Ru  | Tj
Чӣ тавр духтари бадахшӣ ҳунарҳои миллии ниёгонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад
Чӣ тавр духтари бадахшӣ ҳунарҳои миллии ниёгонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Чӣ тавр духтари бадахшӣ ҳунарҳои миллии ниёгонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад

Нашр шуд

Шукрона ҳунарманд буда, ба мӯҳракашӣ машғул мебошад. Ӯ аз мӯҳра (жола) гарданбанд омода менамояд ва фарҳанги мардуми Бадахшонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Гарданбандҳои сохтаи ӯро сайёҳони хориҷӣ ба кишварҳои худ ба армуғон мебаранд. Ӯ дар баробари доштани ин ҳунар десишгар (дизайнери графикӣ) мебошад ва дар ҷашнвораҳои миллии муд дар солҳои 2021 ва 2022 унвони “Беҳтарин тарроҳ”‑ро сазовор гардид. Ҳоло аз рӯйи ихтисоси худ дар ду ҷо кор мекунад ва дар вақтҳои холияш гардандбанд омода месозад.

Шукрона дар бораи ҳаёту фаъолият, чӣ гуна ҳунарманд гардидан ва анъанаҳои миллии мардуми Бадахшон ба муаллифи Halva.tj нақл намуд.


 

АЗ ШАВҚУ ҲАВАС ТО ОҒОЗИ МУВАФФАҚИЯТҲО

Шукрона Наврӯзова зодаи шаҳри Хоруғ мебошад. Ӯ хатмкардаи литсейи Оқохон аст. Дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш соҳибкор ва модараш омӯзгор мебошанд. Пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳои худро ба Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов супорид ва бомуваффақият онҷоро хатм намуд. Барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи ҳунар ва фарҳанги шаҳри Москав дохил шуд, ҳамчун десишгар (дизайнери графикӣ) онро ба итмом расонид. Ӯ баъди хатм ба Ватан баргашта, аз рӯйи ихтисоси худ дар якчанд коргоҳ фаъолият намуд. Замоне, ки модар шуд, рухсатии меҳнатӣ гирифт ва дар вақтҳои холии худ ба муҳракашӣ машғул шуд. Дар аввал барои дугонаҳо ва хешовандонаш гарданбандро ройгон тайёр менамуд. Оҳиста-оҳиста муштарии худро пайдо намуд. Онҳо ҳунари дасти ӯро меписандиданд ва харидорӣ менамуданд. Қаҳрамони мо фикр намекард, ки ҳунараш ба манбаъи иловагии даромади ӯ табдил меёбад.


“Модарам зани ҳунарманд буд, ба ман ва хоҳаронам тарзи тайёр кардани гарданбандро ёд дод. Аз хурдӣ ба бофтани муҳракашӣ шавқу ҳавас доштам ва дар хотирам ҳаст, ки аввалин маҳсули дастамро дар 13-солагиям омода карда будам. Вақте аз ҷониби модар баҳои баланд гирифтам, шавқам бештар шуд ва ба пуррагӣ онро азхуд кардам. Замоне ки соҳиби фарзанд шудам, ба рухсатии меҳнатӣ баромадам ва аз бекорӣ дар хона ба муҳракашӣ машғул шудам. Баъди дубора ба кор даромадан низ сохтани гарданбандро идома додам, чунки муштариён зиёданд. Бештар ба ман гуларӯсон супориш медиҳанд”, - мегӯяд Шукрона.

 

АЗ ТАЪРИХИ ҲУНАРИ МУҲРАКАШӢ

Намоном (бренд)-и маҳсулоти дасти ӯ "Shukrona-hendmade" буда, дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ҳунарҳои худро тарғиб мекунад. Қаҳрамони мо дар маҳсулоти худ нақшу нигори қадимаи мардуми Бадахшонро тасвир менамояд. Ӯ бештар аз рангҳои сафед ва сурх истифода мекунад, чунки, ба гуфтаи ӯ, ранги сафед ин рамзи бахту иқболи сафед ва ранги сурх шодиву хушбахтиву хуррамӣ аст.


“Мӯҳрабофӣ асосан хоси мардуми Бадахшон аст. Мафҳуми рангҳое, ки истифода мешаванд, гуногун аст. Масалан ранги сафед рамзи роҳи сафед, бахти сафед, ранги сурх шодиву нишот, ранги сабз маънои сарсабзӣ, серию пуррӣ, ранги зард ин рамзи офтоб, гармӣ, осудагӣ ва ранги кабуд осмони софу беғуборро ифода менамоянд. Ҳамчунин ранги сафед ва сиёҳро дар қадим барои дур кардани чамши бад истифода мекарданд. Номи мӯҳраҳоро ҳам мардуми Бадахшон “цемак” мегуфтанд, ки маънои “чашмак”‑ро дорад. Дар байни мардум нафаре, ки дар гарданаш мӯҳра дошт ба ӯ чашми бад таъсир намекард”, ‑ мегӯяд Шукрона.

 

КОР САБР ВА МЕҲНАТИ ЗИЁД МЕХОҲАД

Шукрона бештар аз нақшу нигори аҷдодиии мардуми Бадахшон ва табиати зебои Тоҷикистон илҳом мегирад ва нақшу нигори нав меофарад. Мӯҳракашӣ заҳмати зиёдро талаб мекунад, махсусан офаридани нақшу нигор кори мураккаб аст. Барои бо мӯҳраҳо кор кардан сабр ва асабҳои ором лозим аст.


“Пеш аз бофтани гарданбанд мо аввал нақшаи онро дар коғаз тасвир мекунем, ранги муҳраҳоро интихоб мекунем. Баъдан дар асбоби махсус риштаҳоямонро баробар карда ба бофтани мӯҳрачаҳо шурӯъ мекунем. Ҳар як мӯҳраро дона‑дона ба сӯзан гузаронида, аз рӯйи эскизи омодакардашуда онро мебофем, ки ин меҳнат ва тоқати зиёдро талаб мекунад”, ‑ қайд мекунад қаҳрамони мо.

 

МУНОСИБАТИ ХОРИҶИЁН БА ҲУНАРИ ДАСТӢ

Ҳоло ба қаҳрамони мо нафақат аз дохили ҷумҳурӣ, балки аз ҳориҷа низ фармоиш медиҳанд. Ҳунарманд мегӯяд, ки муштариён аз Русия ва Ҳиндустон фармоиш медиҳанд, вале мутаассифона имкони фиристодани маҳсулотро надорад, чунки воситаи боваринок барои интиқоли маҳсулот мавҷуд нест.


“Хориҷиён ба овезаҳои ман таваҷҷуҳ ва шавқи зиёд доранд. Маҳсулоти ман тариқи интернет таблиғ мешавад. Ба ин восита онҳо гарданбандҳоро писанд мекунанд ва фармоиш медиҳанд. Пештар ман фармоиши онҳоро қабул мекардам ва ба воситаи дӯсту ошноҳоям ба онҳо дастрас мекардам. Аз сабабе, ки парвози мустақим дар баъзе манотиқ нест, якчанд маротиба маҳсулот гум шуд ва ба дасти муштарӣ расонида нашуд. Барои ҳамин ҳам дар намоишҳои муд, ки дар хориҷа мегузаранд, ширкат мекунам ва дар онҷо хориҷиён маҳсулоти дасти маро меписанданд ва харидорӣ мекунанд. Дар хориҷа ба ҳунари дастӣ баҳои баланд медиҳанд ва бо нархи гарон мехаранд”, ‑ мегӯяд ӯ.

 

ДАСТОВАРДҲОИ ФАРҲАНГӢ

Шукрона дар чандин ҷашнвораҳои фарҳангӣ ширкат намуда, ҳунару фарҳанги халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Соли 2021 дар севумин “Форуми соҳибкорони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ” фаъолона ширкат намуда, унвони “Беҳтарин тарроҳ”‑ро сазовор шуд. Ҳамчунин соли 2022 дар чаҳорумин “Форуми соҳибкорони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ” ширкат намуд ва ҷоизаи “Беҳтарин тарроҳи либосҳои кӯдакона”‑ро соҳиб гардид. Бонуи ҳунарманд имсол дар Ҷашнвора (фестивал)-и муд иштирок мекунад ва дар онҷо маҳсулоти дасти худро ба намоиш мегузорад.


“Чанд вақт боз мехостам, ки дар ҷашнвораи муд ширкат кунам, аммо омода набудам. Гарданбандҳои омоданамудаи ман аз рӯйи нақшу нигор бештар хоси мардуми Помир аст, аммо дар фестивал мехоҳам, ки дар ҷавоҳироти ороишӣ ин қолабро шиканам. Коллексияе омода намуда истодаам, ки дар он нафақат нақшҳои бадахшонӣ, балки нақшҳои дигар манотиқи Тоҷикистон низ нишон дода шудааст. Чун рамзи ҳамоиши имсола атласу адрас аст, дар маҳсулоти ман низ намунаи нақшу нигори атласу адрас хоҳанд буд. То имрӯз дар ҷумҳурии мо чунин коллексияро ҳеч кас омода накардааст ва хушҳол ҳастам, ки ман аввалин шуда ин корро анҷом медиҳам”, ‑ бо лабханд нақл намуд Шукрона.

 

ҲУНАРМАНД ХОР НАМЕШАВАД

Қаҳрамони мо ҳунари худро ба дигарон низ меомӯзонад, чунки мехоҳад бо ин роҳ анъанаҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Ӯ дар баробари ба ҳунармандӣ машғул будан дар ду ҷой кору фаъолият мекунад. Дар корхонаи дӯзандагии “Тоҷ Текс” ба ҳайси тарроҳи либосҳои кӯдаконаи намономи “Фасонак” ва дар маркази фарҳангии Бохтар ҳамчун десишгар (дизайнери графикӣ) кор мекунад.


Қаҳрамони мо оиладор ва соҳиби духтарчаи зебо мебошад. Ӯ ҳунари худро ба фарзандаш низ омӯзонидааст. Чунки ба он бовар аст, ки ҳар касе ҳунарманд аст, ҳатман дар зиндагияш ба мушкилӣ дучор намеояд. Шукрона ният дорад, дар оянда коргоҳе бунёд намояд, то ба занони хонашин ҳунари мӯҳракаширо омӯзонад ва маҳсулоти худро ба бозори ҷаҳонӣ барорад.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед