Ru  | Tj
Аз хона то коргоҳ. Ё чӣ тавр Уғулой Абдуллоева дар самти истеҳсоли панир муваффақ шуд
Аз хона то коргоҳ. Ё чӣ тавр Уғулой Абдуллоева дар самти истеҳсоли панир муваффақ шуд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Аз хона то коргоҳ. Ё чӣ тавр Уғулой Абдуллоева дар самти истеҳсоли панир муваффақ шуд

Нашр шуд

Уғулой Абдуллоева дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ коргоҳи хурди истеҳсоли панир дорад. Беш аз ду сол аст, ки маҳсулоташ бо намономи тоҷикии «Панири Балх» дар дукону бозорҳои ноҳия ва маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар фурӯхта мешавад. Мегӯяд, маҳсулоташ харидор дорад ва чанд танро ба ҷойи кор ва маоши доимӣ таъмин кардааст.

Ӯ тарзи омода кардани панирро аз куҷо омӯхт ва чӣ тавр дар самти соҳибкорӣ муваффақ шуд, ба Halva.tj нақл кард.

БО УСУЛИ ҚАДИМӢ

Ба гуфтаи Уғулой Абдуллоева, маҳсулоти ширӣ, аз қабили паниру саршир ва равғани зарду ширбаст (творог) ба саломатии инсон фоидаовар аст. Солҳои 2018-2019 чунин маҳсулотро барои фарзандонаш дар шароити хона тайёр мекард. Гоҳҳо ба ҳамсояҳо низ тақсим мекард.

«Духтарам тарзи омода кардани панирро аз интернет нишон дод. Аз ҳамсояҳо шир мехаридаму дар деги бобоӣ омода мекардам. Масҳсулоти худро ба панири бозор муқоиса мекардам, ки оё тавонистам ё не. Ҳамсояҳо низ таъриф карданд. Тасмим гирифтам, ки тиҷорати худро дар ин самт ба роҳ монам», - нақл мекунад қаҳрамони мо.


РОҲИ ВИЖАЕ БАРОИ ҶАЛБИ ХАРИДОР

Ин соҳибкор фурӯши ширро дар бозору деҳоти ноҳия зиёд мушоҳида мекард ва бовар дошт, ки бо созмон додани коргоҳи хурди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ муваффақ мешавад. Вале барои анҷоми он, хусусан дастрас кардани таҷҳизот маблағ лозим буд. Хушбахтона ду сол пеш бо пуштибонии шарикони рушд соҳиби таҷҳизоти муосири истеҳсоли панир гардид.

Рӯзҳои нахустини фаъолияти коргоҳи Уғулой Абдуллоева харидор ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоташ хеле кам буд ва барои зиёд шудани онҳо маҳсулотро кам-кам ба дуконҳои ноҳия ва берун аз он ба таври ройгон тақсим кард. Ба харидорон лаззати «Панири Балх» ва нархи он писанд омад ва ҳамин тавр муштариёнаш зиёд шуд.

Қаҳрамони мо ҳар рӯз субҳи барвақт бо худрави худ барои дастрас кардани шир ба деҳаҳои 30 километр дур аз маркази ноҳия меравад.

«Тобистон истеҳсоли шир дар деҳот зиёд аст, зеро молҳо дар саҳро ҳастанд. Дар тобистон дар як рӯз беш аз 700 литр ширро коркард мекунем. Феълан аз 60 хонавода то 400 литр шир бо нархи 3 сомонӣ дастрас мекунем. Ҳар рӯз беш аз 40 кило панир тайёр карда, дар дуконҳои бозори ноҳия, Ҳоҷишариф ва бозори Фаровони Бохтар мефурӯшем», - мегӯяд ӯ.

БОВАР БА ТАВОНМАНДИИ ХЕШ

Бону Абдуллоева мегӯяд, бо истифода аз фанноварие, ки дар коргоҳаш дорад, қабл аз коркард кардани шир безарарӣ ва равғаннокии онро месанҷанд. Дар баробари ин панир сарширу ширбаст ва равғани зард низ истеҳсол мекунанд. Ба гуфтаи вай, истеҳсоли панир бо таҷҳизоти муосир душворӣ надорад. Як кило панир 65 сомонӣ ва як қутии хурди равғани зард 10 сомонӣ муайян шудааст.

Ин зан мегӯяд, ки дар оғози кор ҳамроҳи духтараш кор мекард, баъдан 3 корманди дигарро ба кор пазируфтанд. Давоми 6 моҳ ба онҳо тарзи истифодаи таҷҳизот ва дигар нозукиҳои корро омӯзонданд. Кунун 5 кас дар коргоҳ кор мекунад ва ният дорад, ки шумораашонро зиёд кунад.

Дар ҷануби Тоҷикистон даҳҳо зан мисли Уғулой Абдуллоева ҳастанд, ки дар самти соҳибкорӣ ба мушкилиҳое мисли камбуди пул, даводави ҳуҷҷатгузорӣ ва дастрасӣ ба фанновариҳои муосир рӯбарӯ шудаанд, вале ба тавонмандии худ бовар кардаву ба самти пеш ҳаракат карданд, ки дар ниҳоят муваффақ шуданд.


«Чаҳор фарзанд дорам, онҳо сол аз сол бузург мешуданду таъминоти рӯзгор низ торафт мушкил мешуд. Бо рӯ овардан ба тиҷорат ҳам сатҳи зиндагиам беҳтар шуд ва ҳам 3 каси дигарро ба кор ва маош таъмин кардам. Ҳамчунин маҳсулоти табиъӣ ва аз ҷиҳати экологӣ покизаро омода карда, барои аҳолии кишвари худам дастрас мекунам. Ман ба тавонмандии хеш бовар доштам ва дар ин самт дастболо гардидам», - гуфт қаҳрамони мо.

ҲАДАФҲОИ ДИГАР

Коргоҳи истеҳсоли панири Уғулой Абдуллоева дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аст. Ӯ миёни мардуми ноҳия ва берун аз он ном баровардааст. Маҳсулоташ борҳо дар ҷашнвораҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузоштаву бо сипосномаву ифтихорнома қадрдонӣ шудааст. Бону Абдуллоева аз ҳисоби даромади маҳсулоти ширӣ дар назди коргоҳаш як ширинкада (коргоҳи қаннодӣ) сохта истодааст, ки бо ба баҳрабардорӣ расидани он метавонад 10 корҷӯи дигарро ба ҷойи кор ва маоши хуб таъмин кунад.


 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед