Ru  | Tj
Донишҷӯи умрдидаи ҳунар. Ё чӣ гуна Саттор-устои 68-сола асбобҳои мусиқӣ месозад?
Донишҷӯи умрдидаи ҳунар. Ё чӣ гуна Саттор-устои 68-сола асбобҳои мусиқӣ месозад?
Акс: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Донишҷӯи умрдидаи ҳунар. Ё чӣ гуна Саттор-устои 68-сола асбобҳои мусиқӣ месозад?

Нашр шуд

Саттор Раҳмонов ба наздикӣ 68-сола мешавад, лекин то имрӯз дар сохтани асбобҳои мусиқии соз ва рубоби қошғарӣ дастбакор аст. Ӯ ин ҳунарро мустақилона азхуд кардааст. Дар айёми ҷавонӣ дар тӯйу маъракаҳо ҳамчун навозандаи ҳаваскор хидмат мекард. Ғайриинтизор дар синни 59-солагӣ қарор дод, ки ба Омӯзишгоҳи санъати Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд ғоибона дохил гардаду дар санъати навозандагӣ ҳунарманди ҳирфаӣ шавад.

Муаллифи Halva.tj ба манзили Саттор Раҳмонов рафт ва усторо дар устохонааш дар пайи тарошидани рубоби наве дид. Ӯ зимни суҳбат дар хусуси сохтани асбобҳои мусиқӣ, муҳаббат ба санъат ва дар солмандӣ донишҷӯ шудан ҳарф зад.

ЯК БАҲСИ СОЗАНДА

Саттор Раҳмонов дар як базми арӯсӣ бо ҳунарманди касбӣ – Абдураҳмон Абдураҳмонов ҳамнишин мешавад. Онҳо пеш аз сар шудани базм суҳбати гарме меороянд. Чашми Саттор-бобо тифоқо ба созе, ки дар дасти мутрибе буд, меафтад. Ӯ аз роҳбари гурӯҳ, яъне Абдураҳмон-ҳофиз хоҳиш мекунад, ки созро навозад. Ҳофиз баҳонае пеш оварда мегӯяд, ки созро нав дуруст кардаанд, баъди тӯй хоҳанд дод, то навохта бинад. Саттор-бобо бисёр мехост, созе ки барояш аҷиб намуд, навозад, вале соҳибон онро ба дасти ӯ надоданд.

- Дар хусуси махсусияти сохт ва навозиши асбоби мусиқии соз бо Абдураҳмон-ҳофиз ҳамон шаб баҳсе кардем. Ман зимни суҳбат ваъда додам, ки дар давоми як моҳ асбобе, ки дар дасти онҳост, месозам. Ҳамсуҳбатон бовар накарданд. Абдураҳмон гуфт, ки агар дар муддати як моҳ созро сохта тавонам, як ош бо нону обаш қарздор мешавад. Баъди ҳамин суҳбат ҷиддан ба сохтани соз сар кардам, - ба ёд овард ҳунарманд.

МАХСУСИЯТИ СОХТАНИ СОЗУ РУБОБИ ҚОШҒАРӢ

Саттор Раҳмонов аз соли 2015 ба сохтани асбобҳои мусиқӣ шурӯъ кард. То имрӯз беш аз 20 рубобу сози сохтаи усто дар дасти ҳунармандон адои хидмат мекунад. Яке аз аввалин созҳои сохтаашро ба Абдураҳмон Абдураҳмонов, ҳофизе ки баҳс карда буд, тақдим мекунад. Ҳофиз торҳои созро дуруст карда, якчанд дақиқа менавозад ва ба истеъдоди фитрии Саттор-усто қоил мешавад.

Устохонаи қаҳрамони мо хеле одӣ аст. Барояш ашёи хом, яъне кундаи ниҳолҳои зардолу, тут, чормағз ва санҷидро як дӯсти хубаш меорад.

- Ҳозир дар давоми беш аз 1 моҳ кундаи чормағзи хушкеро тарошида истодаам. Аз он рубоби қошғарӣ сохтаниям. Ростӣ, кор кардан бо чӯби хушк душвортар буда, ба қолаб даровардани чӯби тар осон аст. Аз ин рӯ пештар аксаран чӯби тарро тарошида, ба шакли рубобу соз медаровардаму баъдан онро мехушконидам. Барои комилан тайёр шудани як асбоб (рубоб, соз) аз якуним то се моҳ вақт сарф мешавад, - гуфт Саттор-усто.

Қаҳрамони мо мегӯяд, барои сохтани рубоб пӯсти зағорамоҳӣ ва пӯсти дили гов (одатан дили гов бо як қабат пӯсти тунук пӯшонида шудааст) лозим меояд, ки ёфтани он низ вақт мехоҳад. Барои рубобу соз торҳои махсусе зарур аст.

«Ёд дорам, ки дар солҳои 1978-1980 ба шаҳри Бокуи Озарбойҷон сафар карда будам. Аз он ҷо симҳои 1, 2, 3, 4 сад даста харида будам. Бовар мекунед, то имрӯз аз ин симҳое, ки ҳамчун тор барои рубобу соз кор меояд, истифода мебарам. Боварнокарданист, аммо рост аст, ки бо гузaшти беш аз 40 сол сифати симҳо дигар нашудааст», - бо ҳаяҷон афзуд устои рубобсоз.

ҶАЗБИ ҲУНАР

Аслан, Саттор-бобо ҳанӯз аз овони кӯдакӣ мехост, ки ҳунарманд шавад. Дар мактаби №28- и Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, ки то синфи 8 хонд, маҳфили навозандагон амал мекард. Дар он хонандагони синфҳои болоӣ бештар ҷамъ меомаданд. Сатторҷони наврас танҳо аз тирезаи синфхонае, ки дар он кори маҳфил сурат мегирифт, тамошо мекард.

- Он маҳфилро муаллиме бо насаби Олимов роҳбарӣ мекард. Ман хурд будам. Бачаҳои аз мо калонтар узви маҳфил буданд. Ман ҳам орзу мекардам, ки мисли онҳо рубоб дошта бошам ва навозам. Дар хона аз тахтачаҳои нодаркорӣ рубобе сохта будам. Бибии равоншодам мегуфт, ки агар бачаи гапдаро шавӣ, бароят рубоб мехарам. Ростӣ, вай бароям рубоби хурде харида буд. Онро хеле бо ҳавас менавохтам.Он рубобча то ба хидмати ҳарбӣ рафтан дар дастам буд. Ҳар вақте хоҳам ба торҳои он нохун мезадам, - нақл кард Саттор-бобо.

Саттор Раҳмонов баъди хатми синфи 8 дар назди устои харрот-оҳангар шогирд истода, усто мешавад. Ду сол ҳамчун устои оҳангар кор мекунад. Баъди адои хидмати ҳарбӣ ва кор кардан дар комбинати гӯшту консерва боз ба ҳунари навозандагӣ рӯ меорад, зеро ҳунар ӯро доиман ҷазб мекард. Ӯ дар тӯйу сури мардуми шаҳри Хуҷанд ва деҳаҳои атрофи он ҳамчун навозанда солиёни дароз хидмат кард.

ДАР 59-СОЛАГӢ ҲАМ ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕР НЕСТ!

Дар соли 2013 як шогирд ва дӯсти қаҳрамони мо донишҷӯи омӯзишгоҳи санъат мешавад. Саттор-бобо, ки он вақт 58 сол дошт, дӯсти ҳамкасбашро сарзаниш мекунад, ки чаро ӯро низ даъват накард, то якҷо донишҷӯи омӯзишгоҳ шаванд. Ӯ сарфи назар аз солмандӣ хост, ки ба таври ғоибона донишҷӯи Омӯзишгоҳи санъати Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд шавад.

- Дар аввал наздикон ва дӯстон чандин бор гуфтанд, ки пир шудед, аллакай навозандаи хубед, чӣ ҳоҷат аст, ки дар калонсолӣ таҳсил кунед, дер шуд, дер! Ман ба онҳо доим мегӯям, ки барои таҳсил ва омӯхтан асло дер намешавад. Ман солҳо дар рӯзҳои шодию хурсандии мардум навозанда будам, аммо худро навозандаи ҳирфаӣ ҳисоб намекардам. Пас аз он ки аз солҳои 2014-2018 дар ихтисоси рубоби қошғарӣ таҳсил кардам, фаҳмидам, ки ҳунар баҳри беканopест, ки барои дар он шино кардан умри одамӣ камӣ мекунад. Дар омӯзишгоҳ муаллимаам Ҷӯраева буданд. Он кас донишомӯхтаи Консерваторияи шаҳри Тошканд мебошанд. Дар давоми таҳсил беш аз 10 асари мукаммалро азхуд кардам. Дар ҳар имтиҳон 4 асарро тайёр карда, аз санҷиши эҷодӣ мегузаштем. Масалан, Насри Сегоҳ, Насри Чоргоҳ, Самои Дугоҳ, суруди «Эй сорбон», «Ҷонон» ва дигар оҳангҳои мардумиро ба хубӣ омӯхтам. Хуллас, аз таҳсил кардан бурд кардам, на бохт, - бо ифтихор гуфт Саттор-бобои ҳунарманд.

Саттор Раҳмонов мегӯяд, ки барои сохтани рубобу соз доиман омодааст, то муштоқони ҳунар соҳиби асбоби мусиқӣ бошанд. Тавре ӯ мегӯяд, сохтани асбоби мусиқӣ барояш истироҳат аст.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед