Ru  | Tj
Ҳабибулло Абдураззоқов - ситораи тобони синамо
Ҳабибулло Абдураззоқов - ситораи тобони синамо
Акс: Интернет

Ҳабибулло Абдураззоқов - ситораи тобони синамо

Нашр шуд

Симои толибилмони мадрасаҳои аморати Бухороро вақти хондани осори устод Садриддин Айнӣ метавон пеши назар овард. Аммо намунаи зиндаи онро дар филми "Марги судхӯр" метавон дид. Бадриддин - яке аз қаҳрамонҳои филми "Марги судхӯр" аст, ки тимсоли ҷавони ростфаҳму адолатхоҳро мемонад. Аксари тамошобинони тоҷик ҳунарманд Ҳабибулло Абдураззоқовро бо нақши Бадриддин шинохтаанд.

Чанде пеш бахшида ба ёдбуди ин ҳунарманди нотакрор Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” низ маҳфиле ороста, ёди ӯро гиромӣ дошт.

Бобати нақш ва мавқеи ин ҳунарманди зиндаёд дар саҳнаи театр ва синамои тоҷик, киношинос Тиллои Некқадам мегӯяд: “Вақте сухан дар бораи нақши ҳунарманд Ҳабибулло Абдуразоқов меравад, ман қаблан қаноатмандӣ аз он мекунам, ки роҳбарияти муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” иқдоми хубе пеша карда, ёдбуди ин ҳунарманди машҳури тоҷикро таҷлил менамояд. Дар Тоҷикистон ҳунармандони кино зиёд ҳастанд, вале вақте ки мо феҳристи филмҳои иҷрокардаи ин ҳунармандонро аз назар мегузаронем, аз ҳама зиёд се ҳунарманди тоҷик, ки чӣ дар филмҳои ватанӣ ва чӣ дар хориҷӣ нақш бозидаанд: Ҳабибулло Абдураззоқов, Гурминҷ Завқибеков ва Ато Муҳаммадҷонов намудор мегарданд”.

Бояд гуфт, ки аввалин нақше, ки Ҳабибулло Абдураззоқов ҳунар ва маҳорати худро дар он нишон додааст, ин филми кӯтоҳи “Сабина” аз таҳиягари ҷавон - Маргарита Қосимова мебошад.

Корномаи синамоии Ҳабибулло Абдураззоқов рангин ва ҷолиб аст. Ӯ дар филмҳои ҳунарии “Оромӣ намешавад”, “Замони осудагӣ”, “Марги судхӯр”, “Хиёнат”, “Духтари сеюм”, “Чор нафар аз чорсанг”, “Достони Сиёвуш”, “Муҳосира” ва дигар филмҳои диданӣ нақш офаридааст. Ҳамзамон, бо ҳунару маҳорати баланди нақшофарӣ низ тавонистааст, ки ба филмҳои хориҷӣ роҳ ёфта, дар филмҳои ҳунарии киностудияи “Узбекфилм” ва “Эрон” ҳунарнамоӣ кунад.

Ҳабибулло Абдураззоқов барои хизматҳои шоён ва саҳми беназир гузоштан дар соҳаи театру кино бо унвонҳои Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Узви Иттифоқи синамогарони ИҶШС ва бо нишонҳои “Дӯстии халқҳо”, Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, медали “Барои меҳнати шоён” медали Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ сарфароз гардидааст.

Фаъолияти ин ҳунарманди нотакрор дар саҳнаҳои театру синамо барҷаста мебошад. Ҳабибулло Абдураззоқов тавонистааст, ки бо ҳунари волои нақшофарӣ шуҳрату маҳбубияти хосаеро касб намоянд. Ӯ бо офаридани образҳои ҷолибу устувор дар дили тамошобини тоҷик нақши хотирмону дилписанд ва абадӣ гузоштааст.

Номбурда аз солҳои 60-уми асри гузашта ба фаъолияти касбӣ шуруъ намудааст. Мавсуф дар солҳои 1987-1990 дар вазифаи Раиси Иттифоқи ходимони театрӣ фаъолияти густурда намуда, дар таъсиси театри “Падида” ва роҳандозии озмуни ҷумҳуриявии театрии “Парасту” саҳми бештаре дорад. Агарчӣ ин ҳунарманди мумтоз ва соҳибистеъдод дар бештари филмҳо ҳунар офаридааст, вале бинанда ӯро бештар бо нақши Асад - махсум аз филми “Хиёнат”, Бадриддин аз филми “Марги судхӯр” ва Ҷӯра-шикорчӣ аз “Минархар” мешиносанд.

Зиндагии ибратомӯзи ҳунарманди шинохта барои насли ҷавони тоҷик намуна аст. Нақшҳои ҷовидонаи ӯ дар зиндагӣ ба тамошобини наслҳои гуногун роҳу равиши ҳаётро меомӯзонад. Ёди ин ҳунарманди нотакрор ва боистеъдод гиромӣ бод!


Муқимҷон Абдуфаттоев: Модарам низ дар маҳфилҳои маҳалла занононро механдонданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед