Ru  | Tj
Донишомӯхтаи Италия ва ҳаводори Билл Гейтс. Раиси нави Кумитаи рушди сайёҳии Ҳукумати Тоҷикистон кист?
Донишомӯхтаи Италия ва ҳаводори Билл Гейтс. Раиси нави Кумитаи рушди сайёҳии Ҳукумати Тоҷикистон кист?
Аксҳо: Аз манбаъи боз

Донишомӯхтаи Италия ва ҳаводори Билл Гейтс. Раиси нави Кумитаи рушди сайёҳии Ҳукумати Тоҷикистон кист?

Нашр шуд

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11-уми январ Камолиддин Муминзод раиси нави Кумитаи рушди сайёҳии ин кишвар таъйин шуд. Тоҷиддин Ҷӯразода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси кумитаи мазкур озод шуд.

Камолиддин Муминзод то замони таъйин шудан ба ин вазифа аз моҳи июни соли 2020 то кунун дар симати муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият дошт.

Таҳсилот

Бояд гуфт, Камолиддин Муминзод, ки 39 сол дорад, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2006 (дипломи аъло) буда, соли 2012 факултаи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистонро низ хатм кардааст. Инчунин солҳои 2019-2020 дар зинаи магистратураи байналмилалии ихтисоси идораи хариди давлатии факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи Тор Вергатаи шаҳри Рими Италия таҳсил намудааст.

Фаъолияти касбӣ

Қобили зикр аст, ки Камолиддин Муминзод то соли 2020 асосан дар маркази идораи лоиҳаҳои вазорату кумитаҳои давлатӣ кор кардааст. Номбурда фаъолияти кории худро солҳои 2007-2010 дар вазифаҳои мутахассис ва сармутахассиси мониторинг ва баҳодиҳии Маркази идораи «Лоиҳаи таҷдиди маориф»-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оғоз намудааст.

Баъдан солҳои 2010-2012 дар Маркази идораи «Лоиҳаҳои ҳалли қарзҳои ширкатҳои пахтакорӣ ва рушди устувории соҳаи пахтакорӣ», лоиҳаи «Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои ҷавонони Тоҷикистон» ва «Лоиҳаи пешгирии ВНМО/БПНМ миёни ҷавонони деҳот» кор кардааст.

Дар идомаи фаъолияти корӣ Муминзод солҳои 2012-2014 ба ҳайси раҳбари КВД «Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе» фаъолият кардааст. Солҳои 2014-2018 боз ба фаъолият дар маркази татбиқи лоиҳаҳо баргашта, дар ин муддат ҳамчун мушовир дар Марказҳои идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» ифои вазифа намудааст.

Ҳамзамон як муддат, яъне солҳои 2018-2020 ӯ ҳамчун мутахассиси хариди лоиҳаҳо дар Ташкилоти ҷамъиятии «Нури Умед» ва мутахассиси пешбари шуъбаи ҳамоҳангсозии барнома, лоиҳа ва грантҳои маориф ва илми Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон кор кардааст.

Баъдан 18 июни соли 2020 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ба вазифаи муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии ин кишвар мансуб шуд. 11 январи соли 2023 бошад бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон раиси ин кумита таъйин шуд.


Тибқи маълумоти манбаъҳои боз, раиси тозатайъини Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон забонҳои тоҷикиву русӣ ва инглисиро дар сатҳи олӣ медонад.

Таҷрибаи корӣ

Бино ба додаҳои пойгоҳи Linkedin, Муминзод таҷрибаи 13-сола дар бахши идораи харид ва машварат дар татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногунро дорад.

Ҳамкасбон Муминзодро ҳамчун як коршиноси пешрафта, донишманд ва раҳбаре тавсиф мекунанд, ки метавонад бо тасмимоти оқилона натиҷаҳои муассир дар татбиқи лоиҳаҳоро таъмин кунад.

Пайрави чеҳраҳои матраҳи ҷаҳонӣ

Инчунин  гуфта мешавад, ки Муминзод ба кору фаъолияти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат ва тиҷорат дар ҷаҳон, мисли мудири Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ён Ким, нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо, мудири Бонки марказии Аврупо Кристин Лагард, бунёдгузори ширкати «Microsoft» Билл Гейтс ва валиаҳди Дубай Ҳамдан ибни Муҳаммад ал-Мактум таваҷҷуҳи хоса дорад.

Гуфтанист, Кумитаи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон соли 2017 бо ҳадафи тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, рушди зерсохтҳои сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ, мусоидат ба сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба ин соҳа таъсис шудааст.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед