Ru  | Tj
Аз Фирдавсиву Хайём то Ҳабибу Абдулманоф. Ҳунарманде аз Истаравшан бо хати форсӣ чеҳра меофаринад
Аз Фирдавсиву Хайём то Ҳабибу Абдулманоф. Ҳунарманде аз Истаравшан бо хати форсӣ чеҳра меофаринад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Аз Фирдавсиву Хайём то Ҳабибу Абдулманоф. Ҳунарманде аз Истаравшан бо хати форсӣ чеҳра меофаринад

Нашр шуд

Шокир Турдиев беш аз 40 сол аст, ки хушнависӣ мекунад. Ӯ аз хаттотони хушноми тоҷик буда, тавонистааст ин ҳунари бостониро тавассути асарҳои гуногун ба мардум муаррифӣ кунад. Мавсуф бо ҳуруфи форсӣ ва корбурди ҳадис, ҳикояту ривоят, ғазалу рубоӣ ва панду андарз чеҳраҳои шахсиятҳои саршиносро офаридааст. Якчанд асари ин хаттоти номӣ дар осорхонаҳо ба маъраз гузошта шудаанд.

Муаллифи Halva.tj бо ин ҳунарманд ҳамсуҳбат шуда, дар бораи хат, рушди ҳунари хаттотӣ ва коркардҳояш қисса кард.

"ХАТТОТӢ ТАНҲО ҲУНАР НЕСТ, ЯК ИЛМИ БУЗУРГ АСТ"

Шокир Турдиеви 63-сола зодаи шаҳри Истаравшан аст. Солҳост, ки ба хаттотӣ машғул буда, баҳри рушди он саҳм мегузорад. Вай бо ҳуруфи форсӣ дар овони донишомӯзӣ шинос шуда, аз ҳамон замон ба ин навъи хат меҳр пайдо кардааст. Қаҳрамони мо аз хурдӣ навиштанро дӯст медошту дар вақтҳои фориғ аз дарс низ хушнависӣ мекард.


"Ростӣ, бароям рӯзҳои аввали дарс душвор буд. Хаста мешудаму дастонам дард мекард, аммо мехостам зудтар хати форсиро омӯзам. Хушбахтона шавқи зиёд, ки доштам тавонистам дар муддати кӯтоҳ ин хатро аз худ кунам. Хулоса заминаи асосии хати форсиро дар мактаб аз омӯзгорон Абдуннабӣ Абдуҷалилов ва Шавкат Солиев омӯхтам", - иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Қаҳрамони мо соли 1978 ба донишкадаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Дар ин боргоҳ хаттотиро аз соли дувум меомӯзанд. Вай кӯшиш мекунад аз устоди донишгоҳ Ҳасанлӣ хушнависиро омӯзад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ӯ барои як нуқтаро аз худ кардан қариб як саҳифа нуқта навиштааст.


"Устод кӯшишҳои маро дида завқ мебурд. На танҳо нуқта, балки тамоми ҳарфҳоро яксаҳифаӣ навишта нишон медодам. Ҳарчанд хати форсиро хуб балад будам, кӯшиш мекардам дигар анвоъи онро низ аз худ кунам. Дар овони донишҷӯйӣ хушхат ки будам, барои таҳияи рӯзномаи девории донишкада саҳм мегузоштам. Пайваста навиштаҳои донишҷӯёнро ба форсӣ баргардон мекардам", - ба ёд овард хаттоти номӣ.


Шокир Турдиев бо ин ҳама иктифо накард. Доиман пайи омӯхтани анвоъи дигари хат буд. Замоне ки дар Эрону Афғонистон ба унвони тарҷумон кор мекард, аз хаттотони ин кишварҳо низ хушнависӣ меомӯхт. Ба гуфтаи ӯ, хаттотӣ танҳо ҳунар нест, як илми бузург аст.

АЗ ФИРДАВСИВУ ХАЙЁМ ТО ҲАБИБУ АБДУЛМАНОФ. ЧЕҲРАҲОЕ, КИ ШОКИР ТУРДИЕВ БО ХАТ ОФАРИД

Шокир Турдиев тавассути хат бо истифода аз ҳадису ҳикояту ривоят чеҳраи шахсиятҳои маъруфро офаридааст. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, Умар Хайём, Ҳабиб Нурмуҳамаддов ва падараш Абдулманоф Нурмуҳаммадов намунаҳои офаридаи ӯянд. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, танҳо барои тасвири чеҳраи Ҳабиб ва падараш 25 моҳ сарф шудааст. Ӯ мегӯяд, барои ёфтани ҳадисҳои созгор ба расм вақти зиёд сарф мешавад.


"Тасвири Ҳабиб ва падараш Абдулманоф расми одӣ нест. Ин асари тарбияиву ахлоқист. Дар он беҳтарин ҳадисҳои саҳеҳи Муҳаммад (с) оварда шудаанд, ки ҳамагӣ касро ба ахлоқи ҳамида, донистани қадри падару модар, нигоҳ доштани амонат, эҳтироми ҳамдигар, раҳму шафқат, саховатмандиву ҷавонмардӣ, пуштибонии пиронсолону барҷомондагон ва ба омӯзиши илму хунар даъват мекунад. Барои тасвири ин расм 78 ҳадис аз Имом Бухорӣ ва 7 сураву 11 оят аз Қуръони Карим истифода шудааст. Ҳар як ҳадису ояти расм бо рақам тақсимбандӣ карда шудаанд," - гуфт ин ҳунарманд.

Қаҳрамони мо мегӯяд, барои он маҳз расми Ҳабиб Нурмуҳаммадовро тасвир кардааст, ки ӯ дорои ахлоқи ҳамида аст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, як нишони ахлоқи наку доштани ин варзишкори номӣ сухани модарро аз милёнҳо долар авло дониста аз муҳорибаҳо даст кашиданаш мебошад. Ин варзишгари ҷаҳонӣ маҳз панду насиҳат ва гуфтаҳои падарро иҷро карда ба мартабаи баланд расидааст.

Шокир Турдиев барои тасвири Абулқосим Фирдавсӣ аз байтҳову қаҳрамонҳои "Шоҳнома" баҳра бурдааст. Мавсуф иброз дошт, ки Фирдавсиву «Шоҳнома» нишони ватандорӣ буда, хонандаро ба хештаншиносӣ даъват мекунад. Барои тасвири чеҳраи Умари Хайём қаҳрамони мо аз беҳтарин рубоиҳои ин шоири забардаст истифода кардааст.


ИЛҲОМ АЗ НАШР ВА ТАҚДИМИ "ШОҲНОМА" БА ҲАР ЯК ХОНАДОН

Шокир Турдиев аз нашр ва тақдими "Шоҳнома" илҳом гирифта, дар рӯйи ду мизи доирашакл номи ин китоби безавол ва байти Абулқосим Фирдавсиро бо хати настаълиқ кандакорӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, пояҳои мизро усто Мансур ҳамроҳи писараш сохтаанд.

"Дар рӯйи миз байти Абулқосим Фирдавсӣ дар шакли доира навишта шудааст:

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Намирам аз ин пас ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Дар мобайни миз чор маротиба ибораи «"Шоҳнома"-и Фирдавсӣ»-ро бо хати куфӣ навиштаам. Дар мизи дигар байти мазкур бо хати куфии мураббаъ ва номи "Фирдавсӣ" ҳашт маротиба навишта шудааст," - гуфт Шокир Турдиев.

Қаҳрамони мо дар рӯйи қоғаз, чӯбу девор ва бо истифода аз кошӣ хаттотӣ мекунад. Хушнависиҳои ӯ танҳо дар шакли чеҳраи шахсиятҳои саршинос набуда, балки ба шабпараку гул низ монандӣ дорад. Ба қавли хаттот, ин шеваи пешниҳод ба хонанда муассиру мондгор аст.


ТАВСИЯҲО БА ХАТТОТОНИ ҶАВОН

Шокир Турдиев мегӯяд, бояд хаттот тамоси қаламу коғазу ангуштро эҳсос кунад. Ба гуфтаи ӯ, баъзе намуди хат нозукиву нафосате дорад, ки дарк кардани хаттот ниҳоят муҳим аст.

"Устодонам пайваста таъкид мекарданд, ки хаттот набояд чизи сангин бардорад. Вазнинбардорӣ аз ангушти хаттот эҳсоси тамоси қаламу коғазро мегирад. Агар ӯ ба кори сангин машғул шавад, таносубро гум мекунад. Дар навишти хат ҷойҳои нафисе ҳаст, ки дасти дурушт онро ҳис карда наметавонад. Гузашта аз ин хаттот пайваста нависад зеро хушнависӣ аз бисёрнависӣ аст," - тавсия дод ин хаттот.


Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки барои хаттот ҷойи орому осуда ниҳоят муҳим аст, зеро дар оромӣ кас метавонад диққати худро ба як самт равона созад. Ба гуфтаи ӯ, худ дар вақтҳои холӣ ба ҷойи истироҳат бештар хушнависӣ мекунад ва ин барояш неру ва табъи болида мебахшад. Қаҳрамони мо бештар бо хатҳои настаълиқ, шикаста, куфӣ ва насх хаттотӣ мекунад.



БАРАНДАИ ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ХУШНАВИСИ "ШОҲНОМА"»

Соли 2017 аз сӯйи форсизабонони муқими Амрико озмуни "Шоҳнома" баргузор гардид. Дар он аз тамоми кишварҳои ҷаҳон ширкат варзиданд. Шокир Турдиев дар озмуни мазкур дар бахши хушнависӣ миёни форсизабонони дунё мақоми аввалро соҳиб гашт.

Афзун бар ин навиштаҳои ин хаттоти номдори тоҷик як муддат дар "Осорхонаи фарҳанги исломӣ"-и шаҳри Қазони Тотористони Русия ба маъраз гузошта шуда буд. Қаҳрамони мо барои рушди ҳунари хаттотӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он давраҳои омӯзишӣ низ баргузор кардааст.


Шокир Турдиев ин рӯзҳо низ хаттотӣ мекунад. Ӯ мехоҳад аз ин ҳам асарҳои беҳтар офаринад. Ҳамзамон хаттотиро ба дигарон омӯзонида, баҳри рушди ин ҳунари бостонӣ саҳм гузорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед