Ru  | Tj
Аз намадсозӣ то тоқидӯзию ҷӯроббофии бонуи ҳунар. "Ҳунар беҳтар бувад аз зар, ки дорӣ"
Аз намадсозӣ то тоқидӯзию ҷӯроббофии бонуи ҳунар. "Ҳунар беҳтар бувад аз зар, ки дорӣ"
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Аз намадсозӣ то тоқидӯзию ҷӯроббофии бонуи ҳунар. "Ҳунар беҳтар бувад аз зар, ки дорӣ"

Нашр шуд

Бадахшон, на танҳо бо кӯҳҳои баланди худ, балки бо ҳунарҳои дастии мардумиаш машҳури оламиён гаштааст. Сайёҳони хориҷию дохилӣ аз маҳсулоти дастии омоданамудаи занону духтарони бадахшӣ дидан намуда, онҳоро ба кишвари худ ба армуғон мебаранд. Қисми зиёди мардуми ин минтақаи дурдаст ба ҳамин васила зиндагии хешро пеш мебаранд. Имрӯз маҳсули дасти бонувони ин манотиқ  аз Осиё то Аврупову Амрико доман густурда, тавонистааст Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

Яке аз ҳунарҳои дастӣ ин намадсозӣ мебошад, ки дар аксари гӯшаҳои Бадахшон омода намудани он маъмул аст. Кулли хонаҳои бадахширо намадҳои рангаву гулдор ва пурнақш оро медиҳанд. Махсусан, барои наварӯсон ҳамчун, ҷиҳози арӯсӣ намад омода мекунанд, ки ин дар байни аҳолии минтақа анъана аст. Ҳеч арӯсе ба хонаи шаҳ бе намад равон карда намешавад, он ҳам оин ва ҳам таомули мардуми ин минтақа ба шумор меравад. Занони хушкору чирадасти бадахшонӣ аксаран, аз ӯҳдаи омода намудани намадҳои гуногун баромада метавонанд, вале маъмулан, ҳатман нафаре пайдо мешавад, ки аз ҳама хубтару беҳтар ин корро иҷро мекунад ва дар байни аҳолии як русто ва ё як маҳал бо истеъдоди нодираш маъруф аст. Яке аз чунин занон холаи Гулбика аст, ки дар намадсозӣ, тоқидӯзӣ, ҷӯроббофӣ ва мӯйбандактайёркунӣ (чичбоғ) ҳамто надорад. Аҳолии деҳаи Шитхарв аз маҳорату истеъдоди ин бонуи ҳунар истифода бурда, хостаҳои худро бароварда месозанд. 

Ӯ аз синни ҷавонӣ ба намадсозию тоқидӯзӣ ва ҷӯроббофию мӯйбандактайёркунӣ машғул буда, ба  ҳамин васила тавонистааст, ки зиндагии худро пеш бараду фарзандонашро ба камол расонад. Ӯ 57 сол дорад ва бо вуҷуди он, ки имрӯз бори зиндагиро фарзандони бакамолрасидааш мекашанд, ҳамоно аз паи иҷрои фармоишу дархости муштариёни ҳунари хеш аст, зеро ҳунармандӣ чун хуни гарме дар рагу пайаш ҷорист.

Сарчашмаи фаъолияти дастии ҳамаи ҳунармандон аз ресандагӣ шуруъ мешавад. Ресмоне, ки барои дӯхтани ҷӯроб, омода кардани “чичбоғ” ва дигар маҳсулотҳо истифода бурда мешавад, баъди ресандагӣ омода мешавад. Ресанда бо чарху дуки худ пашми гӯсфандро ресида, ранг зада ресмон омода мекунад, ки он ҳам табиӣ ҳасту ҳам мустаҳкаму хушсифат.

Намадро чӣ тавр омода мекунанд?

Бонуи сермаҳсулу хушкор ва соҳибҳунар Гулбика чӣ гуна омода намудани намад, чичбоғ (мӯйбандак) ва тоқиву ҷӯробро барои мо қисса намуданд: 

- Намадсозӣ қадимтарин ҳунари дастии мардуми қӯҳистон ба ҳисоб меравад. Он асосан, кори занҳо буда, ҷиҳози асосии арӯс ба шумор меравад. Намадро аз пашми сафеду сиёҳи гӯсфанд омода мекунанд. Рангҳои дигарро харида, баъди тоза шӯстани пашми сафед ба он рангҳои гуногун мемоланд ва баъдан, пашмҳоро барои сохтани намад омода мекунанд. Пашми омодашуда бояд нарму ҳамвор бошад ва дар ҷои муносиб матоъ ё чизи дигареро ба андозаи намади тайёрмекарда гузошта, аз пашмҳои рангкарда мутобиқ ба хоҳишу завқи худ гул мегузоранд. Баъдан, як қабат пашми сиёҳ ва аз болои он чор қабат пашми сафедро чида, каму беш об мепошанду намадро аз як тараф кулӯла намуда, бо кӯмаки чор ё панҷ нафар мемоланд. Баъди омода гаштан онро дар ҷои муносибе барои хушк шудану мустаҳкам гаштан қатъ карда мегузоранд, - мегӯяд Гулбикахола.

Бештари вақт аз ҷониби гуларӯсон намаду тоқӣ ва мӯйбандак фармоиш мешавад ва аз сабабе, ки кори русто зиёд аст, на ҳамаи дархостҳоро хонум Гулбика қабул карда метавонад. Фурсат ба ӯ имкон намедиҳад, ки тамоми рӯзи худро ба дӯхту дӯз бахшад. Омода кардани як намад камаш нисфи рӯзро банд мекунад, бофтани ҷӯроб бошад то як ё ду ҳафта тӯл мекашад ва аз ҳама вақти зиёдро тоқидӯзӣ мегирад. Дӯхтани як тоқӣ тақрибан, як моҳ тӯл мекашад, зеро он болои матои махсуси сафед бо рангҳои гуногун ва нақшу гулҳои махсус дӯхта мешавад. Намадсозӣ бо тамоми ҷузъиёташ ба назар гирифта шуда, аз 600 то 700 сомонӣ нархгузорӣ мешавад, ҷӯроб 100 сомонӣ ва гоҳе аз он бештар, тоқӣ бошад аз 100 то 300 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Мӯйбандакро баъди ранги қирмиз молидани пашми гӯсфанд ва ресидани он омода мекунанд. Поёни онро бо мӯҳра ва пӯпакчаҳо оро медиҳанд. Бештари маврид духтарон дар рӯзи иду ҷашнҳо ва рӯзи тӯйи арӯсӣ бо мӯйбандакҳо мӯйи худро оро медиҳанд, ки ҳам зебо асту ҳам инъикоскунандаи фарҳанги  бойи минтақа. 

Ҷӯробро чӣ тавр омода мекунанд?

- Ҷӯроб низ бо ресмони ресидаи рангкардашуда бофта мешавад. Ҳар кас мутобиқ ба табъу завқи худ нақшу гулҳои рӯйи ҷӯробро ороиш медиҳад ва андозаи ҷӯроб бо хоҳиши фармоишгар кӯтоҳ ё дароз бофта мешавад. Дар фарҳанги қадимии ин мардум рӯзи тӯй ба домоду арӯс ҷӯроби бо ресмони табиӣ бофташуда мепӯшонданд, ҳоло ин анъанаҳо бо рушду пешравӣ ҷояшро ба муди аврупоӣ иваз намудааст. Вале, ба ҳар ҳол расму таомули даврони қадим ба куллӣ аз байн нарафта. Ин гуна ҷӯробҳоро асосан, барои худро  аз хунукӣ ҳифз намудан истифода мебаранд. Он, ҳам пойро гарм нигоҳ медорад ва ҳам шинаму зебо ба назар мерасад, - зикр мекунад ӯ.
Холаи Гулбика аз он ифтихор мекунад, ки бо ҳунари дастии хеш тавонист, хостаҳои чандин нафарро бароварда созад, фарзандони худро бо меҳнати ҳалоли дасташ бузург кунад ва миёни халқ соҳиби обруву эътибору эҳтироми хос гардад.

Барояш сиҳатӣ ва бурдборӣ мехоҳем.

Навои сози қонун: Гулҷамол чаро қонуннавозӣ омӯхт?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед