Ru  | Tj
Элдор Ҷонназаров: “Бовар дорам, ки меҳнати ҳалол самараи хуб ба бор меорад”
Элдор Ҷонназаров: “Бовар дорам, ки меҳнати ҳалол самараи хуб ба бор меорад”
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

Элдор Ҷонназаров: “Бовар дорам, ки меҳнати ҳалол самараи хуб ба бор меорад”

Нашр шуд

Элдор Ҷонназаров чанде пеш унвони “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ -2022” – ро соҳиб шуд. Ӯ аспиранти Донишгоҳи Сеченови шаҳри Маскав аст. Ба таълифоти илмии ин олими ҷавон оиди муаяйн кардани қувваи биноии чашми кӯдакони синни томактабӣ ва ношунаво олимон ва мутахассисони соҳа баҳои баланд додаанд. Ғайр аз ин, ӯ дар маҷаллаҳои сатҳи байналмилалӣ беш аз 30 мақолаи илмӣ таълиф кардааст. Ӯ дар суҳбат бо Halva.tj перомуни таҳсил ва махсусияти воситаҳои муайянкунии қувваи биноӣ ҳарф зад.


- Лоиқ шудан ба унвони “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ -2022” муборак бод! Ба фикри Шумо, унвондору соҳибдараҷа будани духтур муҳим аст?

- Ташккур! Не, ба духтур ин чизҳо лозим нест. Муҳим ин, ки духтур дарди беморро ҳис карда тавонад ва хушсухану дилбардор бошад. Баъдан унвону дараҷаро худи бемор ба ӯ медиҳад.


- Сарфи назар аз ҷавониятон ба наздикӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунед, то ба ин пайроҳа расидан чӣ рӯзҳоеро паси сар кардед?

- Ҷустуҷӯю ковишҳоям ҳанӯз аз навҷавонӣ дар деҳаи зебоманзари Муҷуни ноҳияи Деваштич сар шуда буд. Дар мактаби № 4 – и деҳа то синфи 5 – ум хондам. Баъдан волидайнам ба қароре омаданд, ки маро ба мактаби маркази ноҳия баранд. Ҳамин тариқ, таҳсилро дар гимназияи № 1 - и маркази ноҳия ноҳия давом додам. Ба фанҳои табиӣ - риёзӣ диққати махсус медодам. Аз муаллими номдори деҳа Маҳмадалӣ Муродалиев дарсҳои иловагӣ гирифтам. Маҳз он кас дар дилам шавқи омӯхтани фанни химияро бедор карданд. Дӯст доштани фанни химия сабаб шуду пешаи духтуриро интихоб кардам. Шукрона, айни ҳол аспирант буда ва ҳам кор мекунам.


- Солҳои донишҷӯии Шумо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар берун аз он сипарӣ шудааст. Аз ин марҳилаи ҳаёт кадомин лаҳзаҳоро дар хотир доред?   

- Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино шудан, барои худи банда ва падару модарам, ки орзуи деринамон буд, ниҳоят хурсандиовар буд. Ёд дорам, ки аз Донишгоҳ дар анҷоми нимсолаи якум барои бо баҳои аъло таҳсил намуданам ба номи волидонам “Раҳматнома” доданд. Он рӯз рӯзи беҳтаринам буд. Падару модар ифтихор доштанд, ки фарзандашон духтур мешавад. Ман ҳам мекӯшидам, ки боварӣ ва интизории онҳо барабас наравад. Дар хобгоҳ ҳамроҳи ҳамсабақон дарс хонда, баҳсу мунозираҳо меоростем. Барои мавзуъ ва вазифаро хубтар омӯхтан аз донишгоҳ ба хобгоҳ устухонҳоро меовардем. Дар вақти дарсҳо низ бо таърихи бемории беморон шинос шуда, чӣ гуна сурат гирифтани табобаташонро меомӯхтем. Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок мекардем. Ниҳоят, имконияте ба даст омаду дар Донишгоҳи тиббии Доғистон аз рӯи барномаи мубодилаи академикӣ давоми 7 моҳ таҳсил кардам. Дар ин ҷо ҳам муҳити хуби омӯзиш фароҳам буд. Ҳамин тариқ, тасмим гирифтам, ки зинаи ординаториро дар Русия давом диҳам ва маҷмӯи малакаҳои навро омӯзам.

     

- Замони таҳсил қувваи биноии Шумо каме суст шуд ва тасмим гирифтед, ки духтури бемориҳои чашм шавед. Ба фикратон, ин соҳа боз ба чӣ навгониҳо ниёз дорад?  

- Бале, чанд сол пеш қувваи биноиам суст шуда буд. Шурӯъ аз ҳамон вақт диққатам нисбат ба омӯзиши чашм ва роҳҳои барқарор кардани қувваи биноӣ равона гардид. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки дар зинаҳои ординаторӣ ва аспирантӣ ҳам соҳаи илтиҳоби чашмро интихоб кунам. Дар ин самт якчанд тадқиқоти шогирдона гузаронидам. Хосатан, оид ба воситаҳои санҷиши қувваи биноии   кӯдакони синни томактабӣ ва ношунаво мақолаи илмӣ таълиф карда, 3 намуд ҷадвал тартиб додам, ки тариқи он ба тезии биноӣ баҳои дуруст додан имконпазир аст. Ҳоло талош дорам, ки дар соҳаи саратони чашм тадқиқотро давом диҳам ва роҳҳои нави табобатро ёбам.


- Он методҳоеро, ки дар натиҷаи тадқиқот ҳосил шудааст ва барои санҷиши қувваи биноии кӯдакони хурдсол ва ношунаво истифода мешавад, шарҳ медодед!

- Масалан, моҳи гузашта чунин таҷрибае ба даст омад: Як нафар бемори ношунаворо дар беморхонаи наздидонишгоҳӣ қабул кардем. Азбаски ин нафар гап зада наметавонист, методи истифодаи ҷадвалу баргаҳо, ки тасвирҳои якхела дорад, истифода кардем. Яъне, ба бемороне, ки ношунавоянд, духтур аз ҷадвал тасвиреро нишон медиҳад, пасон бемор бояд аз миз баргаеро интихоб кунад, ки дар он тасвири дар ҷадвалбуда акс ёфтааст. Агар бемор аз байни баргаҳои миз тасвири дар ҷадвалбударо наёбад, пас, маълум мешавад, ки дар бионияш нуқс дорад. Тариқи методҳои мазкур омӯхтани қувваи биноии чашм имконпазир аст.


- Ҳамчун духтури бемориҳои чашм ба насли ҷавоне, ки бештари вақтро ба телефону компютер сарф мекунанд, чӣ тавсия медиҳед?

- Дисплейи телефону компютер нурҳое ҷудо мекунад, ки ба чашм зиён доранд. Ин нурҳо чашмро тез хаста мекунанд. Аслан, дар даруни чашм ду мушак аст. Яке барои дурро ва дигаре барои наздикро дидан хизмат мекунад. Агар шахс ба нуқтаи наздик бисёр нигоҳ кунад, кори мушаки наздикбин фаъолтар мешавад. Дар натиҷа фаъолияти мушаки дурбин паст шуда, қувваи биноӣ сусттар мешавад. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки бо телефону компютер бисёр кор мекунад, чашмашро бояд байни ҳар 30-35 дақиқа дам диҳад. Яъне, машқи чашм кунад. Вақте шахс чашмро ба тарафи росту чап ва болою поён гардиш медиҳад, равиши оксиген ва хун хуб мешавад. Машқдиҳии чашм барои барқарорсозии биноӣ кӯмак мекунад.


- Духтурони тоҷик аз камии маош изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар Русия духтурон ба ҳисоби миёна чӣ қадар маош мегиранд?

- Ман ҳоло маош намегирам. Барои кор кардан дар беморхонаи наздидонишгоҳӣ, ки аксар вақт ба таҷрибаандӯзӣ машғулем, маош намегирам. Аммо идрорпулӣ мегирам. Ҳамчунин, аз сабаби он ки тариқи квота таҳсил мекунам, ҷойи зистам низ ройгон аст.


- Дар фарҷоми суҳбат мегуфтед, ки чӣ ниятҳо доред?

- Албатта ниятҳои бузурге дорам. Чанде пеш ба номам аз ду донишгоҳи маъруфи Амрико пешниҳод омадааст, ки таҳсилро дар онҷо давом диҳам. Азм дорам, ки то соли 2024 дар соҳаи саратони чашм таҳсил кунам. Пасон, насиб бошад, дар Душанбе марказе созмон медиҳам, ки барои ташхис ва табобати саривақтии саратони чашм мусоидат кунад. Бовар дорам, ки меҳнати ҳалол самараи хуб ба бор меорад.



“Илҳом нақши калидӣ дорад”. Табибшавандае, ки ба таври ғайриоддӣ расм мекашад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед