Ru  | Tj
Марде, ки дар роҳи эҷод сарфи ҷавонӣ мекунад. Кеннӣ Ҷии тоҷик кист?
Марде, ки дар роҳи эҷод сарфи ҷавонӣ мекунад. Кеннӣ Ҷии тоҷик кист?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Марде, ки дар роҳи эҷод сарфи ҷавонӣ мекунад. Кеннӣ Ҷии тоҷик кист?

Нашр шуд

Икром Сатторов на ба хотири шуҳрат, балки барои худ мусиқӣ менавозад, барои оромиши рӯҳу вуҷуд. Солҳост, ки саксофон ба рафиқи наздиктарини Икром табдил шудааст. Гоҳо ғарқ мешавад ба уқёнуси танҳоӣ ва бо мусиқӣ роз мегӯяд. Мушкил аст аз чашм хондани андешаҳо, бавижа ҳангоме ки шахси эҷодкор ба олами хаёлот роҳ мегирад. Шояд тасвири бонуеро пеши назар меорад, ки вай низ мусиқӣ менавозад. Сафири муҳаббат то ҳол дари қалбашро накӯфтааст. Ӯ бо табассуми малеҳона мегӯяд, агар бо духтаре издивоҷ кунам, ки ӯ низ навозанда бошад, ҳеч гоҳ барои идомаи машғулияти дӯстдоштааш садди роҳ намешавам. 

Икром дар олами мусиқӣ шинохта аст. Беш аз даҳ сол таҷриба дорад дар ин соҳа. Ҳунарнамоиҳои варо асосан дар консертҳои Далер Назаров мушоҳида кардан мумкин аст, зеро парвардаи мактаби ин абармарди ҳунари тоҷик аст.

АЗ САДОИ ПИАНИНО ТО ДАРИ ДАЛЕР НАЗАРОВ

Икром дар солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ, яъне соли 1992 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Овони тифлӣ варо овои пианинои утоқи ҳамшафат чун аллаи модар ба хоб мебурд. Падари Икром навозанда буд, орзу мекард писарашро низ дар олами савту наво бибинад. Икром дар кӯдакӣ аз падар то андозае навохтани пианиноро омӯхт. Баъдтар дарёфт, ки асбоби клавишдор хоси ӯ нест.


Ишқи ӯ ба мусиқӣ аз ниҳодаш мисли вулқон аланга мегирифт, гӯё оташи он аз димоғаш берун меомад. Вақте аз магнитофон суруди жанри ҷаззро гӯш мекард, дилаш сахт ба тапиш меомад. Икром хост истеъдоди худро дар асбобҳои нафасии саксофон ва флейта санҷида бошад ва ин хоҳиши худро ба падар гуфт. Ӯ бо роҳнамоии падар аз навозандаи студияи вобастаи мактаб омӯзиши мусиқӣ гирифта, навохтани флейтаро омӯхт. Бале, ӯ инак асбоберо, ки хоси Икром аст, пайдо карда буд. Вақте Икром синни шонздаҳро пур кард, бо машварати дӯсти падараш ва овозхони маъруфи кишвар Зикриоллоҳ Ҳакимов ба сафи шогирдони ситораи ҳунар Далер Назаров пайваст.

“Ёдам ҳаст, ҳангоме ки бори аввал ба мобили устод занг задам ва ҳадафамро баён кардам, омодагии сафари ҳунариро баҳона ё ба қавли дигар гӯям - сабаб пеш оварда, дарсро барои баъд мавқуф гузоштанд. Чанд рӯз сабр кардам, то ин ки дасти устод сабуктар шавад аз корҳо, вале шӯру шавқи ботиниам намегузошт, ки интизор бошам. Хуллас, борҳо такрор ба такрор занг мезадам. Кор то ҷое расид, ки устод Далер Назаров аз зангҳои пайдарҳаму ҳаррӯзаи ман безор шуда, ахир ба студияи гурӯҳи корӣ даъват кард. Ба гумонам, агар хирагӣ карда, сад бор занг намезадам, шояд имрӯз Икром саксонфоннавоз намебуд”.

НАХУСТИН ХУШИЛҲОМИИ БУЛБУЛ

Ин ҷавони ҳушёр ҳафтае як бор аз устодаш дарси мусиқӣ мегирифт. Ба гуфтаи ӯ, устодаш вайро мисли донишомӯзи соли аввал, ки ҳарфу ҳиҷо ёд мегирад, меомӯхт ва ба вазифаи хонагии вай эътибори ҷиддӣ медод. Азбаски Икром зираку боҳуш буд, дар як шунидан азхуд мекард. Далер Назаров дар муддати кӯтоҳ дар чеҳраи як навраси навомӯз навозандаи боистеъдодро кашф кард.

Рӯзе Икром чун ҳамарӯза барои дарси инфиродӣ назди устодаш омада буд. Мутаассифона ӯро банди омодагии консерт ҳамроҳи навозандагонаш дид. Ба хаёлаш суоли аҷибе омад, ки чаро ӯ низ дар сафи ин навозандагон набошад? Икром аз Далер Назаров хоҳиш кард, ки вайро низ ҳамчун навозанда ба гурӯҳ ҳамроҳ кунад. Устод нахуст дар фикр дармонд, ки оё ин ҷавони навомӯз воқеан метавонад дар саҳнаи калон бе ҳаяҷони ботинӣ ҳунарнамоӣ кунад? Ӯ таваккал карда, шогирди худро ба гурӯҳ пазируфт ва дар охир истеъдоди Икроми камтаҷриба гулдастаи консерт шуд. Ҳамин тавр қиссаи флейтаву саксофоннавозии Икром дар саҳнаҳои калон оғоз гардид. Он солҳо ӯ ҳамагӣ 17 сол дошт.


Ҳунарнамоии Икром дар Сибири Русия хотирмонтарин лаҳзаҳои зиндагии ӯст, зеро нахустин навозишгарияш дар саҳнаи калон буд. Баъд аз он ӯ борҳо бо сафари ҳунарӣ меҳмони Маскав, Санкт-Петербург, Қрим ва Марий Эли Русия ва шаҳри Олмотии Қазоқистон гардид.         

ОРЗУЕ, КИ ЗЕРИ ХОК ШУД

Ба гуфтаи Икром, ӯ ҳатто дар кӯдакӣ намояндаи соҳаи дигар буданро орзу накардааст, ба ҷуз аз навозандагӣ. Тавре солҳои 2008-2009 дар байни ҷавонон дохил шудан ба риштаҳои иқтисодӣ муд шуда буд, бештари ҳамсолони Икром дар ин самт имтиҳон месупориданд. Вале ӯ баъд аз хатми дабиристон бо тафовут аз ҳамсолонаш тасмим гирифт, ки ба ихтисоси асбобҳои нафасӣ, яъне ба самти мусиқӣ дохил шавад. Волидони Икром писари ҳунарпарвари худро дар ин роҳ пуштибонӣ карданд. Фарзанди онҳо аз солҳои аввали таҳсил яке аз донишҷӯёни фаъол буд ва ба унвони навозанда ном бароварда буд.


Ӯ имрӯз пайваста пайи омӯзиши донишҳои нави ҳунар аст. Тавре ки дар боло низ ишора шуд, Икром аслан на барои ном ва нон мусиқӣ менавозад, балки мазмуни зиндагиаш маҳз мусиқист.

Икром яке аз хушбахттарин ҷавонони саксафоннавоз дар Осиёи Миёна аст, зеро ба шарафи шогирдии Батирхон Шукенови қазоқистонӣ баҳраманд шудааст. Бо дархости Далер Назаров ӯ ба Икром таълими мусиқӣ медод, вале ин тадрис натавонист ба дарозо бикашад. Агар умр вафо мекард, шояд метавонистам бо устод Батирхон боре дар саҳна бинавозам, - мегӯяд Икром бо таассуф.

Ҳоло ӯ бо тавсияи устодаш Далер Назаров дар назди Яшаи исроилӣ, ки узви гурӯҳи овозадори “Шамс” аст, навохтани услубҳои дигари саксафонро омӯхта истодааст.


Икром маъмулан дар саҳна ва студияи сабти садо аз ду намуди асбобҳои нафасӣ: саксофон – дар жанри ҷаззу рок ва флейта – дар жанри милливу классикӣ истифода мекунад. Аммо жанри писандидаи ӯ асосан эстрадаи ҷаҳон аст. Икром ба ғайри асбобҳои болозикр, ҳамчунин най, гитор ва фортепиано навохта метавонад, ки видюи навозишашро дар саҳифаи инстаграмии ӯ мушоҳида кардан мумкин аст.

“Имрӯз қариб ҳамаи ҳунармандони ҷавон дар шабакаҳои Ютуб ва Инстаграм сафҳа доранд. Дар вақтҳои холӣ машқи мусиқӣ дорам ва барои болидагии рӯҳи пайнавардонам видюи навозишҳоямро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунам. Мехостам унвони саҳифаам сода ва ҷолиб бошад. Ҳамин тавр саҳифаи инстаграмиям аз номам ва дӯстам саксофон таркиб шуд, яъне ikrom_sax”.
Икром расман дар ҷойе фаъолият намекунад. Ӯ асосан тибқи қарордод кор мекунад. Бо сарояндагон ҳамкорӣ мекунад, бо гурӯҳи ҷавонони “Jeray” (“ҷерай” - аз забони шуғнӣ буда, маънои “хоки сурх”-ро дорад) консертҳоро зеб мебахшад. Гузашта аз ин дар филмҳои миллӣ ба унвони садобардор хидмат мекунад. Яке аз инҳо филми пуровозаи “Ойинаи беҷило” -и Носир Саид аст.


ИКРОМИ “ОВОЗХОН” Ё САКСОФОННАВОЗ?

Ӯ мухлиси ашаддии Кеннӣ Ҷӣ, саксофоннавоз ва композитори саршиноси амрикоӣ аст. Азбаски кумири Икром бештар саксофони навъи “алт” менавозад, ӯ низ пайваста аз ин навъ истифода мекунад. Икром бо эҷоди Кеннӣ Ҷи ҳанӯз дар солҳои донишҷӯӣ ошноӣ дошт. Мусиқие, ки Икромро сеҳр карда буд, композитсияи маъруфи филми “Титаник” аст, ки Кеннӣ Ҷӣ бо саксофони навъи “сопрано” навохтааст.

“Пештар саксофоннавозони тоҷик хеле кам буданд. 10-15 сол қабл мардум бештар ба асбоби нафасии кларнет бартарӣ медоданд, зеро ба мусиқиҳои қафқозиву озарӣ завқ доштанд. Тӯйу маъракаҳо бидуни иҷрои ин гуна мусиқиҳо намегузашт. Имрӯз вазъ дигар аст. Одамон садои саксофонро дӯст медоранд, дар ҷашнҳои хонаводагӣ низ саксофоннавозро даъват мекунанд. Гузашта аз ин интернет дастрас шуд ва мухотабон гӯш доданд ба сурудҳои  Ғарб, ки дар онҳо саксофон нақши муҳим дорад”.

Ба назари Икром, барои ба таври ҳирфаӣ омӯхтани саксофон нахуст асбоби нав харидан лозим аст. Зеро ин асбобест, ки боястӣ танҳо як кас соҳибӣ кунад ва ба қавле набояд вируси каси дигар ба каси дигар гузарад. Сипас устод доштан муҳим аст. Ҳамчунин ҳар ҳафта “трост”, яъне чӯбаки бамбукии садобарори саксофонро иваз кардан даркор аст.

“Одатан навомӯзон ҳангоми нахустин бор хато кардан дар саҳна дилшикаста мешаванд. Вале ҳеч коре нест, ки бидуни иштибоҳ бошад. Ман то ҳол ба баъзе хатоҳо роҳ медиҳам. Албатта шунавандаи одӣ хаторо ҳис намекунад, танҳо навозандагон инро эҳсос карда метавонанд. Вақте зиёда аз се то понздаҳ суруд аст, албатта хато мешавад. Агар дуто бошад, кор мушкил нест”.

Икром садои ҷаззоби овозхонӣ ҳам дорад ва дар лаҳзаҳои фориғ аз кор суруд месарояд. Аз рӯйи шавқ ҳатто ду тарона эҷод кардааст: яке бо матни тоҷикӣ, дигаре ба забони русӣ. Дар асл ҳамнишинӣ бо сарояндагон ба Икром таъсир расондааст. Тавре худи қаҳрамонамон мегӯяд, истеъдоди овозхониашро баъдтар фаҳмидааст. Шояд аз ин пас ба сафи сарояндагон низ шомил шавад, вале ҳоло тасмими ҷиддӣ нагирифтааст. Ҳарос дорад, ки шавқи суруд ва шуҳрати овозхонӣ ӯро аз саксофон дур месозад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед