Ru  | Tj
Дипломати таронасаро. Матни сурудҳои ХИТ-и тоҷик ба қалами кӣ тааллуқ дорад?
Дипломати таронасаро. Матни сурудҳои ХИТ-и тоҷик ба қалами кӣ тааллуқ дорад?
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Дипломати таронасаро. Матни сурудҳои ХИТ-и тоҷик ба қалами кӣ тааллуқ дорад?

Нашр шуд

Эҳсон Аъзамиён таронасаро аст. Муддати даҳ сол мешавад, ки ӯ бо аҳли садову оҳанг ҳамкорӣ мекунад. Махсусан, сурудҳои “Туро намебахшам”-и Шабнами Сурайё, “Ҷаннати ишқ”-и Меҳринигори Рустам, “Аз манӣ ё на”-и Садриддини Наҷмиддин, “Куҷоӣ - Wen Enty”-и Нозияи Кароматуллоҳ ва Ҳусайн Асирӣ, “Ғами дил”-и Фаридуни Хуршед, “Ханда кадӣ”-и Ғизол Иноят, ки ба пояи хит расидаанд, ба қалами қаҳрамони мо тааллуқ доранд.

Ӯ агарчи хатмкардаи ихтисоси муносибатҳои дипломатӣ аст, боре ҳам дар ин соҳа кор накард. Солҳое, ки вай донишҷӯ буд, падараш аз олам даргузашт. Эҳсон пушаймон шуд, ки чаро касби падарро нагирифту идомадиҳандаи пешаи пуршарафи қиблагоҳ нагардид. Вале инак дер шуда буд, зеро бидуни пуштибони иқтисодӣ на ҳар як фарзанди хонаводаи тоҷик шароити таҳсили ҳафтсола дар соҳаи тибро дорад. Албатта, дар риштаи дипломатӣ таҳсил намудани Эҳсон низ бесабаб набуд, ки худи ӯ чунин шарҳ медиҳад:

“Дар зиндагии инсон баъзан гардишҳое пайдо мешаванд, ки ҳеч вақт дар интизорашон набуд. Ҳанӯз 16-сола будам. Бародарамро, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Федератсияи Русия қарор дошт, бераҳмона куштанд. Мани навҷавон хулосае доштам, ки агар дипломат шавам, бо истифода аз тамоми кӯшишҳоям миллатҳоро ба сулҳ ҳидоят мекунам ва мушкилоти нажодию мазҳабӣ бо ҳамин ҳал мешавад”.


ТАЛОШ БАРОИ ШЕЪР НАГУФТАН

Дар хонаводаи Эҳсон касе бо таронанависӣ машғул нест. Тавре худи ӯ мегӯяд, ҳар нафаре аз оилаи тоҷик метавонад ғазали комил нависад. Қаҳрамони мо овони донишҷӯйӣ узви маҳфили адабии “Чароғи абадӣ” зери роҳбарии Рустам Ваҳҳоб, Шоири халқии Тоҷикистон дар назди факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ӯ дар ҷодаи шеър Рустам Ваҳҳобро ба худ раҳнамо медонад ва ба ин ишоракунон мегӯяд, ки “то имрӯз агар як шеър ҳам гуфта бошам, устоди шеъри ман Рустам Ваҳҳоб аст”.

Шеърҳояшро дар хобгоҳи донишҷӯён ҳамхонаҳояш мехонданду маслиҳат медоданд, ки бо сарояндаҳо ҳамкорӣ кунад, то навиштаҳояш ба бод нараванд. Вале ин ҷавони қаламбадаст як муддат аз шеърнависӣ хаста шуда буд. Зеро тамоми рӯз, ки бо таҳсилу омода намудани дарсҳо машғул мегардиду афсурдаю бемадор ба бистари хоб меомад, илҳоми шеър пайдо мегардид ва то аз ҷояш хеста, мисраъҳоро рӯйи коғаз наорад, ором будан наметавонист.

“Рӯзе барои маслиҳат гирифтан дар ин бобат ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, назди Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Сайидалӣ Маъмур рафтам. Пурсидам, ки чӣ кунам, то дигар шеър нанависаму шоир нашавам? Устод аввал ба пурсиши ман хандиданд, сипас гуфтанд, ки “писарам, ин ҷо одамоне меоянд, ки мехоҳанд шеър нависанду шоир шаванд”. Гуфтам, ки “вале ман намехоҳам шоир бошам. Ин бехобиҳо рӯзе адо мекунад”. Устод маро насиҳаткунон гуфтанд, ки “инсон дар баробари аъмоли неку бадаш, барои истеъдод низ назди Худованд ҷавобгӯст, ки онро дар кадом роҳ истифода кард, ё чаро аз он истифода накард. Аз ин рӯ, пеш аз хобат дафтару худкорро гирифта пешат мон ва ҳар лаҳзае, ки илҳомат омад, бархезу ба варақҳо сабт кун”.


Ӯ боз ба хотир меорад, ки равоншод Сайидалӣ Маъмур ояндаи вайро тахминан пешгӯӣ карда гуфта буд, ки рӯзе ин истеъдод ба ӯ даркор мешавад ва соҳиби худро дар байни мардум мешиносонад. Ин пешгӯйии устоди равоншод хеле зуд ба воқеият табдил шуд, мегӯяд ӯ.

    НАХУСТИН ҚАДАМ

Эҳсон соли 2012 тӯли ҳафт моҳ дар Федератсияи Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт. Ҳамон солҳо шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” бисёр маъруф буд. Дар лаҳзаҳои фориғ аз кор намунаи ашъорашро дар ин шабака расонаӣ мекард. Бештари дӯстонаш дар зери шеъри Эҳсон шарҳ менавиштанду аломати “писанд”-ро мегузоштанд.

Маҳз дӯсташ Ҷобир варо ба таронанависӣ ташвиқ мекард ва пайваста таъкид менамуд, ки ӯ бояд шогирди оҳангсоз Даврони Раҳматзод шавад. Ҳатто рақами мобилию нишонии хонаи оҳангсозро барои дӯсташ Эҳсон пайдо кард. Даврони Раҳматзод худ оҳангсоз бошад ҳам, роҳу равиши таронанависиро хуб медонист. Эҳсон баъд аз таъкидҳои пайдарҳами дӯсташ муддати се сол фикр кард, ки назди оҳангсоз равад ё не. Билохира ба як қарор омаду ба қавли худ панҷ шеъри беҳтаринашро гирифта назди мухотаб рафт.


Эҳсон ҳангоме сӯйи хонаи оҳангсоз роҳ мерафт, роҳравон таронаи навро эҷод карда, онро дар гӯшаи ёддошти телефони тугмачадораш ҳифз карда буд. Вақте ӯ ба Даврони Раҳматзод намунаҳои эҷоди худро нишон дод, панҷ шеъри беҳтаринаш аз тарафи оҳангсоз қабул нагардид. Сипас ба Худо таваккал карду ҳамон таронаи чанд дақиқа қабл роҳравон эҷодкардаро бо унвони “Туро намебахшам” пешниҳод кард. Оҳангсоз ғайричашмдошти Эҳсон гуфт, ки “аз ин тарона як чиз сохтан мумкин аст”. Баъд аз чанд рӯзи вохӯрӣ Даврон ба Эҳсон занг зада муборакбодӣ намуд, ки таронаашро Шабнами Сурайё месарояд. Нақароти ин суруди маҳзун, ки:

“Ба чашми ту намерахшам,

Туро ҳаргиз намебахшам”

аст, соли 2012-2013 яке аз пуршунавандатарин сурудҳои сол эътироф шуда буд.


Рӯз то рӯз завқи Эҳсон ба таронанависӣ баландтар мегардид. Ҳар ҳафта чанд адад тарона менавишту назди устодаш Даврони Раҳматзод мебурд. Мутаассифона, навиштаҳояш қабул намешуд, зеро ҳамаи онҳо дар як оҳанг эҷод шуда буд. Устодаш ба вай маслиҳат дод, то кӯшиш намояд, ки якчанд мутародифи калимаҳоро истифода кунад, чунки баъзе калимаҳои навиштаашро сарояндагон хондан намехоҳанд ё он қадар дилчаспу гӯшнавоз нестанд.

Қаҳрамони мо, агар дар ҷодаи шеър худро шогирди Рустам Ваҳҳоб донад, дар самти таронанависӣ Даврони Раҳматзод устоди ӯст.

    ДАР БОЗОРИ ШОУ - БИЗНЕС

Эҳсон барои анҷом додани ҳар кору вазифа худро бисёр ранҷ намедиҳад. Кори эҷодияшро одатан дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе иҷро мекунад. Зеро ба андарзи Конфутсий “аз коре ба коре гузаштан ҳам истироҳат аст” бовар дорад.


“Вақте аз сароянда ё оҳангсоз фармоиш мегирам, ҳеч вақт барои як рӯз ваъда намедиҳам. Зеро кори бо шитоб ба анҷомрасида на ҳамеша натиҷаи хуб дорад. Баъзан як таронаро дар даҳ дақиқа навишта метавонам, баъзан дар як ҳафта менависам. Ҳангоме ки ҳолати равониям хуб нест ва майли кор кардан надорам, чизе наменависам, чунки кори “ради галочки”-ро дӯст намедорам. Аммо агар гӯянд, то фардо таъҷилан лозим аст, кӯшиш мекунам, ки мизоҷамро наранҷонам. Ба ҳар ҳол, фармоиши дар чанд рӯз навишташуда беҳтар аст, зеро метавонӣ онро чандин бор такмил дода равону ҷаззобтар намоӣ, то ба шунаванда таъсиргузор шавад ва бо як шунидан онро азёд кунад”.

Ба гуфтаи Эҳсон, ӯ на ҳамеша бо фариштаи илҳом дӯстӣ мекунад. Агар дар интизори ин фаришта нишинад, аз корҳои зиёдаш мемонад. Чунки мавридҳое мешавад, ки маҷбур аст дар студияи сабти овоз таронаро навишта, дарҳол барои сабт пешниҳод намояд. Ӯ яке аз нақлҳои устоди худ Рустам Ваҳҳобро ба хотир оварда мегӯяд, ки “гурбаи мискин дар яке аз фаслҳои сол илҳоми зиёд пайдо мекунад ва мехоҳад бо тамоми вуҷудаш суруд хонад. Вақте барои сароидан зӯр мезанад, танҳо “мяв” гуфта метавонаду бас, зеро вай дар бисоти забони худ танҳо ҳамин се калимаро дораду халос”. Яъне ба андешаи Эҳсон, сарфи назар аз будану набудани илҳом эҷодкорро мебояд, ки барои сайқал додани истеъдоди худ ҳар рӯз чизе нависад. Ӯ танҳо ҳангоми навиштани таронаҳои маҳзун ташрифи фариштаи илҳомро мунтазир мешавад.


Эҳсон Аъзамиён ба саволи “баъд аз эҷоди кадом тарона хоҳиши ҳамкории сарояндаҳо бо Шумо афзуд?” чунин посух медиҳад:

“Ростӣ, он қадар толиби шуҳрат нестам. Албатта, аз рӯзҳои нахустини ба шоу-бизнес ворид гардиданам таронаҳое буданд, ки маро ба ҷомеаи фарҳангӣ шиносонанд. Маҳз таронаи “Ҷаннати ишқ”-и Меҳринигори Рустам боис шуд, ки бештари овозхонҳои маъруф ба ман пешниҳоди ҳамкорӣ кунанд.

Дар омади гап қайд намоям, ки яке аз таронаҳои дилписандам суруди “Ношинос”-и шодравон Дамирбек Олимов мебошад. Таронаи мазкур то ҳол ҳаводорони зиёд дорад. Аз сӯйи чандин ҷавон ба тарзи бозхонӣ ё худ кавер низ сароида шуд. Мо дар ҳамкорӣ бо Дамирбек тарона ва оҳанги суруди “Ношинос 2”-ро омода карда будем. Ҳамин, ки Душанбе омадам, дар мавриди намоҳанг (видеоклип)- аш маслиҳат мекунем, гуфта буд. Мутаассифона, умр вафо накард.”

Моҳи июли соли равон дар намоҳанги “Интизор мемирад”-и овозхонҳои маъруф Садриддин ва Зулайхо ба унвони муаллифи матн номи Эҳсон Аъзамиён ишора шудааст, дар ҳоле ки ин тарона ба қалами Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш тааллуқ дошт. Ин иштибоҳ аз ҷониби дӯстону мухлисони ҳарду шоир мавҷи вокунишҳоро ба бор овард. Эҳсон маҷбур шуд, ки дар саҳифаи фейсбукии худ раддия чоп кунад, то маълум намояд ин танҳо иштибоҳи техникист.


“Таронаи “Ғами дил”, ки соли 2014 аз тарафи Фаридуни Хуршед сароида шуд, ба қалами банда тааллуқ дорад. Ин сурудро имрӯз низ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дохили нақлиёти мусофирбар, радиоҳои маҳаллӣ мегузоранд. Ҳангоми танзими матни намоҳанги ин суруд иштибоҳан муаллифи таронаро ба номи каси дигар барчасп карда буданд. Албатта Фаридун аз ман бахшиш пурсид, вале матлаб ислоҳ нашуд. Ростӣ, ман ҳам таъкиди зиёд накардам. Ин гуна ҳолатҳо фоҷеа нестанд. Дар корҳои техникӣ ҳама гуна хато вомехӯрад”.

То имрӯз Эҳсон бо сарояндаҳои зиёд, аз ҷумла овозхонони Ӯзбекистону Эрону Афғонистону Баҳрайн низ кор кардааст. Махсусан, Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин, Нигина Амонқулова, Нозияи Кароматуллоҳ, Фарзонаи Хуршед, шодравон Дамирбек Олимов, Меҳрнигори Рустам, Валиҷон Азизов, Зайнура Пӯлодова, Фаридуни Хуршед, Юлдуз Турдиева, Моҳира Тоҳирӣ, Ғизол Иноят ва Ҳусайн Асирӣ муштарии ҳамешагии ин таронасаро буданду ҳастанд. Вале Эҳсон дақиқан намедонад, ки то ба ҳол чанд шумора таронааш ба бозори шоу-бизнес роҳ ёфтааст.

Чанде қабл Эҳсон барои сарояндаи ҷавон Аброр Назаров, ки писари Далер Назаров аст, таронаи “Гап нестай”-ро навишт. Барои ин ки дар ин тарона аз калимаҳои шевагӣ истифода шудааст, дар саҳифаи фейсбукии худ аз дӯстони шоираш хоҳиш кард, ки дар ин маврид сахт нагиранд.


“Дар суҳбатҳои хусусӣ бархе дар мавриди матн ишора намуданд, аммо касе интиқод накард. Албатта намегӯям, ки ин матни хуб асту маро танқид накунанд. Дар асл шахси интиқодпазирам. Нақдро қабул дорам, вақте ки воқеан ба суди кор аст. Дархости овозхон, дӯсту бародарам Аброрҷон буд, ки маҳз ҳамин ибораи лаҳҷавӣ “гап нестай” истифода шавад. Ин ҷумла солҳои охир дар байни ҷавонони мо бисёр маъруф шудааст. Ростӣ, он қадар дӯст намедорам, ки дар таронаҳо аз лаҳҷа истифода шавад. Ногуфта намонад, ки ин матн пурра моли ман нест, баъзе порчаҳо аз таронаҳои халқӣ гирифта шудааст”.

Чун гап сари тиҷорат меравад, ҳатман сирри худашро дорад. Мухотаби мо дар мавриди нархгузорӣ ба таронаҳо мегӯяд, ки на аз ҳамаи фармоишҳо маблағ ба даст меорад ва таронаҳояш нархи муайян надорад. Ҳолатҳое мешавад, ки овозхон пас аз расонаӣ намудани тарона пардохти ҳаққи корро фаромӯш мекунад.

“Таъминоти асосии рӯзгорам аз ҳисоби таронаҳо нест. Сатҳи тиҷорати таронаҳо дар шоу-бизнеси Тоҷикистон каме поин рафтааст, зеро талабот ба “тӯёнаҳо” зиёд аст. Овозхонони мо маблағи лозимиро аз консерт ба даст оварда наметавонанд, аз ин рӯ тӯйгардӣ мекунанд. Яъне мардум аз овозхонон “тӯёна”-ро хоҳиш мекунанд, мо ҳам вобаста ба талаботи онҳо менависем”.


НЕСТ БОД СИЛ!

Эҳсон худро ёвару дастёри беморони сил медонад, аз ин рӯ дар Анҷумани “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ба ҳайси мудири коргузорӣ фаъолият дорад. Ӯ то соли 2019 вазифаи сармуҳарририи нашрияи “Паёми шифо” (он замон “Шифо”)-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро ба зимма дошт. Ҳамкории вай бо анҷуман баъд аз мусоҳиба бо шахси аз бемории сил шифоёфта Сафаралӣ Наимов, ки ҳамзамон мудири иҷроияи ин анҷуман мебошад, шурӯъ гардид. Бояд қайд кард, ки ҳайати кормандони созмони мазкур аз шахсони аз бемории сил шифоёфта ва хешовандони онҳо иборат аст.

Сафаралӣ Наимов мусоҳиби худро барои ҳамкорӣ бо ин ташкилот даъват кард. Эҳсон низ ният кард мисли падараш, ки солҳои тӯлонӣ сарпизишки бахши беҳдоштию ҳамагиришиносӣ (санитарию эпедемиологӣ)-и ноҳия буду барои тандурустии беморони сил кумак мекард, ҳамкориашро бо ин қишри ҷомеа ба роҳ монад. Мавриди зикр аст, ки ӯ аз уҳдаи тарҷума аз забонҳои англисӣ, русӣ, арабӣ ва баргардони форсӣ ба забону навишти тоҷикӣ мебарояд. Аз ин рӯ, аз рӯзҳои аввалини фаъолият таҳти сарпарастии ташкилот мусоҳибаҳои бо шахсони аз бемории сил шифоёфтаро дар шакли як маҷмӯа бо забонҳои гуногун таҳия кард.


Соли 2019 бо ташаббуси Эҳсон Аъзамиён гурӯҳи Сафирони пешгирии сил дар назди ташкилот иборат аз шахсиятҳои маъруф таҳти унвони “Қаҳрамонони мо: НЕСТ БОД СИЛ!” созмон дода шуд. Сарфи назар аз он ки сафирон овозхону варзишгару рӯзноманигору имомхатибон ҳастанд, мардум сухани онҳоро мешунаванду мехонанд. Ҳамчун Сафирони пешгирии сил ҳунарпешаи мардумӣ Нурулло Абдуллоев, домулло Иброҳим, ҳаҷвнигорон Муқимҷон Абдуфаттоев, Ҷамшеди Ҳалим, варзишгар Мавзуна Чориева, овозхонон Ҳабиб Ҳакимов, Нозияи Кароматуллоҳ, Шабнами Сурайё, Зайнура Пӯлодова, Музаффар Шодиев, Шогун Давлатбекова, Далер Мирхонов ва дигар шахсиятҳои маъруф эътироф шудаанд.

Ба андешаи Эҳсон, вақте як корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ маводеро нашр мекунад, ба ҳисоби миёна 200 адад аломати рамзии “мақбул”-ро соҳиб мешавад, ки бештари гузорандагони аломатҳои рамзӣ дӯсту пайвандони муаллиф ҳастанд. Аммо маводи як шахси маъруфу шинохта метавонад, ки дар як соат ҳазорҳо хонандаву бинанда ва аломатҳои рамзӣ дошта бошад.


Эҳсон шахси универсалӣ аст. Ӯ баъд аз хатми зинаи аспирантураи ДМТ, соли 2021 номзади илми таърих шуд. Муддате дар радиоҳои “Ватан” ва “Тоҷикистон” низ кор кардааст. Вай дар баробари таронанависию тарҷумонӣ ва суҳбатороӣ бо беморони аз сил шифоёфта, инчунин ҳунари тарроҳии чопӣ ва рассомии рақамӣ низ доштааст, ки мо низ баъдтар огоҳ шудем.

Эҳсон шуғли “digital art” (тасвири рақамӣ)-ро барои худ ҳамчун воситаи дилхушӣ, яъне “ҳоббӣ” медонад. Ба ҷузъҳо тақсим намудану кашидани чеҳраи инсонро аз бародари мусаввираш омӯхтааст.

“Тасвири рақамӣ баҳонаи хубест барои фароғати равонӣ. Дар мавҷи нахустини тоҷвирус ман ҳам аз ҷумлаи аввалин одамоне будам, ки сироят ёфтам. Дар хона дилтанг будам. Ба қароре омадам, ки бояд саргарми машғулияти муфид бошам. Он ҳангом маҷмӯаҳои ташкилотро тарроҳӣ мекардам ва хостам фаъолиятамро дар ин радиф мукаммалтар намоям. Сипас аз Русия планшети рассомиро фармоиш додам, ки то ҳол дар вақтҳои фориғ аз кор машғули тасвири рақамӣ мешавам ва таҷрибаҳоямро дар баннерҳо, китобчаҳо, ҷузва (брошюра)-и варақаҳои иттилоотии ташкилот истифода менамоям”.


Эҳсон Аъзамиён айни замон бо навиштани таронаҳои нав ва пешбарии лоиҳаҳои муфид дар Анҷумани “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” машғул аст. Дар бораи муваффақиятҳои ояндаи ӯ дар матлабҳои дигар қисса хоҳем кард.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед