Ru  | Tj
Диловар Сафаров дар нақши Муҳаммади Хоразмшоҳ. Ҳамкории вебнамойи тоҷик бо коргардони Ҳолливуд
 Диловар Сафаров дар нақши Муҳаммади Хоразмшоҳ. Ҳамкории вебнамойи тоҷик бо коргардони Ҳолливуд
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Диловар Сафаров дар нақши Муҳаммади Хоразмшоҳ. Ҳамкории вебнамойи тоҷик бо коргардони Ҳолливуд

Нашр шуд

Диловар Сафаров вебнамойи маъруфи тоҷик аст. Ӯ чанде пеш дар як филми торихии коргардони машҳури ҳонгконгӣ – Зуй Ҳарк, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ маъруфият дорад, соҳиби нақш гардид. Дар муддати як моҳ саҳнаҳои марбут ба ӯ дар филм пурра сабт шуд ва филмбардории қисмҳои дигари он идома дорад. Эҳтимол аст, ки ҳунарманди тоҷикро боз барои сабти ягон саҳнае ба шаҳри Пекин даъват кунанд.

Муаллифи Halva.tj бо Диловар Сафаров дар хусуси чӣ гуна даъват шудан ба филми навбатии Зуй Ҳарк, нақши барояш вогузоршуда, коромӯзӣ дар майдони сабт ва аҳамияти таҳияи филмҳои торихӣ барои ҳар миллат суҳбат орост. 

ЯК ТАСОДУФ

Диловар Сафаров тасаввур намекард, ки ба наздикӣ  бо коргардони маъруф - Зуй Ҳарк риштаи ҳамкорӣ пайдо мекунад. Ин коргардон азм мекунад, ки дар бораи торихи ҳуҷуми Чингизхон ба сарзамини тоҷикону чиниён филм созад. Ба гурӯҳи эҷодӣ ҳунарманде лозим буд, ки нақши шоҳи Турон – Муҳаммади Хоразмшоҳро иҷро кунад. Як ҳунарманди чинӣ аз расонаҳои иҷтимоъӣ аксу видёи Диловар Сафаровро тасодуфан мебинад. Баъдан онро ба Зуй Ҳарк нишон медиҳад.
- Тавре ки гуфтанд, Зуй Ҳарк аксу видёи маро дида, розӣ мешавад, то ҷавони тоҷик нақши Муҳаммади Хоразмшоҳро  иҷро кунад. Ба ман  занг заданд  ва ба шаҳри Пекин даъват карданд. Албатта бароям тасодуф буд, аввал дар ҳайрат мондам, ки чӣ гуна маҳз маро интихоб кардаанд. Пешниҳодро қабул кардам,  зеро  ҳамкорӣ кардан бо коргардони сатҳи ҷаҳонӣ бароям хеле ҷолибу муҳим буд,  - афзуд вебнамойи тоҷик.


ДАРХОСТИ ТАҒЙИР ДОДАНИ БАРХЕ ҶУЗЪЁТИ САҲНА

Диловар Сафаров чанд вақт боз ҷаҳду талош ҷиҳати таҳияи  филми торихӣ дар асоси торихи пурғановати миллати тоҷикро дорад. Аз ин рӯ кӯшиш мекард, то ки таҷрибаи коргардонҳои шинохтаи хориҷиро дар таҳияи филмҳои торихӣ биомӯзад. Тавре огоҳӣ дошт, Зуй Ҳарк коргардонест, ки филмҳояш дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудаанд ва ҳамкорӣ бо эшон айни муддаъост.

- Дар майдони сабт бо нақши Муҳаммади Хоразмшоҳ хуб шинос шудам. Фикру тасаввуроти онҳо дар бораи миллатҳои Осиёи Миёна, бавижа мардуми тоҷик як андоза ҳайронам кард. Онҳо аз торих ва гузаштаи мо огоҳии хуб надоранд. Аз ин ҷост, ки шинохти онҳо як кам нодуруст аст. Дар филм қаҳрамони ман пурра бо забони форсӣ сухан мегӯяд. Тарҷумоне  доштам, ки марди чинӣ аст, аммо забони форсиро хуб балад аст. Кӯшиш кардам, ки бархе ҷузъиёти ба нақшам тавъамро дигар кунанд. Масалан, дар майдони сабт гуфтам, ки мо ин ва ё он расму  одатро надоштем, ба фарҳанги мо бегона аст. Хушбахтона, коргардон бархе фикрҳоямро пазируфт, аммо ҷое қабул накард. Мисол, аз чеҳрапардозие, ки мутахассисон рӯйи суратам анҷом карданд, норозӣ шудам. Пардозгарон ба чеҳра ва чашму мижгонам каме сиёҳӣ молиданд. Ҳарчанд ёдрасашон кардам, ки мо араб, африқоӣ, дар маҷмуъ сиёҳпӯст нестем, дигар кардани пардози рӯйро нахостанд. Гуфтанд, ки ороиши рӯят ба хислату хӯйи қаҳрамонат – Муҳаммади Хоразмшоҳ то ҷое мувофиқат мекунад. Баъд аз тафаккур дар хусуси ороиш ба худ гуфтам, танҳо дар филмҳои торихие, ки худ месозем, имкон дорем, то халқи тоҷикро  ба таври дуруст муаррифӣ кунем, - нақл кард вебнамойи ҷавони тоҷик.


ТААССУРОТИ НОГУФТАНӢ

Майдони сабти филми торихӣ барои Диловар Сафаров лаҳзаҳои ғайриинтизори зиёде рух дод. Таҳиягарон ба ҳунармандон дар бораи филмнома маълумоти пурра надодаанд. Муҳтавои он барои аксарият пурра  маълум нест, бисёр ҷузъиёт махфӣ аст.  Аз ин рӯ филмбардории ҳар саҳна барои онҳо ғайриинтизор ва ҳаяҷонбахш буд.

“Нақши шоҳро бозидам. Шахсият ва хислате, ки қаҳрамони ман дорад, ба навиштаҳои устод Айнӣ дар бораи Муҳаммади Хоразмшоҳ то ҷойе умумият дорад. Дар ҳар саҳна одамони зиёд гирди сарам рост меистанд, гӯиё ҳама хидмати маро мекарданд. Навозандагонро аз Покистону Ҳиндустон даъват  кардаанд. Аҳли дарбори қаҳрамони ман ҳинду, покистонӣ ва ҳатто русу укроинӣ низ буданд. Аз диди торихӣ боварнакарданист, ки 4 ҳамсари қаҳрамони ман дар филм ҳунарпешаҳои укроинӣ ҳастанд. Дар майдони сабт  намояндагони чандин халқу миллат ҳузур доштанд. Хуллас, таассурот аз ҷараёни сабти филми мазкур ногуфтанӣ аст, фахр дорам, ки имкони нақшофаринӣ дар чунин лоиҳаи бузург фароҳам омад”, - иброз дошт Диловар Сафаров.    


Ҷавони тоҷик ҳангоми сабти чанд лаҳза зери бори гарони ҳаяҷону шарм қарор гирифт. Дар гирди сараш, ки нақши шоҳро иҷро мекард, духтарҳои зиёд парвона буданд. Ишратпарастии шоҳро ба ин тарз ҷилва доданӣ шуданд. Дар як саҳна вақте намояндагони шоҳаншоҳи VI-и Чин ба назди Муҳаммади Хорзамшоҳ ворид мешаванд, 5 бонуи чиниро ҳамчун туҳфа бо худ меоранд. Ин бонуҳоро шоҳ бояд қабул мекард. Ӯ дар иҷрои чунин саҳнаҳо як кам хиҷолат кашид. Сарфи назар аз ин коргардон дар охири ҳар саҳна барои Диловар  аҳсан мегуфт, боре ҳам “хато шуд, аз нав” нагуфт.  Вай вақте нав ба лоиҳа пайваст шуд, дар бораи Муҳаммади Хорзамҳшоҳ бисёр маълумот ҷустуҷӯ кард. Аз  рӯйи фаҳмишаш дар баъзе саҳнаҳо амалҳоро  бадоҳатан иҷро кард, ки хуш пазируфта шуд.

“ГӮИЁ ДОНИШГОҲИ СИНАМОРО ХАТМ КАРДАМ”

Диловар Сафаров дар майдони сабти филми Зуй Ҳарк ширкат варзида, ба чунин хулоса омад, ки гӯиё дар пайи иҷрои нақш  як донишгоҳи синаморо хатм кард. Чаро? Зеро дар инҷо фикрронӣ, рафтор, гуфтор ва бинишаш нисбат ба филмсозӣ дигар шуд.

- Ҳангоме ки ба майдони сабти филм ворид шудам, дар баробари таваҷҷуҳ ба  нақшам ба саҳнасозӣ ва равиши кори онҳо таваҷҷуҳ кардам. Бисёр чизи навро дар соҳаи филмсозӣ аз худ кардам. Дарвоқеъ ҳар кишвар барои таҳияи филмҳои торихӣ пули хеле калон ҷудо мекунад, то торихашро дубора созаду зинда кунад. Албатта созандагони филм мекӯшанд, ки халқи худро  қаҳрамон ва нисбат ба дигарон хубтару беҳтар нишон диҳанд. Аксари  кишварҳои муқтадир бо ин роҳ торихсозӣ карда, гӯиё гузаштаи дури халқу миллаташонро зинда мекунанд. Бешубҳа ҳар филми торихӣ як паём дорад: торихро барои худ месозем, - шарҳ дод вебнамойи тоҷик.

ДАР ҲАВОИ ШАҲРИ ПЕКИН ВА НИЯТҲО БАРОИ ОЯНДА

Чин барои аксарият кишвари афсонавист. Барои Диловар Сафаров низ ин кишвар таассуроти аҷибе бахшид. Ӯ дар шаҳри Пекин худро на он қадр хуб эҳсос кард. Дар ин ҷо аз дарёфти хӯроки мувофиқи табъ каме мушкилӣ пеш омад. Муҳит, ҳаво ва хӯроки дигар барояш ғайриинтизор буд.

“Дар Пекин интизорӣ мекашидам, ки кай рӯз тамом мешавад. Сарфи назар аз ин дар ин шаҳр бисёр сайру саёҳат кардем. Шаҳрро  хуб омӯхтем. Муносибати одамон ва кӯдакон хотирмон буд. Онҳо  моро сайёҳ пиндошта, омада суҳбат мекарданд. Намедонистанд, ки аз майдони сабти филми торихӣ берун омадаем. Ҳамроҳ расмҳои хотираӣ ҳам мегирифтем. Аз ду сар сурату симои мо барои бархеи онҳо ҷолиб метофт. Дар кӯчаҳои марказӣ аксбардорон бо иҷозат моро акс мегирифтанд”, - қисса кард Диловар.

Чандест, ки Диловар Сафаров барои сохтани филми торихии “Исмоили Сомонӣ” машғул аст. Тавре мегӯяд, ин кори хеле вазнин ва масъулиятдор аст. Феълан корҳои саҳнасозӣ идома дорад. Дар моҳи марти соли 2024 шаҳрсозиро барои ин филм оғоз мекунанд. То имрӯз киштии бузурге сохтаанд, ки барои филм лозим аст. Вебнамойи тоҷик ҳадаф дорад, ки ба наздикӣ ба 6 кишвар сафар кунад, то робитаҳои нави ҳамкориро барои сохтани филми “Исмоили Сомонӣ” пайдо кунад. 

“Филми коргардон Зуй Ҳарк чанд даричаеро ба рӯям боз кард. Интизор меравад, ки боз дар чанд лоиҳаи бузург ҳамкорӣ идома кунад. Кӯшиш мекунам, ки дар баробари ҳамкорӣ бо синамогарони сатҳи ҷаҳонӣ барои сохтани филмҳои миллии торихӣ саҳм гузорам. Сохтани  филми “Исмоили Сомонӣ” яке аз ҳадафҳои бузургам аст”, - изҳор дошт Диловар Сафаров.  

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед