Ru  | Tj
Аз таҳхона то саҳнаҳои бузурги ҷаҳон
Аз таҳхона то саҳнаҳои бузурги ҷаҳон
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Аз таҳхона то саҳнаҳои бузурги ҷаҳон

Нашр шуд

Мегӯянд мусиқӣ сарҳад надорад. Бале, воқеан ҳам сози хубу навои хӯш сарҳадҳоро убур мекунаду ба дилҳо шӯру шарар мебахшад. Ҳар сози мусиқӣ новобаста ба он ки ба кадом миллату халқият тааллуқ дорад, баробари навохтан инсонҳоро ба ваҷд меорад. Хайруллоҷон Дадобоев ҳам аз зумраи он нафаронест, ки бо оҳангу мусиқиҳои худ дили ҳазорон нафарро тасхир кардааст.

"Аз кӯдакӣ ба гӯшам садои доира мерасид"

Хайруллоҷонро ҳамагон чун доирадасти номӣ мешиносанд. Зеро оҳангҳои ҷаззоби эҷоднамудааш дар ҳар озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ садо медиҳад. Хайруллоҷон Дадобоев зодаи шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. Чун падараш Файзуллоҷон Дадобоев доирадаст буд, мехост фарзандаш низ аз ин ҳунар баҳравар гардад.

"Падарам ки доирадаст буданд, ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба гӯшам садои доира мерасид. Он кас мехостанд, ки ман ҳамчун доирадасти номӣ шинохта гардам. Барои ин, албатта, волидонам шароити хубе фароҳам намуданд, то ҳунари доиразаниамро сайқал диҳам.


Бо доиранавозӣ низ метавон сайри ҷаҳон намуд

Аксарият бар он боваранд, ки танҳо замоне метавон ба кишварҳои дигар сафар намуд, ки агар соҳиби сарвате бошӣ. Аммо дар мисоли Хайруллоҷон Дадобоев гуфта метавонем, ки соҳибҳунар будан ҳам метавонад инсонро ба қуллаҳои баланд расонад. Ӯ ба воситаи ҳунараш тавонист сайри зиёда аз 16 кишвар намояд.


"Маҳз ҳамин ҳунар сабаб гашт, ки ба бисёри кишварҳо сафар намоям. Зеро ҳар озмуну фестивалҳои умумиҷаҳоние, ки мешавад дар он иштирок мекунам. Ҳунари доиразанӣ маро ба Арабистони Саудӣ, Аморати муттаҳидаи Араб, Қатар, Қувайт, Уммон, Миср, Ҳолланд, Фаронса, Олмон, Хитой, Ҳиндустон, Русия, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон бурд. Хушҳол аз онам, ки ман соҳиби чунин ҳунар ҳастам." - зикр кард Хайруллоҷон.


Хайруллоҷон Дадобоев дар ҳар озмуну фестивалҳои умумиҷаҳоние, ки иштирок кардааст, бе диплому ҷоиза барнагаштааст.


"Дар охирон фестивали байналмиллалие, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони "Музыкальная Сары арка" шуда гузашт, бо ҷоизаи тиллоии махсус (статуетка) қадрдонӣ шудам. Ин ҳама қадршиносӣ, албатта, бароям рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Лекин фикр мекунам, беҳтарин ҷоиза ин кафкӯбии мухлисон буд"


Аз таҳхона то саҳнаҳои бузурги ҷаҳон

Ансамбли "Хайрулло Дадобоев" соли 1995 дар таҳхона ташкил шудааст. Дар аввал ба дастаи ҳунарии ӯ панҷ - шаш нафар ҳамсоягон шомил буданду халос. Ӯ кӯдакону наврасону ҷавононро, ки аксарият дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ мекарданд, ҷамъ намуда, ҳунари доиразаниро меомӯхт.


"Ман бисёр мехостам як дастаи ҳунарие ташкил намоям ва ин хоҳишам соли 1995 амалӣ шуд. Банда якчанд нафарро ҷамъ намуда, ба онҳо ҳунари доиразаниро меомӯзонидам. Он замон таҳхонаи хурди мо ба сифати як мактаб хизмат мекард. Аввалин ҳунарнамоиҳои мо дар Хонаи Пионерон, Қасри Фарҳанг ва лагерҳои истироҳатӣ ба саҳна гузошта мешуд. Баъдан ҳамкориҳои мо бо театри "Наврасон" ба номи Одилҷон Назаров ва сипас бо Театри давлати - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ оғоз шуд. Ҳамин тавр, дар фестивалозмунҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ бароямон роҳ кушода шуд. Минбаъд мо тавонистем дар саҳнаҳои калони ҷаҳон ҳунарнамоӣ кунем".


Омӯзиши онлайнӣ ба хориҷиён

Хайруллоҷон Дадобоев ҳунарманди соҳибмактаб аст. Ӯ мехоҳад ҳар оҳанги наве, ки эҷод мекунад ба дигарон омӯзад. Аз ин рӯ, шогирдони зиёдеро барои омӯзиши ин навъи ҳунар ҷалб намудааст. Шогирдони ӯ на танҳо аз дохили кишвар, балки берун аз он низ ҳастанд. Ӯ ба воситаи интернет бо онҳо робита пайдо намуда, ба таври онлайнӣ зарбҳои доираро меомӯзонад.


"Ман ҳар оҳанги тозае, ки эҷод мекунаму меомӯзам ба дигарон омӯзонидан мехоҳам. Шогирдони ман на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз хориҷа низ ҳастанд. Аз ҷумла, Татяна Чепелева, Эрин Марковский, Ирина Александровская, Лейла Валова, Игор Мандрик ва дигарон. Мехоҳам ба онҳо оҳангу мусиқиҳои тоҷикиро ҳам омӯзонам. Инчунин шаш нафар шогирде дорам, ки имконияташон маҳдуд аст. Гарчанде бо онҳо кор кардан мушкил аст, аммо муҳим он аст, ки онҳо ҳунари доиразаниро бо як шавқу шӯр омӯхта истодаанд".

Қадрдонӣ бо медали "Шоиста"


Саҳнаҳои ҳунарӣ, иштирок дар фестивалозмунҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ, тайёр кардани беҳтарин дастаи ҳунарӣ омӯхтани доиразанӣ ба таври онлайн барои хориҷиён, ин ва дигар хизматҳои шоёни ӯро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали "Хизмати шоиста" қадрдонӣ намудаанд. Мо ба корҳои минбаъда ба Хайруллоҷон Дадобоев барор мехоҳем.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед