Ru  | Tj
Амир Ёдгор: “Мехоҳам, санъату фарҳангу ҳунари касбии тоҷикиро ҷаҳонӣ кунам”
Амир Ёдгор: “Мехоҳам, санъату фарҳангу ҳунари касбии тоҷикиро ҷаҳонӣ кунам”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Амир Ёдгор: “Мехоҳам, санъату фарҳангу ҳунари касбии тоҷикиро ҷаҳонӣ кунам”

Нашр шуд

Амирҷон Рӯзиев (Амир Ёдгор) 23 – юми июни соли 1994 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш собиқ корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва модараш омӯзгор мебошанд. Амирҷон соли 2014 баъди сурудани опера бо номи “Ватан” дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, ки ба муносибати ташрифи Президент Эмомалӣ Раҳмон ташкил шуда буд, шуҳрату ном ёфт ва бо даъвати Президент ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе омад. Мо бобати зиндагӣ ва фаъолияту эҷодиёти ин ҷавони муваффақ бо ӯ суҳбате оростем ва ҳоло манзури шумо – хонандагони азиз мегардонем.

“Кори саҳро маро сурудан омӯхт”

Амирҷон, заминаи асосии касби овозхонӣ ихтиёр карданатон чист?

Дар Ашт, дар хонаи падарӣ магнитофони калон доштам, ки онро “музыкальный центр” мегуфтем. Пас аз дарсҳои мактаб дар кишту кору корҳои хоҷагӣ меҳнат мекардам ва албатта кори ман бе мусиқӣ намешуд. Баъдан дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷашну идҳои мактаб ҳам чанд суруди азёдкардаамро месароидам. Синфи нӯҳ ё даҳ будам, ки устоди давраи мактабиам Зоҳиршоҳ Бойбобоев, ки ҳам дар тарбия ва ҳам дар рушди касби ман саҳми бузург доранд, маро ҳамроҳи худ ба тӯю маъракаҳои деҳа мебурданд. Он замон барои ман як ҷаҳони дигаре кушода шуд. Вақте мардум як кӯдакро хуш қабул мекунанд, вақте таъриф мекунанд, раҳмат мегӯянд, тамоман як ҳиссиёти дигареро эҳсос мекунӣ, ки туро рӯҳбаланд мекунад. Фикр мекунам ҳамин кӯшиши устодам оғози завқу шавқу рағбати беандозаи ман ба санъати касбии овозхонӣ буд. Имрӯз ман фахр мекунам, ки қариб дар тамоми барномаҳои консертии ноҳия низ иштирок мекунам.


“Қарзи волидону халқу Ватанро адо мекунам”

Фикр мекунам, волидони Шумо аз муваффақиятҳои шумо ниҳоят сарбаланданд.

Мо дар оила се писар ҳастем ва ман фарзанди калониам. Чуноне ки ман аз ҳар дастовардам хурсандӣ мекунам, волидонам даҳчанди ман шодӣ мекунанд. Барои он ки ҳеҷ кас намедонад тақдири ояндаи худаш ё фарзандаш чӣ мешавад. Худо накунад, масалан агар як ҷавон дузд ё ғоратгар шавад, падару модараш ҷуз ғаму ғусса ва лаънат чизи дигаре намебинаду намешунавад. Худоро шукр, ки ман роҳи дурустро интихоб кардам, волидонам маро дуруст тарбия карданд. Ҳар касе, ки падару модари маро мешиносад, доим ба эшон ташаккур мегӯяд, ки фарзанди шумо фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ карда истодааст ва ин барояшон давлати бузургест. Мо дигар аз паси хизмати халқу Ватан ва модару падарем. Ватан, ки ба мо чунин шароит муҳайё кард, бояд қарзи фарзандии худро иҷро кунем.


“Мехостам ҳуқуқшинос шавам, вале бароям гарон буд”

Амирҷон, медонем, ки дипломи ҳуқуқшиносӣ ҳам доред. Чӣ Шуморо водор намуд, ки ба ин соҳа низ таваҷҷӯҳ кардед?

Аз кӯдакӣ ҳам ба фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам ба санъату сарояндагӣ шавқу майл доштам. Чун падарам дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекарданд, касби падарӣ маро ҳамеша ба худ ҷазб мекард. Ба санъат бошад, чӣ хеле дар боло гуфтам, табиатан бо гузашти вақт меҳр пайдо кардам. Баъди хатми мактаб аввал хостам дар факултети ҳуқуқшиносӣ идомаи таҳсил кунам, вале он вақтҳо барои он ҷо таҳсил карданам шароит имкон намедод. Барои ҳамин сарояндагиро интихоб кардаму ба факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шудам ва дар он ҷо як сол таҳсил кардам. Дар давоми таҳсил бо яке аз раҳнамоёни аввалинам Саидқул Ёқубов, ки мудири бахши фарҳанги Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) ҳастанд, шиносоӣ пайдо кардам. Он кас овози маро гӯш карданд, маслиҳатҳо доданд ва ба ҳамкорӣ даъват карданд. Ҳамин тавр, дар чорабиниҳои фарҳангии ДДҲБСТ низ пайваста иштирок мекардам. Рӯзе маро ректори ин донишгоҳ ба наздашон даъват карданд. Он кас фикр мекардаанд, ки ман дар ҳамин ҷо таҳсил мекунам. Дар рафти сӯҳбат гуфтам, ки донишҷӯи факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳастам. Ба ман пешниҳод карданд, ки таҳсилро дар ДДҲБСТ идома диҳам. Гуфтанд, ки дастгирӣ мекунанд ва ман дар ҳама чорабиниҳои донишгоҳ ва берун аз он иштирок мекунам.

Пешниҳоди ректорро фикр карда баромадам. Чун бароям шартномаи факултети ҳуқуқшиносӣ каме гаронӣ мекард, бо падар маслиҳат карда, аввал ба факултети сиёсатшиносии ин донишгоҳ гузаштам. Ҳамин тавр, таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идома додам.


Иштирок дар озмуни вилоятӣ, ҳунарнамоӣ дар назди Президент ва кушодашавии роҳи нав ба сӯйи орзуҳо

Аҷиб, тарки факултети санъат карда, ба факултети сиёсатшиносӣ гузаштед, вале чӣ тавр дар назди Президент ҳунарнамоӣ кардан ва соҳиби дипломи ҳуқуқшиносиву санъаткорӣ насибатон гашт?

Аз таҳсил дар факултети сиёсатшиносӣ ду – се моҳ гузашта буд, ки устодам Саидқул Ёқубов маро наздашон хонда гуфтанд, ки дар озмуни вилоятии истеъдодҳои ҷавон бояд иштирок кунам. Аз ин пешниҳод дар ҳаяҷон афтодам ва гуфтам, ки ҳанӯз ба ин сатҳ омода нестам. Устод маро сарзаниш карданд, ки муҳим иштирок кунам ва худро бисанҷам.

Озмун бисёр талаботи сахт дошт ва дар он ҷо шарти асосӣ бо овози зинда сароидан буд. Хушбахтона, даври аввал ва дуюми озмунро гузаштам ва дар даври охирин бояд сабти телевизионӣ мекарданд. Ин дар охирҳои соли 2013 буд. Вақте дар оинаи нилгун сабти озмунро нишон медиҳанд, раиси вақти вилояти Суғд баромади маро дида, меписанданд. Ҳамон рӯзҳо сафари кории Президент ба вилоят дар нақша будааст. Раис супориш медиҳанд, ки маро даъват карда, суҳбат кунанд ва ба рӯйхати сарояндагони барномаи консертӣ, ки зимни сафари Президенти кишвар дар Қасри Арбоб баргузор мешуд, дохил кунанд.

Ҳамин тавр, дар он ҷо бо овози зинда баромад кардам. Дар ҳар як барномаи консертӣ рӯйхати баромадкунандагонро ба назди Президент мегузоранд ва овози ман ба он кас писанд шуду баъди ин чорабинӣ маро ба зиёфат даъват карданд. Дар он ҷо низ чанд суруд сароидам. Президент ба ман пешниҳод карданд, ки ба Душанбе омада, дар Консерваторияи миллӣ таҳсил ва дар ансамбли “Дарё” – и Кумитаи телевизион ва радио фаъолиятро оғоз намоям.

Аз ин пешниҳод хурсандии ман ҳадду канор надошт. Ҳамон сол аз ихтисоси сиёсатшиносӣ ба ҳуқуқшиносӣ гузаштам ва мувофиқи пешниҳод ва дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Консерваторияи миллӣ дохил шудам. Айни ҳол ҳам дар оркестри симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар ансамбли “Дарё” кор мекунам, инчунин дар чанд оркестри мақомотҳои дигар шартномавӣ фаъолиятамро пеш мебарам.


“Мехоҳам сурудҳое офарам, ки омехтаи жанри опера ва жанрҳои мусиқии миллии тоҷикӣ бошанд”

Амирҷон, бисёр устодони санъати операи тоҷик дар бораатон гуфтаанд, ки овозатон табиатан барои опера аст. Вале чанд суруди дилнишини Шуморо шунидем, ки дар жанрҳои халқӣ ва эстрада сароидаед. Оё ин оғози гузаштан ба усули нав аст ё мехоҳед, ки дар дигар жанрҳо ҳам муваффақ шавед?

Аз таърих медонем, ки операро махсус аристакратҳо, табақаи зиёӣ ва элитаҳо гӯш мекарданд. Аз ҳамин хулоса кардан мумкин, ки ин жанр ниҳоят сернуфуз аст. Опера дар ҷаҳон ҳамчун мушкилтарин жанр эътироф шудааст. Барои иҷрои он на танҳо овози боқувват, инчунин дарку истеъдоди сароидан низ лозим аст. На ҳар кас овозашро дуруст истифода бурда метавонад. Заҳмату кӯшиш ва меҳнати зиёдро талаб мекунад. Баъзе қоидаву қонунҳое дорад, ки дар дигар жанрҳо нестанд. Овоз ҳам бояд табиӣ, худодод бошад.

Ба фикри шахсии ман вақте овози ҳунарманд барои сароидани опера табиӣ бошад, иҷрои дигар жанрҳои мусиқӣ барояш мушкил намешавад. Барои он ки операсаро овози боқувват, калонҳаҷм (яъне диапазони овозаш калон аст) дорад ва барои вай муҳим истеъдоди сароида тавонистан аст. Албатта, дигар жанрҳо низ нозукиҳо доранд, вале овозро агар истифода карда тавонад, операсаро дар ҳама жанр метавонад муваффақ бошад. Масалан, устод Аҳмад Бобоқулов, операсарои машҳури тоҷик дар вақташ Тоҷикистонро дар тамоми кишварҳои ИҶШС ва берун аз он муаррифӣ мекарданд. Ба истеъдодашон қоил шуда буданд. Дар баробари устод операсароёни тоҷик зиёд буданд, вале бурди устод Аҳмад Бобоқулов дар он буд, ки он кас ғайр аз опера дар жанри “Шашмақом” ва сурудҳои халқӣ ҳам месароиданд. Устод лаҳну нолаи жанрҳои миллии худамонро бо опера синтез мекарданд ва сурудҳои фораму дилнишин тавлид мешуд. Ҳоло ман ҳам барои дар дигар жанрҳо сароидан кӯшиш карда истодаам ва аз таҷрибаи устод Аҳмад Бобоқулов истифода карда, мехоҳам ҳамин гуна синтез кунам, то сурудҳоям ба дилҳои мардум наздиктар садо диҳад. Чанд моҳи охир дар жанри халқӣ ва эстрада худамро санҷидам ва ҳоло кӯшиш карда истодаам дар жанри фалак низ сароям.

“Овозхони опера ва оркестр бояд бо ҳам ҳамоҳанг бошанд”

Оё бароятон зинда сароидан мушкил нест, чун дар баробари Шумо як оркестри бузург менавозад? Чӣ гуна овозатонро бо оркестр мувофиқ мекунед?

Ҳунармандони машҳури ҷаҳонӣ ва операсароёни номӣ ҳам таъкид кардаанд, ки агар вақти сароидан хастагиро эҳсос кардӣ, бидон, ки ту хато сароида истодаӣ. Вақте ба саҳнаи опера мебароед, барои як сароянда аз 70 – 80 то 120 нафар оркестр менавозад. Албатта, овози сароянда бояд бо қувваи худ садои оркестрро пахш карда тавониста, то охирон тамошобин рафта расад. Дар ҳамин ҳолат диапазони овози сароянда нақши калон мебозад. Лекин боз як чизи дигар ҳаст, ки оркестр ва сароянда бояд дар ҳамкорӣ амал намоянд. Яъне, вақте ҷойи сароидан омад, оркестр садояшро каме паст мекунад ва мусиқӣ аз таги диапазони овози сароянда садо медиҳад. Касбияти овозхону оркестр дар ҳамин ҳолат маълум мешавад. Агар гармония байни сарояндаву оркестр гум шавад, опера нофорам мешавад. Барои ҳамин ҳамоҳангии онҳо муҳим аст.


“Овозхон бояд ҳамеша овозашро эҳтиёт ва дар ҳолати омодабош қарор диҳад”

Барои ҷаззобу пурқувваттар шудани овоз чӣ корҳоро анҷом медиҳед?

Мегӯянд, ки овозро эҳтиёт кардан ду роҳ дорад. Садопардаҳо, ки бисёр нозук ҳастанд, ё онҳоро аз ҳар гуна таъсири бад сахт эҳтиёт мекунед ё оҳиста – оҳиста одат мекунонед. Лекин ин маънои онро надорад, ки одат кунонидан гуфта, пайваста чизҳои хунук хӯрем ва гулӯро шамол хӯронем. Ба сароянда аз ҳад зиёд хунук ҳам мумкин несту аз ҳад зиёд гарм ҳам. Аз ҷиҳати дигар парвариши овоз аз машқи овоз вобаста аст. Агар овозхон хоҳад, ки овозаш такмил ёбаду касбияташ рушд кунад, бояд ҳар рӯз на кам аз ду соат аз рӯйи қоидаҳояш машқи овоз кунад, суруд сарояд. Вақте пайваста машқ мекунед, хатоҳои худро дарк карда, ислоҳ мекунед. Агар ду – се рӯз машқ накунед, садопардаҳо маҳкам мешаванд ва авҷи сурудро гирифта наметавонед. Сароянда бояд ҳамеша омода бошад, ки эҳтимоли ҳар рӯз ба ягон ҷамъомад ё барномае даъват шуданаш ҳаст. Яроқи сароянда овозаш аст ва он бояд ҳамеша омода бошад.


“Операсароёни номии имрӯзаи тоҷик устодони мананд ва аз операсароёни ҷаҳонӣ низ таҷриба меомӯзам”

Кадом овозхонҳои операи тоҷик ва ҷаҳонӣ барои Шумо намунаи ибратанд ва ба ҳунари киҳо пайравӣ мекунед?

Аз операсароёни тоҷик аз Аҳмад Бобоқулов сар карда, то устоде, ки бароям панҷ сол дарс доданд – профессор, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бурҳон Мамадқулов, устоди азизи ман, ки дар синни ҳаштодсолагияшон низ дар саҳна ҳастанд, Адҳам Холиқов, устод Содиқ Нуруллоев, Сайфулло Юсупов, Рустам Дулоев ва боз чандин нафари дигар, ки шогирдонро тарбия мекунанд ва худашон низ дар саҳна ҳастанд.

Аз операсароёни ҷаҳонӣ бошад, ман аз чандин нафарашон то андозае таҷриба меомӯзам, чунки пайваста тариқи шабакаҳои интернетӣ онҳоро гӯш мекунам. Инҳо аз Лучано Паваротти сар карда, то Франко Корелли, Андрей Бочелли, Дмитрий Хворостровский, Муслим Магомаев ва дигарон ҳастанд, ки бисёр касбияти баланд доранд ва операро ба ҷаҳон муаррифӣ карданд. Махсусан, Лучано Паваротти ва Муслим Магомаев, ки дар замони худ шӯҳрати ҷаҳонӣ доштанд ё Андрей Бочелли, ки чашмони нобино, вале овози бисёр пурқувват дошт. Ҳамаи ин шахсиятҳое, ки ном бурдам онҳое ҳастанд, ки дар рушди ҷаҳонии опера нақши бузургтаринро бозидаанд.

“Матну оҳанги сурудаҳоям тараннуми Ватан мекунанд”

Мо эҷодиёти Шуморо пайгирӣ карда, аз ҳар оҳангу ҳар калимаи матни сурудҳоятон эҳсоси муҳаббати Ватан кардем. Киҳо ба Шумо чунин оҳангҳо меофаранд ва бештар аз ашъори кадом шоирон месароед?

Ман бо аксари оҳангсозони машҳури тоҷик ҳамкорӣ дорам. Махсусан, Фарҳод Зикиров, Шералӣ Қосим, Фирӯз Раҷабзод, Сангалӣ Ҳомидовро бояд ин ҷо ном барам, ки барои сурудҳои ман оҳангҳои ҷаззоб офаридаанд. Дар оғози фаъолиятам ба ман шодравон Шуҳрат Ашӯров оҳанг эҷод мекарданд. Шеърҳоро бештар аз ашъори устод Низом Қосим, Ниҳонӣ, Рустами Ваҳҳоб интихоб мекунам. Аз шоирони гузашта бошад, шеърҳои устод Лоиқ Шералӣ,

Боқӣ Раҳимзода ва Ҳофизро сароидаам. Умуман, матни шеърҳое, ки месароям, асосан ба мавзӯи ватандӯстӣ, худшиносӣ, инсондӯстӣ, сулҳпарварӣ ва таъриху тамаддуни бойи миллати тоҷик бахшида шудаанд.


“Ҳамеша аз пайи эҷодам”

Имрӯзҳо бо чӣ кор машғулед ва нақшаҳои ояндаатон чӣ аст?

Овозхон набояд як – ду ҳафта пеш аз ягон ҷашну чорабинӣ ба он тайёрӣ бинад. Мо ҳамин хел нақша дорем, ки баъди анҷоми як ҷамъомад ё барномаи консертӣ зуд барои ҷашнҳо ё барномаҳои оянда омода мешавем. Хоҳ то он рӯз як моҳ, хоҳ се моҳ вақт дошта бошем. Ҳозир мо ба сабтҳои телевизионии барномаҳои солинавӣ тайёрӣ дида истодаем. Ҳатто барои Рӯзи Артиши миллӣ ҳам аз ҳозир машқ карда истодаем. Мо сурудҳои нав ҳам офарида истодаем, ки дар ин ҷашнҳо пешкаши ҳамагон мегардонем.

“Дар Душанбе дӯсте ёфтам, ки чун бародари хунӣ аст”

Кору зиндагӣ дар пойтахт чӣ навгониҳо ба ҳаётатон ворид кард? Аз шиносоиҳои нав рафиқе пайдо кардед?

Дар Душанбе ягон хешованди наздик надорам. Лекин устодону ёру дӯстони зиёде дорам, ки аз ҳар гӯшаву канори диёрамон ҳастанд ва ман бо онҳо эҳсоси дурӣ аз аҳли оила намекунам. Як нафари дигаре ҳаст, ки дар ин ҷо бароям бародар, падар, модар ва рафиқу ҳамдами беҳамто гаштааст. Фарзанди шодравон устоди санъати эстрадаи тоҷик Кароматуллои Қурбон – Муҳаммадрофеи Кароматулло имрӯз бо ман ҳамчун бародари хунӣ аст. Ӯ ҳамеша маслиҳатгар ва дастгири ман аст. Ҷавобан ман ҳам ӯро ҳамчун бародари бузург эҳтиром мекунам ва ҳамеша дар паҳлӯяш ҳастам. Чӣ хеле бузургон мегӯянд, “бо касе дӯстӣ кун, ки аз ту дида донотар бошад” ва як муаллими мактабиям мегуфтанд, ки “равед, шахсони бузурга касбу ҳунараша дуздед, на ин ки молу мулкаша”. Барои ҳамин хурсанд ҳастам, ки бо ин гуна шахсиятҳо дӯстиву рафоқат дорам. Кӯшиш мекунам, ки аз онҳо донишу таҷриба ва хислатҳои некашонро ба худ гираму ба сатҳи касбияти онҳо бирасам.

“Хиёнат, дурӯғгӯйӣ ва бекориро бад мебинам”

Қалби санъаткор нозук аст ва се чизе, ки тамоман писанди табъи Шумо нест, чист?

Пеш аз ҳама хиёнату хиёнаткорро бад мебинам. Ҳама чизро бахшидан мумкин, ба ҷуз хиёнат. Хоҳ хиёнати дӯст бошад, хоҳ хиёнати ёр бошад, умуман хиёнат нобахшиданист.

Дуюм, дурӯғгӯйиро дӯст намедорам. Дурӯғ, фиреб, ҳилла хоҳӣ нахоҳӣ як рӯз рӯйи об мебарояд.

Сеюм, бекориро он қадар дӯст намедорам. Баъзан ҳолатҳо рӯзи якшанберо интизор мешавам, ки каме дам гирам, вале ҳамон рӯз шавад, боз дилам танг мешавад ва аз пайи ягон коре мешавам.

“Ҷаҳонӣ шудани фарҳангу санъати тоҷик, саломатии волидон ва тинҷиву ободии ҳамешагии Ватан – се орзуи бузургтарини ман аст”

Се орзуи бузурге, ки дар дил мепарваред?

Мехоҳам, ки ҳамин санъату фарҳангу ҳунари касбии тоҷикиро ҷаҳонӣ кунам. Барои ҷавонони ҳаммиллату ҳамватанам намуна бошам. Дигар ҳамсолонамон ва ё додару хоҳарони мо ҳам дар пайи ободии Ватан саҳмгузор бошанд.

Дуюм, мехоҳам, ки падару модарон то мо ҳастем, дар барамон сиҳату саломат, соябону тоҷи сар ва ҳамеша дуогӯ бошанд.

Сеюм, дар кишвари мо ҳамеша сулҳу оромӣ бошад. Миллати мо, тамоми мардуми кишвари мо дар фазои ҳамдигарфаҳмиву бародарӣ барои ободии ҳар як порчаи замини Ватан саъю талош варзанд. Ғурури миллиро ҳамеша дар сатҳи аввал гузоранду донаи хори Ватанро ба бегонае надиҳанд. Агар ҳар як шахс дар касбу кори худ содиқ бошад, Ватан обод мешавад, мешукуфад.

Сипос барои сӯҳбати пурмӯҳтаво!

Саломат бошед! Аз таваҷҷӯҳатон шодам

Ҳусейн Мадудов: “Дар як муддати кӯтоҳ то андозае ба мақсадҳоям расидам”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед