Ru  | Tj
Беҳтарин имконият барои наврасон: Чӣ гуна метавон аъзои “NavrasФОРУМ” шуд?
Беҳтарин имконият барои наврасон: Чӣ гуна метавон аъзои “NavrasФОРУМ” шуд?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Беҳтарин имконият барои наврасон: Чӣ гуна метавон аъзои “NavrasФОРУМ” шуд?

Нашр шуд

Лола Қосимова 16 сол дорад. Ба синну соли ҷавони худ нигоҳ накарда, ӯ аллакай менеҷери ВАО, муаллифи лоиҳаҳои иҷтимоӣ, роҳбари гурӯҳи расонаҳои “LeadersShip” мебошад. Бо вуҷуди наврасияш Лола аллакай дар лоиҳаҳои гуногуни минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рӯзноманигор, суратгир ва наворбардор дастовардҳои зиёде дорад. Вай муаллифи лоиҳаҳои "NavrasFORUM" ва Ҷашнвораи синамои мобилӣ мебошад.

Лола Қосимова

Лола Қосимова

Танҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ бо ташаббуси Лола Қосимова дар ду шаҳри бузурги кишвар барои наврасон форуми «NavrasFORUM» баргузор гардид. Ин форум дар шаҳри Хуҷанд чӣ гуна баргузор гардид ва чӣ тавр шумо метавонед ба форуми мазкур дар шаҳри Душанбе аъзо гардед, мо дар ин матлаби худ шарҳ хоҳем дод.  

Идеяи таъсиси форуми мазкур дар фикри Лола Қосимова ҳанӯз моҳи марти соли 2021 пайдо шуда буд.

Ин форум чӣ вижагии хос дорад?

«Ман дар форумҳои гуногун иштирок мекардам, ки аксарияти ширкаткунандагонаш нафарони аз 18 сола боло буданд. Дар зимн, эҳсос кардам, ки дар атрофам ашхоси боистеъдод зиёд мебошанд, аммо аз сабабе ки синну соли онҳо аз 18 хурд буд, онҳо наметавонистанд дар чунин форумҳо иштирок намоянд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки чунин як форуме барои ҳамсинну солони худам таъсис диҳам»-мегӯяд Лола.

20-уми сентябри соли 2020 бо ташаббуси гурӯҳи расонаии “LeadersShip” дар қаҳвахонаи «Паркинг»-и шаҳри Душанбе «NavrasФОРУМ - 2020» баргузор гардид. Дар ин форум зиёда аз 80 нафар наврсони ташаббускори аз 12 то 17-солаи шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Ин форум наврасони боистеъдоди пойтахтро ба ҳам овард ва онҳо тавонистанд дар ин ҷо аз муваффақиятҳои худ, чӣ гуна саҳм гузоштан дар пешрафти ҷомеа, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷамъиятӣ, дастовардҳо ва роҳҳои ба комёбӣ расиданашонро ба ҳамдигар баён кунанд.

Пешбарони форуми соли гузашта:

- Нигора Ашрапова (ҳаваскори техникаи роботсозӣ ва барномасозӣ)

- Шервин Баҳриев (суратгири ҷавон)

- Ҷавоншер Муртазоқулов (наворбардори ҷавон)

- Shin Sedai (гурӯҳи рақсии k-pop )

- Алишер Каримов (соҳибкори ҷавон)

- Kind Heart (гурӯҳи наврасони муҳофизи олами ҳайвонот /фаъолон/роҳбаладон)

“Баргузор кардани нахустин форум бароям мушкил набуд, зеро ин форумро дар шаҳри худ ва дар байни дастаи беҳтарин гузаронидам ва аз ҳама муҳим дар канорам модарам буданд, ки он кас ҳамеша ва дар ҳама лаҳзаҳо маро дастгирӣ мекунанд (модари Лола журналисти муваффақ Наргис Қосимова мебошанд). Форуми дуюми мо соли 2021 дар ду шаҳр: Душанбе ва Хуҷанд баргузор гардид. Дар қадами аввал баргузор намудани форуми дуюм дар шаҳри Хуҷанд ба назар каме мушкил менамуд. Мо бояд ҳамроҳи модарам ба шаҳри Хуҷанд мерафтем, аммо модарам бемор шуданду танҳо ба он ҷо рафтам.

Дар шаҳри бегона нафареро ёфтан душвор буд, ки ба зудӣ ҳадафу мақсади туро бифаҳмад ва мундариҷаи лоиҳаи туро дарк кунад. Аммо ҳама чиз аз оне ки ман интизор будам, беҳтар шуд. Меҳмоннавозии хосаи мардуми ин минтақа ба мо хеле писанд омад. Баромадкунандагон бо лаҳни зебо ва ниҳоят озодона сӯҳбат намуда, дар баргузории ин форум ба ман хеле кӯмак расониданд. Дар форум қариб тамоми ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд иштирок карданд. Ман махсусан ба Муҳаммадҷон Шарифов ва Тимур Тимурхонов барои дастгириҳо ва кӯмакҳояшон изҳори сипосгузорӣ менамоям”.

"NavrasFORUM-2021" дар Хуҷанд рӯзи 16 –уми июли соли равон баргузор гардид, ки дар он 40, аз ҷумла 4 нафар баромадкунандагон ширкат доштанд:

Баромадкунандагони форум:

-      Ашраф Аъзамӣ, 17 сола - донишҷӯи донишгоҳи Булғористон, факултаи журналистика ва коммуникатсияи оммавӣ, узви раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, менеҷери ВАО TajRupt.

-      Темурмалик Азизов, 17 сола - менеҷери SMM, соҳибкори ҷавон.

-    Бону Фазлиддинзода, 17 сола – волонтиёр, дар маҷмӯъ ба 80 донишгоҳи хориҷӣ бо гранти 1,5 миллион доллар дохил шудааст.

-      Уфора Эрназарова, 17 сола - мубоҳисакунандаи ҷавон, ғолиби 3-карата мусобиқаи мубоҳисавии минтақавӣ оид ба ҳуқуқи инсон.

Бархоста ва ҳаракат кунед!

“Як сол қабл метавонистам гӯям, ки маро чун кӯдак қабул мекарданд ва корамро бошад як бозии кӯдакона. Аммо ҳоло ҳар кадоми мо аз болои худ мустақилона кор карда истодаем, ки инро дида, чунин гуфтам: акнун бархезед ва ба пеш ҳаракат кунед!

Дар баробари ин, аз модарам зиёд миннатдорам, ки маро ҳам аз ҷиҳати молиявӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ менамоянд. Ҳама пайвандонам: модарам, холаам, хоҳарам ва ҳатто дугонаҳоям низ ҳамеша дар канорам ҳастанд. Модарам ҳамеша таъкид мекунанд, ки кӯдаки муваффақ онест, ки зери навозиш ва муҳаббати бепоён ба воя бирасад. Ман ҳар рӯз суханони пур аз меҳру муҳаббатро мешунавам ва бастагонам дар ҳама кор маро дастгирӣ мекунанд. Модарам ҳар рӯз ба ман мегӯяд: "Ман туро ҳамин гунае, ки ҳастӣ, дӯст медорам. Ту метавонӣ".

Илова бар ин, ин лоиҳа аз ҷониби Эътилофи занони журналисти Тоҷикистон, ки ман ҳам узви он мебошам, дастгирӣ ёфт. Ҳамкорони форум alif.bank ва Бизнес –инкубатори давлатӣ буданд».

Чӣ гуна метавон иштирокчии форум шуд? 

“Барои дар ин форум баромад намудан, шумо бояд нахуст дархост гузоред ва дар он маълумотҳои дигар, аз ҷумла почтаи электронии худ, маълумоти кӯтоҳ дар бораи хеш, мавзӯе, ки мехоҳед доир ба он сухан ронед, дар умум ҳадафу мақсад ва ба ин монанд маълумотҳоро бояд пур кунед. Ҳоло барои иштирок дар ин форум аз шаҳри Хуҷанд ба мо 20 дархост омадааст, ки ҳоло мо бо гурӯҳ ҳамаи ин дархостҳоро омӯхта истодаем.

Албатта баргузории ягон чорабинӣ, маҳфил ва дар маҷмӯъ ба роҳ мондани ягон навъи фаъолият кори осон нест. Аммо ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки вақте шумо толори пур аз шунавандагонро мебинед, ки вақт ҷудо карда, иштирок доранд ва бо як таассуроти хуб аз ин ҷо бармегарданд, дар чунин лаҳзаҳо шумо эҳсос мекунед, ки заҳматҳои шумо беҳуда нарафтааст ва он қадр карда мешавад».




Амина Ҳафизова - чеҳраи нави синамои тоҷик


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед