Ru  | Tj
Саргузашти духтараки деҳотӣ. Чӣ тавр Ороста Турсунова қаҳрамони Тоҷикистон шуд?
Саргузашти духтараки деҳотӣ. Чӣ тавр Ороста Турсунова қаҳрамони Тоҷикистон шуд?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Саргузашти духтараки деҳотӣ. Чӣ тавр Ороста Турсунова қаҳрамони Тоҷикистон шуд?

Нашр шуд

Ороста Турсунова 17 сол дорад. Вай зодаи деҳаи Қалъаи баланди шаҳри Истаравшан аст. Ин духтарак солҳост, ки бо варзиши кикбоксинг машғул аст. Ӯ ба наздикӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Точикистон дар риштаи кикбоксинг WAKO сазовори ҷойи аввал гардид. Табиист, ки барои варзишгар шудани духтарон на ҳама назари нек доранд, аз ин рӯ пешорӯйи ҳар варзишгарбону монеаҳо зиёд мешаванд. Ороста низ то ба ҳадаф расидан мушкилиҳои зиёдеро паси сар намуд.

Ороста Турсунова дар бораи чӣ гуна ба варзиш рӯй овардан ва ҳадафу мақсадҳои ояндаи худ ба муаллифи Halva.tj Абдуғаффор Шодиев нақл намуд.

 

РӮЗИ ТАҚДИРСОЗ

Барои ҳар як нафар рӯзи тақдирсозе мавҷуд аст. Маҳз ҳамон рӯз ояндаи касро тағйир дода, роҳҳои зиёди муваффақиятро ба рӯяш боз мекунад. Чунин рӯз барои Ороста вохӯрдан бо устоди варзиш Эркин Казаков буд.


«Рӯзе ману амакбачаам Мақсуд ҳамроҳи падарам ба сайругашт мерафтем. Падарам тасодуфан бо устоди варзиш Эркин Казаков вохӯрданд. Сипас ба он кас гуфтанд, ки ҳамин Мақсудҷонро барои тамрини кикбоксинг гиред. Устод розӣ шуданд. Ман, ки ҳанӯз аз кӯдакиям варзишро дӯст медораму бинобар муаллими варзиш будани падарам дар рӯҳияи варзишӣ ба воя расидаам, бадоҳатан ба он кас муроҷиат карда гуфтам: Маро чӣ, маро ҳам намегиред?» Устод дар ҷавоб гуфтанд, «не ту ҳоло хурд ҳастӣ, боз духтарӣ... Ин ҷо барои писарон аст.» Аммо ба пофишории ман «не» гуфта натавониста розӣ шуданд. "Канӣ як ҳафта биёяд, агар аз «имтиҳон» гузашт майлаш, агар не ихтиёраш». Аз ҳамон рӯз ман ба варзиш дил бастам ва аз ҳамон вақт дар толори кикбоксинг зери роҳбарии устодам Эркин Казаков ба тамрин машғулам,» - ба хотир овард қаҳрамони мо.

Ороста аз «имтиҳон» хуб гузашт. Пас аз як ҳафтаи санҷишӣ ӯ тамринашро идома дод. Падараш гумон мекард, ки ин як ҳаваси кӯдакӣ асту халос. Аммо бо мурури замон дастовардҳои беш аз пеши Ороста собит намуд, ки ӯ дар ин намуди варзиш нафари тасодуфӣ нест. Балки мехоҳад бо тамоми ҷидду ҷаҳд дар ин соҳа муваффақ бошад.


 

ЗЕРИ СОЯИ ПАДАР

Аксарияти волидон намехоҳанд духтарашон ба варзиш машғул шаваду варзишгар бошад. Ҳол он ки ҳамагон хуб медонанд, ки варзиш ягона омили саломатии инсон аст. Дар бештари маврид духтарон аз варзиш дар канор мемонанд. Аммо падари Ороста – Ҷамшед Турсунов доиман духтарашро дастгирӣ мекарду дар ҳама ҳолат паҳлуяш буд. Ороста зери сояи падар рушд мекард.

«Ба варзишгар шуданам танҳо падарам розӣ буданд. Модарам ва шодравон бибиям намехостанд, ки варзишгар шавам. Чун ман дар деҳа таваллуд ёфтаам, назари мардум низ ба варзишгар шудани духтарон дигар аст. Ҳамин қуввати дил будани падарам маро кифоя буд», - иброз дошт Ороста.


Падари Ороста барои тамрини духтараш дар хона шароити хуби варзишӣ муҳайё сохтааст. Ӯ дар вақтҳои холигӣ бештар ба тамрин машғул мешавад. Бибии Ороста варзишгар шудани набераашро намехост, аз ин рӯ қаҳрамони мо аз бибӣ пинҳонӣ ба толори машқ мерафт. Гоҳ-гоҳ модараш низ барои ба тамрин рафтани духтараш иҷозат намедод. Пас аз он ки Ороста ду маротиба (солҳои 2020-2021) дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи кикбоксинг дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи дувуму севум гардид, назари атрофиён, хоса модараш ба варзишгар шудани Ороста тағйир ёфт. Қаҳрамони мо мегӯяд, муҳим хоҳиши инсон аст, агар кас хоҳад метавонад ба ҳама орзуҳояш бирасад. Алҳол волидайни Ороста тасмим гирифтаанд, ки то худи духтарашон аз варзиш даст накашад, барояш монеъ намешаванд. Балки баҳри расидани Ороста ба қуллаҳои баланд мададгор мешаванд.

 

ВАРЗИШ ҲАМ ФАРАҲ МЕБАХШАД

Гарави саломатӣ будани варзишро Ороста кайҳо дарк кардааст. Ӯ наметавонад лаҳзае аз варзиш дар канор монад. Тамрин намудан бо либоси камино ва дар майдон баромадан барои қаҳрамони мо фараҳ мебахшад.


«Ҳар боре, ки ба варзиш машғул мешавам, худро хушбахту хушвақт эҳсос мекунам. Ғолибият дар мусобиқаҳои қаҳрамонӣ бароям қувва мебахшад. Аммо ҳар дафъае, ки пирӯзӣ насибам мегардад, гуфтаҳои падарам ба гӯшам садо медиҳанд. Он кас ҳамеша мегӯянд, ки «варзишгар бояд қудрати таҳаммули ғолибияту мағлубиятро дошта тавонад ва ҳеч гоҳ аз пирӯзии худ кибр накунад». Ман ҳамеша мехоҳам пирӯзиям нуфузу обрӯйи миллатам дар арсаи ҷаҳонӣ бошад», - гуфт қаҳрамони мо.

 

ХИДМАТ БА ВАТАН

Ороста мехоҳад сараввал ба сафи артиши миллӣ дохил шуда, хидмати Модар-Ватанро адо намояд. Барои ин волидайни ӯ ҳамеша мададгоранд. Қаҳрамони мо аллакай барои қабул шудан ба сафи артиш ариза навиштааст. Аммо бинобар мувофиқ набудани солаш ӯро ба артиш қабул накардаанд. Тавре худи Ороста мегӯяд:

«Мехоҳам сараввал хизмати Модар-Ватанро адо намоям. Барои ин ариза низ навиштам, аммо бинобар мувофиқ набудани солам ба соли оянда мавқуф гузоштанд. Агар насиб карда бошад, хидмати ватанро адо намуда, пасон таҳсиламро дар мактаби олӣ идома медиҳам».


 

ОРМОНИ ПАДАР

Ороста Турсунова дар мактаб духтараки фаъол аст. Ӯ аз ҳамаи фанҳо баҳои аъло дорад. Қаҳрамони мо айни ҳол гирандаи стипендияи раиси шаҳр аст. Ӯ тамоми муваффақиятҳояшро дар машғул шудан ба варзиш медонад.

«Тани солим ақли солим мегӯянд. Фикр мекунам маҳз ҳамин варзиш маро барои дӯст доштани ҳама фан раҳнамун сохт. Варзиш ҳаётамро рангоранг кард», - бо хушнудӣ иброз намуд Ороста.

Қаҳрамони пас аз хатми мактаб ва адои хидмат мехоҳад дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил намуда, ормони падарро амалӣ намояд.

«Аслан, падарам дар риштаи ҳуқуқшиносӣ дар донишгоҳи шаҳри Самараи Федератсияи Русия таҳсил мекардаанд. Пас аз се соли таҳсил бинобар бемор шудани амакам онро кас нигоҳубин кардаанд. Чун ҳашт моҳ аз таҳсил дар канор мондаанд, падарамро аз донишгоҳ хориҷ кардаанд. Қисса кӯтоҳ, таҳсилашон ба итмом нарасидааст. Баъдан соҳаи варзишро интихоб намудаанд. Ҳамин тавр, ҳуқуқшинос шудан дар дили падарам ормон мондааст. Ман мехоҳам ҳамон ормонро амалӣ намоям», - мегӯяд Ороста.


Ороста Турсунова дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи кикбоксинг WAKO, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сазовори медали тилло гашт. Муваффақиятҳои ӯ танҳо дар соҳаи варзиш нест, балки дар ҳар озмуну фестивали мактабиву шаҳрӣ аз пешқадамон аст. Ӯ ният дорад дар чемпионатҳои ҷаҳонӣ ба муҳориба баромада, парчами кишварро баланд бардорад. Ҷидду ҷаҳди минбаъдаи Ороста барои қаҳрамони ҷаҳон шудан аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед