Ru  | Tj
Эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ. Чӣ тавр Махфират Адҳамова кашидадӯзиро ҳифз менамояд?
Эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ. Чӣ тавр Махфират Адҳамова кашидадӯзиро ҳифз менамояд?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ. Чӣ тавр Махфират Адҳамова кашидадӯзиро ҳифз менамояд?

Нашр шуд

Махфират Адҳамова шаҳрванди фахрии шаҳри Истаравшан аст. Ин бонуи ҳунарманд беш аз 60 соли ҳаёташро фидои ҳунар намуда, ҳамзамон ба садҳо бонувон нозукиҳои ҳунари хешро омӯзонидааст. Имрӯз сарфи назар аз он ки синнаш ба 75 расидааст, ҳанӯз бо офаридани асарҳои зиёд тавассути риштаҳо машғул аст. Айни ҳол ӯ дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ аз рӯйи ихтисоси кашидадӯзӣ ба ҳунаромӯзон дарс медиҳад. Қаҳрамони мо ба воситаи ҳунараш борҳо ба кишварҳои хориҷ сафар намуда, ҳунарҳои миллии халқамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

Махфират Адҳамова дар бораи нозукиҳои ҳунари кашидадӯзӣ ва роҳҳои ҳифзи он ба муаллифи Halva.tj Абдуғаффор Шодиев нақл намуд.

 

ҲУНАР УМРИ ИНСОНРО ДАРОЗ МЕКУНАД


Махфират Адҳамоваро бо сузаниву гӯлдузӣ, кашидадӯзиву йӯрмадӯзӣ ва мусаввараҳои бо ришта офаридааш ҳамагон хуб мешиносанд. Ин бонуи чирадаст 14-уми декабри соли 1947 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омдааст. Ӯ ҳунари кашидадӯзиро аз модаркалонаш Мукаррам омӯхтааст. Дар байни шаш нафар наберагон, ки холаи Мукаррам ҳунар меомӯзонидааст, танҳо Махфират Адҳамова дар ҳамин пеша содиқ монда, ҳунари модаркалонро идома додааст.

«Аввалҳо омӯзонидани ҳунарҳо ройгон буд. Ҳар нафар мехост ин ё он пешаеро интихоб кунад, то дар оянда пайсае ба даст орад. Барои ҳамин нафарони зиёде баҳри омӯхтани ҳунар назди модаркалонам меомаданд. Мо наберагон низ дар ҳалқаи бибиям ҷамъ омада ҳунар меомӯхтем. Он кас ба мо дар порчаи матоъҳои гуногун намудҳои зиёди гулдӯзиро меомӯзониданд. Чун ин навъи ҳунар бароям хеле писанд буд, ҳамроҳи бибиям то бевақтии шаб гӯлдузӣ мекардем. Аз ҳамаи наберагон имрӯз танҳо ман бо ҳамин ҳунар машғулам», - аз овони наврасӣ ёд овард қаҳрамони мо.


Махфират Адҳамова дар муддати кӯтоҳ ҳунари кашидадӯзиро аз худ намуда, дар синни 14-солагӣ маҳсули дасташ ба намоишҳои умииттифоқӣ роҳ меёбад. Аз аввалин сӯзание, ки таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалиро ба худ ҷалб кардааст, ëдоварӣ намуда, қаҳрамони мо чунин нақл кард:

«Нахустин сӯзание, ки маро номдор кард, ин ҳамон буд, ки онро бо сими зар дӯхта будам. Вақте ба намоиши ҳунарҳои мардумӣ сӯзаниро гузоштам, диққати ҳамагонро ба худ ҷалб кард, хусусусан ташкилотҳои байналхалқиро. Маҳз ҳамин намоиш сабаб шуд, ки робитаи ман бо ташкилотҳо пайдо шуд», - ба овард бонуи ҳунарманд.

Махфират Адҳамова бар он назар аст, ки нафароне, ки соҳиби ин ё он ҳунаранд, умри дароз мебинанд, зеро тамоми ташвишҳои зиндагӣ баробари бо ҳунаре машғул шудан аз қалб зудуда мешавад. Худи модаркалони қаҳрамони мо Мукаррамхола 101 сол умр дидааст.

 

РОҲ БА СӮЙИ ОЯНДА


Махфират Адҳамова баъди он ки аз ҷониби ҳукумат ва созмонҳои байналмилалӣ соҳиби грантҳо мегардад, дар хонаи худ барои омӯзонидани касбу ҳунар ба занҳои хонашин давраҳои омӯзишӣ роҳандозӣ мекунад.

«Вақте ман аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ грант гирифтам, курси омӯзишӣ барои 25-30 нафар занҳои хонашин ташкил кардам. Таваҷҷуҳи зиёди бонувон нисбат ба омӯзиши ҳунар, барои боз ҳам васеъ ба роҳ мондани маҳфилҳои ҳунаромузӣ маро водор месохт. Он замон Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ташкил нашуда буд. Аз ин рӯ, қариб ҳар сол занону бонувони зиёде ҷамъ омада ҳунар меомӯхтанд.» - иброз дошт муаллима.


Соли 2009 пас аз таъсис ёфтани Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ Махфират Адҳамоваро аз коллеҷ ба кор даъват мекунанд. Муаллима аз ҳамон вақт сар карда, дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунаромӯзон дарс медиҳад. Қаҳрамони мо дар баробари он ки ба шогирдон ҳунар меомӯзонад, барои аз байн нарафтани ҳунар ва амиқ омӯхтани онҳо ба рӯйи авроқ сабт мекунад. Имрӯз китоби ҳаммуаллифӣ бо Дилором Адҳамова бо номи «Кашидадӯзӣ» омодаи нашр аст.

 

700 НАҚШИ ГУЛДӮЗӢ


То замони мо зиёда аз 700 навъи нақшҳои гулдӯзӣ ҳифз шудаанд. Ҳарчанд бархеи онҳо ба ном бошанд ҳам, аммо хеле кам истифода мешаванд. Махфират Адҳамова мехоҳад дар сузаниҳояш намудҳои зиёди нақшро истифода барад, то онҳо аз нав эҳё шуда аз байн нараванд.

«Чӣ қадре, ки ҳунарманд нақш ва гулҳои бисёрро дар сӯзаниҳои худ ҷой дода тавонад, ин нишонаи муваффақ будани ӯст. Дар бештари маврид зиёда аз 10-12 намуди гулҳоро дар сӯзаниҳо истифода мебарам. Имрӯз намудҳои беҳтарину маъмултарин нақшҳои гулдӯзӣ, ки тамоми кашидадӯзон истифода мебаранд, инҳоянд: Аноргул, аштак, барги бед, бодом, гулгулак, ислимӣ, каҷак, лола, тоҷи хурӯс, райҳон, товус, морпечон, моҳу ситора ва ғайра. Гулҳои мазкур на танҳо тавассути риштаҳои пахтагиву пашмиву абрешимӣ, балки бо нахҳои зарриву нуқрагӣ, инчунин бо сангҳои гаронбаҳо, шадаи майда, муҳраҳои реза, пулакчаҳои рахшон, тангаҳо, марҷону марворидҳо дӯхта мешаванд», – гуфт қаҳрамони мо.


Махфират Адҳамова баробари дар матоъҳо гулдӯзӣ кардан, ҳамзамон маконҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва табиати кишварро тавассути риштаҳо оро медиҳад. Мусаввараҳои дастдӯхти муаллима дар намоишҳои зиёди дохиливу байналмиллалӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.

 

САЙРИ ҶАҲОН ТАВАССУТИ ҲУНАР

Дастранҷи ҳунармандон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ аст. Аз ин рӯ дар аксари кишварҳои ҷаҳонӣ озмуну фестивал ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад. Махфират Адҳамова дар чунин озмунҳо ширкат варзида, ҳунарҳои мардумии миллатамонро муаррифӣ менамояд.


«Соли 2011 дар намоиши ҳунари ороиши амалии дастӣ дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2014 дар ҳамоиши форуми байнипарлумонии «Русия – Тоҷикистон» дар шаҳри Маскав ва дар солҳои гуногун дар Ҷумҳурии Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва дигар кишварҳо сафар намуда, дастранҷи худро ба намоиш гузоштем. Маҳз ҳамин ҳунарам сабаб шуд, ки ба кишварҳои зиёд сафар намудам», - мегӯяд муаллима.

Қаҳрамони мо дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ низ пайваста иштирок мекунад. Ин аст, ки дар озмуну фестивалҳо борҳо сазовори ҷойи аввал гардидааст. Инчунин, дар озмуни «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳë менамоем» сазовори мақоми аввал ва соҳиби 10000 сомонӣ мукофотпулӣ мегардад.


«Вақте ки ҳунаратро қадр мекунанду нафарони зиёд барои дидани маҳсули дастат наздад меоянд воқеан ба кас қуввае мебахшад, ки барои боз ҳам муваффақ шудан дар ҳамин соҳа ҷадал меварзӣ. Чун сузании маро баъди як намоиш 8-рӯз дар Ҷумҳурии Арабистон нигоҳ доштанд, дарк кардам, ки воқеан ҳунарманд дар ҳама ҷо сарафрозу сарбаланд будааст», – гуфт қаҳрамони мо.

 

МУКОФОТ ВА ҶОИЗАҲО


Хизматҳои шоиставу шоёни Махфират Адҳамова дар роҳи эҳё ва ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хидмати шоиста» сазовор дониста шудааст. Ҳамзамон бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва даҳҳо диплому сипосномаҳо қадрдонӣ шудааст. Қаҳрамони мо имрӯз ҳарчанд давлати пирӣ меронад, вале ҳамоно ба офаридани асарҳо ва дӯхтани гулдӯзиву сӯзаниҳои мунаққаш машғул аст.

Ӯ алҳол ният дорад коргоҳи худро ташкил намуда, ҳунаромӯзонро ба он ҷалб намояд, то барои ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳм гузорад.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед