Ru  | Tj
Аз тиҷорати кӯчагӣ то қадамҳои бузург дар соҳибкорӣ. Хайрулло Насриддинов мардумро ба сармоягузорӣ ҷалб мекунад
Аз тиҷорати кӯчагӣ то қадамҳои бузург дар соҳибкорӣ. Хайрулло Насриддинов мардумро ба сармоягузорӣ ҷалб мекунад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Аз тиҷорати кӯчагӣ то қадамҳои бузург дар соҳибкорӣ. Хайрулло Насриддинов мардумро ба сармоягузорӣ ҷалб мекунад

Нашр шуд

Хайрулло Насриддинов соҳибкори ҷавони тоҷик аст, ки бо лоиҳаи тиҷоратии ғайриодӣ ва ҷадиди худ "Хайрулло-2024" дар расонаҳои иҷтимоъӣ ба ҷалби сармоя аз ҷониби ҳамвандон ҷиҳати рушди лоиҳаи худ машғул аст. Узви ин лоиҳа шудан хеле сода буда, ҳар касе ки 110 сомонӣ ба суратҳисоби лоиҳа сармоягузорӣ мекунад, ҳамванди он мешавад. Дар муддати кӯтоҳи 22 рӯз ҳамвандони тарҳ 438 нафар ва маблағи лоиҳа ба 48180 сомонӣ расидааст. Соҳибкор бо идеяҳои ҷолибаш дар самти бунёди корхона ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ҳамарӯза ҳамвандони лоиҳаи худро бештар мегардонад.

Муаллифи Halva.tj бо Хайрулло Насриддинов ҳамсуҳбат шуда, аз рӯзгори ӯ ва ҳадафҳои лоиҳааш қисса кард.

ХАЙРУЛЛО НАСРИДДИНОВ ЧӢ ГУНА ДАР РАСОНАҲОИ ИҶТИМОЪӢ МАҲБУБ ГАШТ?

Рӯзи 14-уми декабр дар расонаҳои иҷтимоъӣ видеое паҳн гашт, ки Хайрулло ном соҳибкор мехост, анбони хӯрокбарӣ (терморюгзак)-еро ба иҷора диҳад.

- Ман аз Чин 4 "термо-рюгзак" барои фурӯши қаҳва ва дигар нӯшокиҳои гарм фармоиш додаам. Ба ман маблағи кироя лозим нест. Ҳар нафаре, ки ба 10 нафар "фариштаи саҳар" – занони роҳрӯб 10 қаҳваи ройгон ва 10-то нони дар дохилаш тухму сабзавот буда диҳад, аз ин анбони хӯрокбарӣ барои фурӯши қаҳва истифода карда метавонад. Ҳар касе, ки аз фурӯши қаҳваи ин анбони хӯрокбарӣ фоида надид, ман хароҷоти зарарашро ба уҳда мегирам, - мегуфт дар видео Хайрулло.


Ин иқдоми хайрхоҳонаи Хайруллоро мардум хуш пазироӣ карданд ва аз ҷавонмардиаш ситоиш карданд. Чанд рӯз баъд соҳибкор хабар дод, ки хоҳишмандон барои иҷора анбони хӯрокбариро гирифта, ба фурӯши қаҳва машғуланд.

ЗАМОНИ КӮДАКӢ ВА ОҒОЗИ ТИҶОРАТ

Хайрулло Насриддинов зодаи ҷануби Тоҷикистон, шаҳри Кӯлоб аст. Мутаваллиди соли 1986 буда, дониши ибтидоиро дар мавзеъи Назари шаҳри Кӯлоб гирифтааст ва донишомӯхтаи риштаи иқтисоддон-мудири Донишгоҳи давлатии Рӯдакии шаҳри Кӯлоб мебошад. Зиндагии сахту сангини замони ҷанги шаҳрвандӣ Хайруллоро маҷбур сохтааст, ки аз хурдсолӣ дар канори падар ноновари хона шавад. Харидуфурӯшро вақте шурӯъ кард, ки ҳанӯз 9 сол дошт.

- Дар шаҳри Кӯлоб русҳо "Морхона"-е доштанд, ки барои табобат заҳр истеҳсол мекарданд. Русҳо эълон карданд, ки барои морҳои "Морхона"-ашон ғук (қурбоқа) мехаранд. Ман низ дар қатори дигар мардум аз ботлоқзори канори хонаамон ғук ҷамъоварӣ карда, ба "Морхона" бурда фурӯхтам. Баъзе одамон буданд, ки бо тамасхур мегуфтанд, инҳо гурусна мондаанд ва ғукро барои хӯрдан ҷамъоварӣ доранд. Ба ин гуфтаҳо таваҷҷуҳ намекардам, баръакс хурсанд будам, ки заҳмати ҳалол мекашам, - кӯдакии худро ба ёд оварда нақл мекунад Хайрулло.

Соли 1998 дар шаҳри Кӯлоб бемории хоришаки пӯст паҳн мешавад. Падари Хайрулло барои табобати хоҳараш олтингӯгирд ва равғани рустаниро истифода мекунад, ки хушбахтона бемории ӯ шифо меёбад. Хайруллои 12-сола пас аз ин фурӯши олтингӯгирд ва шишаи холии машруботро шуруъ мекунад ва даромади хуб ҳам ба даст меорад.

ҚАДАМИ АВВАЛ ДАР ТИҶОРАТИ БУЗУРГ

Дар 14-солагиаш тасмим мегирад, ки ба тиҷорати маҳсулоти даромадноктар оғоз кунад. Аввал дар мактабе, ки таҳсил мекард, фурӯши лавозимоти дарсӣ ва шириниҳоро оғоз мекунад. Сипас бо сармояе, ки худаш ба даст оварда буд, соли 2003 дар шаҳри Кӯлоб мағозаи фурӯши либосҳои мардонаро боз мекунад. Сабаби босуръат пешрафт кардан дар тиҷоратро Хайрулло, аз муносибати хуб доштан бо мардум медонад.

"Бозори фурӯши либос дар мағозаи шаҳри Кӯлоб хеле гарм буд. Либосҳои мағозаи ман арзон ва босифат буданд. Вақте либосро бозпас меоварданд, бидуни пурсупоси беҳуда қабул мекардам. Хоҳиш медоштанд, либоси дигари табъи дилашонро медодам. Агар либос писандашон намеомад, маблағро бармегардондам. Барои ман бузургтарин ва азизтарин сармоя худи одамон буданд, - нақл мекунад қаҳрамони мо.


Соли 2014 барои ҳалли мушкили қарзии мардум дар шаҳри Кӯлоб Хайрулло Насриддинов гаравхона фаъол мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳоло гаравхонааш пурра бо усули электронии ҳамсон бо банкҳо фаъолият дошта, муҳлати гарав хеле зиёд – то 2 солро дар бар мегирад.

ТОҶВИРУС ВА ТИЛОШӮЙ ШУДАНИ МАРДУМ

Соли 2020 замони авҷи бемории дунёгири тоҷвирус, ки мардум дар қарантин зиндагӣ мекарданд, барои Хайрулло такони ҷиддие баҳри тавлиди идеяҳои нави тиҷоратӣ гашт.

- Ҳамон сол худрави нави гаронарзише доштам. Вақте ба шаҳр баромадам, дидам, ки мардум дар фазои тарс ва рӯҳшикастагӣ умр ба сар мебаранд. Баста шудани роҳҳо зиндагии онҳоеро, ки аз ҳисоби муҳоҷират пул ба даст меоварданд, вазнин карда буд. Дар ин ҳолат рондани худрави гаронарзишро барои худ нанг ҳисобидам ва барои ба мардуми бекор омӯхтани касбу муҳайё кардани шароити хуби корӣ худравамро фурӯхтам, - мегӯяд соҳибкори ҷавон.
Баъди он Хайрулло дар шаҳри Кӯлоб маъракаи ҳунаромӯзии "Лавозимоти тилошӯйӣ ва роҳбаладӣ"-ро роҳандозӣ кард. Мардум дар он ҷо ройгон касб меомӯхтанд. Афзалияти ин ҳунар дар он буд, ки мардум бо харҷи камтарин – ҳамагӣ бо 180 сомонӣ парвона (иҷозатнома)-и давлатиро мегирифтанд, тилошӯйӣ карда, соҳиби сармояи зиёд мешуданд. Хайрулло баъди омӯзонидани усули тилошӯйӣ дар дарёфти парвона низ ба мардум кумак карда, онҳоро ба гурӯҳҳои 4 ва 6-нафарӣ ҷудо мекард ва барои тилошӯйӣ мефиристод. Кӯҳҳо ва соҳилҳои беодам барои бемор нашудани онҳо мусоидат мекард. Кори дигаре, ки Хайрулло он сол анҷом дод тақсими ниҳолҳои кишоварзии пурҳосил ба боғдорон буд. Барои рушди тиҷорати хонагӣ ба оилаҳои ниёзманд таҷҳизоти истеҳсолкунандаи чӯҷаи мурғ ва бедона дод.
Ӯ ба ин назар аст, ки шуғл додан ба мардум дар назди Худованд аҷри зиёд дошта, бо ин роҳ метавонӣ ниёзҳои моддии мардуми зиёдро бароварда созӣ.


Аксари соҳибкороне, ки дар тиҷорат шикаст мехӯранд, адами корашонро ба варшикастагӣ рабт медиҳанд, лекин Хайрулло аз муфлис шудан ҳарос надорад ва барои варшикаста нашудан дар назди худ меъёрҳои вижаи корӣ гузоштааст.

- Донистани ҳисоби дақиқи сармояи асосӣ, даромад ва хароҷот барои ман ҳатмӣ аст. Сармояи асосии тиҷоратро набояд харҷ кунӣ. "Бача"-и пул, яъне як қисми ками пул аз ҳисоби даромадро истифода мекунӣ, то замоне ки маблағи тиҷоратат зиёд шавад, - таъкид мекунад Хайрулло.

ЛОИҲАИ "ХАЙРУЛЛО-2024" ВА ҲАДАФИ ТАШКИЛИ ОН

Идеяи ташкили лоиҳаи тиҷоратии "Хайрулло-2024", ба қавли муассиси он Хайрулло Насриддинов, ҳанӯз соли 2020 дар марҳилаи авҷи тоҷвирус оғоз шуда буд. Вақте бо сарпарастии ӯ мардум ҳунар омӯхта, соҳиби ҷойи кор шуданд, ҳам сокинон ва ҳам худи ӯ аз ин кор манфиат диданд.

Хайрулло бо хушҳолӣ он замонро ба ёд оварда, мегӯяд, “модарам вақти қарантин хеле хавотир буд, ки ман барои саломатии худ бепарвоям ва дар миёни мардум мегардам. Ӯ мегуфт, дар хона нишинам ва корҳои тиҷоратиамро баъди паст шудани шиддати карантин идома диҳам. Вале ман натарсида мехостам ба сокинон барои баромадан аз вазъияти сангину бо кор таъмин гаштанашон кумак кунам. Аз лоиҳаҳои тиҷоратӣ, ки сармоягузориаш аз фурӯши худрави худи ман оғоз шуд, сокинон манфиати зиёд диданд".

Мақсади асосии лоиҳаро Хайрулло дар ташкили ҷойҳои кории зиёд медонад.

- Дар баробари ташкили ҷойи кор ҳадаф дорем, то барои аъзои лоиҳа молу маҳсулоти арзонро дастрас кунем. Маблағи умумии лоиҳа 110 млн сомонӣ мебошад. Вақте одамон ба ин лоиҳа пайвастанд, мо дар равзанаи электронӣ номи онҳоро сабт мекунем ва онҳо соҳиби рамзи махсус мешаванд. Ин лоиҳа ҳангоме фурӯши маҳсулоти тиҷоратии худро шуруъ кард, маҳсулот ба ҳамвандон 50 фисад арзон аз ҳисоби даромад фурӯхта мешавад, - зикр мекунад муассиси лоиҳа.


Ҳамчунин Хайрулло таъкид мекунад, ки дар оянда ба лоиҳаҳои беҳтарини аъзои лоиҳа сармоягузорӣ хоҳад кард. Ба иҷора додани худраҳои боррасон, сохтани хона-истироҳатгоҳҳои муосир дар минтақаҳои сайёҳӣ аз барномаҳои дигари ин соҳибкори ҷавон аст.

Дар баробари муваффақиятҳое, ки Хайрулло дар масири тиҷорат дошт, дар гузашта ба дардисарҳое зиёде низ рӯбарӯ шудааст.

- Вақте дар гаравхона кор мекардам, барои гирифтани маблағи қарз ба хонаи яке аз мизоҷон рафтам, зеро дар баргардонидани қарз муҳлатро гузаронида, баҳонаҳои ночиз пеш меовард. Аъзои ин хонавода ба ман ҳуҷум карда, латукӯбам карданд. Ман аз тарс барои ҳимояи худ аз дохили худравам досро гирифтам ва хонаводаи қарздиҳанда дастур додам, ки пеш наоед. Онҳоро на задам, на дашному таҳқир кардам, ки боиси паст кардани обрӯяшон гардад, - он ҳодисаро ба ёд оварда нақл мекунад Хайрулло.

Ӯ мегӯяд, бар зидди ман аз рӯйи авбошӣ бо моддаи 237 қисми 3 парвандаи ҷиноӣ боз шуд. 2 моҳ дар ҳабси пешакӣ будам. Дар ин муддат азизтарин шахси зиндагиям – падарамро аз даст додам. Ба адолати додгоҳӣ бовар доштам ва ҳамин тавр ҳам шуд, ки бо пардохти ҷаримаи сабук дар сари додгоҳ озод шудам. Ба тарафи муқобил барои авбошиашон шикоят низ набурдам.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ки шикастҳои зиндагӣ ҳамааш барои худсозии инсон дарсе мешавад.


Ӯ ба эътимоди мардум, бавижа ҳамвандони лоиҳааш арҷ мегузорад. Ба ин бовар аст, ки агар мақсад нек ва ба манфиати мардум бошад, бо талоши пайваста дар ҳар коре муваффақ шудан имкон дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед