Ru  | Tj
Духтари китоб бо ҷасорати гурдофаридӣ. Робияи шеър кист?
Духтари китоб бо ҷасорати гурдофаридӣ. Робияи шеър кист?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Духтари китоб бо ҷасорати гурдофаридӣ. Робияи шеър кист?

Нашр шуд

Омина Ҳамроева дилбохтаи олами рангини шеър аст. Баҳравар аз шеъри Гулрухсору Фарзона буда, килки эҷодаш пайваста пайи дарёфти падидаи нави шоирона аст. Бо завқи кӯдакона шеъре гуфтаву пасон чанд муддат танаффус кардааст. Асосан, муҳаббати шеъргӯии ӯ дар ҷараёни сабқати миллӣ, ки унвон гирифта «Фурӯғи субҳи доноӣ...», ба авҷи хеш расидааст. Ин буд, ки имсол Омина дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар бахши назм мақоми савумро касб намуд.

- Ҳангоми таҳсил дар мактаб, ки тахминан дар синфи 6 ё 7 мехондам, худ аз худ шеъре мавзун сохтам ва ҳатто дафтаре низ доштам, ки дар он пинҳонӣ дар бораи модар, ватан, муаллим ва ҳамин гуна мавзӯъҳо чизҳое менавиштам, вале аз чизҳои бо завқи наврасӣ эҷод кардаам шармам меомаду онро пинҳон месохтам. Боре холаам он дафтарро аз хона ёфта, дар пеши ҳама аъзои оила бо садои баланд шеърҳои маро қироат намуд ва ҳамагӣ ханда намуда бо тамасхур мегуфтанд, ки Омина шоир шудааст. Албатта инро ман ҷиддӣ қабул намудаму сахт ранҷидам ва ин дафтари ман нест гӯён гиря кардам. Баъдан, ҳудуди 5 сол қариб чизе эҷод накардам, - қисса мекунад қаҳрамони мо.

Омина духтари умедбахш буда, бо андешаву хаёлоти зебо зиндагӣ мекунад. Бо шеъри худ мехоҳад ба дили мардум роҳ ёбад ва хидмати мондагоре ба адабиёти миллати соҳибтамаддуни тоҷик намуда бошад.

АЗ МУҲАББАТИ МОДАР ТО МУҲАББАТИ МАРДУМ

Айёми сардиҳои шадиди фасли дай буд, ки Омина таваллуд мешавад. Ӯ духтари нахустини оила буд. Падар умед дошт, ки фарзанди дуюмашон писар мешавад, аммо кор ранги дигар гирифт. Баъди Омина ҳам модар соҳиби духтар мешавад. Вале падар, ки инро интизор набуд, бо модари Омина ҷанҷол намуда, аз хона ин модари муштипарро бо ду духтараки маъсуммеронад ва ҳамин тавр масъулияти нигоҳубини ин ду духтараки хурдсол ба дӯши модар меафтад. Модар, ки парастор (ҳамшираи шафқат) аст, бо дастмузди ҳалоли худ гулдухтаронро дар хонаи бародаронаш ба камол мерасонад. Ончунон худи Омина мегӯяд:

- «Тайи 18 сол мешавад, ки мо дар хонаи тағоҳоям зиндагӣ мекунем. Аз машаққати то ҳол идомадоштаамон чизе намегӯям. Чун ҳар кас дар зиндагӣ мушкилоти худро дорад, ки рисолати инсон будан низ мубориза барои рафъи ин мушкилоту қадр кардани муҳаббати атрофиён аст. Ва шукри беҳад, ки муҳаббати модарамон моро имрӯз соҳибахлоқ гардонидаву ба камол расонидааст ва ба муҳаббати бузурги мардум сазовор гардонидааст».

«ЗИНДАГӢ АЗ МАН ЧИЗИ НАВ СОХТ...»

Зиндагии Омина басо пуршӯру омӯзандааст. Аз хурдӣ то имрӯз Омина пас аз моҷарои хонаводагӣ танҳо аз муҳаббати модар худро мукаммал намуда, пеши худ қарор дод, ки хонда соҳибмаълумот шавад ва барои пешбурди рӯзгор дар паҳлӯи модар истода якҷо заҳмат кашад. Тавре мегӯяд:

- Моҷароҳои зиндагӣ бароям сабақи бузурги ҳаёт буданд, то ки ман худро бисозам ва дар ҳама ҳолат ягона модарам буд, ки дар бари ман қарор дошт. Чун модарам парастор (ҳамшираи шафқат) буд, шабонарӯзӣ заҳмат мекашид, то ки ману хоҳарамро дуруст тарбия намояду ба воя расонад. Ӯ то ин дам бароямон ҳам падар ва ҳам модар буду ҳаст.

Маҳз сахтиҳои зиндагӣ буд, ки аз як духтараки одии содалавҳ имрӯз як Оминаи матиниродаву закӣ ба камол расидааст. Тавре дар як шеъри худ Омина гуфтааст:

                  Умре ба худам гуфтам, к-аз хеш касе созам,

                  Бунёд кунам аз нав анҷомаму оғозам.

                  Ислоҳ кунам бояд ҳар хислати носозам,

                  Бар гӯши дили мардум то ҷӯр кунам созам.

Омина Ҳамроева бо иродаи мустаҳкам ба сӯйи ояндаи дурахшони худ қадам мениҳод. Ӯ, ки дар синни шашсолагӣ ба мактаб рафтааст, дар синфи аввал ҳам бо сабақҳои ҳарфҳои аввалини аз модар омӯхтааш дар сафи пеш қарор дошт ва ин омӯзишҳо роҳи ӯро ба сӯйи фардои пирӯзиҳо боз намуд. Дар тӯли таҳсил дар мактаб ба пирӯзиҳои назаррасе даст шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо ғолибият дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Санъати сухан» (2017) ва «Бӯстон» (2018) ба шумор меравад.

Маҳорати хуби суханварияш талаб менамуд, ки дониши васеъ дошта бошад, то дар ҳама ҳолу минбар озод андеша ронда тавонад. Аз ин рӯ, бомуҳаббат ба омӯзиши амиқи фанни адабиёт майл намуд ва хушбахтона то ҳадди имкон муваффақ ҳам гардид. Чун ин муваффақияти ӯро дар пирӯзияш, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ аз адабиёти тоҷик мақоми шоистаро касб намудааст, метавон арзёбӣ намуд.

Соли 2019 барои қаҳрамони матлаби мо соли хотирмон аст, зеро дар ин сол ба як қатор ғолибиятҳои нав даст ёфт. Аз ҷумла, Омина тавонист бо феҳристи васеъи адабиёти мутолиашуда дар озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон – Ҳамнишине беҳ аз китоб мабод!» пирӯзӣ ба даст орад. Инчунин дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва пайравӣ аз ҳизби созандаву мардумии ҲХДТ саҳми назаррас гузошта, тавонист ба унвони «Гирандаи стипендияи ҲХДТ» шарафёб гардад.

Китобро бо чашми дил ва гӯшу ҳӯши ҷон мутолиа мекунад ва ин муҳаббати бебаҳо Оминаро дар озмуни «Бозёфт – 2018» ба ғолибияти мутлақ оварда расонид. Ӯ духтари фавқулода аст ва бо се забони хориҷӣ (русӣ, англисӣ, туркӣ) озодона суҳбат мекунад. Инчунин маҳорати хуби зебонависӣ ва дарку фаҳмиши васеъ дар Омина бармалост. Нусратмандии ӯ дар озмуни ҷумҳуриявии «Иншои беҳтаран» бо касби мақоми аввал гувоҳи ин гуфтаҳои мост.

ДАР СУҲБАТИ ОЗОДИ РОҲБАРИЯТИ ОЛИИ КИШВАР

«Соли 2018 дар китоби зиндагиям бо ҳуруфи заррин сабт гардидааст», - мегӯяд Омина. Чун дар ин сол дар маросими ифтитоҳи дабиристони №31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бори нахуст барои Омина фурсат даст дод, ки бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи гирандагони стипендияи президентӣ суҳбати озодеро анҷом дода бошад.

«Он лаҳзаҳоро наметавон бо як ё ду сухан баён намуд. Зеро бо шахсияти рақами аввали як кишвари соҳибистиқлол инсон ҳамсуҳбат мешавад, албатта вуҷуди ӯро ҳисси муҳаббату шодмонӣ лабрез месозад. Ман ифтихор мекунам, ки амсоли Эмомалӣ Раҳмон раҳбари раҳнамову роҳкушо дорем», - зикр намуд Бибиомина.

Баъди ҳамон сол Омина тавонист, ки муассисаи таълимиро бо гирифтани медали тилло ва аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитариро ҳамчун гирандаи стипендияи президентӣ хатм намуда, тариқи ройгон ва бе супоридани имтиҳони марказонидаи дохилшавӣ ба риштаи равобити байналмилалии Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон дохил гардад.

«БАҲРОМИ ВАТАН ҲАСТАМУ ГӮРАМ ВАТАН АСТ»

Омина ошиқи ин Ватани муқаддас аст. Бо қалбу идрок сидқан ин марзи покро дӯст медорад ва бо илҳоми ноби шоирона васфи Ватан мекунад:

                     Зори ватанам, тавону зӯрам ватан аст,

                     Шеъри ватанам, суруру шармам ватан аст.

                     Ҳарчанд, ки духтарам, қалбам мард аст,

                    Баҳроми ватан ҳастаму гӯрам ватан аст.

Омина пайи саҳми хубе гузоштан барои диёри худ дар Кумитаи ҷавонон ва варзиш тайи 3 сол фаъолияти волонтёрии хешро ба роҳ мондааст. Дар ин айём ӯ тавонист давраи семоҳаи омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат»-ро хатм намуда, соҳиби дӯстони содиқу ба дил наздике гардида бошад.

ҲАЁТИ ДОНИШҶӮӢ ВА ДИЛТАНГИИ ШЕЪР

«Як муддат узви фаъоли маҳфили «Ҳамешабаҳор»-и устод Хайрандеш будам ва чандин намунаҳои шеъриям дар рӯзномаи «Пайрав» ба нашр расида буд. Вале бо сабаби омодагӣ барои таҳсил дар донишгоҳ, ки аслан забони таҳсил русӣ мебошад, тарки маҳфилҳо намудам. Ҳамин тавр, ҳаёти донишҷӯиямон ҳам оғоз шуду пайваста самти омӯзиши мо сиёсӣ ба шумор мерафт ва ман ки духтари китобам, гоҳ-гоҳе дилтанги шеър мешудам ва фориғ аз таҳсил «Девон»-и Ҳофизу Бедилро мутолиа мекардам», - иброз медорад қаҳрамони матлаби мо.

Рӯзе дар Кумитаи ҷавонон аз маҳорати шеърнависии ӯ корманди ин ниҳод Каримҷон Салимзода огоҳӣ пайдо намуда тавсия медиҳад, ки бо шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур ҳамкорӣ барқарор намояд ва чанд тавсияе ҳам дар заминаи эҷоди шеър медиҳад. Ҳамин тавр, то ҳол ҳангоми суҳбатҳоямон агар калимаи аввал салом бошад, дуюмаш «шеъри нав» аст, мегӯяд Омина.

Риштаи эҷод дилҳоро ба ҳам мепайвандад. Ин буд, ки Омина бо устод Латофат Кенҷаева ҳамкории эҷодии худро барқарор намуд ва чанд муддат шеърҳои ӯро устод Латофат аз назари таҳлил мегузарониду барояш маслиҳатҳои муфиде медод. Тавре худи Оминабону мегӯяд:

- «Боре рӯи варақи шеърҳоям навиштанд, «Агар аз гармии ҳаммоми шеър натарсӣ, Робияи шеър хоҳӣ шуд!»
Соли 2022 Омина бо тавсияи дугонаи эҷодкораш Фарзона Восиева ва роҳнамоии устод Рустами Ваҳҳоб дар Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ширкат намуд. Ҳамзамон худи Омина ҳам баён медорад, ки маликаи сухан дар ин машварат устод Фарзона Хуҷандӣ буданд, ки аз дидори нишотбахши суҳбату афкорашон як дунё маънӣ бардошт намудам. Тавре худи ӯ баён намуд:

- Ҳарчанд, ки дар он машварат тамоми шоирони шинохтаи кишвар ҳузур доштанд, вале дилу чашми ҳамагон ба сӯйи устод Фарзона моил буд. Ва чизе ҳам, ки он маҳфилро чунин рангину хотирмон менамуд, албатта ҳузур доштан дар суҳбати устоди гиромиқадр Фарзона буд.

Бозёфти дигар аз ин машварати омӯзишӣ барои Омина дарёфти чеҳраҳои ҷавони олами шеъри имрӯз, аз қабили Нурӣ Муҳаммади Истам, Родмеҳр Сулаймонӣ, Хуршеди Эҳсон ва Рӯъё Усмонӣ маҳсуб мешуд.

Ин машварат бори дигар дар афкори Омина нахли шеърро рӯёнид ва ӯ пеши худ мақсад гузошт, то ба олами шеър амиқу саҳеҳ ворид шавад.

- Баъд аз анҷоми машварат ман ба хулосае омадам, ки ҷиддан ба эҷоди шеър машғул мешавам ва аз болои худ пайваста кор мекунам. Ҳар ҳафта бо як шеъри нав назди устод Рустами Ваҳҳоб мерафтаму аз он кас дарси шеър меомӯхтам. Бо ҳамин соли сеюм аст, ки дар дарёи пур аз меҳри шеър бо роҳнамоии устодону азизоне шогирдона шиноварӣ менамоям», - бо лутф баён намуд қаҳрамони мо.
Омина дар эҷод тахаллус надорад ва имрӯз чакидаҳои хомаи эҷоди ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни давр ба зевари нашр ороста мегарданд, ки онҳоро дар нашрияҳои даврии «Тоҷикистон», «Ҷумҳурият», «Адабиёт ва санъат» метавон дарёфт намуд ва мутолиа кард.

Ҳоло Оминабону дар Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба ҳайси роҳбари маҳфили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолият менамояд ва дар соли охири таҳсили донишгоҳ қарор дорад. Нақша дорад, ки баъди хатми донишгоҳ ҳамчун мутахассиси соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ба фаъолият оғоз намояд.

Мо низ баҳраш парвози баланди эҷодӣ ва саодати зиндагиро таманно дорем.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед