Ru  | Tj
«Ҷулетта»-и тоҷик. Маълумоти аҷиб аз ҳаёти ҳунарманди шинохта -Хайрӣ Назарова
«Ҷулетта»-и тоҷик.  Маълумоти аҷиб аз ҳаёти ҳунарманди шинохта -Хайрӣ Назарова
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

«Ҷулетта»-и тоҷик. Маълумоти аҷиб аз ҳаёти ҳунарманди шинохта -Хайрӣ Назарова

Нашр шуд

Ҳунармади халқии ҶШС, Хайрӣ Назароваро дар саҳнаи тоҷик бо нақшҳои иҷрокардааш - «Ҷулетта»  ва «Дездемона» мешиносанд. Ӯ на танҳо дар зиёда аз 500 филм ба ҷойи ҳунармандон овоз додааст, балки дар як қатор вазифаҳои ҷамъиятӣ низ фаъолият намудааст. 

Halva.tj аз ҳаёту фаъолияти Хайрӣ Назарова ҷолибтарин ва хотирмонтарин лаҳзаҳоро дар театр ва синамо қисса мекунад. 

Талоше барои муаррифӣ 

Хайрӣ Назарова 2-уми июли соли 1930 (тибқи баъзе маълумотҳо соли 1929) дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ дар оилаи намунавӣ тарбият дидаву ба воя расидааст. Дар оила онҳо чор фарзанд буданд, се писару як духтар.  Чӣ тавре, ки ин ҳунарманд ёдоварӣ мекунад, кӯдакиҳои ӯ хеле мушкил ва дар шароити душвор паси сар шудааст. Соли 1934 падари Хайриро бо тӯҳмат «душмани халқ» эълон намуданд ва пас аз як сол онҳо огоҳ шуданд, ки ин ба аҳли оилаашон низ таъсир расонидаасту онҳоро низ ҷазо интизор мебошад. Аз ин рӯ, онҳо маҷбур шуданд, ки ҳамроҳи аҳли оилаашон ба шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) кӯч банданд.

Вазъи иқтисодии оилаи онҳо ташвишовар буд, аз ин рӯ, модараш шабу рӯз кор мекард, то фарзандонашро хӯронад. Худи ӯ иброз медорад, ки модараш садои хеле хуб дошт, аз ин рӯ, ӯро дар театри ин шаҳр ба кор қабул кардаанд. Пас аз ин модари Хайрӣ Назарова дуюмбора ба шавҳар баромад ва аз ин издивоҷаш боз соҳиби духтарчае шуд.  

Кӯмак ба модар ва ибтидои маҳбубият

Хайрии хурдсол ба адабиёт ва санъат таваҷҷӯҳи зиёд дошт. Пас аз тамошои филми «Таронаи ишқ» (Песня о любви) дар кинотеатри маҳаллӣ шавқи ҳунармандӣ дар дилаш бедор шуд.  

Фаъолияти ҳунармандии ӯ ҳанӯз аз синни 12-солагӣ шурӯъ шуда буду зиндагии онҳо дар ин давра то андозае беҳтар гардид. Аммо Ҷанги Бузурги Ватанӣ шурӯъ шуду падарандари Хайриро ба ҷанг бурданд ва боз масъулияти таъмини оила ва вазининии зиндагӣ бар дӯши модараш афтод. Аз ин сабаб, Хайрӣ маҷбур шуд, ки соли 1942 дар Театри халқии шаҳри Қурғонтеппа кор кунад.  

Нахустин нақши худро дар саҳна Хайрӣ Назарова дар синни 15-солагияш бозӣ намуда буд. Ӯ дар синни 15-солагӣ дар намоишномаи Шамсӣ Қиём «Талоши бахт» нақши “Раъно”-ро иҷро намуд. 

Парвози эҷод

Охирҳои солҳои 40-ум Хайрӣ оиладор шуд ва соли 1951 бо ҳамроҳии шавҳараш ба Сталинобод (ҳоло Душанбе) кӯчиданд. Дар ин ҷо коргародони театр Е.И. Мителман ӯро ба Театри академӣ-дарамавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор даъват намуд. Ӯ лаҳзаҳои аввали дар ин театр ба кор омаданашро ба хотир оварда, иброз доштааст, ки дар аввалҳо миёни коргардонҳову ҳунармандони шинохта худро роҳат ҳис мекардааст.  

Пас аз як сол Мителман намоишномаи «Ромео ва Ҷулетта»-ро аз рӯйи асари Вилям Шекспир ба саҳна гузошт. Нақши “Ҷулетта”-ро дар ин намоишнома ба Хайрӣ Назарова медиҳанд. Иҷрои ин нақш барои ҳунарманди ҷавон чандон осон набуд. Мителман шахси хеле ҷиддӣ ва сахтгир буд, аз ин рӯ, ӯ Хайриро маҷбур мекард, то ба образи Ҷулетта ворид шавад, аз сидқи дил дар ин нақш гиря кунад. Ҳунарманди ҷавон кӯшиш мекард, то аз ӯҳдаи иҷрои ин нақши бузург барояд, аз ин рӯ, ҳар рӯз ба назди ороишгари театр мерафт ва аз он ҷо зуд ба саҳна меомад. Аз як ҷониб мушкилии кор аз ҷониби дигар муноқишаи хонаводагӣ ӯро ором намегузошт. Шавҳари Хайрӣ Назарова барои офаридани ин нақш аз ҷониби ҳамсараш рашк мекард ва бо ҳар баҳона норозигии худро иброз медошт.  

23-уми феврали соли 1953 тамошобинон намоишномаи «Ромео ва Ҷулетта»-ро тамошо карданд, ки дар он нақши марказиро Хайрӣ Назарова иҷро мекард ва ҳамин гуна ин ҳанарманд 40 сол дар рӯйи саҳна ин нақшро бозӣ кардааст.  

Инчунин, Хайрӣ Назарова дар намоишномаи «Отелло» нақши Дездемонаро офарида, дар як қатор филмҳо, аз қабили «12 часов жизни», «Огонек в горах», «Высокая должность» ва ғайра нақш бозидааст. 

Вазифаҳои ҷамъиятӣ

Хайрӣ Назарова на танҳо дар рушди синамо ва театри тоҷик нақши арзандае гузоштааст, инчунин ӯ дар якчанд корҳои давлатӣ низ адои вазифа намудааст. Ӯ аз соли 1963 то соли 1967 депутати Шӯрои Олии ҶШСТ буд.  

Хайрӣ Назарова дар бораи ин лаҳзаи ҳаёташ чунин гуфтааст: «Он вақт зиндагӣ хеле мушкил буд. Дар хонае, ки зиндагӣ мекардам, қувваи барқ ва газ набуд. Инчунин, роҳ то хонаи ман хеле таъмирталаб ва вайрона буд». Ӯ кушиш намуд, ки то ба маҳаллаи зисташ қувваи барқ гузаронад, ҳамзамон корҳои таъмири роҳро ба роҳ монд.  Баъдан шаҳрвандон ин ташабускории ӯро дида, барои ҳалли дигар мушкилоти ҷамъиятӣ ба ӯ муроҷиат мекарданд.  

Солҳои охири зиндагӣ

Дар лаҳзаҳои охири ҳаёташ низ Хайрӣ Назарова ҳафтае як маротиба ба театр меомад. Дар яке аз мусоҳибаҳояш ӯ иброз доштааст, ки ҳарчанд ба нафақа баромадааст, аммо зиндагияшро бидуни театр тасаввур карда наметавонад. Замони пирӣ, як вақт ҳунарманд ба саҳна баромад ва матни намошномаи «Ромео ва Ҷулетта»-ро хонд. Тамошобинон ҳама аз ҷой бархостанд ва кафкубӣ карданд, ин лаҳза барои Хайрӣ Назарова хотирмону ҳаяҷонангез буд.  

Хайрӣ Назарова соҳиби се духтар буд, аммо ягон фарзандаш роҳи модарро интихоб накарданд. Пас аз оне, ки духтараш Майя аз дунё гузашт, худи ҳунарманд низ дар синни 90-солагӣ, 10-уми майи соли 2020 ин дунёро падруд гуфт. Аммо ӯ тавонист аз худ нақшҳои барҷаста, шогирдони зиёд ва фарзандони накӯном ба ёдгор монаду дар рушди театр ва синамои тоҷик нақши арзанда гузорад.


Тоҷикони муваффақи берун аз кишвар. Озод Сидиқов дар бораи фарҳанги тиҷорат дар Тоҷикистон ва Русия




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед