Ru  | Tj
Чор саҳифа: Фаррух Умарӣ кист ва бо “Ilmhona”-аш ба ҷавонон чӣ хизмат мекунад?
Чор саҳифа: Фаррух Умарӣ кист ва бо “Ilmhona”-аш ба ҷавонон чӣ хизмат мекунад?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Чор саҳифа: Фаррух Умарӣ кист ва бо “Ilmhona”-аш ба ҷавонон чӣ хизмат мекунад?

Нашр шуд

Саҳифаи аввалФаррух Умарӣ кист?

Дар Истаравшан таърихи 8-уми июли соли 1993 тифле ба дунё омад. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дохил шуда, соли 2015 даргоҳи мазкурро хатм кард. 16-уми сентябри соли 2016 бошад, ӯ аввалин дарсашро дар беҳтарин мактаби олии дунё – Оксфорд оғоз кард.

Ин ҷавон 24-уми июни соли 2018 бо ду дӯсташ дар Душанбе маркази омӯзишие бо ном “Ilmhona” таъсис дод.


Инак, он тифл, кӯдак ва он ҷавон, ки ному насабаш Фаррух Умарӣ аст, дар рӯ ба рӯи мо нишаста ва омода аст, ба пурсишоти бешумори мо посух гӯяд.

Фаррух дар мактаби оддии давлатӣ таҳсил кардааст. Ӯ аз падар талқини илмомӯзӣ мешуниду аз модар меҳнатдӯстӣ меомӯхт. Падар аввал муҳандис ва пас аз он муҳоҷири меҳнатӣ буду модар савдогари бозор. Зиндагӣ дар кӯдакӣ маҷбураш кард, ки дар бозор савдо кунад ва дар сохтмонҳо кор.

Бале, ин ҳамон Фаррухе аст, ки дар синфи 10-ум буданаш барои он ки дар журнали синф баҳои “3”-ро “5” кард, аз мактаб ронда шуд, дар мактаби нав ӯро бо ангушт ишора мекарданд ва аз синфи 11-ум худро аз нав сохт. Ҳоло бошад ҳаммуассиси Маркази омӯзишии “Ilmhona” аст. “Ilmhona” марказест, ки ба тоҷикистониён ду касби беҳтарни имрӯз – дизайн ва барномасозиро меомӯзонад.

Саҳифаи дуюмАз Оксфорд то сатҳу сифати системаи таълими кишвар


- Агар дилхоҳ нафар пурсад, ки Фаррух кист Шумо бо 3 ҷумлаи сода ба ӯ чӣ гуна кӣ будани худатонро мефаҳмонед?

- Фаррух Умарӣ, як инсони оддӣ ва аз Тоҷикистон. Дар беҳтарин мактаби олии дунё - Оксфорд таҳсил карда, соҳиби касб шудааст. Мехоҳад барои ривоҷу равнақи кишвари худ тариқи омода кардани кадрҳои баландихтисос хизмат кунад.

- Аз кай худро дар ёд доред?

- Тақрибан аз 4-5 – солагӣ, яъне аз замони боғчаравӣ.

- Аз кай китобхониро сар кардед?

- Аз давраи мактабӣ. Фикр мекунам, аксари одамон китобхониро аз алифбохонӣ оғоз мекунанд.

- Китобҳои бадеӣ чӣ?

- Хондани китобҳои бадеиро хеле дер сар кардам ва агар хато накунам аз синфи 5 ё 6.

- Шумо дар чӣ гуна мактаб таҳсил кардаед, хусусӣ ва ё давлатӣ?

- Соли ба мактаб рафтанам ба солҳои баъдиҷангӣ рост омада буд. Бисёр солҳои мушкил ва нодорӣ буданд. Ман ба мактаби оддии давлатӣ рафтам ва ногуфта намонад, барои додани пули мактаб, ки 15 сомонӣ буд шароитамон намерасид.

- Падар чӣ кор мекарданд?

- Падарам муҳандис буданд. Дар заводи куртадӯзии Истаравшан, ки шояд дар Осиёи Миёна ба мислаш набуд, аз кадрҳои беҳтарин маҳсуб мешуданд. Вале пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бекор монданд ва чанд сол дар Ватан дар ҷойҳои гуногун кор карданд. Пас аз он, ба муҳоҷират рафтанд ва барои пешбурди зиндагӣ талош карданд.

- Қиссаи ба Оксфорд дохил шудани Шумо чӣ гуна аст?

- Ростӣ, ман дар мактаби миёна хуб мехондам, вале боз кам-кам айёшӣ ҳам доштам. Дар синфи 10-умиям барои дар журнал баҳои “3”-ро “5” кардан, маро аз мактаб пеш карданд. Ба мактаби дигар гузаштам ва 8 моҳ таҳсил кардам. Дар мактаби нав муносибати хуб набуд ва ба худ мақсад гузоштам, ки аз синфи 11 ба таҳсил ҷиддӣ машғул мешавам. Ҳамин тавр, ба Литсейи президентии ноҳияи Бӯстон рафтам ва хушбахтона он ҷо дубора ба таҳсил, кор ва умуман зиндагӣ дилгарм шудам. Дар давоми таҳсил роҳҳо ва имкониятҳои хуб барои таҳсил дар хориҷи кишвар пайдо шуд ва яке аз онҳоро интихоб карда, таҳсилро дар яке аз беҳтарин мактабҳои олии дунё - Оксфорд оғоз кардам.


- Таҳсил дар Оксфорд чӣ хел буд?

- Олӣ! Дар мавриди таҳсил, устодон, шароитҳо, ҳамкурсон ва дигару дигарҳо сӯҳбат кардан, бисёр тӯлонӣ мешавад. Танҳо гуфта метавонам, ки таҳсил дар Оксфорд бисёр дар сатҳи баланд аст ва ҳар кас дар он ҷо таҳсил карда наметавонад.

- Дар Оксфорд дар як рӯз чанд соат дарс мехондед?

- Он ҷо ба соат умуман аҳамият намедиҳӣ, зеро пас аз наҳорӣ дарс меравӣ то бегоҳ мехонӣ. Пас аз дарс боз барои иҷрои вазифаҳо ба қаҳвахона ё китобхона меравӣ ва ҳамин тавр, боз рӯзи дигар ин корҳоро такрор мекунӣ. Рӯз бо дарс, хондан, иҷрои вазифаҳо, омодагӣ ба имтиҳонҳо ва маслиҳату машварат бо устодону ҳамкурсон сипарӣ мешавад.

- Дарсгурезӣ буд?

- Не, умуман набуд! Ҳазорҳо одамон орзуи дар Оксфорд таҳсил карданро доранд ва шахсе, ки дар он ҷо таҳсил мекунаду дарсгурезӣ мекунад, ба фикрам ин амалаш аз мантиқ хеле дур аст. Як рӯз ба дарс нарафтан, ҳаммаънои имконияти калонеро аз даст додан аст.

- Мардум ба ду назар ҳастанд: бархе мегӯянд дар кадом намуди мактаб хондани фарзанд фарқе надорад, муҳим худи ӯ ба омӯзиш шавқ дошта бошад, қисми дигар мегӯянд, ки не, бояд фарзанд дар мактаби махсус хонад ва барои ин пули зиёд сарф мекунанд. Шумо ба кадом назар ҳастед?

- Агар шароит бошад, албатта, мактаби хусусӣ хуб аст. Ва аммо, ногуфта намонад, ки фарзанд ҳар куҷое, ки бошад бояд дар хона аз тарафи волидон ба меҳнатдӯстӣ, инсондӯстӣ ва хизмат ба халқу ватан роҳнамоӣ карда шавад.

- Агар фарзанд дар мактаб хонандаи фаъол набошад дар донишгоҳ аз ҷумлаи фаъолҳо шуда метавонад?

- Аз он чизе, ки дар мактаб меомӯзем на ҳамааш дар донишгоҳ лозим меоянд ва аз он чизе, ки дар мактаби олӣ ба мо меомӯзонанд, на ҳамааш дар кори ояндаамон лозим мешавад. Ин гуфта далели он аст, ки муҳим дирӯз нест, балки имрӯз аст ва ҳар нафар метавонад аз имрӯз оғоз карда, худро аз нав созад.

- Дар ягон мактаби давлатӣ ё хусусӣ дарс намедиҳед?

- Имконият буд, вале аз сабаби серкорӣ ҳоло чунин фикр надорам.

- Мо наздики 40 мактаби олӣ, 70 колеҷ ва зиёда аз 800 ихтисос дорем, ба андешаи Шумо барои ҷумҳурии мо ин миқдор зиёд нест?

- Ба фикрам шумора муҳим нест, балки сифат муҳим аст. Мо метавонем 2000 ихтисос дошта бошем, вале ягонтои онҳо кадрҳои баландихтисосро тайёр накунанд, боз метавонем 10 - 20 ихтисос дошта бошем ва кадрҳои беҳтаринро омода кунем.

Саҳифаи сеюмАз “А” то “Я”-и Ilmhona


- Ilmhona чӣ аст?

- Ilmhonа ба таври дигар “тезкунандаи малакаҳо” мебошад, ки ҳадафаш саводнокии ҷавонони кишварро дар соҳаи техналогия боло барад ва Тоҷикистонро ҳамчун як давлати дорои кадрҳои беҳтарин дар соҳаи технология муаррифӣ кунад.

- Ilmhona чӣ гуна таъсис ёфт?

- Соли 2017 вақте дар Исроил кор мекардам, ба хулосае омадам, касби барномасозӣ бисёр серхаридор ва ояндадор мебошад. Аз ин рӯ, ҳамроҳи дӯстонам - Шуҳратҷон Шарипов ва Фирдавс Абдуназаров маслиҳат кардем, ки дар Тоҷикистон як мактаб мекушоему ҷавононро дизайн ва барномасозӣ меомӯзонем. Бо бачаҳо ба мувофиқа расидем ва 24 –уми июни соли 2018 Ilmhona аз қайди давлатӣ гузаронида шуд.

- Номаш чӣ гуна пайдо шуд?

- Мо се нафарем ва дар дилхоҳ ҳолат вазифаи номмонӣ бар дӯши Шуҳратҷон Шарипов аст. Номро ҳам эшон ёфтанд, ки бо ҳадафу мароми мо бисёр мувофиқ аст.


- Чаро “Ilmкhona” нею “Ilmhona”?

- Барои он ки “Ilmhona” аз “Ilmкhona” дида, бо ҳуруфи англисӣ зеботар навишта мешавад.

- Раванди қабули талаба дар Ilmhona чӣ гуна аст?

- Мо курсҳоро эълон менамоем ва долталабон дар сомонаамон дархост месупоранд.

- Бештар киҳо меоянд?

- Ҳама гуна одамон, яъне аз табақаҳои гуногуни ҷомеа.


- Як кас пул дорад бо пул мехонад ва касе, ки пул надорад, чӣ хел мехонад?

- Бе пул мехонад. Ин бо ду тарз амалӣ карда мешавад. Якум, як курс дар Ilmhona 3 моҳ давом мекунад ва маблағи таҳсил барои як моҳ аз 300 то 450 сомонӣ мебошад. Ҳар хонандае, ки бали ҷамъбастии имтиҳонаш аз 96 то 100 бошад, мо дар баробари сертификат боз 100% маблағашро гардонда медиҳем. Ҳар хонандае, ки дар имтиҳон аз 90 то 95 бал мегирад, мо дар баробари сертификат боз 75 фоизи пулашро медиҳем. Ҳар хонандае, ки аз 70 то 84 бал гирад, танҳо соҳиби сертификати Ilmhona мегардад. Ва ҳар хонандае, ки аз 70 бал кам гирад на сертификат мегираду на маблағашро. Яъне Ilmhona ҷойи хонандагонест, ки хондан мехоҳанд. Дуюм, ҳар нафаре, ки шароит надорад, вале касб омӯхтан мехоҳад дар сомонаамон ба мо менависад ва ба саволамон ҷавоб медиҳад. Мо ҷавобҳоро дида, ба хулосае меоем ва аз 50% то 100% маблағи таҳсилашро кам мекунем.

- Ҳоло Шумо дар Ilmhona ба бачаҳо барномасозӣ ва дизайн меомӯзонед, чаро маҳз ин ду касб?

- Барои он ки ин ду касб ҳоло дар раддаи аввали касбҳо ҳастанду ба гурӯҳи касбҳои оянда дохил мешаванд.


- Муаллимони Ilmhona бояд кадом хусусиятҳоро дошта бошанд?

- Он чизе, ки ба бачаҳо меомӯзонанд, хуб сарфаҳм раванд. Педагогикаи боқувват дошта бошанд ва дилашон ба ҷавонон бисӯзад.

- Дар Ilmhona ҳоло чанд нафар кор мекунанд ва маошашон аз чанд, то чанд сомонӣ аст?

- Дар ҳоли ҳозир мо 15 нафар ҳастем, вале узр, ки маошамонро гуфта наметавонем.

Саҳифаи чорум: Тарошаҳо


- Шабакаҳои телевизионии кишварро мебинед, радиоҳоямонро гӯш мекунед ва газетаҳоямонро мутолиа мекунед?

- Вақтам бисёр кам аст. Баъзан дар таксӣ бошам маҷбуран радио мешунавам, газетаҳоро бошад баъзан шакли электронияшонро мехонам.

- Ҳоло метавонед аз ин ҷо баромада як мошин бихаред?

- Як ҳафта пеш мошин харидам.

- Оё боз метавонед, ки аз ин ҷо баромада, мошини дигар бихаред?

- Не, ҳоло қарзи якумашро диҳам.

- Чаро мо зиндагӣ мекунем?

- Барои ба башарият кӯмак кардан ва аз худ номи нек мондан.

- Агар ба Шумо вазифаи давлатӣ пешниҳод кунанд, қабул мекунед?

- Агар бинам, ки хизматам ба мардум зиёдтар бо вазифаи давлатӣ мерасад, албатта, қабул мекунам.

- Ба фикри Шумо топ – 3 ҷавони муваффақи тоҷик киҳоянд?

- Шукр, мо ҷавонони зиёд дорем, ки дар кори худ муваффақ ҳастанд. Барои мисол номбар карда метавонам Абдулло Қурбонов, Ҷума Ҷӯрабоев ва Меҳрубон Тӯраев.

- Се коре, ки кардан мехостед, вале анҷом додани онҳо барои Шумо дер шудааст, кадомҳоянд?

- Анҷом додани ягон кор дер намешавад.


- Се коре, ки дар оянда кардан мехоҳед, кадомҳоянд?

- Бисёртар мехоҳам сайёҳат кунам, Ilmhona-ро ба сатҳи донишгоҳ барорам, Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ бишносонам.

- Се сабабе, ки ҷавонон ба Ilmhona биёянд, кадомҳоянд?

- Касбҳои асосиро меомӯзанд, имкон доранд пулашонро бозпас бигиранд ва имкон доранд бо технологҳо якҷо бошанд.

- Се плюси калони таҳсил кардан дар Оксфорд кадомҳоянд?

- Ҳамкурсони беҳтарин, муаллимони беҳтарин ва фазои илмомӯзии мусоид.

- Се калимаи охири Шумо дар бораи ин сӯҳбат чӣ мешавад?

- Сабук, чуқур, умедбахш.

Ҷавони гулпарвар: Чӣ тавр Сафаралӣ Шамсиев бо селексия даҳ навъи гули бунафш парварид?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед