Ru  | Tj
“СУРАТГИРИ ОФТОБ”. ҶУҒРОФИДОНЕ, КИ АКСБАРДОР ШУД
“СУРАТГИРИ ОФТОБ”. ҶУҒРОФИДОНЕ, КИ АКСБАРДОР ШУД

“СУРАТГИРИ ОФТОБ”. ҶУҒРОФИДОНЕ, КИ АКСБАРДОР ШУД

Нашр шуд

Комрон бар худ тахаллуси ҳунарии “Суратгири офтоб” дода ва имрӯз ӯ чун аккоси соҳибназар ва боҳунар дар байни мардум шинохта аст. Суратгирӣ шуғли дӯстдоштаи ӯст, махсусан, аккосии ғуруб ва тулӯи офтобро дӯст медорад. Гоҳе соатҳо интизор мешавад, то лаҳзаи мувофиқро пайдо карда акс гирад. Чанде қабл дар озмуни “Беҳтарин акси шаҳри Душанбе”, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида буд, байни 40 нафар довталаб бо расми табиати хушманзараи пойтахт соҳиби мақоми аввал гашт.

АЗ ЖУРНАЛИСТИКА ТО СУРАТГИРӢ

Комрон Сафаров зодаи Кӯлобшаҳр буда, набераи Шоири халқии Точикистон устод Ашӯр Сафар аст. Соли 2013 баъди хатми мактаби миёна ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Пас аз итмоми донишгоҳ таҳсилро дар зинаи магистратураи ришати рӯзноманигории байналхалқӣ идома медиҳад. Фаъолияти хабарнигорияшро аз Нашрияи расмии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” шурӯъ менамояд ва инак шаш сол аст, ки дар ин рӯзнома фаъолият дорад.

Маҳз рӯзноманигорӣ ва олами он шавқи аксгириро дар дили Комрон бедор намуд. Қаҳрамони мо бештар аксбардории табиатро дӯст медорад ва ҳар мавҷуди зебои табиат таваҷҷуҳашро зуд ба худ мекашад.


Ӯ мегӯяд, пеш аз ҳама журналистам ва ба суратгирӣ низ ба воситаи журналистика ворид шудам: “Дар ташаккули фаъолияти эҷодӣ ва аккосиям саҳми устодону дӯстонам зиёд аст. Дар курси сеюм мехондем, ки устод Сангин Гулов мо як гурӯҳ донишҷӯёнро ба як тренинг, ки ЮНИСЕФ ташкил карда буду аксгириро меомӯзонд, бурданд. Меҳмони тренинг суратгири маъруфи итолиёвӣ Ҷакомо Пирозӣ се рӯз алифбои ин касбро ба мо омӯзонд. Дастамро дар суратгирӣ аккоси маъруф Дидор Саъдуллоев рост намуд. Ӯро дар ин ҷода устоди хеш мешуморам ва инчунин аз устод Заур Дахте низ зиёд маслиҳат мегирам, вале дар бештари маврид ба худомӯзӣ машғулам”.


Суратгири мо чун нав вориди кор мегардад, роҳбарияти рӯзномаи “Ҷумҳурият” Қурбоналӣ Раҳмонзода кӯшишу талош ва истеъдоди аккосии ӯро пайхас намуда, дастгоҳи аккосии идораро куллан ба ихтиёраш мегузорад. Ин буд, ки Комрон суратгиракро аз дасташ дур нигоҳ намедошт ва пайт мепоиду ҳар чизи ба назараш аҷибро акс мегирифт.


СУРАТГИРӢ - РОҲЕ ДАР ШИНОХТИ ҲАСТӢ

Ба аксгирӣ аз зовияи ҳунар бояд назар афканд, танҳо дар ин маврид метавон муваффақ шуд. Суратгирӣ барои ман санъат, муҳаббат ва зиндагӣ аст. Санъат дар мафҳуми васеаш дар хонаи зиндагии мо равзана аст. Ин ки шумо суратгиририро санъат мегӯед, шод шудам, зеро имрӯз, мутаассифона, на ҳама аксгириро ҳамчун санъат мешиносанд ва ба сурату суратгир таваҷҷуҳ доранд, – иброз менамояд ӯ.


Комрон ҳамаи аксҳои гирифтаашро меписандад, зеро ба касби худ муҳаббат дорад. Бештар аккосии табиату офтобро дӯст медорад. Чӣ гуна офтобро мешавад дӯст надошт, вақте он якрангу якрӯй асту ба ҳама якранг гармӣ мебахшад. Офтобе, ки нур дорад, Офтобе, ки муҳаббат дорад, Офтобе, ки сода аст. Офтобе, ки бо вуҷуди содагӣ бузург асту касе ҷуръати нигоҳ карданашро надорад.


– Магар мешавад, суратгири офтоб набуд, вақте ба воситаи аксҳои гирифтаам бо Офтоб ҳарфи дил мекунам. Аз кӯдакӣ ба фанни география бештар рағбат доштам. Агар гӯям аз журналистика бештар географияро медонам, хато ҳам намекунам. Ҳар акси гирифтаам бо муҳаббати хос аксбардорӣ шудаанд. Бояд эътироф намоям, ки суратгарӣ маро ба майдонҳои бузург кашонд. Ба воситаи суратгирӣ дар ҳамоишҳои сатҳи баланди сиёсӣ иштирок кардам. Ба василаи суратгирӣ бори аввал ба хориҷ аз кишвар сафар намудам. Ҳашт президенти ҷаҳон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмонро акс гирифтам, бо ҳунармандону шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ вохӯрдам, вале такроран мегӯям, ки пеш аз ҳама худро чун журналист мешиносам, – мегӯяд Комрон.


АКСИ ТАСОДУФӢ – ҒОЛИБИ ОЗМУН

Акси дар озмун ғолибшударо Комрон замоне мегирад, ки ба Кумитаи телевизион ва радио барои коре меравад. Ногаҳон чашмаш ба бинову иншоотҳои наву замонавии дар байни дарахтони сабз воқеъбуда афтода, дарҳол суратгиракашро гирифта, акс мебардорад. Аккос мегӯяд, Душанберо ҳамон гунае, ки Ҳемингуей Парижро дӯст медошт, дӯст медорам ва ҳар кӯчаву хиёбонашро пиёда сайр кардааму сурат гирифтаам.


“Муҳимтарин нозукии ин касб дидани лаҳзаи мувофиқ асту ҳама вақт омодаи аксгирӣ будан. Барои суратгири муваффақ шудан ошиқ ва содиқ бояд буд. На ҳар кас метавонад суратгири моҳир шавад, чун ин ҳам санъат аст ва ҳам аз аксгир маҳорату ҳунарро талаб мекунад. Он гунае, ки бисёриҳо фикр мекунанд, аксгирӣ танҳо зер кардани тугмаи суратгирак аст, нест. Он низ чун дигар навъи санъат ба худ қонуну қоида ва нозукиҳо дорад, ки на ҳама аз уҳдаи иҷрои он мебароянд. Дарку донистани нозукиҳои он ба ҳар кас даст намедиҳад. Танҳо оне муваффақ мешавад, ки меҳр ба ин касб дорад”.


– Ҳар нафаре, ки дар дил шавқ ва дар вуҷудаш ишқ ба суратгирӣ дорад, метавонад худомӯзӣ намояд ва аз шабакаҳои интернетӣ наворҳои махсус, ки паҳлуҳои гуногуни аккосиро меомӯзанд тамошо намояд. Пайваста акс гирад ва бештар аксҳои суратгирони ҳирфаиро тамошо намояд. Инчунин, аз курсҳои кӯтоҳмуддати интернетӣ гузарад, ки худ аз ҳамин таҷриба истифода намудаам, – қайд мекунад Комрон.

Аксгирӣ барояш як навъ истироҳат аст ва аз он лаззат мебарад, ғайр аз ҳолатҳое, ки кор аз ӯ талаб мекунад. Чун масъулияти аккосиро бар дӯш дорад, онро иҷро мекунад.


“Боқӣ барои хеш акс мегирам. Гарчанде суратгири ҳирфаӣ ҳам набошам, вале аксҳои гирифтаамро азиз медорам ва бароям арзиши зиёд доранд. Яқин медонам, ки тамоми умрамро бо аксгирӣ сипарӣ менамоям, чун ҳоло он аз як кор, як касб, як шуғл ва як ишқ бароям бештар аст. Дар охир ҳаминро гуфтаниям: “Ҷавоне, ки навроҳ ҳасту ба табиату таърихи ин диёр муҳаббат дорад, манам “Суратгири офтоб”.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед