Ru  | Tj
“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова
“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова
Аксҳо: Аз ҳамсуҳбат дастрас гардидааст

“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова

Нашр шуд

Таҳмина Исҳақова рассом аст. Барои худаш тасвир мекунад, ҳамчунин, фармоиш гирифта, мувофиқи талаби муштариён низ эҷод мекунад, бо рассомӣ мардумро орому фориғ аз фикрҳои зиёди нолозим намуда ва ин ҳунарашро ба кӯдакону наврасон дар Литсейи Президентӣ барои хонандагони болоёқат меомӯзонад. 

Ӯ ҳоло дар чанд ҷо кор мекунад ва аз кораш ҳаловат мебарад. Дониш меомӯзаду донишҳояшро ба насли нав мерасонад. Аз ҳодисаву рӯйдодҳои зиндагӣ танҳо зебоиҳояшро дида, ба дигарон мерасонад ва ба ҳамагон зебо будану зебо зистану зебо қабул карданро талқин менамояд.

Halva.tj бо Таҳмина бобати рассомӣ, муҳимияти доштани касбу ҳунар барои ҳар бонуи тоҷик, омӯзиш, кор ва ҳама паҳлӯҳои эҷоду зиндагияш суҳбат намуд.

САРГАҲ

- Шумо ниҳоят зиёд кор мекунад. Ба ҳайси омӯзгор дар литсей дарс мегӯед, барои одамони касбу кори гуногун “мастер-класс” мегузаронед, бо фармоиш расм мекашед ва боз ба болои ин ҳама модар ҳастед. Бигӯед, ки 24 соати умратонро чӣ гуна тақсим мекунед?

- Ҳамеша як рӯз пеш ба нақша мегирам, ки бояд пагоҳ чӣ кор кунам. Дуюм, ҳар ҷое кор кардааму ҳоло кор карда мекунам, то андозае сарборӣ мегирам, ки ба дигар корҳоям халал нарасонад. Сеюм, фармоишҳоеро қабул мекунам, ки анҷом доданашон бароям маҷбурӣ набошад, яъне мавзӯи предмети тасвиршаванда ба ман вазнин нанамояд. Хуллас, ҳамин се формулаи осон аст, ки метавонам кори зиёдро анҷом диҳам.

- Шаб ҳам кор мекунед?

- Албатта, аз соати 21:00 кори шабро оғоз мекунам то тамом шудани кор ё хобам омадан.

- Рӯзҳои истироҳатӣ чӣ?

- Боз ҳам албатта, бештар дар рӯзҳои истироҳатӣ ба фармоишҳо расидагӣ карда, кӯшиш мекунам онҳоро сари вақт супорам.

- Аз ин қадар кори зиёд хаста намешавед?

- Не, баръакс ҳаловат мебарам. Фикр мекунам, нафароне, ки корашонро дӯст медоранд ва аз таҳи дил онро иҷро мекунанд, ҳеч вақт хастагиро эҳсос намекунанд.

ВОРИДШАВӢ, ТАНАФФУС ВА МУВАФФАҚИЯТ

- Ворид шуданатон ба дунёи рассомӣ чӣ гуна буд?

- Ман дар оилаи эҷодкор таваллуд шудаву ба воя расидаам - падарам лоиҳакаш ва модарам тарроҳ. Сабаби якуми ба рассомӣ омаданам ин пайваста ба даст қаламу коғаз доштани онҳо буд. Пас аз хатми мактаби миёна ба яке аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ба ихтисоси дизайн гузаштам, вале модарам нахостанд, ки дар хориҷи кишвар таҳсил кунам. Баъдан, чун медонистанд, ки ба рассомӣ шавқам зиёд аст, барои таҳсил ба Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов роҳнамоӣ карданд.  

- То ҷое медонем, Шумо пас аз хатми коллеҷ ба Донишкадаи санъат ва дизайн дохил шудед ва онро ҳам хатм намудед, барои рассом шудан коллеҷ басанда нест?

- Албатта, басанда аст, вале мактаби олӣ боз ба рӯи ман дарҳои зиёдро кушод. Муносибатҳои нав, шиносҳои нав, роҳҳои нав ва таҷрибаҳои хеле зиёд дод.

- Аввалин пули кор кардаатон аз кори рассомӣ кай ва чӣ гуна буд?

- Соли 2007 дар ширкати “Асрори санг” фаъолият мекардам ва он ҷо ба санг расм мекашидем. Ҳамон аввалин фоидаи моддии гирифтаам аз ин кор ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, ҳамон сол мо деворҳои кошонаи ҳуснеро дар маркази савдои “ЦУМ” (ҳоло “Тоҷиикистон”) тасвир карда будем, ки ҳақи заҳмат дошт.

- Расм дар девор аз ҳамон солҳо ба мо омада буд?

- Бале, вақте ки мо оғоз кардем, аллакай бисёриҳо ба ин намуди рассомӣ машғул буданд. Ва ҳоло қариб, ки зардевор аз муд баромада, ба ҷои он сураткашӣ дар девор анъана шудааст.

- Танҳо бо кори рассомӣ мешавад, зиндагиро бидуни мушкилӣ пеш бурд?

- Бале, вале ба шарте, ки зиёд ва босифат коратро анҷом диҳӣ.


- Шумо дар коратон танаффуси калон доштед, он чанд солро дарбар гирифт?

- Вақте ки соҳиби фарзанд шудам, то андозае аз рассомӣ дур гардида ва тақрибан тӯли 8 сол дар ин соҳа набудам. Чун фарзандонам калон шуданд, боз ба кори дӯстдоштаам баргаштам.

- Барқароршавӣ чӣ гуна буд?

- Тақрибан дар ним сол барқарор шудам ва фармоиш қабул карданро оғоз намудам.

- Ман дар “Instagram”-атон баҳоҳои мардумро ба расмҳоятон дидам ва ҳамагӣ аз коратон хурсанданд, оё ҳолате буд, ки фармоишгар аз коратон норозӣ бошаду онро қабул накунад?

- Бале, дар корам ин гуна ҳолат ҳамагӣ ду бор рух дод ва бо тағйир додани баъзе қисмҳои хурд онҳоро қабул карданд.

- Эҷодкорон бо ҳам кори якҷоя зиёд мекунанд. Масалан, ду журналист мақола менависанд, ду овозхон суруд мехонанд, ду тарроҳ либосе меофаранд... Оё мумкин аст, ки ду рассом болои як расм кор кунанд?

- Ин гуна ҳолат дар донишкада шуда буд, яъне кори хатмро мо ду нафар иҷро кардем. 

- Бо рассомони хориҷӣ ҳамкорӣ доред, фикр надоред, ки намоиши расмҳои муштаракро ташкил кунед?

- Ин гуна фикр ҳаст ва дар оянда ҳатман мешавад.

ОМӮЗГОРӢ: АЗ ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ ТО “ART DOSHAN”

- Коратон дар литсей чӣ гуна аст?

- Бо кӯдакону наврасон кор кардан бароям бисёр шавқовар ва омӯзанда аст, вале бояд бигӯям, ки омӯзгорӣ кору манбаи асосиям нест. Инро барои насли оянда анҷом медиҳам ва фикр мекунам кори хуб карда истодаам. 

- Ҳис мекунед, ки аз Шумо хонандагон чизе меомӯзанд?

- Бале, ин бисёр хуб эҳсос мегардад ва хушҳолам, ки бачаҳо дарсҳои маро интизор мешаванд.

- Кадом синфҳоро дарс медиҳед?

- Қаблан аз синфи 1-ум то 4-ум дарс медодам, вале ҳоло аз синфи 5-ум  то синфи 9-ум.

- Бачаҳоро ба гурӯҳҳо тақсим мекунед?

- Тақсим мекунам, ба маъное, ки ҳама бачаҳо як хел фаҳмишу шавқу тавоноӣ надоранд. Ба ҳама як хел вазифа намедиҳам, балки бачаҳоро ба дарс то андозаи тавоноияшон ҷалб мекунам. 

- Шумо дар “Art doshan” барои калонсолон, ки касбу кори гуногун доранд “мастер-класс” мегузаронед, бо онҳо чӣ гуна муносибат мекунед?

- Ин “арт-терапия” аст. Яъне намояндагони касбҳои гуногун, ки дар кору зиндагияшон мушкил доранд, омада дар машғулиятҳои рассомии мо худро ором мекунанд, аз мушкилиҳо халос мешаванд ва бо фикри тоза ба кор мебароянд.

ЧАНД НУҚТАИ ПАРЕШОН

- Кори маҷбурӣ мекунед?

- Дар ҳоли ҳозир барои пул кор намекунам ва вақти қабул кардани фармоишҳо корҳоеро қабул мекунам, ки дар ҷараёни иҷрои онҳо худамро маҷбур намекунам.

- Масалан, кадом намуди фармоишҳоро қабул намекунед?

- Портрет!. Ман даҳҳо бор гуфтаам, ки портрет аз ман нест ва дар тасвири ин намуди расм бисёр душворӣ мекашам.

- Эҷодкорон баъзан корҳоро барои хизмат кардан мекунанд, оё Шумо барои Душанбеи зебои мо то имрӯз коре кардаед?

- Бисёр мехоҳам, вале то ҳол аз ман касе ин гуна корро хоҳиш накардааст. Агар имкону зарурат пайдо шавад, бо ҷону дил барои пойтахтамон мекунам.

- Боре шудааст, ки хоҳиши ҳаётатонро аз коғази тоза оғоз кардан пайдо шуда бошад? 

- Не, шукр аз ҳаётам розӣ ҳастам.

- Дар куҷо Шуморо интизор нестанд?

- Ҷое, ки маро намешиносанд.

- Аз ҳама туҳфаи хуб ва бади гирифтаатон кадом аст?

- Туҳфаи беҳтарин ин фарзандони ман ҳастанд, вале фикр намекунам, ки туҳфаи бад гирифта бошам, зеро туҳфа худаш бо нияти нек дода мешавад ва он ҳеч вақт баду безеб намешавад.

- Ташаккур барои суҳбат.

- Саломат бошед.

«Доштани бобокалон – масъулияти бузург». Қадамҳои нахустини Фаррух Турсунзода дар ҷодаи эҷод




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед