Ru  | Tj
“Ғолибияти худро ба модарам мебахшам”. Ҳадафҳои охар ва ё чаро Миҷгона варзишро тарк кардан мехоҳад?
“Ғолибияти худро ба модарам мебахшам”. Ҳадафҳои охар ва ё чаро Миҷгона варзишро тарк кардан мехоҳад?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

“Ғолибияти худро ба модарам мебахшам”. Ҳадафҳои охар ва ё чаро Миҷгона варзишро тарк кардан мехоҳад?

Нашр шуд

Миҷгона Самадова варзишгардухтари тоҷик чанде пеш аз намуди варзиши бокс дар Ҷоми ҷаҳон‑2021 сазовори медали тилло гардид. Ӯ аз 9-солагӣ ба варзиш машғул буда ва то имрӯз дар намудҳои варзиши муҳорибаҳои тан ба тан, кикбоксинг, тэквандо ва бокс дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, дастболо гардидааст. Ӯ чаҳор карат Қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои тан ба тан миёни наврасон ва як карат Ҷемпиони ҷаҳон оид ба бокс миёни калонсолон мебошад.

Миҷгона ба мо дар бораи ҳаёти варзишӣ ва ғолибияташ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилаливу орзуҳояш гуфт.


“Орзуи кӯдакӣ маро ба варзиш овард”

Миҷгонаро бародараш ба варзиш овард ва ҳамеша дар ин самт аз ҷониби ӯ дастгирӣ меёфт. Ӯ бо хурсандӣ аз хотироти кӯдакии худ чунин қисса кард: 

“Вақте дар оинаи нилгун мусобиқаҳои варзишгаронро медидам, майлу рағбатам нисбати варзиш зиёд мешуд. Ҳамеша дар фикри ба варзиш машғул гардидан будам ва мустақилона ба машқу тамрин сар кардам. Бо дидани хоҳишу рағбати ман бародарам маро ба варзишгоҳ бурд ва ба шогирдии Матлуба Каримова супорид. Тӯли 7 сол дар варзиши муҳорибаҳои тан ба тан машқу тамрин намудам ва баъдан 4 сол дар намуди варзиши кикбоксинг ва ҳоло бошад дар намуди бокс машқу тамрин менамоям.”


Иштирок дар Чемпионати Осиёӣ

Миҷгона аввалин маротиба дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ, Чемпионати ҷаҳон-2012, ки дар шаҳри Сочӣ баргузор гардид, ширкат намуд ва дастболо гардид. Ӯ дар нахустин набарди худ ба чор тан рақибони худ пирӯз гашт ва медали тиллоро ба Ватан овард. Ин ғолибият роҳи варзишии ӯро ба самти бозиҳои Осиёӣ боз намуд.


Қаҳрамони мо яке аз варзишгарбонуҳоест, ки нахустин маротиба аз намуди варзиши кикбоксинг медали тиллоро ба Тоҷикистон овардааст. Ӯ дар мусобиқаи Бозиҳои Осиёӣ, ки дар шаҳри Ишқобод баргузор гашт, ширкат намуд ва парчами Тоҷикистонро боло бардошт.

“Дар мусобиқаи Бозиҳои Осиёӣ, ки соли 2017 дар шаҳри Ишқобод баргузор гашт аз намуди кикбоксинг дар байни калонсолон иштирок намудам. Дар ин мусобиқа дар умум аз 200 кишвари дунё варзишгарон ширкат доштанд. Хушбахтона, тавонистам ҳарифони худро мағлуб намуда, аввалин варзишгарбонуи оварандаи медали тилло аз намуди кикбоксинг ба Тоҷикистон гардидам” ‑ бо шавқ нақл намуд Миҷгона.


Варзишгар—ҳуқуқшинос

Пас аз ин ғолибияти бузург дар ҳаёти қаҳрамондухтари тоҷик тағйироте ба амал омад. Миҷгона дар баробари варзиш мехост дар самти ҳуқуқшиносӣ таҳсили илм намояд, вале ба хотири машқу тамрин ин имконият барояш даст намедод. Баъди ғолиб омадан дар Ҷоми ҷаҳон аз ҷониби Вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода дастгирӣ ёфт ва ба Академияи ВКД-и Тоҷикистон дохил шуд. Ӯ айни ҳол дар курси чоруми факултети ҳуқуқшиносии академияи мазкур таҳсил мекунад.


“Дар баробари ба варзиш машғул шудан ба дарсҳоям аҳаммияти ҷиддӣ медиҳам. Чун, касби ҳуқуқшиносиро дӯст медорам ва яке аз ҳадафи асосиям низ ин ҳуқуқшинос гардидан аст. Бо дастгирии устодон новобаста аз таҳсил ба варзиш вақти бештар ҷудо менамоям ва ният дорам, ки дар бозиҳои олимпӣ ширкат намуда, парчами миллатамро боло бардорам” ‑ мегӯяд ӯ.


Мубориза бо як даст ва Чемпиони ҷаҳон гардидан

Варзишгарбонуи тоҷик дар Чемпионати Осиё ‑ 2021, ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, ширкат намуд ва пирӯзиро ба даст овард. Дар ин мусобиқа китфи ӯ зарбаи сахт дид ва дар идомаи мусобиқа бо як даст мубориза бурда, созовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.


“Дар дақиқаҳои аввали рақобат эҳсос намудам, ки дастам осеб дидааст, аммо сир бой надодам. Зеро ғолибият ҳадафам буд ва намехостам, бе ягон дастовез ба ватанам баргардам. Бо як даст ҳарифонамро шикаст дода ва сазовори ҷойи ифтихорӣ гаштам. Баъди баргашт аз мусобиқа бояд китфамро ҷарроҳӣ менамуданд, аммо ба хотири ширкат дар Ҷоми ҷаҳон ба ҷарроҳӣ розӣ нашудам” – мегӯяд Миҷгона.


Ғолибияте, ки ба модар ҳадя гардид

Миҷгона Самадова дар Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт, ки аз санаи 7-ум то 11-уми декабр дар шаҳри Нижневартовски Русия баргузор гардид, ширкат намуд. Дар ин мусобиқа 139 варзишгар аз 16 кишвар ширкат намуданд. Тоҷикистонро дар ин чемпионат   8 варзишгар намояндагӣ менамуданд.  

Миҷгона Самадова дар вазни 57 кило байни бонувон қувваозмоӣ намуда, бо чор ҳариф аз кишварҳои Муғулистон, Лаҳистон ва Русия ба майдон баромад. Ӯ дар даври аввал бо шикаст додани ҳарифи муғултабори худ - Мишидма Эрнеделай, дар чорякфинал бо ҳарифи лаҳистонӣ - Моника Серефин, дар нимафинал ба рақиби русиягии худ - Малика Шаҳидова ва дар полуфинал ба варзишгардухтари муғулистонӣ - Мунгунсаран Балсан ғолиб омада, сазовори медали тилло гардид.


“Ба хотири Ватани азизам тамоми қувваамро истифода намуда, дар Ҷоми ҷаҳон дастболо шудам. Чун як дастам зарб дида буд, бо як даст ба чор ҳарифи пурқудрат мубориза бурдам. Албатта дар аввал ҳисси тарсу ҳарос маро фаро гирифта буд, аммо дуои модарам ва халқи азизам ба ман қувват мебахшид. Хушбахтона, тавонистам, бар рақибон пирӯз гардам ва медали тиллоро ба даст оварда, парчами Тоҷикистони азизро боло намоям. Ин ғолибияти бузурги худро ба модарам мебахшам”‑ бо хурсандӣ баён намуд ӯ.


Қаҳрамондухтари тоҷик вақти холигии худро бо мутолиаи китоб пур мекунад. Ӯ ақида дорад, ки мутолиа барои ҳар як варзишгар муҳим аст ва дар баробари қувваи ҷисмонӣ, қувваи зеҳнӣ низ нақши муҳимро барои расидан ба муваффақият мерасонад.


Ҳадафҳои охари варзишӣ

Миҷгона Самадова мақсад дорад, ки дар ояндаи наздик ба бозиҳои олимпӣ – Париж - 2024 роҳхат бигирад ва барои расидан ба ин мақсади худ талош меварзад.


Қаҳрамонбонуи тоҷик орзу дорад, ки баъди хатми таҳсил самти ҳуқуқро идома диҳад. Ӯ баъди ғолиб омадан дар бозиҳои олимпӣ ният дорад, ки варзишро тарк намояд.


“Мехоҳам дар охирин мусобиқае, ки ширкат кунам медали тиллоро соҳиб гардам. Дигар дар мусобиқот иштирок намекунам, танҳо мехоҳам дар баробари ҳуқуқшиносӣ устоди варзиш шудаву шогирдони худро омода намоям. Мақсад дорам, варзишгаронеро тарбия намоям, ки парчами кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардоранд” – Миҷгона ин ҳарфҳоро бо лабханд баён намуд.



Омӯзгор – варзишгаре, ки муҳоҷират ихтиёр кардааст, Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед