Ru  | Tj
Ҳабиба Даминзода – зане, ки амалисозии лоиҳаҳои бузургро касб пеша кардааст
Ҳабиба Даминзода – зане, ки амалисозии лоиҳаҳои бузургро касб пеша кардааст
Аксҳо: Бунафша Раҳмонова

Ҳабиба Даминзода – зане, ки амалисозии лоиҳаҳои бузургро касб пеша кардааст

Нашр шуд

Барномаҳои телевизионии «Лаззат» ва «Интеллект-шоу», чорабинии ҷоизасупории «Ҷило» ва ё фестивали тобистонаи “Душанбе” – аз ҷумлаи он чорабинию барномаҳое мебошанд, ки новобаста аз гузашти замон ҳазорон мухлисон интизори он мебошанд. Тамошобинони телевизиони “Сафина” то ҳанўз намоиши барномаи «Интеллект-шоу»-ро бесаброна интизорӣ мекашанд, ҳамзамон чорабинии ҷоизасупории «Ҷило» ва фестивали тобистонаи “Душанбе” то дараҷае мухлису шавқманд пайдо намуданд, ки бархе аз шабакаҳои телевизионии мамлакатҳои ҳамсоя маросими баргузории онро мустақиман намоиш дода буданд. Дар паси амалигардии ҳамаи ин барномаю лоиҳаҳои ҷавондухтаре ҳаст, ки бо кўшишу ғайрати хеш тавонист ба қуллаҳои баланди эҷодӣ барояд.


“Дипломат мешавам”

Зиннатбӣ Самиева аввалин духтари музофотӣ аз гўшаи зебоманзари Данғара буд, ки алорағми шуғлҳои занона факултаи санъати меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намуда, давраи таҷрибаомўзиро дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия гузаронд. Замони таҷрибаомўзӣ бо нафаре риштаи муҳаббат баст, ки аз ҳамсоякишвари Ўзбекистон буд ва ў низ дар он ҷо таҳсил мекард. Ҳар ду оила барпо намуданд ва аз нахли муҳаббаташон духтараки зебову паричеҳра ба дунё омад. Ўро ном гузоштанд Ҳабиба, то дўстдору маҳбуби ҳамагон гардад ва чунин ҳам шуд.

Ҳабиба аз ҷавонӣ духтараки кунҷкоб буду дар ҳама самт маълумот доштан мехост. Рўзе ҳангоми сайру гашт бо падар дар кўчаҳои яке аз шаҳрҳои Ўзбекистон ногаҳон чашмаш ба рақами мошине бархӯрд, ки аз ранги раќами мошинҳои дигар тафовут дошт. Вақте аз падар дар ин хусус суол кард, маълумаш шуд, ки ин гуна рақамҳо танҳо хоси мошинҳои корпуси дипломатист.

Ҳисси кунҷкобиаш боло гирифту дар бораи кӣ будани дипломат аз падар пурсон шуд. Падар бо як ҷумла шарҳ дод, ки дипломат нафарест, манфиатњои давлати худро дар хориҷи кишвар ҳимоя мекунаду дар пойдор сохтани дўстии мамлакатҳо нақши муҳим мебозад. Ҳамин ҷумла басанда буд, ки ба ин касб дил бандад.

Кунун ў худро чун дипломат пиндошта, гаштаву баргашта аз падар нозукиҳои касбро мепурсид ва худро чун ҳомии сулҳу дустӣ миёни кишварҳо тасаввур мекард. Вале як тасодуф тавонист самти фаъолияташро ба дигар сў тағйир бидиҳад.


Телевизиони “Ёшлар”

Дар синфи шашум мехонд. Рўзе муаллифони барномаи кўдакона аз телевизиони “Ёшлар”-и (“Ҷавонӣ”) Ўзбекистон барои дарёфти истеъдодњо ба мактаб омаданд. Аз миёни иштирокчиён Ҳабибаро пазируфтанд. Акнун вай барномаеро бо номи “Янги авлод” (“Насли нав”) пеш мебурд, ки дар фурсати кўтоҳ миёни хурдсолон маҳбубияти хоссаро ба даст овард.

Давоми ду соли кор дар телевизион нозукињои соњаи журналистикаро аз бар намуд. Ў на танҳо дар телевизион, балки дар чорабинињои сатҳи ҷумҳуриявӣ дошта низ суханронӣ менамуд. Ҳамин тавр, оҳиста – оҳиста ба сатҳи байналмилалӣ расид.

Соли 2003 ҳамчун хабарнигори махсус бо ҳайати баландпояи Ўзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Он сол дар шаҳри Душанбе Бозињои 5-уми Осиёи Марказӣ доир гардида буданд. Ин ташриф меҳри ўро нисбат ба Тоҷикистон – диёри модариаш бештар намуд ва Ҳабиба тасмим гирифт, ки таҳсилашро дар Душанбе идома бахшад.


- Ҳамасола таътили тобистонаро дар хонаи бибиву бобои модариамон мегузаронидем ва аз ҳавои Тоҷикистон нафас мекашидем. Рўз ба рўз мењрам ба хоку оби ин диёр меафзуд. Вақте волидонам аз хоҳиши ман огоҳ гаштанд, розӣ шуданд, ки пас аз хатми синфи 9 таҳсилро дар Душанбе идома бидиҳам, - ёд меорад Ҳабиба.

Аз журналистӣ ба продюсерӣ

Пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16 шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи забони хитоии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон супурд ва сазовори грант барои таҳсил гардид. Вале меҳри журналистӣ ўро нагузошт, то дар ин самт таҳсилашро идома бахшад ва Ҳабиба ба факултаи журналистикаи донишгоҳи мазкур рў овард.

Соли дувуми таҳсилаш дар фазои кишвар телевизиони фарҳангии “Сафина” рўи кор омаду барои дарёфти журналистон кастинг эълон карданд. Рўзе яке аз коргардонњои шинос ба Ҳабиба пешниҳод намуд, ки дар озмун ширкат варзад.

- Замони сӯҳбат директори вақти телевизиони “Сафина” Маҳмадсаид Шоҳиён аз ман чӣ ҳунар доштанамро пурсид. Гуфтам, бароям як наворбардору коргардон лозим, то маҳоратамро нишон бидиҳам. Он кас дар тааҷҷуб шуда, гуфтанд, магар бидуни муҳарриру журналист барномаро омода мекунам. Гуфтам, бале. Ҳамин тавр, барномаи “Як рўз” рўи кор омад, ки дар он қаҳрамони барнома, шаҳрванди хориҷӣ бобати зиндагиаш дар Тоҷикистон қисса мекард ва дар ин барнома ҳузури журналист зарурат надошт. Роҳбарияти телевизион барномаро мақбул донисту маро ба кор пазируфт, - мегўяд Ҳабиба Даминзода.

Аммо барои ў аз касби журналистӣ дида, продюсери лоиҳа будан бештар писанд буд ва дар ин самт замони фаъолият дар телевизиони “Ёшлар” аллакай таҷриба андўхта буд. Ва рў овард ба пешаи продюсерӣ.


“Лаззат” ва “Ҷило”

“Лаззат” аввалин барномаи телевизионие буд, ки Ҳабиба Даминзода ба ҳайси продюсер рўи кор овард. Чун ҳунари хуби ҷалб намудани рекламадиҳандагонро дошт, “Лаззат” ҳамчун барномаи сарпарастӣ ба экрани телевизион баромад ва тамошобини худро пайдо кард.

Ҳунарманди шинохта Аловуддин Абдуллоев баранда буду ситораҳои эстрада ба барнома даъват мешуданд. Ин барнома 7 сол тариқи телевизион намоиш дода шуду дар ин миёна Ҳабиба маросими ҷоизасупории барномаро низ роҳандозӣ намуд.

Дар баробари ин, аввалин ҷоизаи фахрии ҷумҳуриявии “Ҷило”-ро созмон дод. Ҷоиза ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар рушди фарҳанг ва санъати Тоҷикистон саҳм гузоштаанд, супурда мешуд. Маҳз дар чорабинии мазкур аввалин роҳрави сурх дар Тоҷикистон дида мешуд, ки ширкаткунандагон аз болои он мегузаштанд.

- Ҳадаф аз таъсиси ҷоизаи "Ҷило" муайян ва ҳавасманд кардани чеҳраҳои намоёни касбу кори гуногун барои дастовардҳо ва саҳми назаррасашон дар фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва, инчунин, журналистон буд, - иброз медорад ӯ.

Дар солҳои баъдии маросими мазкур, ки аллакай ҷоизаи байналмилалӣ гардида буд, сарояндаҳо аз кишварҳои њҳамҷавор - Фарҳоди Дарё, Сиддиқ Шабоб ва Амирҷон Сабурӣ даъват гардиданд. Рафти чорабинӣ низ мустақиман тариқи шабакаи “Тулўъ”-и Афғонистон пахш шуд.

Фестивали тобистонаи “Душанбе”

Фестивали тобистонаи “Душанбе” (Dushanbe Summer Fest) – аввалин фестивали тобистонае буд, ки бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир гардид ва амалисозии он ба зиммаи Ҳабиба Даминзода ва ширкаташ - Rooyo Production гузошта шуда буд. Маҳз бо пешниҳодҳои нави Ҳабиба фестивал тобишу ранги тоза гирифт. Дар соли аввали баргузории фестивал ғайричашмдошт беш аз 40 ҳазор мухлису муштарӣ ба тамошои фестивал омаданд. Ҳабиба ва шарикони чорабинӣ танҳо ташрифи наздик ба 5 ҳазор тамошобинро интизор буданд.

Соли дувуми фестивали тобистонаи “Душанбе” ба тарњи нав гузашт. Дар баробари ярмаркаи ҳунарҳои мардумӣ, намоишҳои театрӣ барои кӯдакон ва волидони онҳо, пешкаши ғизоҳо вобаста ба завқи тамошобинон, парвози кураҳои ҳавоӣ, ба даст овардани туњфаҳои арзишманди сарпарастон ва шарикони чорабинӣ, инчунин, ширкати ҳунарманди маъруфи форсизабон Мансур Ҷаъфарӣ тамошогаронро мафтун сохт. Падидаи аҷиб ширкати Мансур буд, ки теъдоди тамошобинонро то ба 55 ҳазор расонд.

Ширкати “Rooyo Production” на танҳо бо баргузории фестивали тобистонаи “Душанбе” машѓул аст, балки рўз аз рўз доираи фаъолияти ширкат фарохтар мегардад. “Ҳафтаи муди Аврупо дар Тоҷикистон ” ва якчанд намоишҳои дигар низ аз ҷониби “Rooyo Production” барпо гардидааст.

Ҳабиба Даминзода дар шабакаҳои телевизионии “Ҷаҳоннамо” ва “Варзиш” низ чорабиниву барномаҳои сатҳи байналмилалиро роҳандозӣ намудааст. Барномаи ҷолиби “Cycling” (“дучархаронӣ”), ки тариқи шабакаи телевизионии “Варзиш” намоиш дода мешавад, диққати велосипедронҳои ҷаҳониро низ ҷалб намудааст.

Ҳамзамон, Ҳабиба сазовори гранти «Бењтарин наќшаи тиљоратї миёни бонувони љавони Тољикистон» гардида, ғолиби номинатсияҳои “Беҳтарин нақшаи тиҷоратӣ ”-и StartUp Choykhona ва “Беҳтарин идеяи тиҷоратӣ ”-и Startup Weekend Tajikistan мебошад.

Имрўз Ҳабиба Даминзода машғули таҳияи лоиҳаҳои бузурге аст, ки ҳар кадоме дар сатҳи байналмилалӣ мақом хоҳанд ёфт. Даъвати сарояндаҳои 22 давлати дунё ба фестивали навбатии тобистонаи “Душанбе” яке аз идеяҳои нави ў дар самти байналмилалӣ гардидани ҳамоиши мазкур аст. Дар ин росто, тасмим гирифтааст, то тањсили худро дар зинаи магистратура дар хориљ аз кишвар идома бидињад ва самти бозоршиносиро пурра аз бар намояд. Баъдан, дониши андўхтаи хешро дар самти беҳтар намудани бозоршиносии кишварамон кор бурдан мехоҳад, то ин ки ин самт баробар ба сатҳи байналмилалӣ гардад.

Варзишгарбонуи тоҷике, ки ҳама рекордҳоро шикаст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед