Ru  | Tj
Афзалшоҳ Сафарзода. Тоҷикписаре, ки ғолиби якчанд озмунҳои мусиқии ҷаҳонӣ гардидааст
Афзалшоҳ Сафарзода. Тоҷикписаре, ки ғолиби якчанд озмунҳои мусиқии ҷаҳонӣ гардидааст
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Афзалшоҳ Сафарзода. Тоҷикписаре, ки ғолиби якчанд озмунҳои мусиқии ҷаҳонӣ гардидааст

Нашр шуд

Афзалшоҳ Сафарзод ғолиби озмунҳои "Во весь голос", "International festival of languages", "Орӯи тиллоӣ", озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" ва чандин озмунҳои мусиқии дигар дар арсаи байналмилалӣ аст. Ӯ аз хурдӣ бо роҳнамоии падар роҳи санъатро интихоб кардаву тӯли 11 сол дар мактаб-интернати махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев таҳсил намудааст.

Афзалшоҳ Сафарзод 22-уми ноябри соли 2000 дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. Ӯро соли 2007 падараш - Сафармуҳаммад Назаров ба мактаб-интернати махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев додааст.

"То синфи чор маро падарам ба дарс мебурд. Аз синфи чорумиям сар карда, худам рафтуомадро омӯхтам.

Фикт мекунам меҳри санъат буд, ки ба ман нерӯ мебахшид, ки хастагиро эҳсос накарда, бо шавқу завқ аз пайи дарсҳоям мешудам", - мегӯяд, Афзалшоҳ.

Озмуни Белорусия – роҳе ба сӯйи ояндаи дурахшон

Қаҳрамони мо ҳангоми таҳсил дар мактаб-интернати махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев ба дастовардҳои зиёде ноил гардидааст. Дар синни 10 солагӣ барои иштирок дар озмуни "Орӯи тиллоӣ" ба давлати Белорисия сафар кардаву бо таронаи "Тоҷикистон" миёни сарояндагони навраси 20 давлати дунё сазовори ҷойи аввал гаштааст.

"Аввалин бор барои иштирок дар озмуни сарояндагӣ ба кишвари Белорусия сафар кардам. Дар натиҷа миёни сарояндагони навраси дунё сазовори ҷойи аввал гаштам. Ин барои ман бисёр як дастоварди бузург буд. Бовар кунед, сарам ба осмон расид. Ман ба худам эътимод пайдо кардам ва фаҳмидам, ки ин қадар заҳматҳои падарам барои сароянда шуданам беҳуда нарафтааст. Фикр мекунам, ин озмун дар омӯзиш ва фаъолияти минбаъдаи ман нақши бузург бозид ва роҳи маро ба сӯи саҳнаҳои бузург кушод",- ёд меорад ҳамсӯҳбати мо.

Афзалшоҳ аз ғолибият дар ин озмун илҳоми дучанд гирифт ва барои иштирок дар озмунҳои дигар омодагии ҷиддӣ медид. Ҳамин буд, ки соли 2015 дар "International festival of languages", ки дар кишвари Туркия баргузор гардида буд, иштирок намуда, миёни иштирокчиёни 180 давлати дунё сазовор ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Баъдан дар яке аз озмунҳои сарояндагӣ дар давлати Руминия сазовори ҷойи дуюм гашт. Ӯ ба ҳар кишваре, ки барои иштирок дар озмунҳо сафар мекард, ҳатман дар ҳамон ҷо ба дигар озмунҳо ва кишварҳои дигар даъват мешуд ва ҳамин гуна, ба чандин кишварҳо сафар кардаву аз устодону ҳунармандони санъати ҷаҳон омӯхт.

«Дар ҳар озмуне иштирок мекардам, он ҷо маро ба озмуни дигар даъват мекарданд. Баъд аз ғолибият дар озмунҳои Белорусия ва Руминия маро ба мамлакатҳои Олмон, Белгия, Австралия, Африқо, Филиппин ва Амрико даъват карданд, ки дар ин озмунҳо ва барномаҳои консертии ин кишварҳо сурудхонӣ намудам», - афзуд, қаҳрамони мо.

"Во весь голос" ӯро ба мардуми тоҷик муаррифӣ кард

Баъди бозгашт аз сафари Амрико Афзалшоҳ бо Зафар Абдуалимов ошно мешавад. Зафар Абдуалимов садои Афзалшоҳро писандида, ӯро барои иштирок дар озмуни "Во весь голос" интихоб мекунад. Барои иштирок дар ин озмун Афзалшоҳро мебоист, ки бо забони русӣ суруд сарояд. Ҳарчанд ӯ боре бо ин забон суруд насароида бошад ҳам, бо кӯшишу ғайрати чандмоҳа аз ӯҳдаи сурудани таронаи русӣ ба хубӣ мебарояд. Дар натиҷа Афзалшоҳ дар ин озмун ҷоизаи "Беҳтарин сарояндаи мард"-ро дар соли 2018 соҳиб гашта, парчами кишвари азизамон Тоҷикистонро миёни дигар давлатҳо баланд мебадорад.

"Бо талошҳои зиёд ва кӯмаки Зафар Абдуалимов тӯли се моҳ барои сароидани таронаи русӣ омода шудам. Озмун дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор мешуд. Ҳангоми интихоби суруд ба ман таронаи "Немного жаль"-и Филипп Киркоров хело писанд омад ва ман ин таронаро дар озмун бо сабки худ сурудам. Инчунин, бо пешниҳоди Зафар Абдуалимов мо иштирокчиёни озмун аз Тоҷикистон суруди қадимаи "Сабзак лаби ҷӯй"-ро гурӯҳӣ сароидем, ки ин таронаро хориҷиён хеле хуб пазируфтанд.

То иштирок дар озмуни "Во весь голос" мардуми тоҷик маро на он қадар хуб мешинохтанд. Фикр мекунам ин озмун маро миёни мардум шиносонд",-таъкид намуд, Афзалшоҳ.

Мулоқот ва сӯҳбат бо Пешвои миллат

Афзалшоҳ аз хурдӣ то ба ҳозир дар баробари иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ инчунин дар чандин чорабиниҳои дохили кишвар низ иштирок намудаву бо садои дилнавози хеш дили ҳамагонро болида гардонидааст. Ӯ ҷашни 3000 солагии Ҳисор, ки бо иштироки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд ҳаргиз аз хотир намебарорад. Зеро дар ин ҷашн ӯ бо маҳорати баланд суруд сароиду ифтихори вохӯрӣ бо Пешвои миллатро ба даст овард.

"Баъд аз анҷоми ҷашни 3000 солагии Ҳисор Пешвои миллат ба назди мо омаданд ва бо ман аз наздик сӯҳбат карданд. Баъд аз аҳволпурсӣ он кас аз ман пурсиданд, ки туро аз шаҳри Душанбе оварданд? Ман ҷавоб додам, ки зодаи шаҳри Ҳисор ҳастам ва дар Душанбе дар мактаби мусиқӣ таҳсил мекунам. Баъдан Пешвои миллат ба шахсони дахлдор супориш доданд, ки ин маро дастгирӣ кунанд. Ин вохӯрӣ барои ман ифтихори бузург буду ҳаст",- бо завқ ба ёд меорад Афзалшоҳ.

Инчунин Афзалшоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман», ки бо ташаббус ва сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор карда мешавад, иштирок намудаву сазовори ҷойи аввал гардидааст.

Аввалин устоди Афзалшоҳ

Афзалшоҳ падари бузургворашро аввалин устоди хеш дар ҷодаи санъат медонад. Чун маҳз бо хоҳиш ва дастгирии падар ӯ роҳи санъатро интихоб кардааст. Падари Афзалшоҳ Сафармуҳаммад Назаров санъаткор ва бародараш Бахтовари Сафарзод оҳангсоз мебошанд. Бо дастгирии падар ва бародараш Афзалшоҳ ба наздикӣ намоҳанги таронаи тозаэҷоди худ «Модар»- ро пешкаши ҳаводорони худ гардонд.

Ҳол Афзалшоҳ дар курси чоруми Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов таҳсил мекунад. Ба назари ӯ ҳар нафаре, ки ҳатто ҳарфе ба инсон омӯзонад, ба ӯ ҳаққи устодӣ дорад. Аз ҳамин сабаб Афзалшоҳ аз падар, бародар, тамоми устодонаш ва хусусан Зафар Абдуалимов доимо миннатдор аст.

Забондонӣ муҳимтарин асли ҳунармандист

Баъд аз сароидани суруди "Немного жаль" дар озмуни "Во весь голос" Афзалшоҳ пеши худ мақсад мегузорад, ки бояд барои бо дигар забонҳо суруд хондан бештар кӯшиш кунад, то ки дар озмунҳои минбаъда душворӣ накашад. Ӯ дар асл сурудани таронаҳои туркиро хеле дӯст медорад ва дар ҳоли ҳозир ғайр аз забонҳои тоҷикӣ ва туркӣ, аз ӯҳдаи сароидани таронаҳо бо забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ, озарбойҷонӣ, украинӣ ва ҳиндӣ мебарояд.

"Баъди аз ҷиҳати забондонӣ душворӣ кашиданам дар озмуни "Во весь голос" ба худ гуфтам, ки агар ҳунарманд шуданӣ бошам, бояд бо дигар забонҳо низ суруд сароям. Чунки ҳунарманди асил аз ӯҳдаи сурудани тарона бо ҳама забонҳо ва жанрҳо бояд барояд. Айни ҳол озодона бо забони русӣ сӯҳбат карда метавонам. Ба наздикӣ таронаи ҷадидам, ки бо забони русӣ сурудаам, пешкаши мухлисон гардонида мешавад. Инчунин айни ҳол ба омӯзиши забони чинӣ машғул ҳастам ва нақша дорам, ки дар оянда бо забони чинӣ низ сувруд сароям ва ба Ҷумҳурии мардумии Чин сафар кунам»,- гуфт, қаҳрамони мо.

Афзалшоҳ Сафарзода бо ин ҳама дастовардҳое, ки дар ҷавонӣ ба даст овардааст, аз худ заррае қаноатманд нест ва дар оянда мехоҳад дар чандин озмунҳои дигар иштирок карда, парчами Тоҷикистони азизро парафшон созад.

"Дар оянда нақшаҳои зиёд дорам. Агар пандемияи Ковид-19 сабаб намешуд ба давлати Австралия ва Русия сафари ҳунарӣ мекардам. Аз сабаби ин беморӣ натавонистам дар чандин озмунҳо, ки дар хориҷи кишвар баргузор мегашт, иштирок намоям. Умед дорем, ҳарчи зудтар ин мушкилиҳо бартараф шуда ва мо аз пайи дастовардҳои нав мешавем", - бо умед иброз дошт Афзалшоҳ.

Имрӯзҳо Афзалшоҳ дар пайи ҷустуҷӯ буда, мехоҳад, ки аз ин рӯзҳо истифодаи ҳамаҷониба бурда, санъату ҳунари худро сайқал диҳад.




Беҳтарин имконият барои наврасон: Чӣ гуна метавон аъзои “NavrasФОРУМ” шуд?

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед