Ru  | Tj
Чӣ тавр Манижа қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи MMA шуд
Чӣ тавр Манижа қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи MMA шуд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Чӣ тавр Манижа қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи MMA шуд

Нашр шуд

Манижа Самадоваи 19-сола нахустин тоҷикдухтарест, ки дар риштаи ҳунарҳои размии омехтаи ғайриҳирфаӣ (ММА) қаҳрамони ҷаҳон гардид. Ин унвонро ӯ ҳафтаи қабл дар мусобиқаи қаҳрамоние, ки дар Сербия баргузор гардид, ба даст овард.

Муаллифи Halva.tj бо Манижа ҳамсуҳбат шуда, атрофи корнома, асрори ғолибият дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ва аҳамияти варзиш дар ҳаёти рӯзмарра қисса намуд.

ДУРОҲА

Манижа Самадова 23-юми июли соли 2003 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдсолӣ ба варзиш машғул шуд. Волидонаш низ ба интихоби духтарашон мухолифат накарданд.

- Дар оила варзишгар танҳо манам. Намуди кикбоксинг ва тенниси рӯйи миз бароям писанд буд. Дар аввал тенниси рӯйи мизро хеле дӯст медоштам. Дар чандин мусобиқаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ қувваозмоӣ кардаам. Ҳатто устоди варзиши Тоҷикистон дар риштаи тенниси рӯйи миз ҳастам. Ҳанӯз аз овони донишомӯзӣ мехостам, ки ба риштаи кикбоксинг машғул шавам, - гуфт қаҳрамони мо.
 

Ҳамин тариқ, устоди аввалинаш дар самти кикбоксинг Мирсаид Яҳёев гардид. Манижа беш аз 5 сол дар ин самт машқ кард ва дар чандин мусобиқаҳо ширкат варзид.

«Аз намуди кикбоксинг дар Ҷоми кушоди Ӯзбекистон иштирок карда, медали тиллоро ба даст овардам. Пас аз чанде хостам, ки дар риштаи ҳунарҳои размии омехта (ММА) малакаву тавоноии худро санҷам. Ростӣ, ин намуди варзиш хеле душвор ва хатарнок аст. Аммо ба ин фикр будам, ки духтари тоҷик низ метавонад ба намуди варзиши мушкилписанду хатарнок машғул шавад ва комёб гардад», - ба ёд овард Манижа.
 

ИСТЕЪДОД ҚУРБОНӢ МЕХОҲАД...

Манижа баъд аз хатми мактаби миёнаи №11-и шаҳри Душанбе барои идома додани таҳсил ба Русия рафт. Дар ихтисоси барноманависии Ҳунаристон (техникум)-и ҳавонавардии шаҳри Челябинск як сол таҳсил кард. Дар ин муддат ҳис кард, ки барноманависӣ ва соҳаи IT барояш бегона аст. Ниҳоят тасмим гирифт, ки аз идомаи таҳсил даст кашида, ба Тоҷикистон баргардад ва корномаи варзишии худро давом диҳад.


ДАРИЧАИ УМЕД

Соли 2019 дар Тоҷикистон Федератсияи ҳунарҳои размии омехтаи ғайрикасбӣ (ММА) расман ба фаъолият оғоз кард. Таъсис шудани ин ниҳод дар дили қаҳрамони мо шуълаи умеду боварро бедор намуд ва дар ин ҷодаи варзиш ӯро Рустам Зиёев раҳнамоӣ кард.

Аввалин мусобиқае, ки Манижа дар он қувваозмоӣ намуд, дар Маҷмааи варзишию фароғатии сатҳи байналмилалии шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.


- Он рӯз мақоми сеюмро соҳиб шудам. Аммо рӯҳафтода нашудам, зеро ман фаҳмидам, ки чӣ камбуд ва хато доштам. Аслан инсоне, ки камбудҳои хешро медонад, нерӯманду муваффақ мешавад, - андешамандона гуфт қаҳрамони мо.

Ҳамакнун Манижа ҳамроҳи 4 варзишгари дигар дар толори варзишии «55 GYM Combat» тамрин менамояд.

- Варзиш дар ҳаёти ман аҳамияти хеле калон дорад. Вай воситаест, ки ман ҳар рӯз бо як мақсади муайян қадаме пеш мегузорам ва ҳам роҳи дурусти зиндагиро интихоб мекунам, - илова кард варзишкор.
АСОСИ ҒОЛИБИЯТ БОВАР ВА ПУРТАЛОШӢ АСТ

Ғолибият дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон барои Манижа ғайринтизор буд. Ҳеч кас умед надошт, ки вай дар вазни беш аз 65 кг пирӯз мегардад. Дар охир ҳамагон ҳайрон монданд, ки чӣ гуна Манижа тавонист, то медали тиллоро ба даст оварад.

- Ман рӯҳан ва ҷисман худро ба ғалаба омода кардам. Лаҳзаи хотирмони мусобиқа он буд, ки баъди пирӯз шудан дар мусобиқа нигоҳи дигарон ба ман ва сатҳи тавоноиям дигар шуд. Яъне ба ман дигаргуна менигаристанд. Он рӯз эҳсоси хеле аҷибе доштам, - бо эҳтирос гуфт Манижа.


Манижаи қаҳрамон мегӯяд, рақибони тавонманд ва таҷрибадор дошт. Муҳориба бо варзишкорони муғул, серб ва озарбойҷонӣ барояш хеле сангин буд. Чун онҳо низ талош доштанд, ки пирӯз шаванд.

«Аз ҳолатҳое, ки дар ҷараёни сабқат рух дод, сабақҳои зиёде андӯхтам. Бароям дар даври ниҳоӣ насиб шуд, ки рақиби озарбойҷониро шикаст диҳам. Ман асоси ғолибиятамро дар бовар ва пурталошӣ медонам», - иброз намуд ӯ.
 

Қаҳрамони ҷаҳон ба наврасону ҷавонон, хоса духтарон тавсия медиҳад, ки ба намуди варзише машғул шаванд, ки сидқан дӯст медоранд.

Манижа Самадова ният дорад, ки дар баробари машғул шудан ба ҳунарҳои размии омехта (ММА) дар соли таҳсили 2023-2024 донишҷӯйи Донишгоҳи варзиши Саидмуъмин Раҳимов гардад.

Барояш фатҳи қуллаҳои баланд ва муваффақиятро орзумандем!

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед