар аввал хеле душвор буд. Ҳамин тариқ, ба ҳаёти донишҷӯӣ одат кардам. Соли аввали донишҷӯйӣ гузашт. Бароям омӯзиши ҳуқуқ писанд набуд. Аз ин рӯ, соли дуюми таҳсил ба ихтисоси таърих ва бостоншиносӣ интиқол гирифтам. Ёд дорам, ки дар он солҳо ҳамроҳи устодон ва ҳамсабқон ҳар ҳафта ба деҳаҳои дуру наздики шаҳри Панҷекат меҳмонӣ мерафтем. Табиат, урфу одат ва лаҳни мардуми таҳҷоӣ бароям аҷиб буд. Шурӯъ аз ҳамон замон то имрӯз дар ҷустуҷӯю ковишҳои бостоншиносӣ иштирок мекунам, - нақл мекунад Лутфулло.

 

ТАҲСИЛУ ИМКОНОТИ ФАРОХ ДАР ОЛТОЙ


Қаҳрамони мо орзу дошт, ки барои фарох шудани сатҳи ҷаҳонбинӣ дар хориҷи кишвар таҳсил намояд. Баъди 5 соли омӯзиш дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷекат барояш муяссар шуд, ки донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои беҳтарини Русия шавад. Вай шурӯъ аз соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Олтой, ки дар шаҳри Барнаул воқеъ аст, аз рӯйи ихтисоси бостоншиносӣ дар зинаи магистратура таҳсил дорад.

- Дар Отлой аз ҳар ҷиҳат рушд кардам. Устодон, ҳамсабақон ва шуғлу омӯзишу малакаҳои нав барои рушди ҳамаҷониба мусоидат мекарданд. Тобистони соли гузашта дар кишвари Олтой ва Ҷумҳурии кӯҳии Олтой дар ковишҳои бостоншиносӣ иштирок кардам. Ғайр аз машғул шудан бо кори вебнамой боз ба навиштани мақолаҳои тадқиқотӣ дар соҳаи бостоншиносӣ машғул мешавам. Феълан, расман дар ягон ҷо кор намекунам. Воқеан, рӯз то рӯз доираи фикру ақидаҳои илмиву дунёвиям фарохтар шуда истодааст. Ман дар давоми таҳсил боз хубтар дарк кардам, ки   нишонаи донистани забон фақат дар муоширати рӯбарӯ набуда, балки дар омӯхтан ва маърифат кардани фарҳанги миллатие, ки забонашро меомӯзед, мебошад.

 

САБАБИ ФАЪОЛ ШУДАНИ ВЕБНАМОЙ


Лутфулло Элмуродов боре дар шабакаҳои иҷтимоӣ навореро дид, ки чанд ҷавони рус як ҷавони тоҷикро барои надонистани забон ҳазлу мазоҳ мекунанд. Чунин ҳолат ба ӯ писанд намеояд ва тасмим мегирад, ки барои омӯхтани забон ба ҳамватанон кумак расонад. Ҳамин тавр, бори нахуст моҳи декабри соли 2020 дар пойгоҳи YouTube саҳифа боз кард, ки алҳол наздик ба 200 муҳтавои омӯзишӣ ва 45 ҳазор пайнавард дорад. Сипас дар Instagram ва Telegram вебнамойи худро фаъол намуд, ки мухотабони синну соли гуногун ба он таваҷҷуҳи зиёд доранд.

- Дар YouTube кор кардан мушкил набуд. Бе таблиғ (реклама) обуна ва тамошои зиёд мешуд. Сар аз моҳи майи соли 2022 дар Instagram вебнамойи омӯзшиямро фаъол кардам. Барои кор дар ин пойгоҳ абзорҳои фаннӣ (техникӣ), аз ҷумла дастгоҳи наворбардории ҳирфаӣ, микрафон ва рӯшноидиҳандаҳо лозим аст, ки ман ҳоло надорам. Сарфи назар аз ин муҳтавои омодакардаам ба мухотабон, ки омӯзандаи забони русиянд, фаҳмо ва қобили қабул аст. Ҳаракат дорам, ки муҳтавои дар вебнамой нашршаванда ба талаботу меъёри Instagram ҷавобгӯ бошад. Дар як моҳ 10 ҳазор пайнавард (обуначӣ) ҷамъ шуд ва водор шудам, ки дар Instagram муҳтавои зиёдтар нашр кунам, чун ба дарси видеоии забони русӣ талабот зиёд аст.

 

МАХСУСИЯТ ВА ҶОЛИБИЯТИ МУҲТАВОФАРӢ


- Барои сохтани муҳтаво аз китобҳои русӣ истифода менамоям. Маводи заруриро ба забони тоҷикӣ тарҷума мекунам. Ихтисосам забоншиносӣ нест. Бисёр мехоҳам, ки вақти зиёдро барои омӯзиши амиқи забон сарф кунам. Мутаассифона, вақт намеёбам. Азбаски забоншиносӣ соҳаи ман нест, кор кардан дар ихтисосамро дӯст медорам. Барои сохтани як муҳтаво барои Instagram тақрибан 1 ё 2 соат вақт сарф мешавад. Барои дарёфти мавзӯъ мушкил надорам, муҳим вақти холӣ ёбам, - мегӯяд вебнавис.

Айни сохтани муҳтаво лаҳзаҳои аҷиб ва хотирмон рух медиҳад. Барои як кадри дилхоҳ гирифтан то 10-20 бор машқ мекунам, то натиҷаи қонеъкунанда ҳосил шавад. Бисёр вақт айни суханронӣ вожаро нодуруст талаффуз мекунам ё аз хотир мебарорам, – аз таърихи муҳтаофарӣ нақл мекунад Лутфулло. – Дар бештарин вақт худам худамро навор мегирам. Аз ин рӯ, бисёр вақт сарф мешавад, то як муҳтаво омода шавад. Баъзе аз дӯстони наздикам барои ба мухотабон ҷавоб додан ва паҳн кардани муҳтаво ёрӣ медиҳанд.

 

ТАВСИЯИ ВЕБНАМО (ВИДЕОБЛОГЕР) БА ЗАБОНОМӮЗОН

Лутфулло Элмуродов барои онҳое, ки нав ба омӯзиши ҷиддии забони русӣ сар кардаанд, чунин адабиёт ва дастурҳоро тавсия медиҳад: «Ман аз таҷрибаи каме, ки дар самти омӯзгорӣ дорам, ба навомӯзон тавсия медиҳам, ки ба адабиёти зерин такя кунанд, аз ҷумла «Русский язык как иностарнный: элементарный уровень», «Учимся говорить, писать и читать по-русски», «Глаголы в речевых ситуациях. Элементарный и базовый уровни». Иловатан, адабиёт бо забони тоҷикӣ, ки ман аз онҳо истифода мекунам, барои навомӯзон роҳанамои хуб аст: «Фарҳанги нави тоҷикӣ – русӣ», «Муҳовараи русӣ – тоҷикӣ». Худ низ кӯшиш дорам, ки як китоби фаҳмо ва фарогири мавзӯъҳои сарфу наҳви забони русӣ, гуфтугӯ дар 60 мавзӯъ, 4 ҳазор луғати муҳимро ба нашр расонам».

 

ҚОИДАИ ДУРУСТИ ТАМОШО ВА ҲИФЗИ МУҲТАВОИ ОМӮЗИШӢ ЧӢ ГУНА АСТ?


Лутфулло маслиҳат медиҳад, ки вақте наворҳои омӯзиширо мебинед, бояд асабро ором карда, фикру андешаҳои нолозимро аз сар дур кунед. Агар дар навор як ибора ё қоидаи сарфӣ бароятон шинос бошад, «инро медонам» гуфта аз идомаи тамошо худдорӣ кардан хуб нест. Беҳуда нагуфтаанд, ки такрор модари дониш аст. Баъди тамошои муваҷҷеҳонаи дилхоҳ навори омӯзишӣ хулосаи аниқ бароварда, вожаю ибора ва ё қоидаи сарфиро қайд карда, онро такрор намудан шарт аст. Луғатомӯзӣ низ хеле муҳим аст. Агар калимаҳои даркориро дар дафтарчаи кисагӣ навишта, ҳар вақт онро хонед, зудтар ҳифз мешавад.

 

СИПОСИ ПАЙНАВАРДОН – МАНБАИ ИЛҲОМИ ВЕБНАМО


Пайнавардон (обуначиён) аз муаллифи вебнамой бисёртар гузоштани луғатро дархост мекардаанд. Аз ин рӯ ӯ луғатҳои заруриро бештар дар шаклҳои тест, навор ва матн ба мухотабон мерасонад. Изҳори сипоси онҳо рӯҳияи Лутфуллоро баланд карда, ҷиҳати муҳтавоофарии бештар ангеза медиҳад. Зимнан, қаҳрамони мо талош дорад, ки боз доираи мухотабонро зиёд кунад ва ба онҳое, ки ба омӯхтани забони русӣ ниёз доранд, кумак расонад. Ҷавон ният дорад, ки дар Русия марказҳои омӯзиши забон таъсис диҳад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

Одамони мо

“Духтурӣ тиҷорат нест”. Пайроҳаи муваффақияти ҷарроҳи дилу рагҳо ва вебнавис Юсуф Бурҳонзода

Тоҷикон дар Русия

“Ба хотири одамият”. Бунафшшоҳи 17-солаи тоҷик дар айни тирандозӣ ба ҷабрдидае кумак кард

Тоҷикон дар Русия

“Аз коми оташ наҷот дод”, “аз марг раҳонид”, “наҷот дод, вале худ ғарқ шуд”. Корномаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Ҷолиб

Бо «Fotehjon» ба қуллаҳои нав бирасед. Донишномаи диҷитолии тоҷикӣ дар чӣ ҳол аст?

Другие новости