Ru  | Tj
Чӣ тавр як маблағгузор аз Тоҷикистон мураббии рақси америкоӣ - лотинӣ шуд
Чӣ тавр як маблағгузор аз Тоҷикистон мураббии рақси америкоӣ - лотинӣ шуд
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардид

Чӣ тавр як маблағгузор аз Тоҷикистон мураббии рақси америкоӣ - лотинӣ шуд

Нашр шуд

Фарзона амалан ягона мураббии рақсҳои америкоӣ - лотинии бачата ва салса дар Душанбе мебошад, ки дар машғулиятҳои баргузорменамудаи ӯ метавонад ҳар хоҳишманд иштирок кунад. Қаҳрамони матлаби мо тамоми қолабҳо, вобаста ба санъати америкоӣ - лотиниро шикастааст. Мо тасмим гирифтем, ки бо Фарзона дар бораи роҳи пешгирифтаи ӯ, душвориҳои омӯзиш, инчунин чӣ тавр хоҳиши азим тамоми монеаҳо дар роҳи расидан ба орзуҳоро аз байн мебарад суҳбате ороем.


Фарзона дар шаҳри Хоруғ ба дунё омада, ба воя расидааст. Вай Донишкадаи иқтисод ва менеҷменти Қирғизистонро бо ихтисоси молия ва қарз хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ 2 соли аввал ба ҳайси мудири дафтар фаъолият намуда, 10 сол аз рӯи ихтисосаш кор кардааст: ду сол дар бонк ва ҳашт сол дар созмони байналмилалии хайриявӣ кор кардааст.

Ҳар қадаре ки ӯ аз рӯи силсилаи маснадӣ боло мерафт, ҳамон қадар сарбориаш бештар мешуд.


«Ман хаста мешудам ва ин ҳолат имкони муошират бо дӯстон, хешовандон ва оиларо ғайриимкон мегардонид. Дар як ҳолат мутаваҷеҳ бар он шудам, ки дар зиндагӣ, мисли гузоришҳо, бояд мувозинат вуҷуд дошта бошад ва чизеро дар ин замина бояд тағйир дод.

Аз соли 2019 ман гурӯҳи рақсии худро таъсис дода, худи ҳамон сол, ба рӯйхати Toп 50 барои ташкили шабнишиниҳои иҷтимоӣ ва саҳм гузоштан дар рушди ҷомеа ворид карда шудам.

«Аввали соли 2022 тасмим гирифтам, ки дар фаъолияти мансабиям муваққатан танаффус гирифта, кори дигари мувофиқ пайдо кунам ё худро дар соҳаи дигар санҷам», - мегӯяд Фарзона.

Интихоби касб кори душвор ва масъулиятнок аст, алалхусус, агар вазифаи нағз ва маоши хуб дошта бошӣ, вале новобаста аз ин, ҳолате вуҷуд дорад, ки наметавонад табъи дилат бошад. Рафтан ё мондан? Пас аз ин қадар соли таҳсилу кор, чунин интихоб кори ниҳоят мушкил мебошад. Аммо қабул намудани мағлубият, эҳсос кардани он, ки ҳангоми интихобат ба иштибоҳ роҳ додӣ ва тағйир додани вазъиятро танҳо одамони қавиирода метавонанд амалӣ созанд, - иброз медорад Фарзона.

Роҳи шумо ба олами рақс чӣ гуна оғоз ёфт?

— Дар роҳи сохтани муваффақияти бузург ман бисёр кор кардам ва хеле хаста ҳам шудам. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки пас аз кор ба рақс машғул шавам, то каме истироҳат кунам. Боре як ҳамкорам маро ба рақсҳои ҷуфтии лотинӣ даъват кард, ки ин пешниҳод маро ниҳоят ҳавасманд карду, ман ба он розӣ шудам. Аз ҳамон лаҳза дилдодаи ин рақсҳо шудам, вале мутаассифона курсҳое, ки ман дар онҳо иштирок мекардам, фаъолияташонро бо сабабҳои гуногун қатъ карданд. Пас аз ҷустуҷуҳои тӯлонии бебарор тасмим гирифтам, ки таҷрибаи андӯхтаи худро мустақилона тавсеа диҳам. Баъдтар студияеро пайдо кардам, ки дар он рақсҳои базмӣ/лотинӣ (румба, самба, ча-ча-ча, пасодобл, тангои аргентинӣ) меомӯзониданд ва аз ҳамон лаҳза барои рафтан ба машғулиятҳои роҳбари ин маҳфил Валентина Клименко оғоз кардам. Дар гурӯҳи мо марде буд, ки бачата рақс карда метавонист. Дар охири машғулиятҳо баъзан рақс мекардем ва ин услуб ба ҳама писанд омад. Аз мо хоҳиш карда шуд, ки қадамҳои ин рақсро нишон диҳем ва метавон гуфт, ки маҳз аз ҳамин лаҳза шуғли асосии мо оғоз шуд. Баъдтар аз мо хоҳиш карданд, ки ҳафтае як маротиба рӯзҳои чоршанбе машғулиятҳои омӯзиши бачатаро ташкил кунем. Валентина Клименко зид набуд, вале ман намехостам, зеро мефаҳмидам, ки ин касби ман нест, донишу таҷрибаи дахлдор надорам ва умуман ин як масъулияти калон аст. Аммо бачаҳо пофишорӣ карданд ва кунҷковию хоҳиши барқарор кардани иртибот бо он чизе, ки дӯсташ медорам, боло гирифт. Машғулиятҳо як соат тӯл мекашиданд ва шумораи иштирокчиёни доимии онҳо то 10 нафар мерасид, инчунин нафароне буданд, ки нав вориди рақс шуданд. Ин шуғламон дер давом накард ва мутаассифона аз сабаби рафтани дастурдиҳандаи мо, студия баста шуд, вале мо машғулияти дӯстдоштаамонро идома додем, зеро яке аз шогирдонамон, ки ба рақсҳои лотинӣ низ дилбастагӣ дошт, қаҳвахонаи худро ҳамчун майдончаи омӯзишӣ пешниҳод кард ва мо метавонистем онро барои корҳои иҷтимоӣ истифода барем.

Вақте ки дурахши чашмони одамон, табассум ва шодии онҳоро ҳангоми машғулият мебинӣ, худ як нерӯи махсусро эҳсос мекунӣ. Маҳз аз ин сабаб ман мехостам худро дар ин ҷаҳони аҷиби рақс боз ҳам бештар ғутта зада, ҷузъиёти аз чашм пинҳоншударо ошкор кунам, зеро ман эҳсос мекардам, ки дар онҳо муъҷизае ниҳон карда шудааст.

Шумо чанд муддат таҳсил кардед ва чӣ қадар гурӯҳҳои рақсиро омӯзонидаед? Метавонед дар бораи ҷуфтҳои рақсӣ, чӣ тавр онҳо душвориҳоро паси сар карда, ба муваффақиятҳо ноил гардиданд, чанд сухани ҷолиб гап занед.

– Шуғли асосиам ба ман кӯмак кард, то ба ин тарҳи худ сармоягузорӣ кунам, ман тавонистам, ки беҳтарин курсҳои онлайниро, ки он вақт нархашон бароям гарон буд, дастрас намоям. Ман хуб медонистам, ки ин кор бароям, ҳамчун одами навкор ниҳоят муҳим ва зарур аст. Тасмим гирифтам, ки дар ин самт рушд кунам, аз ҷумла сертификат гирам ва курсҳои омӯзишии худро кушоям. Дар ин замина барои амалия ба шарики доимӣ эҳтиёҷ доштам, ман ҳамаро илтимос мекардам: баъзан модарамро маҷбур мекардаму аз хоҳару дӯстонам низ хоҳиш менамудам, ки дар ин самт маро дастгирӣ кунанд. Омӯзиши аввалини бачатеро тариқи онлайн аз устодони номии Атаки и Ла Алемана (Ataca y La Alemana) гирифтам. Баъдан нозукиҳои бачатаи Доминиканиро ба ман Алекс ва Дезири (Alex and Desiree) омӯзонида, дар омӯзиши салсе дар назди Патрика ва Скарлетта (Patrick and Scarlett) - студияи The dance dojo қадамҳои аввалинамро гузоштаам.


Ба ман муяссар шуд, ки бо зиёда аз 20 гуруҳои ҷуфтӣ ва занона кор кунам. Худи раванди машғулиятҳо хеле ҷолиб буд, ман аз майли одамон ба рақс, муносибати байниякдигарӣ ва тағйири онҳо дар назди чашмонам, лаззат мебурдам. Рақси ҷуфтӣ - ба монанди муколама, одамон муошират карданро бидуни сухан меомӯзанд, кӯшиш мекунанд, ки гӯш кунанд, бишнаванд, якдигарро бештар ҳис кунанд, вақтро хуб гузаронанд, истироҳат кунанд ва лаззат низ баранд. Аммо, афсӯс, ки ин кор на барои ҳама осон аст ва на ҳамеша барор мегирад. Барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ хоҳиш, сабр, диққат ва машқҳои зиёд лозим аст. Имрӯз ҳангоми баргузории рақсҳои иҷтимоӣ ба иштирокчиёни онҳо нигоҳ карда, аз ҳаракатҳояшон хеле шод мегардам, зеро онҳо қаблан ба ин кор машғул набуданд ва мушкилоте ҳам дар ин самт доштанд. Вале онҳо тан надоданд ва ман аз хурсандию қаноатмандӣ, истироҳати онҳо ҳаловат мебарам, онҳо аз комёбиҳои худ қонеъ нагашта, барои такмил додани малакаҳои рақсии худ то ҳанӯз саъю кӯшиш намуда истодаанд.

- Шумо кадом чорабиниҳоро ташкил кардаед? Чӣ тавр бо муассисаҳо тавофуқ ҳосил менамоед? Имрӯзҳо шабнишиниҳо ба чӣ тариқ гузаронида мешаванд?

- Шабнишиниҳои нисбатан бузурги лотиниро ман дар тарабхонаи Салса, Фрегат, бари варзишии «Истиқлол», дар Лофт ва ғайраҳо ташкил карда, гузаронидаам. Дар ин се соли охир, рӯзҳои ҷумъаи ҳар ҳафта рақсҳои иҷтимоӣ - шабнишиниҳои бачата ва салсоро мегузаронам. Имрӯзҳо ин шабнишиниҳо дар Brasserie lambic (дар шафати Шоколадница, воқеъ дар наздикии Хонаи матбуот) баргузор мешаванд. Пеш аз оғози шабнишинӣ, аз соати 19:00 то 20:00, бо назардошти шумораи кофии одамон, машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Нархи чунин машғулиятҳо 30 сомониро ташкил медиҳад. Шабнишинии бачата/салсо бошад, аз соати 20:00 то 22:45 гузаронида мешавад. Муассисаи мазкур ба мо минбар ҷудо намуда, имконият низ медиҳад, то ин шом мусиқии худро пешкаши ҳозирин кунем. Дар навбати худ ман гурӯҳамро, инчунин тамоми хоҳишмандону меҳмононро ба ин макон даъват менамоям, ки ин як намуди реклама барои ин ҷойгоҳ мебошад.


Бачата ва салса чист, чӣ тафовуте байни худ доранд?

Бачата – ин як навъ рақси доминиканӣ мебошад. Дар муқоиса бо дигар рақсҳои Америкаи Лотинӣ, усули бачата на он қадар душвор аст, аз ин рӯ дар байни мардуми ҷаҳон маъруфияти бузург дорад ва ихлосмандони он дар саросари ҷаҳон дар ҳайати ҷамъиятҳои алоҳида муттаҳид шудаанд. Ин рақсро бо ҷуфт ё дар танҳоӣ иҷро кардан мумкин аст.

Салса як рақси иҷтимоии америкоӣ - лотинӣ мебошад, ки дорои хусусиятҳои ча-ча-ча, болеро ва мамбои кубагӣ мебошад.Усули салса нисбат ба бачата тезтар аст ва гардишҳо низ дар он бештаранд. Салса асосан ҷуфтан иҷро карда шуда, инчунин услубҳои яккаи занона ва рақсҳои гурӯҳии руэдаро низ дорад, ки дар як вақт аз ҷониби якчанд ҷуфтҳо иҷро карда мешаванд.

- Танҳо дар ин намуд шуғл дошта, онро ба ихлосмадон тарғиб мекунед ва ё нақшаи омӯхтани самти дигареро низ доред?

-То ҳол танҳо бо ҳамин навъи рақс шуғл дорам ва ба дигарон низ таълим медиҳам. Ба ман Кизомба ва афрорақс низ маъқул аст, шояд дар оянда ин сабкҳои рақсро низ меомӯзам.

— Ҳаракатҳо ва мусиқиро чӣ гуна интихоб мекунед?

-Рақс барои ман танҳо вақте таваллуд мешавад, ки мусиқиро дӯст дорам, вақте онро ҳис мекунам ва аз вуҷудам мегузаронам. Пештар ман сабтҳои видеоии зиёдеро тамошо мекардам ва тамоми ҳаракатҳои мақбули диламро такрор мекардам, имрӯзҳо бошад, баъзе аз ҳаракатҳо маро руҳбаланд мекунанд, баъзе аз онҳоро беистифода монда, аз худам низ ягон чизро илова мекунам, то қадамҳоямро мувофиқи зарби мусиқӣ гузорам.

- Чаро маҳз рақс?

«Ман ҳамеша рақсро дӯст медоштам, то даме ки худро дар ёд дорам. Рақс маро муддате ба дунёи дигар мебарад, зеро ба воситаи сухан баён кардани фикру ақидаи худ бароям ҳамеша мушкил буд. Дар баробари ин дар дунёи мусиқӣ сухан зарур нест.

Агар шумо бо рақс муваффақ нашавед, чӣ кор кардан мехостед?

Ман муътақидам, ки метавонам ҳар кореро анҷом диҳам, аммо акнун дарк кардам, ки пас аз ҳама ин бояд касбе рӯҳбаландкунандае бо санъат ва эҷодкорӣ алоқаманд бошад. Ман бахши аввали масири ҳаётамро дубора бозбинӣ кардам ва фаҳмидам, ки набояд боқимондаи зиндагиро ба он чизе сарф кард, ки мақбули дилат нест. Айни замон ман боз касби тарроҳи графикӣ/веб дизайн, барномасозӣ ва SMM баррасӣ намуда истодаам.

-Муносибати мардуми мо ба чунин рақсҳо чӣ гуна аст? Онҳоеро, ки хоҳиши рақс карданро доранд, аз куҷо пайдо мекунед, оё онҳо зиёданд?

-Муносибат ба ин рақсҳо мухталифанд, қисмати мардумон онро дастгирӣ мекунад, вале бархеи онҳо инро ғайримақбул медонанд. Ин як чизи муқаррарӣ аст. Ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои шахсиямро дорам, ки хоҳишмандон метавонанд дар онҳо обуна шаванд ва ихлосмандони рақс бошад, имконияти номнавис шудан ба машғулиятҳои моро низ доранд. Одамоне ҳам ҳастанд, ки аз шиносонашон дар бораи гуруҳи рақсии мо маълумот гирифтаанд ва баъзеи онҳо тасодуфан дар шабнишиниҳои мо иштирок карда, аз шуғли мо хабардор мешаванд.

Машғулиятҳои шумо дар куҷо ва чӣ тавр мегузаранд?

— Дарсҳои мо дар хушоҳангӣ бо ҷону дил мегузаранд.

-Ин навъи рақсҳо чиро вусъат медиҳанд ва барои чӣ фоида доранд?

- Ин рақсҳо – варзише барои ҳузуру ҳаловат, абзоре барои кашфи фардият буда, назокати ҳаракатро тақвият медиҳанд ва ба воситаи онҳо метавон худ ва дигаронро низ хуб фаҳмид. Шабнишиниҳои рақсии иҷтимоӣ ҳаёти одамро беҳтар менамоянд ва эҳсосоти завқоварро низ ба миён меоранд. Ҳамзамон, ин як навъ имконияти хубест барои вохӯрӣ бо одамони ҷолиб.

— Барои рақсҳои бачата (либос, шарик ва ғайра) чӣ лозим аст ва кӣ метавонад дар машғулиятҳо иштирок кунад? Чӣ тавр бо шумо метавон дар тамос шуд?

Дар рафти машғулият мо либоси варзишии бароҳатро ба бар мекунем.

Дар машғулиятҳо метавонанд тамоми хоҳишмандон бо шарик ва ё танҳо иштирок намоянд, маҳдудият дар синну сол, ба ҷуз аз кӯдакон ва наврасон вуҷуд надорад. Ман кайҳо боз доираи сомеонамро муайян кардаам, ки асосан аз ашхоси баркамоли серкор иборат мебошад, ки истироҳати худро танҳо дар рақс мебинанд. Аммо бояд иқрор шавам, ки қаблан дар гурӯҳҳои рақсии ман духтарони хурд низ буданд, ки бо модарони худ ба машғулиятҳо меомаданду аз шуғли мо лаззат мебурданд. Аз ин лиҳоз, агар кӯдакон бо волидон ва хешу таборони худ хоҳиши ба рақс шуғл карданро дошта бошанд ва аз ҳама муҳим ба ин кор дилбастагӣ доранд, ман садди роҳи онҳо шудан наметавонам.

Бо ман метавон тариқи Facebook - Farrah Farrah, 

Instagram - dushanbe_salsa_bachata иртибот барқарор кард.

Ба онҳое, ки хоҳиши рақс карданро доранд, чӣ маслиҳат дода метавонед? Чӣ тавр бетакаллуфона метавон қадамҳои аввалини рақсии худро гузошт?

- Қабл аз оғози шуғли рақс бояд дарк кард, ки кадоме аз усулҳо ба шумо маҳқул аст – салса ё бачата, чаро шумо инро интихоб кардед, инчунин мақсадгузорӣ ва расидан ба ҳадаф низ дар гузоштани қадамҳои аввал нақши ниҳоят муҳим мебозад. Машғулиятҳои озмоишӣ ҳастанд, ки аз онҳо ҳатман бояд дидан кард, вале агар шумо аллакай усули мақбулатонро интихоб кардед, пас зарур аст, то дастурдиҳандаи табъи дилатонро низ ёбед.  

Пас аз интихоби дастурдиҳанда, бояд дилпурона ба гурӯҳ ворид шуд, худи рақс барои зоҳир намудани истеъдоди шумо ва ҳамоҳангӣ бо дигарон кӯмак хоҳад мерасонад.

- Онҳое, ки мехоҳанд бо рақс шуғл кунанд - кистанд?

- Онҳое, ки мехоҳанд рақс кунанд:

- шахсони бо ҷаҳонбинии васеъ;

- одамоне, ки худро дӯст медоранд ва мехоҳанд рушд ёбанд;

- одамоне, ки бисёр кор мекунанду, дар истироҳат ниёз доранд;

- одамони боистеъдод ва эҷодӣ;

- одамони бо хоҳиши беандозаи омӯхтани рақс.

- Рақс чӣ медиҳад ва чӣ ошноҳои ҷолиб пайдо кардед?

- Ман шахсе ҳастам, ки бар дунёи дарунии худ мутамарказам (интроверт) ва шабнишиниҳои иҷтимоиву машғулиятҳо барои ман маконе мебошанд, ки дар онҷо ман худамро озод ҳис мекунам, нерӯ мегирам ва ба дигарон низ тақдим мекунам, бо одамони гуногун мулоқот ва муошират мекунам. Бо қисмати бештари онҳо иртиботи хеле қавӣ барқарор намуда, ҳатто берун аз машғулиятҳо низ вомехӯрем ва дар мушкилот якдигарро дастгирӣ мекунем.

Аз ин рӯ, мисли ман, онҳое, ки ба рақс мераванд, эҳтимолан дар ин шуғлашон чизи хоси худро пайдо мекунанд, чизе, ки дар ҳаёти оддӣ аз он маҳруманд.

   

— Хонавода ва атрофиёни наздики шумо ба шуғлатон чӣ гуна муносибат мекунанд? Оё дар атроф ягон стереотипҳо вуҷуд доранд?

— Аҳли оилаам аввал зид буданд, зеро медонистанд, ки аз сабаби ба мардуми мо бегона будани ин рақс, метавонанд душвориҳо пайдо шаванд. Вақте, ки дар бораи ман матлабҳо чоп мешуданд, тафсири зиёди манфӣ ва нохушоянд ба суроғаам меомаданд ва чунин ҳолат наздикони маро мушавваш сохт. Ман дар хиҷолат будам, ки чӣ тавр мардум ин рақсро қабул мекунанд, ҳатто хоҳиши тарки кишварро низ доштам. Вале бисёриҳо дар он вақти бароям ниҳоят душвор маро дастгирӣ карданд ва ин ба ман қувват бахшид, то корамро идома диҳам.

Боре модар ва хоҳаронамро ба машғулиятам даъват кардам. Онҳо ҳайрон шуданд! Толор пур аз одамон ва фазои олӣ ҳукмфармо буд, намояндагони миллатҳои гуногун, ки онҳоро танҳо рақс муттаҳид мекард, бо ҳам мерақсиданд.

-Дар вақти холиатон боз бо чӣ кор машғулед?

— Дар вақти фориғ аз кор гитара навохтан, суруд хондан, видеоҳоро барои саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳрир кардан ва бо барномаи Canva кор карданро дӯст медорам. Ҳоло ба воситаи ин барнома навиштанро меомӯзам, мехоҳам ин маҳорати худро такмил диҳам.

   

- Нархи машғулиятҳоятон чанд аст?

- Машғулиятҳо дар як ҳафта ду маротиба, муддати 1,5 соат гузаронида шуда, арзиши онҳо дар як моҳ 300 сомониро ташкил медиҳад.

    Даромад ба шабнишинӣ дар рӯзи ҷумъа – озод аст.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед