Ru  | Tj
“Брюс Ли”-и афғон ба коргардонҳои тоҷик “лаббайк” мегӯяд
“Брюс Ли”-и афғон ба коргардонҳои тоҷик “лаббайк” мегӯяд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

“Брюс Ли”-и афғон ба коргардонҳои тоҷик “лаббайк” мегӯяд

Нашр шуд

Аббос Ализодаи 28 сола, ки бо номи “Аждари афғон” маъруф аст, ба устоди санъати ҷанги Кунг-фу ва ҳунарпешаи Гонконг Брюс Ли мисли як себи ду кафон аст. Яъне шабоҳати хеле зиёд дорад. Ӯ на танҳо ба чеҳра, балки аз ҷиҳати фаъолият ҳам ба ӯ пайравӣ мекунад. Аббос бо Кунг-фу тамрин мекунад ва силоҳи нунчакро ба андозаи ҳирфаӣ истифода мекунад. Ӯ имрӯзҳо чеҳраи нави “Голливуд” ва “Болливуд” аст. Аббос Ализода пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷараёни тамринаш навор мегузорад. Ӯ дар Facebook ва Instagram обуначиёни зиёд дорад.

ВАО ва сомонаҳои маъруфи дунё бо “Аждари афғон” Аббос Ализода сӯҳбатҳои ҷолиб ба анҷом расонидааст. Инак аввалин мусоҳибаи Аббос Ализодаро бо расонаи “Halva.tj” пешниҳоди хонандагон менамоем.


- Аббос, пеш аз ҳама мегуфтед, ки машғули чӣ корҳои тоза ҳастед?

- Феълан машғули тамрин ҳастам. Ҳар рӯз ду маротиба - субҳ ва шом тамрини бадану мушакҳо мекунам. Бо сабаби шиддати вируси корона, инчунин ба сари қудрат омадани ҳукумати Толибон* дастоварди хос надорам. То ин ки корона иттифоқ афтод, вақти сархорӣ надоштам. Аммо хабарҳои хубе дар роҳ аст.

- Муносибати ҳукумати имрӯзаи Толибон ба варзиш ва синамои Афғонистон чӣ таъсир гузошт?

- Ташкили ҳукумати Толибон боис шуд, ки хеле аз ҳунарпешаю варзишгарони мо Афғонистонро тарк кунанд. Бештари онҳо ба кишварҳои ҳамсояву мухталиф паноҳанда шуданд, то ин ки ҷонашон дар оромиш бошад. Бесарусомонӣ дар тамоми соҳаҳо ба ҳадди авҷ расидааст.


- Моҳи октябри соли 2021 адвокати лондонии шумо Моҳтоб Азиз, дар расонаҳо иттилоъ дода буд, ки бо сабаби ба сари ҳукумати Афғонистон омадани Толибон ва аз ҷумла, барои такмил додани маҳорати актёрии худ ба Британияи Кабир меравед. Оё ин нақша дар ҳоли амал аст?

- Баъд аз суқути ҳукумати пешин, фаъолияти ҳунариам низ муваққатан қатъ шуд. Моҳтоб Азиз воқеан адвокати пурталошу касбӣ аст. Дар рӯзҳои бадтаринам дасти мадад дароз намуд. Аз адвокатам хеле сипосгузорам. Мутаассифона, муддати 4 моҳ мешавад, ки наметавонам тарки Афғонистон кунам. То ҳол дар Кобул ҳастам.

Нақшаи парвози Лондон дар ҷараён аст. Дӯсти мо Маҳтоб Азиз хеле зиёд мекӯшад, ки масъулин ҳуҷҷатҳои визаи маро тасдиқ намоянд.


- Имрӯзҳо ҳаёти “Брюс Ли”-и афғон дар ватани аҷдодӣ чӣ гуна мегузарад?

- Зиндагӣ дар Афғонистон рӯз то рӯз аз ҷиҳати иқтисодию бекорӣ вазнин мешавад. Нархи тамоми намуди маҳсулот гарон шудааст, ки дар натиҷа барои мардуми Афғонистон мушкилоти зиёд ба бор овард.

Бо сабаби ба қавми ҳазора тааллуқ буданам, Толибон маро таҳдид мекунанд. Ҳазораҳо дар Афғонистон ҳамеша ҷабр диданд ва қурбониҳои зиёд бар ҷой гузоштанд. Толибон ҳамарӯза мардуми ҳазораро бераҳмона мекушанд ва мавриди озор қарор медиҳанд. Зиндагӣ дар Афғонистон воқеан сахт аст.

Фатҳи қуллаи мақсуд


- Каме аз рӯзҳои нахуст, ки ба ҷодаи санъат қадам гузошта будед, мегуфтед?

- Достони хеле тӯлонӣ аст, вале мехоҳам мухтасар баён кунам. Дар расонаҳои дунё бо номи “Брюс Лии Афғонистон” матраҳ шудам ва коргардонҳои ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки дар филмҳои ҷангӣ нақш иҷро намоям. Яъне, чеҳраам боис шуд, ки маро ба самти синамо бикашанд. Аввалин бор дар филми “Брат Ли” (Бародар Ли), ки соли 2015 аз тарафи студияи синамогароии “AS Media” ба навор гирифта шуд, нақши асосиро иҷро намудам. Ин филм маҳз ба хотири ман таҳия шуда буд. Ҳамин тавр, дар синамо қадами нахустинамро гузоштам.

Бояд ёдовар шавам, ки ҳашт сол қабл (соли 2014) яке аз дӯстони наздикам ва ҳамразмам, дорандаи медали санъати ҷанги Кунг-фу дар Афғонистон Алӣ Ҳусайн мутаваҷҷеҳ шуд, ки ман шабеҳи Брюс Ли ҳастам. Ӯ маро ба ин роҳ ташвиқ кард. Ҳар бор ташвиқи ӯ боис мешуд, ки ман барои гузоштани қадамҳои устувор талош намоям. Бо ташаббуси ӯ, дар каналҳои хеле маъруфи дунё мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтам. Мутаассифона, Алӣ Ҳусайн имрӯз дар миёни мо нест. Ӯ моҳи октябри соли 2016 аз олам гузашт. Сабаби марги Алӣ Ҳусайн то ҳол маълум нагардидааст.


- Дар нахустин рӯзҳое, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба “Брюс Ли”-и афғон нигаронида шуд, худро чӣ гуна эҳсос менамудед?

- Эҳсоси аҷибе доштам, ки бо ду-се ҳарф иброз намудан мушкил аст. Шод аз он будам, ки заҳматҳои кашидаам бенатиҷа намонд. Ҳамчунин, волидайнам ифтихор мекарданд, ки фарзанди онҳоро дар сатҳи ҷаҳон нек мешиносанд.

- Боре пешниҳод шуда буд, ки дар филмҳои ватанӣ низ нақш иҷро намоед?

- То ба ҳол аз тарафи филмофарони Афғонистон пешниҳод нагирифтаам. Феълан вазъияти Афғонистон таврест, ки ҳама мехоҳанд ҷонашонро дар оромиш ва сулҳ нигаҳ доранд.


- Ҳамчун ҳунарпешаи шинохта бо кадом ширкатҳои синамоии ҷаҳонӣ ҳамкорӣ кардед?

- Хидмати шумо арз намоям, ки бо синамои “Болливуд”, ҳамчунин бо коргардонҳои Озорбойҷон ва Курдистон ҳамкориҳои хуб доштам. Дар ин радиф, бо синамои “Ҳолливуд” низ як шартномаи судманд ба имзо расонидем. Агар Худованд хоста бошад, ба зудӣ дар филми “Ҳолливуд” низ зоҳир мешавам.

- То имрӯз бо иштироки шумо ҳамагӣ чанд филм рӯйи навор омадааст?

- Ҳоло танҳо як филм таҳти унвони “Брат Ли”, ки дар Озорбойҷон филмбардорӣ шуд рӯйи навор омадааст. Дар се филме, ки филмҳои “Болливуд” аст, дар нақши асосӣ иштирок кардам. Аммо ин филмҳо ба хотири мушкилоти вазъияти пандемия то ба ҳол рӯйи экран наомадааст. Умедворам, ки имсол дар кинотеатрҳо ба намоиш гузошта мешавад. Ин филмҳо - “Borivali Ka Bruce Lee” “Golden bird” ва “Adharva” мебошад. Инчунин, дар бораи ман якчанд филмҳои ҳуҷҷатӣ низ сабт карда шудааст, ки метавонед тариқи торнамои ҷаҳонӣ тамошо кунед.

- Оё филме ҳаст, ки дар он бо чеҳраи кумиратон “Брюс Ли” зоҳир нашудед?

- Бале, дар филми “Adharva” на бо чеҳраи Брюс Ли, балки ҳамчун ҳунарпеша - Аббос Ализода вориди саҳна шудам. Филми “Adharva” пеш аз ба вуқӯъ омадани пандемия, дар шаҳри Кочени иёлоти Кералаи Ҳиндустон аз тарафи “Болливуд” ба навор гирифта шуд.


- Агар коргардонҳои тоҷикистонӣ Шуморо ба филмҳои тоҷикӣ даъват намоянд, таклифи эшонро мепазиред?

- Ман аз синамои тоҷик хуб огоҳӣ дорам ва алоқаманди филмҳои ҳаҷвии тоҷикӣ ҳастам. Тоҷикистон кишвари дӯст ва ҳамфарҳанги мост. Агар синамогарони тоҷик маро ба филмҳои хеш даъват кунанд, чаро не? Ҳатман ба пешниҳоди онҳо лаббайк мегӯям, ба шарте, ки сужаи филм ба услуби нақшофарии ман мувофиқ бошад.

- Барои шумо ҳамчун ҳунарпеша гонорар муҳим аст ё нақше, ки иҷро мекунед?

- Ростӣ, иштирок дар филмҳое, ки то ҳазорсолаҳо мондагор аст ва воқеан арзиши воло доранд, баландтар аз моддиёт, яъне маблағу пул аст. Албатта нақше, ки дар зеҳнҳо мунаққаш мешавад, дар мадди аввал меистад.

- Барои Аббос кадом яке аз инҳо дар ҷойи аввал меистад: варзиш ё синамо?

- Бароям ҳардуи ин шуғле, ки интихоб кардаам, дар як радиф қарор доранд.

Аз тамрин дар майдонҳои варзишии кӯча то маъруфият дар Аврупо


- Тавре ҳамаи мухлисони шумо огоҳӣ доранд, Шумо аз чордаҳсолагӣ бо санъати ҷангии Вин – Чуни Кунг-фу, ки Брюс Ли ва устодаш Ип Ман бо он тамрин мекарданд, машғул ҳастед. Дар иҷрои машқҳо чанд бор ба худ зарари ҷисмонӣ расонидед?

- Дар ҷараёни тамоми солҳое, ки тамрин кардам, ду бор ба худ осеби ҷиддӣ расонидам. Яке аз ноҳияи ангуштони по ва якеи дигар аз ноҳияи сар. Хушбахтона, боре дар беморхона набудам.

- Барои то ҳадди ҳирфаӣ омӯхтани силоҳи нунчак чӣ қадар вақт сарф кардед?

- Аз даврае, ки ба варзишҳои размӣ рӯ овардам, талош доштам, ки силоҳи сарди нунчакро то ҳадди касбӣ биомӯзам. Тамрини шабонарӯзӣ боис шуд, ки ба андозаи ҳирфаӣ истифодаи нунчакро аз худ кунам. Истифодаи нунчакро тариқи филмҳои Брюс Ли низ меомӯхтам.

- Дар як дақиқа чанд маротиба бо ду ангушт болофишорӣ карда метавонед?

- Дар муддати як дақиқа метавонам 15 бор бо ду ангушт болофишорӣ намоям.


- 5-уми январи соли равон, аз тарафи ҳунарманди аврупоӣ - Мари Дролет коллексияи хурди фигураҳои ҷангии “Брюс Лии афғон” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук рӯйи нашр омад. Оё ин коллексия аз ҷониби Шумо фармоишӣ буд?

- Ин тандисҳое, ки дар фазои маҷозӣ мушоҳида кардед, тавассути Мари Дролет ба ман ҳамчун тӯҳфа тақдим гардид. Дар тандисҳои мазкур, ҳолати дар канори ҳамдигар истодани ману Брюс Ли ва лаҳзаҳои ҷангии ман бо силоҳи сарди нунчак бо замина (фон) -и кохи харобшудаи Кобул акс ёфтааст.

Ҳадаф, тарс ва орзу


- Оё Аббос мақсад дорад, ки дар донишгоҳ таҳсил гирад ё танҳо нусхаи Брюс Ли будан бароятон кифоя аст?

- Бароям фақат Брюс Ли-гуна будану варзишгарию нақшофарӣ кифоят намекунад. Таҳсил низ хеле ҷойгоҳи баланд дорад. Мақсад дорам, ки дар ояндаи наздик таҳсиламро дар риштаи ҳунарҳои зебо идома диҳам. Аслан пеш аз маъруфият пайдо намудан тасмим доштам, ки ба донишгоҳ дохил шавам, аммо вазъи иқтисодии оилавиам дар ҳолати хуб қарор надошт.

- Дар саҳфаи таърих бо кадом унвон сабти ном шудан мехоҳед: “Аждари афғон”, яъне “Брюс Лии 2” ё танҳо Аббос Ализодаи варзишагару ҳунарпеша?

- Банда қабл аз он, ки маъруф шавам, мухлиси ашадии филмҳои Брюс Ли будам. Брюс Ли идеали ман буд ва ҳоло низ ӯ ягона улгуест, ки ба ин муваффақият расидам. Аз он, ки чеҳраи ман ба Брюс Ли шабоҳат дорад, ифтихормандам. Дӯст дорам дар таърих бо номи Аббос Ализода бимонам, аммо агар бо амри тақдир ҳамчун нусхаи Брюс Ли бимонам ҳам, бароям мояи ифтихор аст.

- Аббос дар зиндагӣ аз чӣ метарсад?

- Аз хатое ҳазар мекунам, ки охираш пушаймонӣ биёрад, ё дар азоби виҷдон гузорад. Дар кулл ҳеҷ инсон бидуни ғалат нест, аммо Аббос Ализода аз иштибоҳ метарсад.


- Овони кӯдакӣ чӣ орзуҳо доштед, ки ҷомаи амал напӯшиданд?

- Аз лаҳзае, ки худро мешиносам, дар Афғонистон ҳеҷ вақт сулҳу оромиш набуд. Ҳамоно Афғонистон дар бесарусомонӣ қарор дорад. Бузургтарин орзуи ман сулҳу салоҳи Ватанам буд, ки шояд ин орзу ҳеҷ гоҳ ба ҳақиқат мубаддал нашавад.

- Поёни шаби сиёҳ сафед аст. Бо умеди парвози кабутари орзуи Шумо, барои суҳбати ҷолибу самимӣ сипосмандем.

- Ман низ қалбан ташаккур мекунам аз Halva.tj ва касоне, ки шурӯъ аз лаҳзаи ҳадафам то ба имрӯз канорам буданду мемонанд.


Шабнам Мекамбоева: “Ба Худованд шукргузорам, аммо агар солим мебудам...”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед