Ru  | Tj
"Ҳаётам фидои мусиқӣ бод". Ба муносибати зодрӯзи Ҷаннат Ҳусейнзода
"Ҳаётам фидои мусиқӣ бод". Ба муносибати зодрӯзи Ҷаннат Ҳусейнзода
Аксҳо: Аз саҳифаи Ҷаннат дар фейсбук дастрас гардидааст

"Ҳаётам фидои мусиқӣ бод". Ба муносибати зодрӯзи Ҷаннат Ҳусейнзода

Нашр шуд

Оҳангсоз, пианинанавоз ва дирижёри ҷавон Ҷаннат Ҳусейнзода барандаи чандин озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.

Маънои номи “Ҷаннат” ин “биҳишт” аст ва воқеан ӯ сазовори номи худ мебошад. Ҷаннат Ҳусейнзода ҷавонтарин узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, навозанда ва дирижёри оркестри симфонӣ мебошад. Чанд рӯз пеш (6-уми август) ин ҷавони соҳибистеъдод 17-умин  солгарди таваллуди худро ҷашн гирифт ва маҳз ба хотири ин рӯзи фархунда, мо тасмим гирифтем, дар бораи оғози фаъолияти навозандагӣ ва дигар муваффақиятҳояш бо ӯ сӯҳбате дошта бошем.

 Ҷаннат бори аввал дар 5-солагӣ ба даст асбоби мусиқиро гирифт: “Ин воқеа ногаҳонӣ ва ғайриинтизор рух дод. Падарам дар шаҳри Тошканд кор мекарданд ва мо аҳли оиларо низ ҳамроҳи худ ба он ҷо бурда буданд. Дар он ҷо волидонам барои бародару хоҳарам фортопиано хариданд, аммо онҳо ба он таваҷҷӯҳе зоҳир накарданд. Он вақт ман 5-сола будам ва бори аввал дар ин синну сол ба фартопиано даст бурдам. Гуфтам, мехоҳам, навохтанро биомӯзам ва волидонам тасмим гирифтанд, ки бароям устоде биёбанд. Омӯзгорро пайдо намуданду ва мо ба омӯзиш шурӯъ кардем. Пас аз гирифтани як-ду дарс, устод ба ман маслиҳат доданд, ки мусиқиро ба таври касбӣ эҷод кунам. Ҳамин тавр, баъдан ба мактаби мусиқии рақами 23-и шаҳри Тошканд дохил шудам."

Оҳангсоз ва дирижёри ҳафтсола

Ӯ ҳанӯз дар  5-солагияш дар озмунҳо ва фестивалҳои  гуногун иштирок намуда, сазовори диплом мегардид. Дар ҳафтсолагӣ бошад, Ҷаннат аллакай ба эҷоди оҳанг машғул шуда, оркестрро дирижёрӣ мекард:

«Оҳанг дар зеҳни одам худ аз худ пайдо мешавад. Ҳолатҳое мешавад, ки ту ҷое нишастаӣ ва нохост оҳанг худ аз худ дар сарат пайдо мешавад ва ту компютерро фаъол намуда, ин оҳангро менависӣ ё рафта онро менавозӣ ва сабт мекунӣ. Мусиқӣ дар вақту соати муайяне пайдо намешавад. Ҳолатҳое ҳастанд, ки дар хоб оҳангеро мешунавам ва зуд бедор шуда, онро сабт мекунам. Айни ҳол зиёда аз 150 оҳанг эҷод кардаам. Нахустин оҳанги эҷодкардаам, ки онро тариқи фартопиано иҷро намудам, ин «Рақсҳои спартанӣ» мебошад. Албатта, баъзан вақт инсон аз эҷодиёт дилмонда мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо хастагиро эҳсос мекунам, аммо боз ҳар субҳ бо қувваи тоза аз хоб бадар мешавам ва пеши худ мақсад мегузорам, то як оҳанги наве эҷод кунам».

 Имрӯз ин оҳангсози ҷавон барои фортопианино, най, скрипка, виолончел, квартетҳои тордор ва оркестрҳои калони симфонӣ асарҳо менависад. 

Илҳоми мусиқӣ

Илҳоми Ҷаннат ба табъи ӯ бастагӣ дорад: «Вақте ки табъам болида аст, мусиқиро дар мажор эҷод мекунам ва вақте ки ғамгин бошам, мусиқиро дар минор эҷод мекунам. Аз ҳама муҳим, ҳис кардани мусиқӣ аст: метавонӣ ба саҳна бароӣ, танҳо нишаста оҳангеро иҷро кунӣ, аммо боз метавонӣ дар он оҳанг зиндагӣ намоӣ ва ҳар як нотаро ҳис кунӣ. Аз ҳама оҳангҳои дӯстдоштаам, ки ҳоло онҳоро иҷро мекунам, «Балладу №4 Шопена» ва «Трансендентный Этюд №9 Ф. Листа» мебошад».

Омезиши мусиқиҳо

"Баъзан омезиши мусиқиҳо хеле хуб садо медиҳад. Гурӯҳҳои муайяне ҳастанд, ки асарҳои давраи барокко ё классикаро коркард мекунанд. Масалан, гурӯҳи "Swingle Singers"  асарҳои Бахаро ба таври муосир аз нав месозад. Албатта, барои оммавӣ гардонидани санъати мусиқӣ, шумо бояд мусиқиеро эҷод кунед, ки он тавонад диққати одамонро ба худ ҷалб кунад. Илова ба барномаи мусиқии умумии қабулшудаи тоҷикӣ, хубтар мешуд, агар ба он як чизи муосирро ворид намоем, то диққати ҳаводоронро ба худ бештар ҷалб кунад. Ман баъзан чунин мусиқиҳои анъанавиро бо усули муосир коркард мекунам.  

Бояд гуфт, бо омадани директори нав ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барнома ва намоишҳои ҷолибу муосиртарро ба роҳ мондем ва ҳайати оркестру раққосон низ тағйир ёфтанд, ки ин хеле хушоянд аст».

Дар аввали ба кор омадани Ҷаннат навозандагони соҳибтаҷриба  истеъдоди ӯро нодида гирифтанд, аммо баъдтар ҳама чиз тағйир ёфт: «Имрӯз бо ҳамкорони калонсолу соҳибтаҷрибаам дилхоҳ мусиқиро якҷо банду баст мекунем ва атрофи оҳангҳо андешаронӣ менамоем. Масалан, мо як оҳангро гӯш карда ва ҳар як эпизоти онро муҳокима мекунем. Бастакорони дигар мегӯянд, фикри ман аз дигарон фарқ мекунад. Ба назари онҳо фикри ман нисбат ба мусиқӣ муосиртар аст».

Кафкӯбии ҷонбахш

Ба андешаи Ҷаннат мусиқӣ ба ӯ кайфияти махсус мебахшад. Ба наздикӣ ӯ узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон шуд. 

“Мо асарҳои гуногун менависем, ки баъдан онҳоро гурӯҳҳо ё ансамблҳои алоҳида мехаранд. Масалан, Оркестри давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд асари эҷоднамудаи моро харид. Ҳамчунин, ман ҳам дар Оркестри давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 инҷониб фаъолият мекунам. Дар ин оркестр ман дирижёрӣ ва навозандагӣ мекунам ва баъзан вақт нақши композиторро ҳам иҷро менамоям”. 

Оркестри мазкур то имрӯз 5 асари ин оҳангсози ҷавонро ба даст овардааст. 

Бисёриҳо ҳунарнамоии Ҷаннат Ҳусейнзодаро дар чорабинии бошукӯҳ бахшида ба 25-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки дар он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони зиёде аз хориҷи кишвар низ иштирок доштанд, хуб дар хотир доранд. 

Дар ин консерт Ҷаннат дирижёрӣ мекард. Оркестр асари И. Штросс «Радес Марш»-ро навохт. Ин дирижёри ҷавон, ки диққати аҳли толорро ба худ ҷалб намуда буд, ҳангоми иҷрои асар ногаҳон ба оқиб баргашта ва бо як ишора аҳли толорро ба кафкӯбӣ даъват намуд, ки боиси мавҷи бардавоми кафкӯбиҳо  гардид. 

“Ин чорабинии расмӣ буд. Ҳама дар изтиробу ҳаяҷон ва хеле нигарон буданд. Ман хостам, ки чорабинӣ хуб гузарад. Қаблан медонистам, ки маҳз дар ибтидои ин асар бояд аз тамошобинон хоҳиш намоӣ, ки кафкӯбӣ кунанд. Дар аввал дудила будам, аз он, ки чорабинӣ расмӣ аст ва шояд иҷрои он амал дуруст набошад. Дар лаҳзаҳои охир тасмим гирифтам, ки ин амалро анҷом диҳам ва баъдтар фаҳмидам, ки он ба меҳмонон писанд омадааст”. 

 Муваффақият ва орзуҳо

«Дар шаҳрҳои Қувайт, Тошканд, Москва ва Пекин консерт доштам. Ҳамчунин, дар онлайн-озмунҳои зиёд низ ба монанди: «Янги авлод» дар Тошканд, нахустин озмуни ҷазхонони Бритониё ва дар озмуни бастакорони Новосибирск иштирок кардам. Аз ҳама тӯҳфаи арзишмандам дар ин соҳа дипломи озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2019 мебошад, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо кардаанд”, - мегӯяд Ҷаннат. 
Соле пеш ин оҳангсози ҷавон дар озмунҳои онлайнии «Истеъдод - ту ҳастӣ» ва «Москва дӯстонро истиқбол мегирад» иштирок намуд. 

Нахустин консерти ӯ соли 2013 дар Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар Тоҷикистон бошад, ӯ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов консерте барпо кард.  Имрӯз ӯ орзу дорад, ки соҳиби оркестри симфонии худ бошад, то ба ҳаводорон барномаҳои хубу лаззатбахшро пешниҳод кунад. 

Нақшаҳои оянда ва идеали Ҷаннат 

 «Нахуст мехоҳам пианинанавозиро дар сатҳи ҳирфаӣ омӯзам ва сипас ба шуъбаи дирижёрӣ дар Италия дар шаҳри Пезаро, ки зодгоҳи Россини мебошад, таҳсил кунам. Россини дар риштаи мусиқии оркесторӣ бароям идеал аст. Аз пианинанвозон ба ман бештар асарҳои Евгения Кисина ва Март Аргерих ва аз дирижёрҳо бошад, Риккардо Мути писанд аст.

Ман худ асарҳои импрессионистҳоро, ки гарчи имрӯз ба он таваҷҷуҳи камтар зоҳир мекунанд, дӯст медорам. Мо дар бораи Мотсарт нисбат ба Равел огоҳии бештар дорем. Зимнан, ҳоло ман ба мусиқиҳои миллии тоҷикӣ рағбати  бештар пайдо кардаам. Мусиқиҳое, ки ҳангоми пандемия навиштаам, асосан тоҷикӣ буд. Аммо он шашмақом нест. Ман мусиқии классикиро бо мусиқии  халқӣ омехта намудам.

Ба ман имконият даст дод, то дар як моҳ 7-8 асар эҷод кунам. Дар мавзӯи мушаххасе оҳанг эҷод намекунам, он чизеро эҷод мекунам, ки имрӯз эҳсос менамоям. Вақте ки шумо бо эҳсосе оҳанг эҷод мекунед, он хеле зебо ва гушнавоз мешавад».

 Ба ғайр аз мусиқӣ шуғли дигари дӯстдоштаи Ҷаннат китобхонӣ мебошад. Ба ӯ бештар осори классикии адбиони рус ва англис писанд аст. Аз ин рӯ, ӯ дар дилхоҳ мавзуъ бо шумо суҳбат мекунад, аммо чун сухан аз боби мусиқӣ меравад, чашмонаш аз шодӣ медурахшанд. Аз ин маълум мешавад, ки мусиқӣ дақиқан ҳамон чизест, ки ӯ мехоҳад зиндагии худро ба он бибахшад. 

«Вақте ки ба навохтан шурӯъ мекунам, ба эҳсосот дода мешавам. Аммо агар оҳанги эҷодкардаам ба худам писанд наояд, гарчи ба дигарон писанд бошад ҳам, онро зуд тоза мекунам». 

Ӯ кулли асарҳои эҷодкардаи худро азёд медонад. 

 Ҷаннат Ҳусейнзода шахсияти нотакророрест, ки касби худро ҳанӯз дар хурдсолӣ пайдо кардааст. Мо танҳо метавонем ба ӯ барори кор орзу кунем ва умед бар он бандем, ки ба наздикӣ сокинони пойтахт имкони иштирок дар консертҳои ӯро пайдо мекунанд.

Элдор Ҷонназаров: “Бовар дорам, ки меҳнати ҳалол самараи хуб ба бор меорад”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед