Ru  | Tj
Чармгари чирадаст: дастранҷҳояш гардишгаронро мафтун кардаанд
Чармгари чирадаст: дастранҷҳояш гардишгаронро мафтун кардаанд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Чармгари чирадаст: дастранҷҳояш гардишгаронро мафтун кардаанд

Нашр шуд

Раҳим Розиқов мутахассиси чармгарӣ ва устои моҳирест, ки аз чарм ашёи гуногун, ба монанди ҷузвдону ҳамён, ғилофи корд ва муқова барои китоб омода мекунад. Маҳсули дастони ӯ харидорони худро дорад ва махсусан сайёҳони хориҷӣ ба он бештар таваҷҷӯҳ менамоянд. Тарроҳони машҳури кишвар  бошанд, мувофиқ ба либосу тарҳҳои сохтаашон ҷузвдон ва ҳамёнро ба қаҳрамони мо фармоиш мекардаанд. Хусусияти дигари фарқкунандаи ин ҷузвдонҳо дар он аст, ки бо матои миллӣ, ба монанди атласу адрас, чакан ва нақшу нигори гуногун оро дода шудаанд.

“Мо бештар бо тарроҳони машҳуре ба мисли Хуршед Сатторов ва Гули Нур “GULI NOOR” ҳамкории зич дорем. Бо фармоиши онҳо ҷузвдонҳое омода мекунем, ки ҳамранги либосҳои тарроҳишуда бошанд. Сайёҳони хориҷие, ки барои ҳамин гуна либосҳо бо матои миллии атласу адрас ва чакан меоянд, мувофиқ ба он аз мо ҷузвдон ё ҳамёнҳои чармӣ фармоиш мекунанд”, гуфт ҳунарманд.

Барои ин, ӯ чармҳои тайёри коркардшударо, ки аз Чину Русия ва Узбекистон дастрас мекунад, истифода мебарад. Дар рафти кор, ҳамчунин, ширеши махсус, риштаҳои ранга, дастгоҳи чармдӯзӣ ва тугмачаҳо лозим меоянд.

“Ин чармҳо хеле сифати хуб доранд. Албатта, чармҳои истеҳсоли ватанӣ ҳам дорем, ки хеле босифатанд, вале ранги онҳо барои дӯхтани пойафзорҳо мутобиқ аст. Чармҳое, ки аз хориҷа дастрас мекунем, рангҳои гуногун доранд ва ҷилонокияшон беҳтар аст”, мегӯяд ҳунарманд.

Раҳим Розиқов усулу тарзҳои нави ороиш ва дизайнро барои худ кашф кардааст, ки дар ҳунари чармгарӣ истифода мебарад. Гарчанде нақшҳои тайёрро дар рӯи ҷузвдонҳо истифода барад ҳам, вале муқоваи китоб ва ҳамёнҳоро бо шоҳкории дигар оро медиҳад. Онро наққошӣ дар рӯи чарм мегӯянд.

“Ин ҳунар нозукиҳои махсус дорад. Аввал, нақшҳоро бо қалам дар рӯи чарм мекашам. Баъд дар ҳарорати муайян гарм карда, бо истифода аз болғачаи махсус ва исканаҳои чармгарӣ нақшҳоро барҷаста мекунам. Бо ҳамин тарз, дар рӯи чарм ҳарфҳоро низ нақшгузорӣ карда метавонам. Вале чарме, ки барои ин кор истифода мекунам, фарқкунанда аст. Он ғафстар, сахттар ва дурушттар аст. Дар охир барои аз байн бурдани пайи асбобҳо ва ҷилонок  шудан аз локҳо барои чарм истифода мебарам”.

Чармгарӣ ҳунари қадимаи тоҷикон аст. Дар гузашта бо истифода аз пӯсти ҳайвонҳои гуногун одамон ба худ либосу пойафзор ва халтаҳо месохтанд. Бо рушду ташаккули инсоният ва кашфи технологияҳои нави коркард усулҳои беҳтари истифодаи чарм ба вуҷуд омаданд. Дар замони муосир бошад, дастгоҳҳои коркарди чарм ихтироъ шуданд, ки кори устоҳои чармгарро осон кардааст. Дар коргоҳи Раҳим Розиқов низ ҳамин гуна мошинаҳои замонавӣ мавҷуданд, ки вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд.

“Дастгоҳҳои мо вобаста ба ғафсии чарм дутоянд. Чармҳои тунукро бо дастгоҳи одӣ ва ғафс бо калони пуриқтидораш медӯзем. Мошинаи дигари мо барои ғафстар ё тунуктар кардани чарм истифода мешавад. Дастгоҳе барои тамғагузорӣ низ дорем. Вале қариб 90 фоизи кори мо дастӣ иҷро мешавад. Ҳоло дастгоҳи лазерие мавҷуд аст, ки нақшҳоро ба воситаи он кашидан осон аст. Ҳатто бо ин асбоб чармро буридан низ мешавад”, гуфт ҳунарманд.

Раҳим Розиқов ба сифати маҳсулоти коргоҳаш кафолати зиёд медиҳад. Ӯ қайд намуд, ки ягона чармгар дар Тоҷикистон аст, ки ҷузвдонҳои чармин медӯзад. Барои ғилофҳои корд бошад, ҳатто аз кишварҳои ҳамсоя мизоҷони доимӣ дорад, зеро дар дигар кишварҳо ин гуна ашёро намесозанд. 

“Сифати ҷузвдонҳои мо боз аз он ҷиҳат фарқкунанда ҳастанд, ки кисаҳои даруниашро низ аз чарми тоза медӯзем. Ҷузвдонҳои чармии истеҳсоли дигар кишварҳоро дидам, ки қисми даруниаш аз латтаи одӣ аст. Маҳсулоти мо метавонад то 10-15 сол хизмат кунад”, илова кард ҳунарманд.

Вале дар баробари сифат, ҳамчунин, нигоҳубини дурусти ашёи чармин ба истифодаи дурударози он мусоидат мекунад. Қаҳрамони мо қайд кард, ки ашёи чармиро бояд зуд-зуд бо креми махсус ҷилонок кард. Крем онро ҳам зебо ва ҳам устувор мекунад.

Раҳим Розиқов ба ҷузвдону ҳамён ва ғилофҳо мувофиқи хоҳиши мизоҷон метавонад тамғаи “Истеҳсоли Тоҷикистон” гузорад ва ё номи онҳоро наққошӣ кунад. 

“Мо барои мизоҷон мувофиқи табъашон кор мекунем. Вале дар намоишгоҳҳои байни давлатҳо бо наққошиҳои махсус ва тамғаҳои ватанӣ маҳсули ҳунари хешро муаррифӣ мекунем. Дар хориҷи кишвар ба чарми табиӣ таваҷҷуҳ зиёд аст. Махсусан наққошиҳоро бо арзиши баланд мегиранд”, гуфт бо ифтихор ҳунарманд.

Ӯ борҳо Тоҷикистонро дар намоишгоҳҳои сатҳи гуногун муаррифӣ кардааст. Ин ҳамчунин ба ҳунарманд имкон додааст, ки бо ҳунармандони кишварҳои дигар додугирифт намояд.

Раҳим Розиқов пас аз хатми мактаб ба Институти саноати сабуки шаҳри Киев дохил шуда, мутахассиси чармгар шудааст ва баъди хатм дар коргоҳҳои истеҳсоли чарми шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардааст.

“Ман ҳоло соҳиби ду маълумоти олӣ ҳастам. Соли 2010, дар синни панҷоҳсолагӣ факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудам. Чандин сол дар вазифаҳои гуногуни соҳаи истеҳсолот кор кардам. Ҳоло чор соли охир ба фаъолияти ҳунармандӣ мустақилона пардохтам”, шарҳ дод ҳунарманд.

Дар ҳақиқат меҳнати ҳунарманд бебаҳост. Махсусан, ашёе, ки қаҳрамони мо аз чарм меофарад, ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам зебоиву ороиш сазовори арзиши баланд мебошанд.

“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед