Ru  | Tj
«Барои фардои миллат кор мекардем». Чаро Шарифҷон Наҷмиддинов пешаашро тарк накард?
«Барои фардои миллат кор мекардем».  Чаро Шарифҷон Наҷмиддинов пешаашро тарк накард?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

«Барои фардои миллат кор мекардем». Чаро Шарифҷон Наҷмиддинов пешаашро тарк накард?

Нашр шуд

Шарифҷон Наҷмиддинов беш аз 38-сол аст, ки бо пешаи омӯзгорӣ машғул буда, баҳри тарбияи насли наврас саҳм мегузорад. Ӯро ҳамагон дар шаҳри Истаравшан ҳамчун фидоии касби хеш мешиносанду эҳтиром мекунанд. Зеро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ду сол роҳи дуру дарози деҳаро пиёда тай намуда, ба хонандагон ройгон таълим додааст. Ҳамзамон барои дӯстдорони илми физика маҳфилҳои ройгон ташкил карда, таваҷҷуҳи донишомӯзонро ба илмҳои дақиқ ҷалб намудааст.

Муаллифи Halva.tj бо ин муаллими пурталош ҳамсуҳбат шуда, аз зиндагии ҷолиби ӯ қисса намуд.

ФИЗИК, ШОҲМОТБОЗ ВА ДУРЕДГАР

Шарифҷон Наҷмиддинови 60-сола дар оилаи дуредгарони шаҳри Истаравшан ба камол расидааст. Ӯ аз хурдӣ ба ҳунари дуредгарӣ шавқ пайдо намуда, нозукиҳои ин касбро аз падараш омӯхтааст. Ҳар вақте ки падараш асбобҳои ҳунари харротиро дуруст мекард, Шарифҷони хурдсол аз ҷараёни кори асбоб ва тарзи сохти он ба падар суолҳо дода маълумот мегирифт. Аз ҳамон вақт сар шавқи ӯ нисбати илми физика бедор шуд.

«Падарам фаҳмиданд, ки ба илми физика шавқи зиёд дорам, маро ба маҳфили «Радио», ки дар назди муассисаи «Техникони наврас» амал мекард, гузоштанд. Онҷо мо аз омӯзгорони варзидаи шаҳр сабақ мегирифтем. Инчунин, бо сохтани ҳар гуна чизҳо донишҳои андӯхтаи худро дар амал татбиқ мекардем. Ҳамин тавр, ба илми физика майли зиёд пайдо намудам ва таҳсиламро дар риштаи физика-риёзиёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд идома додам, - иброз дошт қаҳрамони мо.
   

Шарифҷон Наҷмиддинов миёни ҳаммаҳфилонаш бо эҷодгариву ихтироъкорӣ фарқ дошт. Ҳанӯз дар овони мактабхонӣ дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, ки барои ихтироъкорони наврас баргузор мешуд, ғолиб меомад. Ӯ ғайр аз он ки дар маҳфили «Радио» иштирок мекард, ба шоҳмотбозӣ низ машғул шуда, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гашт ва шогирдони зиёди шоҳмотбозро тарбия намуд.

Қаҳрамони мо соли 1985 донишгоҳро хатм карду худи ҳамон сол фаъолияти омӯзгорияшро оғоз намуд. Чун мактабҳои Истаравшан ба чунин кадри болаёқат ниёз доштанд, дарҳол ӯро ба кор қабул карданд. Вай дар дабиристон аз фанҳои физика ва риёзиёт дарс мегуфт. Дере нагузашта, ӯро барои омӯхтани фарҳанги истифодаи роёна (компютер) ба давраи кӯтоҳи омӯзишӣ фиристоданд. Соли 1988 ӯ аз аввалин касоне буд, ки бо роёна озодона кор мекард ва ба дигарон меомӯхт.


«ДАРСИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ БОЯД ШАВҚОВАР ГУЗАРАД»

Муаллим Наҷмиддинов мегӯяд, дарси фанҳои дақиқ бояд шавқовар гузаранд, то дар зеҳни донишомӯз хуб нақш бандад. Ӯ барои таъсиргузор шудани дарс аз тарзу усулҳои гуногуни таълим истифода мекунад. Ҳамзамон маҳфилҳои илмӣ, дарси кушод ва озмунҳои зиёд ташкил намуда, таваҷҷуҳи донишомӯзонро дар ин самт ҷалб менамояд.

«Фанҳои дақиқ аслан хеле шавқоваранд, вале агар омӯзгор моҳияти онро дуруст фаҳмонида аз роҳу усулҳои гуногун истифода накунад, ба назари донишомӯз дилгиркунанда менамояд. Толибилмон бештар ба чизҳои дидаашон бовар мекунанд, вақте ки муаллим бо аёниятҳо дарс мегӯяду соати ҷудошударо шавқовар мегузаронад, он гоҳ ба зеҳни донишомӯз хуб нақш мебандад», - таъкид кард ҳамсуҳбати мо.

Қаҳрамони мо қариб даҳ сол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ҳамчун мураббӣ фаъолият кард. Ӯ шабона дӯстдорони илми физикаро ҷамъ карда, доир ба ситора, бурҷ ва ҷирмҳои осмонӣ ба онҳо нақл мекард. Ҳамагон бо шавқи зиёд гӯш медоданду худро дар олами беҳудуди коинот эҳсос мекарданд. Муаллим мехост дар ҳама ҳолат ба насли наврас илм омӯзонад, то наслҳои оянда донишманд ба камол расанд.


БАРОИ ФАРДОИ МИЛЛАТ БЕ МАОШ КОР МЕКАРДАНД

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аксари ходимони касбу кори гуногун аз рӯйи ноилоҷӣ ва набудани маош роҳи муҳоҷиратро пеша карданд. Аз ҷумла омӯзгорон гурӯҳ-гурӯҳ барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба муҳоҷират рафтанд. Дар мактаб омӯзгор намерасид. Дар ҳамин солҳои ниҳоят вазнин Шарифҷон Наҷмиддинов ҳамарӯза роҳи дури деҳаро пиёда тай намуда, барои таълиму тадриси донишомӯзон мерафт. Гармои тобистону сармои зимистон, роҳи дуру кори бемаош ӯро боз намедошт.

«Бениҳоят солҳои вазнин буд. Аз як тараф гуруснагӣ, аз тарафи дигар бесаводӣ мардумро таҳдид мекард. Аз ин рӯ барои аз илму донишу маърифат дур намондани насли оянда ройгон бошад ҳам, ба дарс мерафтем. Падарам, ки ҳунарманд буданд, бори рӯзгорро ба дӯш гирифта таъкид карданд, ки «Рав писарам ба ояндаи миллат бефарқ нашав. Барои донишманд шудани насли оянда саҳм гузор». Ин нуктаҳои падарам маро боз рӯҳбаланд мекард. Мо ба фардои дурахшони Тоҷикистони азиз бовар доштем ва шукр, ки ба чунин рӯзҳо расидем», - хотираҳои гузаштаро варақгардон намуда нақл кард муаллим.


Шарифҷон Наҷмиддинов пайваста кӯшиш мекард донишҳои азхудкардаашро ба дигарон омӯзад. Вай аз оғози фаъолияти корӣ маҳфили инфиродиашро ташкил намуд. Дар маҳфил хоҳишмандон иштирок карда, назария ва амалияи физикаро азхуд мекарданд. Муаллим барои ин пул намегирифт, вай танҳо мехост донишомӯзон илми бештар омӯзанд. Қаҳрамони мо имрӯз низ дар гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан барои дӯстдорони илми физика маҳфил дорад. Дар ин баробар дар маҳфили «Мактаби таҳсилоти иловагӣ» ба толибилмон дарс мегӯяд. «Лоиҳаи биноҳои баландошёна», «Киштии кайҳонии оянда», «Дастгоҳи барқсоз» гунаҳои эҷоди донишомӯзонанд, ки муаллим Наҷмиддинов ба он роҳбарӣ кардааст. Маҳсули муҳассилини боргоҳи мазкур борҳо дар озмунҳо намоиш дода шуда ғолибият ба даст овардааст.   

АШЪОРЕ, КИ БА ИЛМИ ДАҚИҚ БАХШИДА ШУД

Шарифҷон Наҷмиддинов зиёда аз 20 сол аст, ки ба эҷоди шеър машғул аст. Маҷмӯаи ашъораш «Муъҷизаҳои коинот» ном дошта, соли 2018 бо теъдоди кам ба нашр расид. Китоби мазкур аз 69 шеър, 15 рубоӣ ва 60 чистон иборат аст, ки ҳамагӣ ба илми физика ва нуҷум бахшида шудаанд. Қаҳрамони мо дар раванди дарс аз ашъори худ васеъ истифода мекунад. Ӯ мегӯяд, дарсе ки дар он каломи бадеъ ҳаст, таъсиргузору хотирмон мегузарад.


То имрӯз муаллим Наҷмиддинов барои хидматҳои шоиставу шоёнаш бо сипосномаву ифтихорномаи раёсати маорифи вилояту шаҳр борҳо қадрдонӣ шудааст. Ҳамзамон бо унвони «Корманди мумтози маорифи халқ» сарфароз гардидааст. Вале ӯ мегӯяд барояш беҳтарин ҷоизаву унвон дастовардҳои бузурги шогирдонаш аст.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед